Осорхонаи мактабӣ ҳамчун ҳифзкунанда ва муаррифгари таърихи диёр бо ироаи мавод оид ба кишваршиносӣ, инъикоси рӯзгору пайкори собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолияти омӯзгорону хатмкунандагон ва бозтоби рӯйдодҳои ҳаёти мактаб дар тарбияи ҳисси ватанпарастии хонандагон нақши муҳим мебозад. Маъмулан, осорхонаро оинаи таърих мегӯянд, ки дар он тамаддун, фарҳанг ва таърихи ҳар як халқу миллат инъикоси худро меёбад. Бо шарофати даврони соҳибистиқлолии кишвар сол аз сол таваҷҷуҳ ба осорхонаҳо низ зиёд гардида, фаъолияти онҳо боз беҳтару хубтар мегардад.
Айни замон боло бурдани нақши таълиму омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан, тавассути осорхонаҳои мактабӣ хеле муҳим аст. Такмили муҳтавои таълиму тарбия имрӯз бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномарезиҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии кишвар ба рушди шахсияти толибилмон ва таҳкими мавқеи хатмкунандагон равона шудааст.
Бале, осорхона инъикосгари таърих буда, тавассути маводи ҷамъшуда фаъолияти гуногунро таъмин ва худшиносии мактаббачагонро афзун мегардонад. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки осорхона дар мактаб чӣ мақоме дорад. Пеш аз ҳама, нигораҳо хонандагонро ба фикрронии эҷодӣ водор сохта, тавассути онҳо дар бачагон хоҳиши маълумоти илмӣ гирифтан пайдо мешавад. Осорхонаи мактабӣ дониши хонандагонро нисбат ба фанҳои таърих, ҷуғрофия, адабиёт ва биология васеъ намуда, завқи ватандӯстӣ, дӯст доштани табиат ва таърихи гузаштаи Ватанро дар ниҳоди онҳо меафзояд.
Чуноне ки дар мақолаи Н.М.Чернова «Лоиҳаи навсозии осорхонаи мактабӣ» омадааст: «Ман дарк менамоям, ки мактаб дар баробари масъалаҳои таълиму омӯзиш, бояд бо такя аз ҷанбаҳои ахлоқӣ ва маънавӣ дар инсон ба ҳар як толибилм кумак намояд, то ки арзишҳои аслии ҳаёти шахсии худро муайян сохта, баҳри ҳифзи асосҳои ахлоқии ҷомеа, ки худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастӣ маҳсуб мешаванд, эҳсоси масъулият намояд. Аммо тарбияи ҳисси ватандӯстиро наметавон ба таври иҷборӣ ва ё ба таври сунъӣ ташаккул ва анҷом дод. Ин ғоя бояд бар асоси зарурати воқеӣ, ниёзҳои иҷтимоӣ ва қонуниятҳои таърихӣ амалӣ шавад».
Тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз ҳадафҳои асосии муассисаҳои таълимии муосир маҳсуб мешавад, зеро бачагӣ ва наврасӣ даврони мувофиқтарин барои ба даст овардани ҳисси муҳаббат ба Ватан мебошад. Дар зери мафҳуми тарбияи меҳанпарастӣ шаклгирии мунтазам ва тадриҷии эҳсоси муҳаббат ба Ватани худ дар хонандагон нуҳуфтааст. Ватандӯстӣ аз вижагиҳои муҳимми шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта ба шумор меравад. Дар тинати хонандагон бояд ҳисси ифтихор аз Ватан ва миллати худ, эҳсоси эҳтиром ба корнамоиҳои бузурги ниёгон ва саҳифаҳои дурахшони гузашта ба таври табиӣ тавлид ёбад. Вақте дар тарбияи наврасони ватандӯст, фидокор ва ҷоннисор камар бастем, метавон чунин маънӣ бардошт, ки мо ба рушд ва шаклгирии ҷомеаи солим ва иқтидори ватандорӣ иқдом мегузорем. Ин аст рисолати ҳамешагии ҳар як омӯзгор дар кори тарбияи насли наврас. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди осорхонаҳои мамлакат ба зиёдшавии теъдоди онҳо иқдом намуда, барои фаъолияти босамари осорхонаҳо шароитҳои мусоид фароҳам меорад. Афзоиши шумораи осорхонаҳои мактабӣ дар ҷумҳурӣ низ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар кишвар раванди эҳёи осорхонаҳои мактабӣ ривоҷ ёфта, ба ташаккули шахсияти миллӣ, бедории ҳисси ватанпарастии хонандагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад. Имрӯз ҳам зарурат пеш омадаст, ки таърихи гузаштаи халқамонро амиқ омӯхта, аз бурду бохт, пирӯзиву некномӣ, қаҳрамониҳои фарзандони диловари миллат бохабар шавем, самти зиндагӣ ва марому мақсади миллиамонро муайян созем, ба бунёдкориву созандагӣ камари ҳиммат бандем. Дар ин ҷода теъдоди зиёди осорхонаҳои кишвар, аз ҷумла, осорхонаҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ фаъолият намуда истодаанд.
Яке аз чунин осорхонаҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Файзобод ташкил карда шудааст. Муассисаи ин осорхона Абдуғаффор Сафаралиев, омӯзгори таърихи муассисаи мазкур мебошад. Ташкил намудани осорхона ва омӯзгори таърих шудан аз айёми наврасӣ дар дили ин марди хирад маъво гирифта буд. Баъди хатми синфи 10 ӯ барои амалӣ гаштани орзуҳояш ба Институти педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, шуъбаи ғоибонаи факултаи таърихро хатм намудааст. Абдуғаффор Сафаралиев воқеан ҳам хазинадори таърихи диёр ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 2005 дар мактаб осорхонаро ташкил кардааст, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Воқеан ҳам, осорхонаи таъсиснамудаи устод бо нигораҳои ҷамъовардааш бисёр диққатҷалбкунанда аст. Ӯ дар ин махзани илму маърифат бозёфтҳои нодири ҷамъкардаашро аз асри 5 сар карда, то ин давра гирд овардааст. Дар осорхона шамъдон, тангаҳои гуногун, зевару дастпона, кӯзаю офтоба, чахдегу сафолпораҳо ва ҳунарҳои дастии гузаштагони ин диёри биҳиштосо, ки ба асрҳои гуногун тааллуқ доранд гирд оварда шудааст. Чунин бозёфтҳои таърихиро устод дар якҷо бо шогирдонаш ҳангоми ҳафриёт аз Қаълаи Сангин, ки дар канори Вашгирди бостон ҷойгир аст, ҷамъоварӣ намудааст. Аз суханони устод бармеояд, ки борҳо дар ин мавзеъ олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳафриёт гузаронидаанд ва бисёр нигораҳои нодиру диқатҷалбкунандаро дастрас кардаанд. Абдуғаффор Сафаралиев бо бозёфтҳои дар осорхона ҷамъовардаи худ тақрибан дар тамоми озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.
Устод аз кор дар осорхонаи ташкилнамудааш хеле хурсанд ҳаст ва пайваста шогирдонро ба осорхона даъват мекунад, то ки онҳо аз таърихи гузаштаи маҳалли худ бохабар шаванд.
Хулоса, таҳқиқи таърихи осорхонаҳои мактабии ноҳияи Файзобод имконият медиҳад, ки таҷрибаи кории онҳо мавриди баҳрабардории кормандони осорхонаҳои дигар шавад. Инчунин, ба ташкили осорхонаҳои мактабӣ ва ривоҷу равнақи онҳо раҳнамои хуб гардад.
Умедаи ХУРШЕД –
ходими калони илмии
Осорхонаи маорифи Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон