Шаҳлои Абдуализодаи ТОҲИРИЁН –
сардори раёсати ташхис ва тақризи
адабиёти таълимии ПРМ АТТ,
номзади илмҳои филология
Таваҷҷуҳ ба ин масъала имкон медиҳад, ки роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ намоем, то ки дар солҳои оянда пеши чунин амалҳо гирифта шавад. Озмоишҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун масъалаи хеле доғ боқӣ мемонад. Аз ин ҷиҳат, дарки илмии проблемаи мазкур инкишоф, такмил ва ягонакунии аппарати консептуалӣ ва категориалӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дар илм барои таърифи коррупсия дар соҳаи маориф якчанд истилоҳ истифода мешаванд: «Коррупсия дар соҳаи маориф», «коррупсия дар системаи маориф», «коррупсия дар самти илм», «коррупсия дар таҳсилоти баъдидипломӣ», «коррупсия дар донишгоҳҳо», «коррупсия дар мактабҳо», «коррупсия дар кӯдакистонҳо» ва ғайра. Ба таъкиду эътирофи донишмандон, таърифи коррупсия дар соҳаи маориф — сӯиистифода аз қудрат барои расидан ба ҳадафҳои моддиро дар бар мегирад ва дар шарҳи васеътар маънои истифодаи ғайримақсаднок ё сӯйиистифода аз мақоми давлатӣ ё вазифаҳои таълимиро ба ҳадафҳои шахсӣ ё манфиати шахсӣ ифода мекунад. «Илова бар ин, вақте ки қарорҳои ҳукумат зери таъсири ришва ё хешутаборбозӣ қарор мегиранд, сифати хидматрасонии давлатӣ ва инфрасохтор низ коҳиш меёбад. Дар ниҳоят, коррупсия эътибори давлатро коҳиш медиҳад ва метавонад ба бесуботии иҷтимоӣ ва сиёсӣ оварда расонад». Коррупсия дар соҳаи маориф ҳамчун «берун рафтан аз ваколатҳо барои манфиатҳои шахсӣ, аз ҷумла, моддӣ» таъриф карда мешавад. Дар ҷамъият ришвахорӣ дар соҳаи маорифро аз ҳад зиёд истифода бурдан аз ваколатҳо барои манфиати моддӣ мефаҳманд. Муҳаққиқон, чи ватанӣ ва чи хориҷӣ, бо мафҳумҳои умумии коррупсия амал мекунанд ё бе таърифи истилоҳи «коррупсия дар соҳаи маориф» танҳо намуд, шакл, миқёси ин падида, проблемаҳои муборизаро тавсиф мекунанд.
Дар замонҳои гузашта низ ин амал монеи пешравии ҷомеа буд. Хусусан, бадбинии судяҳо боиси нигаронӣ буд, зеро он сабабгори аз нав тақсим кардани ғайриқонунии амвол ва хоҳиши берун аз чаҳорчӯби қонунӣ ҳал кардани баҳсҳо мегардид. Бесабаб нест, ки динҳои пешбар ҳама гуна фасод, пеш аз ҳама, ришвахории қозиҳоро маҳкум мекунанд: «Туҳфа нагиред, зеро туҳфа биноиро кӯр мекунад ва сабаби ҳақро бармегардонад». «Моли ҳамдигарро азони худ макунед. ва ба қозиҳо ришва надиҳед, то як қисми молу мулки дигаронро дидаю дониста аз худ кунанд».
Чунин вазъият дар илм бо мафҳуми коррупсия дар системаи маориф ба вуҷуд омадааст. Дар пажӯҳиши олимон коррупсия дар соҳаи маориф ҳамчун «истифодаи мунтазами мақоми мансабӣ ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешавад, ки ба мавҷудият ва сифати молу хизматрасониҳои таълимӣ дастрасӣ, сифат ё адолат дар таълим дар натиҷа таъсири назаррас мерасонад”.
