Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» падида ва ҳамсоли Истиқлолияти миллӣ буда, аз лиҳози шаклу мазмун то андозае тафовут дорад. Шумораи нахустини он бо номи “Адаб” моҳи июли соли 1991, ду моҳ пештар аз қабули Эъломияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид. Маҷалла дар натиҷаи талоши рӯшанфикрони тоҷики солҳои 80-90-уми қарни ХХ дар шароити соҳибистиқлолии комили давлати Тоҷикистон бо мақсади рушди илму маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ кард. Аввалин сардабири он номзади илмҳои педагогӣ, донишманди шинохта, маорифпарвар ва мактабшиноси маъруф Шамсуллоҳ Исломов буданд, ки дар таъсис додани маҷалла ва ба фаъолият пардохтани он саҳми бузург доранд. Маҷалла аз ибтидо бо теъдоди 3500 нусха дархӯри завқи алоқамандон гашта, соли 1992 чопи он 6000 адад расид. Тавре аз таърихи маҷалла бармеояд, муҳимтарин самтҳои фаъолияти онро тарғиби истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии кишвар, якдилии миллати тоҷик ва кулли тоҷикистониён, рушди соҳаи маориф, гиромидошти забони давлатӣ, ёрии амалӣ ба омӯзгорони забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, таърихи халқи тоҷик, инъикоси дастовардҳои нави илмҳои педагогиву равоншиносӣ; саҳм гузоштан дар мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, ташвиқи таҷрибаи пешқадам ва чеҳраҳои соҳи илму маориф ва фарҳанг ва дигар фаро мегирифтанд. Вобаста ба самтҳои фаъолият рубрикаҳои махсус дар маҷалла ташкил шуданд, ки ифодагари мақсаду талаботи Оинномаи он буданд.
Бояд гуфт, ки аввалин дастгиру пуштибони моддиву маънавии маҷалла раиси Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ, Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ буданд, ки бо дастгирии ҷавонмардонаи эшон се шумораи нахустини нашрия дар соли 1991 чоп шуд… Замони фаъолияти роҳбарӣ Шамсуллоҳ Исломов тавонистанд ба кори маҷалла як зумра ҷавонони эҷодкорро ҷалб намоянд. Ин ҷавонон, ба мисли Абдусалом Латифӣ, Абдуҳафиз Қодиров (шодравон), Абдушукури Абдусаттор, Ҷамолиддин Саидзода, Неъматулло Зоиров, Шодӣ Шокирзода дар рангину ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои нашрия нақши хубе гузоштанд. Шамсуллоҳ Исломов то соли 1995 фаъолият карданд. Шодӣ Шокирзода аз соли 1995 то соли 1997 иҷрокунанда ва аз соли 1997 то соли 2006 чун сардабири маҷалла фаъолият карданд. Соли 2006 маҷалла номи “Маорифи Тоҷикистон”-ро гирифт ва Шодӣ Шокирзода сармуҳаррири он таъйин гардид. Аз соли 2019 сармуҳаррир Саида Набизода таъйин шуд.
Воқеист, ки замони нобасомониҳо фаъолияти нашрияҳои кишвар дучори мушкилоти молӣ гашта, ҳатто аз чоп бозмонданд. Аммо маҷаллаи “Адаб” ба теъдоди кам ҳам бошад, чоп мешуд. Дар саҳифаҳои маҷалла асосан таълифоти уламову удабо ва омӯзгорони ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар роҷеъ ба улуми адабӣ, таърих, фалсафа, ахлоқ, адён, омӯзишу парвариш, роҳнамоии омӯзиши алифбои ниёгон ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, намунаи осори олимону адибони гузаштаву муосири тоҷик ва ҷаҳон интишор мешуданд. Ҷолиби диққат ташкили замимаи маҷалла бо номи “Ганҷи адаб” буд, ки тайи солҳои 1997-1999 бо ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ нашр мешуд. Ба ифтихори ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 120-солагии зодрӯзи Аллома Муҳаммад Иқбол (1997), 960-солагии Умари Хайём, 1000-солагии Носири Хусрав, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 80-солагии шаҳри Душанбе ва Вазорати маорифи Тоҷикистон шумораҳои алоҳидаи ҷашнӣ таҳия ва нашр гардида, аз ҷониби хонандагон бо хушнудӣ истиқбол шуданд. Маҷаллаи “Адаб” дар тӯли 15 соли фаъолият дар инъикоси навгониҳои соҳаи маориф, тозакориҳои муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ саҳми босазо гузошт. Дар ин муддат 73 шумораи маҷалла чоп шуд ва ҳар як шумораи он аз лиҳози мазмуну мундариҷа, масъалагузорӣ ва ҳаҷм арзиши як рисолаи мукаммали илмиро доро мебошад.
