Аксарияти одамоне, ки синнашон аз 30 болост, дар хотир доранд, ки чӣ гуна таҷрибаҳои физикӣ ва химиявӣ дар дарс таассуроти зиёдро ба вуҷуд меоварданд. Хоҳиши такрор, тағйир додан, мутобиқ шудан ба шароит ва омӯзиши маводи дар хона мавҷудбуда, таҷрибаи дар мактаб гузаронидашуда асоси эҷодиёти илмӣ ва техникии мактаббачагон буд.
Саноати шӯравӣ, эҳтимол бо супориши вазоратҳои дахлдор, барои рушди чунин эҷодиёт маҷмӯаи маводи мувофиқ мебаровард. Бовар дорам, чунин маҷаллаҳоеро ба монанди: “Физика ва техника”, “Техникҳои ҷавон”, “Конструкторҳои барқӣ”, “Фотоинс-трукторҳо”, “Химикҳои ҷавон” ва чанде дигар насли мо хуб дар хотир дорад. Ба андозаи зиёд мавод ва бозичаҳои содаи бачагона, инчунин, набудани компютер ба маънои муосири он барои рушд мусоидат менамуд. Аммо ҳатто дар солҳои 80-ум набудани диққати амалӣ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ба чашм мерасид. Дар арафаи ислоҳоти соҳаи маориф дар бораи таҳкими самти амалии барномаи физика бисёр гуфта шуд. Аммо зиндагии воқеӣ тағйироти ҷиддиеро намебинад. Васеъ кардани доираи бозичаҳои автоматӣ ва нимавтоматӣ барои кӯдакон зарурати эҷодкории мактаббачагонро аз байн бурд. Паҳншавии васеи компютерҳои фардӣ ва бозиҳои сершумор барои онҳо ба ин мусоидат карданд. Муъҷиза ҳатто аз ҳама аҷиб, бар хилофи қонунҳои табиат, дар ҷаҳони виртуалӣ метавонад ба амал ояд, ки баъзе кӯдакон танҳо ҳангоми хоб ва маҷбурӣ ба мактаб рафтан аз он мебароянд. Албатта, ҳама тағйироти дар боло зикршуда дар маҷмӯъ, бо кам шудани соатҳои таълимӣ ва гуманитаризатсияи (инсонгароии) таълим боиси коҳиш ёфтани таваҷҷуҳ ба физика ва дигар фанҳои табиатшиносӣ шуданд. Дар натиҷа, қобилияти мактаббачагон дар ҳалли масъалаҳои амалӣ якбора коҳиш ёфт. Шумораи онҳое, ки ба фанни «физика» таваҷҷуҳ доранд, кам, муҳокимаи таҷрибаҳо ва падидаҳо дар муоширати ҳаррӯзаи донишҷӯён қатъ шуд. Физика танҳо дар сурате ки масъалаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба миён ояд, фанни афзалиятнок мегардад. Аз дидани вазъияте, ки муаллим дар муқобили ҳаёти муосир танҳо аст, ноумедие ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, роҳи баромадан аз ин ноумедӣ ва шавқманд шудани хонандагонро дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ пайдо кардан мумкин аст. Ин роҳ фаъолияти туристии беруназсинфӣ мебошад. Умуман, туризм заминаи мусоид барои ҳар як фан ва алахусус, барои физика аст. Сайри туристӣ имкон медиҳад, ки номгӯи зиёди масъалаҳои педагогӣ ҳал карда шавад. Аз он оғоз мекунем, ки мо мактаббачаро на маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ аз муҳити виртуалӣ берун кашида, ба муҳити табиатшиносӣ ворид менамоем. Албатта, ҳолати нави комилан ношинос саволҳои зиёдеро, аз ҷумла, саволҳои мазмуни физикидоштаро ба миён меорад. Онҳо ба ин саволҳо дар асоси таҷрибаи виртуалӣ ҷавоб дода наметавонанд. Ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ ба фан ба вуҷуд меояд ва барои мустақилона аз худ кардани дониш шароит ба вуҷуд меояд. Туризм дорои иқтидори бузурги таълимӣ ва тарбиявӣ мебошад. Фаъолияти сайёҳӣ барои афзоиши назарраси ҳавасмандӣ ва шавқ ба таҳсил, рушди умумифарҳангӣ, шахсӣ, ҷисмонӣ ва ҳифзи саломатӣ шароит ба вуҷуд меорад. Худи сайр як раванди бисёрзинагӣ мебошад. Он аз марҳалаи омодагӣ, маъракаи воқеӣ ва марҳалаи таҳлилӣ иборат аст. Дар ҳар як марҳала, имкони мусоид барои фаъолона, аз ҷумла мустақилона аз худ кардани донишҳои физикӣ мавҷуд аст. Дилхоҳ сайри туристиро бо унсурҳои мавзӯъҳои амиқи физикӣ пур кардан мумкин аст. Якчанд мисол меоварем:
Борхалта барои сайр |
Падидаи намнокӣ. Фишори ҷисмҳои сахт. Роҳҳои паст (баланд) кардани фишор. Шарти мувозинат. |
Хаймаи сайёҳӣ |
Падидаи гармигузаронӣ. Падидаи намнокӣ. Конденсатсия ва бухоршавӣ. Намии ҳаво. Қувваҳои чандирӣ. Қувваҳои соиш. Шарти мувозинат. |
Гулхан |
Намудҳои гармигузаронӣ. Энергияи дохилӣ. Миқдори гармӣ. Гармии хоси сӯзиш. Гармии хоси бухоршавӣ. Нигоҳдорӣ ва табдили энергия. |
Падидаи табиӣ: шабнам |
Бухоршавӣ ва конденсатсия. Намии ҳаво. “Нуқтаи шабнам”. Кашиши сатҳӣ. Падидаи таршавӣ. Инъикос ва шикасти нури рушноӣ. Дисперсияи рушноӣ. |
Донише, ки ҳангоми сайругашт ба даст меояд, барои мактаббача аҳамияти ҳаётӣ дорад ва албатта, онҳо дигар азёдкунии ҳатмиро талаб намекунанд. Анҷоми як сайр хоҳиши ташкили сайри навро ба вуҷуд меоварад. Ҳамин тариқ, имконпазир мегардад, ки раванди донишазхудкунӣ дар шаклҳои гуногун пайваста ва гуногунҷабҳа гардад. Шаклҳои ташкили раванди таълимии беруназсинфиро дар марҳалаҳои сайр дида мебароем. Ба мисли: марҳалаҳои омодагӣ ва таҳлилии сайр, конфронсҳои таълимӣ ва амалӣ, машқҳои амалӣ дар ҳалли масъалаҳои физикӣ бо тамоюли туристӣ, муҳокимаҳои табиати гуногун, викторина, дарсҳои муҳокимаи саволҳо ва супоришҳои сайрӣ ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои мувофиқ ба монанди: “Падидаи бухоршавӣ дар табиат ва дар ҳаёти туристӣ”; “Гармигузаронӣ дар ҳаёти туристӣ”; “Зуҳури фишор ва қувваи фишор дар табиат”; “Боҳамтаъсири бо қувваҳои гуногуни табиӣ”; “Қувваи соиши атрофи моро иҳотакарда”; “Равшанӣ дар сайр” ва ғайра.
Супоришҳои амалӣ, таҷрибавӣ:
- Ба ҷуз соати сониядор бе ягон асбоби ченкунӣ дарозии қадами худро муайян кунед.
- Суръати миёнаи ҳаракати сайёҳонро дар гурӯҳи худ муайян кунед.
- Дида бароед, ки шабнам дар баргҳои растаниҳо ва алафҳои гуногун чӣ гуна шаклҳо дорад. Мушоҳидаҳоро муқоиса намуда шарҳ диҳед.
- Афтиши қатраҳои боронро ба болои асфалт, варақи қоғаз, ғубори канори роҳ мушоҳида намоед. Фарқ дар чист ва чаро?
- Суръати тахминии партофтани тӯбро ба таври уфуқӣ муайян намоед.
- Ба зарфи шишагин бо ҷараёни суст (борик) об резед. Ба садо диққат диҳед: оё ҳангоми пур шудани шиша он тағйир меёбад. Натиҷаи озмоишро чӣ гуна бояд шарҳ дод?
- Ба дег миқдори обе резед, ки кружкаи обдори дар дохили он гузошташуда амудӣ шино кунад ва аз таги дег алов монед. Интизор шавед, ки оби дег ҷӯшад. Оё оби кружка ҷӯш мезанад? Натиҷаро фаҳмонед.
