Азизбек ЗУМРАТОВ –
омӯзгори химияи МДТ литсейи №3 барои
хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Экскурсия бояд ба барномаи таълимӣ алоқаманд карда шавад. Асоси онро бояд принсипҳои асосии педагогӣ-техникӣ, алоқамандии таълим бо ҳаёт ва тарбия, мантиқи қавӣ, аёният, баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолӣ ва инфиродии хонандагон ташкил намояд. Омӯзгор, пеш аз он ки хонандагонро ба экскурсия сафарбар намояд, худаш бояд дар бораи он маълумоти пурра дошта бошад. Ҳангоми тайёрӣ ба экскурсия аввал муайян кардан зарур аст: оё ба ин муассиса бурдани хонандагон мумкин аст ё не? Оё он бо Барномаи таълимӣ алоқамандӣ дорад ё не? Нахуст ба таври кӯтоҳ бояд хонандагонро бо маълумоти истеҳсолии корхона ё макони экскурсия шинос кардан лозим аст. Омӯзгор бояд ба роҳбалад имконият диҳад, ки барои иттилоъ додан дар бораи муассиса тайёрӣ бинад, то ин ки моҳияти ҷараёнҳои биологию химиявӣ ва технологияи истифодашавандаро дуруст шарҳу маънидод кунад. Мо ин ҷо намунаи ташкили як экскурсияро ба Стансияи обсофкунии шаҳри Душанбе пешкашатон менамоем.
Мақсади экскурсия: Шиносонидани хонандагон бо системаи обтаъминкунӣ ва таҷҳизоти он бо равандҳои соф ва филтр кардан, хлоронидани об.
Тайёрӣ ба экскурсия: Хонандагон дар дарс, ки бо тайёрии экскурсия бахшида мешавад, дар синфи 8-ум аз мавзуи “Мафҳумҳои ибтидоии химиявӣ” бояд чунин мавзуъҳоро такрор намоянд: моддаҳо; моддаҳои холис ва омехта; ҳодисаҳои физикавӣ ва аз мавзуи “Об. Асосҳо. Маҳлулҳо” об дар табиат; ҳосил кардани оби соф ва хосиятҳои физикавии он; таҳлил ва синтези об; об ҳамчун ҳалкунанда; ҳалшавандагӣ; аҳамияти маҳлулҳо дар табиат, истеҳсолот ва кишоварзӣ, ҷиҳати алоқамандии байнифаннӣ: аз фанни география сарчашмаҳои пайдоиши об ва аз фанни физикаю технологияи иттилоотӣ технологияҳои худидорашаванда ва ғайраҳо.
Хонандагони синф бояд мавқеъи хлор ва истеъмоли хлор дар табиатро аз мавзуи “Галогенҳо” такрор кунанд. Дарсеро, ки махсус барои такрори маводи дар экскурсия пешбинишуда ҷудо карда мешавад, ба тариқи суҳбат гузаронидан мумкин аст. Ба хонандагони синфҳои 8-9 саволҳои зерин дода мешаванд:
- Оби табиӣ чӣ хел ғашҳо дорад?
- Шумо кадом усулҳои тоза кардани обро медонед? Ин ба кадом ҳодисаҳои физикавӣ ё химиявӣ мансуб мебошад?
- Барои нӯшидан кадоме аз обҳои табиӣ мувофиқтаранд: Оби дарё ё чашмаҳо?
- Оби барои нӯшидан таъйиншударо аз намакҳои минералӣ комилан тоза кардан мумкин аст?
- Оби нӯшокӣ аз намакҳо чӣ хел тоза карда мешавад?
- Оби тамоман тозаро чӣ тавр ҳосил намудан мумкин? Ин ҷараёни кор чӣ хел гузаронида мешавад?
- Таркиби обро бо кадом усул исбот кардан мумкин аст?
- Анализ (таҳлил) ва синтез (ҳосилкунӣ) чист?
- Ҳалшавандагӣ чист?
- Дар об ҳалшавандагии моддаҳоро бо кадом усул тезонидан мумкин аст?
- Барои чӣ ба аквариум оби ҷӯшонидашударо рехтан мумкин нест?
- Об дар куҷо истифода бурда мешавад?
Хонандагони синфи 8-ум ғайр аз саволҳои дар боло номбаршуда боз ба саволҳои зерин бояд ҷавоб дода тавонанд:
- Аз об микроорганизмҳои гуногун, аз ҷумла, микробҳои барои ҳаёти инсон хатарнокро чӣ тавр барҳам додан мумкин?
- Хосиятҳои химиявии хлор ва таъсири он бо об. Чаро ин хосияти хлор барои нест кардани микроорганизмҳо дар об истифода бурда мешавад? Муодилаи реаксияҳоро нависед.