Соли 2005 бо мақсади дар робита ба талаботи раванди ислоҳот дар соҳаи маориф бо тасмими роҳбарияти Вазорати маориф номи маҷаллаи “Адаб” ба “Маорифи Тоҷикистон” иваз карда шуд (аз таърихи 12-уми январи соли 2006, №1/2). Вобаста ба ин самтҳои асосии фаъолияти маҷалла инъикоси воқеият дар соҳаи маорифи кишвар, мушкилоту дастовард, назару пешниҳоди ҷомеаро дар хусуси рушди минбаъдаи маориф, ёрии амалӣ расонидан ба омӯзгорон фарогир гаштанд. Тадриҷан дар фаъолияти нашрияҳои педагогӣ, минҷумла, маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» дигаргуниҳои мусбат ба мушоҳида мерасиданд. Аз соли 2012 ҳаҷми маҷалла, ки хеле хурд (А-4) буд, калонтар (А-3) гардид, ки ин кор барои ҷалби мштариёни нав, фарогирии матолиби бештар, қонеъ гардондани талаботи муаллифон а сарфакорӣ мусоидат намуд. Ягонагии сифату чоп ба назар гирифта шуд ва ҳар як шумораи маҷалла бо фарогири 64 саҳифа ба табъ расид. Рубрикаҳои доимӣ вобаста ба мазмуни мақолаҳо афзуданд. Тарҳи муқоваи маҷалла низ тағйир ёфта, дар ҳар шумораи он аксҳои адибон, манзараҳои зебои кишвар, мавзеъҳои таърихӣ ҷой гирифта, ҳамзамон, асарҳои муаллифон низ бо аксашон бо мақсади гиромидошт ва муаррифии аҳли қаламу эҷод чоп мегардид. Шурӯъ аз соли 2016 чопи ҳармоҳаи маҷалла роҳандозӣ гардид ва теъдоди муштариёни маҷалла ҳам рӯ ба афзоиш овард. Ҳатто дар оғози соли 2019 теъдоди он аз шаш ҳазор ҳам гузошт. Дар ин кор албатта, нақши муассис — Вазорати маориф ва илми кишвар ва роҳбарияти он шоистаи қадршиносист.
Имрӯз маҷалла бо тарҳи нав рӯйи чоп омада, дорои рамз ва сомонаи хоси худ аст. Идораи маҷалла бо пеш гирифтани иқдомҳои нав муаллифони зиёдеро ҷалб карда, дар саҳифаҳои маҷалла бештар аз вазъи фаъолияти соҳа мақолаҳои таҳлилӣ, интиқодӣ, проблемавӣ ҷо мекунад, андешаву назари коршиносон, мутахассисони соҳибтаҷриба, тамоми роҳбарони сохторҳои соҳавиро дар робита ба паҳлуҳои фаъолияти мактабдориву мактабшиносӣ, маорифпарварӣ, муносибати ҷомеа ба мактаб, зарурати ҳалли мушкилоти пешорӯ, ислоҳот дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бунёдкорӣ, сифати таҳсилот ва сифати омода кардани мутахассисон, вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва масоили дигар дар муҳтавои маҷалларо бою ғанӣ мегардонанд.
Ба фаъолияти маҷалла муштариён баҳогузорӣ мекунанд. Соли 2021 маҷалла баробари Истиқлолияти кишвар 30-солагии худро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат озмун барои дарёфти Ҷоизаи “Маориф ва Истиқлол” ҷараён дорад. Дар озмун ҳар нафари хоҳишманди алоқаманди маҷалла метавонад иштирок намояд. Озмун дар бахшҳои алоҳидаи илм, маориф а робита бо ҷомеа баргузор гашта, баҳои маводи пешниҳодӣ баъди аз назар гузарондани коршиносон муайян мегардад. Ғолибон мутаносибан бо шаҳодатнома, Ифтихорнома, нишон ва маблағи пулӣ сарфароз мегарданд.