Ҳангоми мушоҳидаҳои бодиққат дар ҳар қадам маҷмӯи ҳолатҳоеро муайян кардан мумкин аст, ки онҳоро донишҷӯён барои азхудкунии амалҳои омӯзиши универсалӣ истифода баранд.
- Шумо медонед, ки чӣ гуна тарафҳои уфуқро бо истифода аз соат муайян кардан мумкин аст?
Ҷавоб. Ақрабаки соатро ба нуқтаи тиллоии офтоб равона кунед, байни ақрабаки соат ва рақами 1-и соат кунҷе ҳаст. Он кунҷро ба ду тақсим кунед, дарҳол ҷанубро дар он ҷо пайдо мекунед…
- Сайёҳон аз як канори кӯл, ки пойгоҳашон дар он ҷойгир буд, ба тарафи дигар ҳаракат карданд ва пас аз ба соат нигаристан, тасмим гирифтанд, ки каме истироҳат кунанд. Ҳаво ором буд ва онҳо пахши барномаҳоро аз пойгоҳи радио мешуниданд; хабарҳои навтаринро гӯш мекарданд. Радиои сайёрро хомӯш карданд. Пас аз он яке аз сайёҳон гуфт, ки масофа то пойгоҳ тақрибан 3 километрро ташкил медиҳад. Вай ин масофаро чӣ гуна муайян кард?
Ҷавоб. Сайёҳ медонист, ки суръати садо дар ҳаво дар ҳарорати 20 С 340 м/с аст. Вай сигналҳои дақиқи вақтро аввал аз қабулкунаки радио ва пас аз муддате аз пойгоҳ шунида-шунида ба қайд гирифт. Вақти ақибмониро муайян карда, масофаро то пойгоҳ ба осонӣ ҳисоб кард.
- Шахсе дар байни автобус дар курсии назди тиреза нишаста, бодиққат ба тиреза нигариста, сипас ба банди дасти чапаш менигарист ва чизеро дар калкулятор ҳисоб мекард. Чанд дақиқа гузашт ва ин шахс оромона гуфт: «Шаст». Дӯсташ дар курсии пеш ба спидометри дар кабинаи ронандабуда нигариста гуфт: «Дуруст». Пас аз чанд дақиқа ин шахс гуфт: «70». – “Дақиқ”, — тасдиқ кард дӯсташ. Ин шахс чӣ гуна метавонист суръати автобусро дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳ муайян кунад?
Ҷавоб. Вай масофаи тайкардашударо бо симчӯбҳои телеграфӣ муайян карда метавонад ва медонад, ки масофаи байни онҳо тақрибан 50 м аст ва вақти ҳаракатро аз соати дастӣ муайян карда, пас суръатро ҳисоб менамояд. Ё худ ӯ фаҳмида метавонад, ки автобус барои тай кардани 1 км чӣ қадар вақтро тай мекунад, яъне масофаи байни сутунҳои километр дар шоҳроҳ. Ҳалли масъала танҳо ҳангоми ҳаракати мунтазам дуруст аст.
- Чаро халтаи полиэтилении дар халтаи матоъгӣ печондашуда надарида, ба бори вазнин тоб оварда метавонад?
Ҷавоб. Халтаи матоъгӣ намегузорад, ки халтаи полиэтиленӣ дар зери таъсири вазни аз ҳад зиёд кашиш ёбад (ёзад): он деформатсияро бозмедорад.
- Чаро сайёҳони ботаҷриба беруни дегро бо гил ё лой мепӯшонанд? Ҷавоб. Қабати гил ё лой рӯи дегро аз сӯхтан ва дуд муҳофизат мекунад. Ғайр аз ин дегро ба зудӣ шустан мумкин аст, танҳо гилро тар кунед.
- Диаметри тӯби футболро бо хаткаши чӯбӣ чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?
Ҷавоб. Тӯбро бо об тар карда ба фарш ва ё тахта як гардиши пурра ғелонед, дарозии изро дар тахтаи тар чен кунед. Ин қимати дарозии давра аст. Формулаи математикии давраро ба ёд оред. Шумо инро ба тарзи дигар иҷро карда метавонед: тӯбро дар байни 2 тахта ҷойгир кунед, масофаи байни онҳоро чен кунед.
- Сайёҳ деги 4-литра ва сатили даҳлитра дорад. Бо истифода аз ин ашёҳо чӣ гуна дақиқ 2 литрро ба дег рехтан лозим аст?
