Роҳбарият
Набизода Саида Фазл 13 декабри соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 дар мактаби миёнаи №16 – и ноҳияи Ҳамадонӣ таҳсил карда, факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОК ба номи А.Рӯдакиро соли 1988 ба итмом расонид.
Фаъолияти меҳнатиаш асосан ба се қисм ҷудо мешавад: омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ ва илмӣ. Баъди хатми донишкада дар мактаби миёнаи №1-и ноҳия, аз соли 1996 то соли 2003 дар мактаби миёнаи рақами 16 чун омӯзгори ихтисосманд фаъолият кард. Соли 2002 дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» шарафи омӯзгорони вилояти Хатлонро ҳимоя намуд. Соли 2003 тибқи як лоиҳа дар ташкилоти башардӯстонаи «Миссияи Шарқ» фаъолият кард. Аз моҳи январи соли 2005 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мактабҳо, аз соли 2011 то 2019 дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба ҳайси сармуҳаррир ва аз феврали соли 2019 инҷониб дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият дорад.
Иштирокдори даври ҷумҳуриявии озмуни «Муаллими сол» (2002) буда, аз соли 2006 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳаст, солҳои 2005-2008 дар гурӯҳи коршиносони Вазорати маориф ва илм (таълифу таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ), соли 2008 дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Мактаб ва ҷомеа» фаъолият карда, дар ташкили маҷаллаи «Маорифи Душанбе» аз соли 2019 нақши асосӣ дорад.
Муаллифи бештар аз 200 мақолаву гузориш, мусоҳиба ва лавҳа, созмондеҳи суҳбатҳои ихтисосӣ, баҳсҳои илмиву таълимӣ, конфронс, мизҳои мудаввар, сомонаи нашрияҳои соҳавӣ. Дар давоми фаъолият маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» соҳиби рақами силсилавии стандарти байналмилалӣ – ISSN (2306-4293), сомонаи махсус ва саҳифаи иҷтимоии худ гардид. Имрӯз маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ҳам соҳиби сомона ва саҳифаи гурӯҳӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гардидааст, узви ҳайати мушовараи маҷаллаи “Маорифи Душанбе” мебошад.
Дар мавзӯи проблемавии «Асосҳои назариявии ташаккули маданияти нутқи хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикии синфи 8-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» таҳқиқоти илмӣ дорад, муаллифи китоби дарсӣ ва дастурҳои методӣ, муҳаррири китобҳои илмиву дарсист. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 5, чор нашр; 5 Раҳнамои таълимӣ барои омӯзгорони забони тоҷикӣ; муҳаррир, мураттиб, мусаҳҳеҳ, муқарризи чандин китоби дарсиву дастурҳои методиву таълимӣ аст. Инчунин, дар таълифи Дастури методӣ барои таълими фанни забони модарӣ (синфи 5), «Замимаи китоби дарсӣ» (барои синфҳои 5,6,7,8,10), таҳия ва таҳрири китобчаи «Байтбарак», якчанд китоби дарсӣ, бадеӣ, илмӣ-методӣ, аз ҷумла, таҳриру тасҳеҳи китобҳои «Алифбо», «Асосҳои иқтисодиёт» (синфи 11), «Маърифати молиявӣ» ва чандин дастури методӣ саҳм дорад; соли 2016 маҷмӯаи мақолаҳояш бо номи «Пайкори афкор» дар ҳаҷми 320 саҳ. бо тамғаи нашриёти «Адиб» ба дасти хонандагон расид. Меҳнаташ бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (с.2002, 2009, 2018), Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ (2016, 2017,2018), нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002), «Аълочии фарҳанги ҶТ» (2007), «Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ» (2018), медали «Хизмати шоиста» (2018) ва «100-солагии матбуоти тоҷик» (2018) қадр ёфтааст.
Соҳиби ду фарзанд аст.
Муҳаррирони бахшҳо
Абдурауф Муродӣ – узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996), соҳиби чандин китоб, бо ихтисоси филолог-рӯзноманигор ДДОТ-ро соли 1985 хатм кардааст, дар дарку фаҳми масоили мактабу омӯзгор ва забону фарҳанг бартарӣ дошта, бо забони сода, сабки хоса ва ҳунари хуби ровигияш маърфият дорад.
