Ҳайати мушовара — Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон"

Ҳайати мушовара

7 июни соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ. 
 
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1986-1993-донишҷӯйи Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ); 
Солҳои 1987-1989-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ; 
Солҳои 1995-1997-ассистенти кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 1997-1999-муаллими калони кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 1999-2003-дотсенти кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Соли 2003-сардори сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2003-2005-мудири кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2004-2005-муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2005-2009-директори Коллеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2009-2010-сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномаҳои муассисаҳои таълимии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2010-2011-муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2015-сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2015-2017-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2017-2019-муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2019-2022-директори Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар ш.Душанбе;

Аз 21 феврали соли 2022 то ҳоло — вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Эмомалӣ Сайфиддин Насриддинзода 2 июли соли 1966 дар ноҳияи Совет дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.Соли 1983 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмаликро хатм намудааст, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко ва соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносхатм кардааст.

Соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» ҳимоя кардааст.

Соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Балҷувон оғоз кардааст. Аз соли 1993—2006 ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз 2003 то 2004 корманди Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2003—2006 унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ, соли 2006 мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Солҳои 2006—2007 муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2007—2009 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия. Солҳои 2009—2011 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим. Аз моҳи августи соли 2011 то 2016 Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Аз 5 майи 2021 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шудааст.

Барои хизматҳои шоён ва намунавиаш дар соҳаи таълиму тарбия ва парвариши мутахассисони лаёқатманди ҷавобгӯйи бозори меҳнат бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ва мукофоти давлатии «Ордени Шараф дараҷаи II» сарфароз гардидааст.1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

 
15 июни соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои таърих.
 
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1989-1993-донишҷӯйи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров);
Солҳои 1993-1995-ассистенти кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров;
Солҳои 1995-1998-аспиранти шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров;
Солҳои 1997-2000-ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
Солҳои 2000-2003-мудири шуъбаи корҳои иҷтимоӣ-маданӣ, алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва робитаҳои байналмилалии ҳукумати шаҳри Хуҷанд;
Солҳои 2003-2005-муовини мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байнимиллии ҳукумати вилояти Суғд;
Солҳои 2005-2006-декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;  
Солҳои 2006-2009-ноиби ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;  
Солҳои 2009-2012-декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;    
Солҳои 2012-2017-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;    
Солҳои 2017-2022-ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров;
Аз 21 феврали соли 2022 то ҳол-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.