Ҷавоб. Сатилро аз об пур намоед. 4 литр аз сатил ба деги холӣ рехтед, 6 литр дар сатил боқӣ мемонад. Аз дег обро ба замин резед ва боз аз сатил ба дег 4 литр рехтед. Дар сатил 2 литр мемонад.
- Чаро ҳангоми даст расонидан ба ашёи чӯбин ва металлии ҳарораташон якхела ҳис мекунед, ки металл назар ба чӯб хунуктар менамояд?
Ҷавоб. Гармигузаронии онҳо гуногун аст. Ҳангоми гирифтани ашёи чӯбӣ, гармии дастҳоямон ба чӯб мегузарад ва қабати болоии он гарм шуда, дар қаъри чӯб интиқоли гармӣ оҳиста сурат мегирад, бино бар ин, ашё гарм менамояд. Ҳангоми гарм кардани ашёи металлӣ дар даст гармӣ на танҳо ба қабати болоии металл, балки ба дохили он низ интиқол дода мешавад. То даме ки тамоми объект гарм карда нашавад, мо сардиро ҳис мекунем.
- Чаро аз чӯбҳои хушки чарс-чарс сӯхтистода бо як садо шарора парида меистад?
Ҷавоб. Фишори ҳаво, ки дар сӯрохиҳои чӯб мавҷуд аст, ҳангоми гарм кардан зиёд мешавад. Нахҳои чӯб канда мешаванд. Дар ин замон садои тарқиш ба гӯш мерасад ва заррачаҳои сӯхтаистодаи тафсон (шарора) аз чӯб ҷаста канда шуда берун мешаванд.
- Шахси машқнакарда ҳатто, ҳангоми аз баландии хурд ба поён ҷаҳидан дар фуруд пойҳояш дардро ҳис мекунанд. Чаро?
Ҷавоб. Ҳангоми ҷаҳиш ба поён шахс дар ҳолати бевазнӣ қарор дошта, бо шитоби афтиши озод 9,8 м/с2 озодона меафтад. Дар лаҳзаи ба замин расидан, суръати он якбора ба сифр коҳиш меёбад, шитоби калон пайдо мешавад, ки вазни одамро зиёд мекунад — «изофабор» ба амал меояд ва пойҳо дарди шадидро ҳис мекунанд.
- Чаро дар борхалта ё болишт сари худро гузоштан нисбат ба тахтаи моил хуштар аст?
Ҷавоб. Фишор ба масоҳати такягоҳ мутаносиби баръакс аст. Дар болишти мулоим одам сари худро пахш намуда ҷояшро бароҳат мекунад, вазни сар дар масоҳати калон меафтад. Дар натиҷа, фишор ба болишт паст мешавад, аз ин рӯ, ба пӯсти сар фишор кам аст, яъне эҳсоси дард вуҷуд надорад.
- Агар аз дастони худ нафас кашем, гармӣ ҳис мекунем, агар пуф намоем, хунукӣ ҳис мекунем. Чаро?
Ҷавоб. Дар як ҳолат ба конденсатсияи бухори об, ки дар ҳавои нафаскашӣ мавҷуд аст, мусоидат менамоем — даст гармиро ҳис мекунад. Дар мавриди дигар, ҳангоми пуф кардан, ҷараёни тези ҳаво ба бухоршавии намӣ аз сатҳи дастҳо мусоидат мекунад — мо хунукиро ҳис мекунем.
- Чӣ тавр бо коғаз овозро зиёд кардан мумкин аст?
Ҷавоб. Варақеро бояд дар шакли қиф печонида, ҳамчун карнай (овозбаландкунак) истифода бурдан лозим аст. Садо ба як самт хоҳад рафт (паҳн мегардад).
- Кӯҳнавардон дар баландӣ хӯрок омода мекарданд. Пас аз вақти маъмулии ҷӯшидан, онҳо дарёфтанд, ки хӯрок пухта нашудааст. Сабабҳои ин падида дар чист?
Ҷавоб. Ҳангоми паст шудани фишори атмосфера, ҷӯшидани об дар ҳарорати аз 100°С паст ба амал омад. Мулоимшавии маҳсулот на дар натиҷаи ҷараёни ҷӯшиш, балки дар зери таъсири ҳарорати баланд ба амал меояд.