Дар муассисаҳои таълимӣ ҳолатҳои ба амалҳои коррупсионӣ рӯ ба рӯ гаштани таълимгирандагон низ мушоҳида мегардад, ки онро нодида гирифтан номумкин аст ва ин зуҳурот ба тарбияи маънавӣ — ахлоқии онҳо таъсир мерасонад. Масалан, ҷамъоварии маблағ, бо истифода аз мавқеъ талаб намудани туҳфаҳо ва ғ. «Масъалаи тарбияи маънавӣ — ахлоқии насли наврас имрӯз дар ҷомеаи мо беш аз пеш тезу тундтар аст. Сабабҳои зиёде вуҷуд доранд ва яке аз онҳо — аз байн рафтани анъанаҳои нек дар тарбияи насли наврас – боиси аз байн рафтани “пайванди замон”, эҳсоси мансубият ба таърихи ватани худ гардид». Дар баробари ин, тавре таҳлили адабиёти илмии ватанӣ нишон медиҳад, муаллифон бо тавсифи миқёс ва шаклҳои коррупсия, ки дар сатҳи таҳсилоти умумӣ ва касбӣ вуҷуд доранд, моҳияти ин падидаро ошкор накарда, аз доираи таҳқиқ берун мондаанд. Хусусиятҳои умумӣ ва ҷузъиро ҷудо намуда, зимни омӯзиш идораи системаи маориф ва объекти тадқиқоти таълимии касбӣ-техникӣ, кӯдакистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ва илмиро низ қарор додан лозим аст. Ҷустуҷӯ намудани сабабҳои муносибатҳои ғайрирасмӣ барои танзими дастрасии бе иҷозат ба дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ тавассути сӯйиистифода аз мансаб ё моликияти ҷамъиятӣ ва пешниҳод намудани роҳи ҳалли он боиси тарбияи дурусти насли наврас мегардад. Коррупсия дар таҳсилоти баъдидипломӣ, ба қавли пажуҳишгарон, на танҳо аз коррупсия дар таҳсилоти олӣ, балки аз коррупсия дар дастгоҳи давлатӣ низ фарқияти ҷиддӣ дорад. Тафовут дар оқибатҳои коррупсия ва асосан дар хусусияти он ва дараҷаи таъсири манфӣ ба соҳаи дахлдор мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин, бо ин изҳорот танҳо қисман розӣ шудан мумкин аст. Ин падида ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ бо як қатор аломатҳои муҳим хос аст ва на танҳо хатари ҷамъиятӣ дорад, балки доираи мавҷудият, предмет ва субъектҳои истифодашавандаро дар бар мегирад. Масалан, мудири шуъбаи маорифи яке аз ноҳияҳо бо мақсади таъмини манфиати шахсӣ дар ноҳияе, ки ба системаи маорифи он роҳбарӣ мекунад, ба амали коррупсионӣ даст мезанад ва аз директорони МТМУ маблағ ҷамъоварӣ менамояд. Аксар вақт предмети коррупсия аз ҷониби субъекти коррупсионӣ аз ҷониби шахсони дигар аз ҳисоби моликияти давлатӣ ба даст овардани манфиатҳои молумулкӣ ё нигоҳ доштани собиқаи доимии корӣ ва зиёд нишон додани маълумот бо роҳи кори қалбакӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин нишон додани сатҳи дараҷаи сифати таҳсилот низ мисол шуда метавонад. Бо мақсади ҳалли масъала андеша намудани сабабҳои сар задани он ба манфиати кор аст. Зарурати ба миён гузоштан ва ҷустуҷӯйи роҳҳи ҳал он аст, ки агар коррупсия дар соҳаи маориф барҳам дода шавад, тадриҷан аз тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ низ барканор хоҳад шуд. «Ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ, дуруст истифода намудани маблағҳои ҷудошудаи муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунии ришваситонию маблағғундории роҳбарият ва кормандони муассисаҳои таълимӣ соли 2008 дар сохтори Вазорати маориф ва илм шуъбаи аудити дохилӣ таъсис дода шудааст».