- Барои чӣ пеш аз балонҳои пӯлодинро бо хлор пур кардан хлорро бо диққат хушк мекунанд?
- Соҳаҳои истифодаи хлори озод ва пайвастагиҳои онро номбар кунед. Тарзи истифодаи ҳар яки онро бо хосиятҳои хлор ва пайвастагиҳои он алоқаманд намоед.
Хонандагон медонанд, ки оби табиӣ ба миқдори муайян моддаҳои минералӣ дорад. Омӯзгор бояд илова кунад, ки дар таркиби оби табиӣ боз моддаҳои ҳалшудаи органикие мавҷуданд, ки онҳо ҳангоми тозакунии об бо таъсири гидроксиди алюминий (Al(OH)3) тоза карда мешаванд. Гидроксиди алюминий (Al(OH)3) фурӯкашандаи хубест, ки ба тезтаҳшиншавии моддаҳои органикии дар об ҳалшуда мусоидат мекунад. Пас аз он мубодилаи реаксияи ҳосилшавии гидроксиди алюминий (Al(OH)3) навишта мешавад.
Хонандагони синфҳои 8-ум барои мукаммал фаҳмидани гидролиз аз ҷиҳати назарӣ тайёр нестанд, чунки онҳо ба ин мафҳум дар синфи 9-ум шинос мешаванд. Бинобар ин, дар хотир доштан ва аз худ кардани ин реаксияро аз онҳо талаб кардан лозим аст. Диққати асосии хонандагонро ба моддаи охири реаксияи гидроксиди алюминий (Al(OH)3) ҷалб намудан лозим аст. Гидроксиди алюминий (Al(OH)3) дар натиҷаи реаксияи барнагардандаи муовизаи байни намаки калсийи дар об ҳалшуда ва сулфати алюминий (Al2(SO4)3) ба об ҳамроҳ кардан ҳосил мешавад. Барои пурсамар ва таъсирбахш гузаштани экскурсия бо хонандагон гузаронидани таҷрибаи ҳосилшавии гидроксиди алюминий (Al(OH)3)-ро дар оби дарё намоиш додан ба мақсад мувофиқ аст. Хонандагон ҳосилшавии таҳшин ва ҷудошавии ҳубобчаҳои газро қайд мекунанд. Бинобар ин, ба хонандагон таҷрибаи пешакӣ (3-4 соат пеш аз намоиш) тайёркардашуда бо сулфати алюминий (Al2(SO4)3) тозакунии оби муқаррарии чиркини дарёро истифода бурдан тавсия дода мешавад. Таҷрибаро дар истаконҳои химиявӣ гузаронидан беҳтар аст. Як истакон оби дарёро ба таври санҷиш барои муқоиса нигоҳ дошта, ба истакони дигари оби дарёдошта, миқдори сулфати алюминий (Al2(SO4)3)-ро мерезанд. Дар аввали намоиши таҷриба нағз таҳшиншавии ғашро мушоҳида мекунанд. Баъдан ба хонандагон чунин савол додан мумкин аст: барои дар дегҳои бӯғкунӣ ҳосил нашудани таҳшин чӣ кор кардан лозим аст? Онҳо тақрибан метавонанд чунин ҷавоб диҳанд: барои он обро аз намакҳои минералии дар он ҳалшуда тоза кардан лозим аст. Дар ин маврид барои фаҳмидани раванди ҳодисаҳои химиявии дар истакони обсофкунӣ гузаронидашуда, хонандагонро бо донишҳои зарурии нав мусаллаҳ кардан ба мақсад мувофиқ аст. Ба хонандагон таъкид кардан лозим аст, ки дуруштии об бо намакҳои ҳалшудаи бикарбонатҳо, сулфатҳо ва хлоридҳои натрий, калсий, магний ва калий вобаста мебошад. Барои мустаҳкамкунии мавзуи “Намакҳо” хонандагон метавонанд ном ва формулаҳои намакҳои номбаршударо ба дафтарашон нависанд. Оид ба барҳам додани дурушти (нарм кардан)-и об бо ёрии сода (Na2CO3) ва оби оҳак (Са(ОН)2) таҷриба гузаронида, аз об тоза кардани намакҳои калсий ва магнийро бо истифода аз реаксияи муовизаи барнагарданда мефаҳмонем.
