Талабот — Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон"

Талабот

  • Мақолаҳо бояд хулосаи тавсиявии муассисаи пешниҳодкарда ё мутахассисони соҳаро оид ба чоп дар матбуоти даврӣ дошта бошанд.
  • Аҳамияти мавзӯъ дар мақола бояд бо нишондоди натиҷаҳои назариявию таҷрибавӣ асоснок шуда, мақола хулосаҳои мушаххас дошта бошад.
  • Нусхаи чопии таҳриршудаи мақолаҳо бо фосилаи 1,5-и байни сатрҳо ва бо ҳарфи Times New Roman Tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд. Пешниҳоди шакли электронии мақолаҳо (дар флеш ё ба воситаи почтаи электронӣ) ҳатмист.
  • Ҳаҷми умумии мақола бо маводи аёнӣ — нақша, расм, диаграмма (агар бошад, феҳристи адабиёт, аннотатсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ то 100 калима) аз 8 саҳифаи чопӣ зиёд набошад.
  • Формулаҳо, рамзҳо ва ишораҳои ҳарфӣ бояд бо истифода аз барномаи Microsoft Equation таҳия шаванд.
  • Идораи маҷалла ҳуқуқ дорад мақоларо таҳрир кунад, баъзе тағйироти заруриро ворид намояд ва дар сурати ҷавобгӯ набудани он ба муҳтавои маҷалла ба муаллиф ҷавоби рад гардонад.
  • Маҷалла ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ нашр мекунад, ки бо он мувофиқ нест. Ба дурустии далелҳо муаллифон ҷавобгаранд.
МУШТАРИЁНИ  АЗИЗ!

Муҳтавои маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» дархӯри фаъолияти тамоми муассисаҳои соҳаи илму маориф ва онҳоест, ки дар роҳбарӣ, касбият, усули кор дар таълим, тарбия, рушди истеъдод, такмили ихтисос, таҳсилоти иловагӣ, назорати дохилимактабӣ, робита бо оила ва ҷомеа, иттиҳодияҳои методӣ ва даҳҳо паҳлуҳои дигари илму маориф ба маслиҳат ниёз доранд, таҷрибаи худро муаррифӣ кардан мехоҳанд ва ҳадафашон як аст: шинохтани мақоми маориф чун омили амнияти миллӣ!

Вақте маҷаллаи моро ба даст гирифтед, ба саҳифаҳои он ҷиддӣ назар кардед, андеша, пешниҳод, таҳлил, фикри бикре дар робита ба муҳтавои он манзури алоқамандон гардондед, ҳатман интизор бошед:

  • маорифи кишвар рушд мекунад;
  • сифати таҳсилот боло меравад;
  • сатҳи касбияти омӯзгор беҳтар мегардад;
  • идеологияи миллӣ шакли комил мегирад;
  • маърифати ҷомеа такмил меёбад…

Пас, биштобед, то аз манфиатҳои маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» баҳра баред. Обуна шудан ба маҷалла шарти муҳимми расидан ба ҳадафҳост.

«Маорифи Тоҷикистон» аз шумо ва барои шумост!