Нишонаҳои коррупсияро дар муассисаҳои таълимӣ ошкор намуда, ба хусусиятҳои мақсад ва ангезаҳои субъектҳои коррупсия алоҳида таваққуф кардан лозим аст. Ҳамин тариқ, 71% пурсидашудагон бар ин назаранд, ки кормандони педагогӣ чун қоида бо ҳадафи худхоҳона ба муносибатҳои коррупсионӣ даст мезананд, 31% ҳисси уҳдадорӣ дар назди порадиҳанда барои арзишҳои моддӣ ва хидматҳои ба омӯзгор додашуда ё расонидашударо қайд кардаанд, 24% муносибатҳои хешутаборӣ ва дигарро номбар карда, 14% ҷавоби худро пешниҳод кардаанд («иҷрои нақшаи корӣ ба нафъи худ», «таҳдид, шантаж», «фишори волидони хонандагон — мансабдорон», «танбалии донишҷӯён», «дарки беарзишии худ», «камбудии системаи музди меҳнат»). Субъектҳои дигари бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ ва афзалиятҳо ба манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ муносибатҳои коррупсионӣ анҷом медиҳанд. «Вақте омӯзгорон танҳо ба таълиму тарбия машғул шаванду хонандагон ба таҳсил, нуфузи мактабу маориф ва омӯзгор боло меравад. Тамоми ҷомеа ва мақомоти маҳалро мебояд ба шахсияти омӯзгорон эҳтиром гузоранд, зеро аз неруи онҳо, ки рӯшангари роҳи моянд, дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ истифода бурда мешавад. Дар сурати риояи қонун нобасомонӣ, норозигӣ, эътирози мардум ва тарки касб намудани омӯзгорон аз байн меравад».
Аломатҳои ошкоршудаи коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ ба мо имкон медиҳанд, ки хусусиятҳои роҳи ҳалли ин мафҳумро таҳия намоем. Дар доираи коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ падидаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарноки иҷтимоӣ-ҳуқуқие, ки дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, шаҳрӣ ва хусусӣ ба амал меояд, ба манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ вобаста аст ва асоси он фоида, бартариҳои моддию ғайримоддӣ аст. Сабабҳои сар задани амалҳои коррупсионӣ:
- Маоши кам.
- Қонунҳои номуайян. Қонуни консервативӣ.
- Надонистани қонунҳо ё нафаҳмидани аҳолӣ.
- Маълумоти нокифояи сиёсӣ.
- Бесалоҳиятии касбӣ – бюрократизм.
- Набудани ягонагӣ дар системаи ҳокимияти иҷроия.
- Дараҷаи пасти иштироки шаҳрвандон дар назорати давлат.
- Имконнопазирии назорати ҳамаҷониба.
Пешниҳод мегардад, ки ҷиҳати пешгирии коррупсия дар соҳаи маориф чораҳои зерин андешида шаванд:
- Ҷазоҳои сахттар барои ришвахорӣ;
- Баланд бардоштани маоши кормандони маориф;
- Беҳтар кардани маблағгузории муассисаҳои таълимӣ;
- Ба мустақилияти молиявию иқтисодӣ гузаштани муассисаҳои таълимӣ.
Дар вақти ҷорӣ намудани системаи додани музди соҳавӣ меъёрҳои аниқ додани музди дифференсиалӣ зарур аст. Барои натиҷаҳо бояд музд дода шавад. Асос бояд натиҷаи дастоварди як хонанда дар робита ба инкишофи динамикаи инфиродии рушд бошад. Барои баҳодиҳии дурусти натиҷаҳо бояд стандартҳои нав таҳия карда шаванд.
- Ба таври васеъ кор фармудани телефони боварӣ барои хабар додани ҳолатҳои коррупсионӣ.
- Имтиҳони ягонаи давлатӣ ҳамчун воситаи мубориза бо коррупсия дар соҳаи омӯзгории хусусӣ.
- Тартиб додани системаи аниқи меъёру қоидаҳое, ки масъулияти ҳар як иштирокчии раванди тақсим ва истифодаи маблағро муайян мекунанд.
- Ихтисоси кадрҳои маъмурӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии манфиатдор, аз ҷумла, иттиҳодияҳои падару модарон ва омӯзгорон баланд бардошта шавад.
- Барои тақвият бахшидани назорати ҷамъиятӣ дастрасии маълумотро вусъат диҳанд.