Хонандагон аз ҷадвали ҳалшавандагӣ истифода бурда, муайян карда метавонанд, ки кадоме аз моддаҳо таҳшин мешавад. Роҳбари экскурсия дар ибтидои экскурсия бо хонандагон суҳбати муқаддимавӣ на зиёда аз 10 дақиқа мегузаронаду оид ба объектҳои асосии экскурсия мухтасар маълумот медиҳад. Қайд мекунад, ки Стансияи тозакунии оби қубурҳои худҷоришаванда дар Душанбе соли 1957 сохта шудааст. Оби дарё ба канал ва аз онҳо ба обанбор ҷорӣ мешавад. Стансияи обсофкунӣ соли 1964 ва баъд солҳои 1971-1975 аз нав сохта, ҳудуди он хеле васеъ карда шуд. Стансия аз 8 шуъба иборат аст: шуъбаҳои обанбор, пешакӣ хлоронидани об, обсофкунӣ, филтркунӣ, хлоратор, обҷамъкунак, толори мошинҳои стансияи насосӣ ва лабораторияи химиявӣ. Шинос кардани хонандагон бо лабораторияи химиявӣ аҳамияти калон дорад, чунки онҳо дар он ҷо бо кори химик-лаборант шинос мешаванд. Роҳбари экскурсия дар охир ҷиҳати минбаъд истифода бурдани оби тоза, аҳамияти он барои саноат, хоҷагии қишлоқ ва барои зисту зиндагонии инсон муфассал нақл мекунад.
Барои он ки маводи мустаҳкам гардонидани дониши ҳосилкардаи хонандагон, такрори масъалаҳои оид ба реаксияҳои муовиза, хосиятҳои химиявии хлор, пайвастаҳои оксигендори он истифода бурда шавад, баъди экскурсия аз рӯйи мавзуи “Химияи обсофкунӣ” гузаронидани дарс ба мақсад мувофиқ аст. Барои гузаронидани суҳбат бо хонандагони синфи 8-ум намунаи чунин саволҳоро тартиб додан мумкин аст:
- Кадом реаксияҳо муовиза номида мешаванд? Дар кадом шароитҳо ин реаксияҳо барнагардандаанд?
- Об чӣ гуна ғашҳо дорад?
- Оби тоза дар куҷо истифода бурда мешавад?
- Раванди хлоронидани обро фаҳмонед.
Барои мустаҳкам намудани дониши хонандагон оид ба хосиятҳои оксидкунандагии хлор таҷрибаи берангшавии маҳлули рангҳои органикиро такрор кардан мумкин аст. Масалан, барои хонандагони синфи 8-ум ”Таҳшинкунии ғашҳои об бо роҳи ҳамроҳ кардани сулфати алюминий — Al2(SO4)3”, барои хонандагони синфи 9-ум ду кор: яке ҳамон кори барои синфи 8-ум супурдашуда, дигараш нарм кардани об бо ёрии сода — Na2CO3 тавсия карда мешавад.
Маводи экскурсия минбаъд дар синфи 9, ҳангоми омӯхтани мавзуъҳои “Назарияи диссотсиатсияи электролитӣ”, “Карбон ва силитсий”, “Кислотаи карбонат ва намакҳои он”, “Металлҳо”, “Дуруштии об ва усулҳои бартараф кардани он” истифода бурда мешаванд. Барои амалӣ гаштани маводи омӯхтаи хонандагон корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ, махсусан, экскурсия ба истеҳсолот аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дорои аҳамияти калон мебошад. Экскурсияҳоро ҳар сол дар таътилҳои зимистона ва баҳорӣ гузаронидан мумкин аст. Аҳамияти таълимӣ ва тарбиявии гузаронидани экскурсия дар Стансияи обсофкунӣ барои омӯзгорон маълум мебошад. Дар ин ҷараён омӯзгорон ба хонандагон аз алоқамандии байни фанни биология ва химия истифода мебаранд. Дар хотима, экскурсия ҷамъбаст карда шуда, маълумотҳое, ки хонандагон дарк намудаанд, алоҳида қайд карда мешаванд. Хонандагон натиҷаи корҳои мушоҳида кардаашонро ба омӯзгор нақл менамоянд. Ҳамин тавр, байни омӯзгору хонандагон суҳбат барқарор мегардад ва омӯзгор дониши шогирдонашро сайқал медиҳад.
Хулоса, хонандагон баъди ба охир расидани экскурсия дар бораи натиҷаи экскурсия ҳисобот зери унвони “Натиҷа ва бардошти ман аз экскурсия” тайёр мекунанд. Дуруст ташкил ва баргузор кардани чунин экскурсияҳо барои омода кардани хонандагон ба ихтисосҳои муҳандис-химик, химик-технолог, химик-лаборант ва ғайра мақсаднок буда, барои шавқу ҳавас пайдо кардани хонандагон нисбат ба ихтисосҳои зикршуда аҳамияти калон доранд.