- Чеҳраи кӯҳнавардон дар баландкӯҳҳо дар муддати кӯтоҳ шадидан лолагун мешавад. Чаро?
Ҷавоб. Ҳаво шуъоҳои ултрабунафшро сахт пароканда мекунад. Дар баландкӯҳҳо, ки он ҷо ҳаво тунук аст, радиатсияи ултрабунафш хеле шадид аст.
- Чаро дар болои кӯҳҳо ҳаво сард аст?
Ҷавоб. Ҳавои ба тарафи кӯҳ баромада ба минтақаи фишори пасти атмосфериафтода васеъ гардида, сард мешавад.
- Чаро дар нимкураи шимолӣ дарё соҳилҳои рости худро зиёдтар шуста мебарад?
Ҷавоб. Замин аз ғарб ба шарқ давр мезанад. Тавре ки маълум аст, суръати хаттии нуқтаҳои гуногуни сатҳи замин аз арзи ҷуғрофии онҳо вобаста аст. Дар арзи васеъ ин суръат камтар аст. Аз ин рӯ, оби дарё ба тарафи шимол равон аст ва ба арзи баландтар ҳаракат карда, ҳангоми нигоҳ доштани суръат дар натиҷаи инерсия, ба самти шарқ коҳиш ёфта, соҳили ростро вайрон мекунад. Ба ҳамин тариқ, метавон шарҳ дод, ки чаро дарёҳо дар арзҳои поёнӣ ба самти ғарб тамоюл мекунанд ва чаро дарёҳои нимкураи ҷанубӣ соҳилҳои чапро шуста мебаранд.
Ҳангоми баррасии масъала дар системаи ҳисоби ғайринертсиалӣ, ки бо замин алоқаманд аст, ин падида бо таъсири қувваи инертсиалӣ — қувваи Кориолис шарҳ дода мешавад, ки қиматаш ба 2mυωsinq баробар аст, дар ин ҷо m — массаи ҷисме, ки қувва ба он таъсир мекунад, υ — суръати он, ω — басомади кунҷии гардиши Замин, q — кунҷи байни векторҳои v ва w . Самти қувваи Кориолис ба ҳамворӣ, ки векторҳои υ ва ω дар он ҷойгиранд, перпендикуляр аст ва ҳангоми гардиши охирин аз самти υ ба самти ω бо самти ҳаракати винти рост мувофиқат мекунад. Кор оид ба саволҳо ва супоришҳо ба ҳама марҳалаҳои сайр: хоҳ омодагӣ ба сайр, худи сайр, ё экспедитсия ва ё ҷамъбаст мувофиқат мекунад. Мактаббачагон ба суҳбатҳо дар бораи табиати атроф майл доранд ва аксар вақт саволҳои худро барои муҳокима пайдо мекунанд, фаъолона ба саволи «Чаро?» ба миён омадааст, ҷавоб меҷӯянд. Дар баробари ин, ҳудудҳои байни фанҳо кам карда шуда, ҳамгироии байнисоҳавӣ ва дохилии фанҳо пайдо мегардад. Машғулиятҳои фаннӣ дар давоми туризм кори заҳматталаб аст. Муаллимони фаннӣ, роҳбарони синфҳо одамоне ҳастанд, ки ба рушди кӯдакон, натиҷаҳои таълиму тарбия ва саломатии онҳо диққат медиҳанд. Аммо ҳар як муаллими фаннӣ метавонад ба машғулиятҳои туристӣ роҳбарони синф ё дигар мутахассисонро ҳамроҳ намояд ва барномаи омӯзиши назариявии беруназсинфиро таҳия кунад. Туризм меҳнати доимии муаллимонро талаб мекунад, вақти зиёдеро мегирад, аммо мутаассифона, ба даст овардани натиҷаҳои фавриро кафолат намедиҳад.
Аммо ба ҳар ҳол, дилхоҳ даҳ дақиқа барои аз назди телевизор ва бозиҳои компютерӣ дур намудани мактаббачагон кори хайр ва аз ҳама хуб хоҳад буд. Агар онҳо ба табиат ҷалб шаванд, пас дучанд ва агар ҳамзамон, ба онҳо аз фанни физика савол додан имконпазир бошад, пас сечанд хуб аст.
Юсуф САЛИМОВ –
омӯзгори мактаби №52,
ноҳияи Ҳамадонӣ