Абдурауф Муродӣ 1 апрели соли 1961 дар деҳаи Хоҷапанҷи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар мактаби деҳа таҳсил карда, баъдан Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент (1981) ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо (1985) бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар шаҳри Роғун ба сифати омӯзгори мактаби миёна ва ҷонишини сармуҳаррири нашрияи «Нурафшон» оғози фаъолият намудааст. Солҳои 1992-2001 дар Панҷакент омӯзгори гимназия, мушовири шуъбаи маориф ва раиси бахши Бунёди байналмилалии форсии тоҷикӣ будааст. Дар кори таъсис ва нашри маҷаллаҳои «Дайри муғон» ва «Сомониён» (нашрияҳои ҳукумати Панҷакент) фаъолона ширкат варзида, соле чанд ҷонишинии сармуҳаррири ин маҷаллаҳоро иҷро кардааст. Аз соли 2002 ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» мебошад.Соли 1996 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.
ЭҶОДИЁТ:
Аз овони донишҷӯӣ ба эҷоди бадеӣ машғул шуда, навиштаҳояш пайваста тавассути маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои «Дили гарм» (ҳикояҳо, 1997), «Мӯйлаб» (ашъори ҳаҷвӣ), «Ҷасорат» (қиссаи ҳуҷҷатӣ), «Аз нешханд то нӯшханд» (ҳаҷвияҳо, 1999), «Лутфи Худованд» (назму наср 2000), «Шукуфти ғунчаи лабҳо» (ҳикояҳои ҳаҷвӣ, 2006 «Анори дона-дона» (2005), «Чошнӣ» (ашъори ҳаҷвӣ, 2009) ва қиссаи ҳаҷвии «Ману занам» мебошад. Силсилаи бардавоми навиштаҳои ҳаҷвии ӯ «Анори дона-дона» аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм ёфтаанд. «Биё, то қадри якдигар бидонем!» (2009) сафарнома буда, бо сабки хосу ҷолибе нигориш ёфтааст. Китобҳои «Дилнавоз», «Посдори ҳақиқат» ва «Анҷумани дӯстон»-аш аз кору пайкори бархе ҳамдиёрони маъруфамон ҳикоя мекунанд. Мақолаҳои илмию методии ӯ дар авроқи китобҳои «Дурахши вожаҳо», «Ҷашнномаи мактаб» ва «Паёми мушовир» дастраси умум гардидаанд. Як силсила ашъори ҷавоншоирони ӯзбекзабони Тоҷикистонро ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое чанд аз эҷодиёташ ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Мураттиб ва муҳаррири чандин китобҳои тавсиявӣ, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нишони “Сухан”, нишонҳои “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои зиёд аст. Дар таҳрири мақолаҳои методиву таълимӣ, бахусус, мавзӯъҳои марбут ба забону адабиёт, таълим ва фарҳанг саҳми босазо дорад.
Санҷар Абӯнасрович Амриев 5 майии соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Мавсуф 1 сентябри соли 2002 дар МТМУ-и №26-и деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакент таҳсилро оғоз намуда, соли 2013 муассисаи номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст. Ҷиҳати идомаи таҳсил ва сайқал бахшидани донишу малакаи хеш худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) дохил шуда, соли 2018 донишгоҳро бо касби мутахассис оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ, тарҷумон-референт (арабӣ ва форсӣ) бо дипломи аълочӣ хатм намудааст.
Аз январи соли 2020 фаъолияти кории худро дар Нашрияи “Пайрав” замимаи нашрияи “Омӯзгор” барои кӯдакон ва наврасони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири фанҳои дақиқ ва риёзӣ оғоз намудааст. Аз феврали соли 2021 то июли соли 2021 дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир-референт фаъолият кардааст. Аз августи 2021 то октябри 2023 муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” буд.
Аз овони хурдӣ ба навиштан шавқу рағбат дошта, дар вақтҳои фароғат ҳикояву ривоятҳои тарбиявиро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума менамояд. Навиштаҳову тарҷумаҳояш дар нашрияҳо ба монанди нашрияҳои “Пайрав”, “Маъвои хирад” ва маҷаллаҳои “Маорифи Тоҷикистон”, “Истиқбол”, “Навруста” интишор ёфтаанд.
Забони арабиро медонад ва ба хати форсӣ тасаллути комил дорад.
Оиладор, соҳиби 1 фарзанд.