
Технологияҳои иттилоотӣ дар асоси интернет, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва системаҳои зеҳнии компютерӣ ба насли оянда имкониятҳои паҳнкунии озодонаи донишҳо ва маълумоту маводи гуногунро фароҳам меоранд. Ба ин насл зарур аст, ки худро ба муҳити нави иҷтимоӣ мутобиқ гардонад. Муҳите, ки дар он иттилоот ва донишҳои илмӣ омилҳои асосии муайянкунандаи иқтидори ҷамъият ва дурнамои рушди он бошанд.
Истифодаи системаҳои ягонаи иттилооти ҷаҳонӣ татбиқи технологияҳои иттилоотиро дар соҳаи маориф таъмин мекунад: муҳити ягонаи таълим ташаккул меёбад, талаботи инсон ба муомила, дастрасӣ ба захираҳои умумии ғайримоддӣ, сарфаҳмравӣ ба ҳаҷми зиёди иттилоот ва коркарди он меафзояд. Иттилоотикунонии соҳаи маориф фароҳам овардани шароитҳои мусоиди дастрасии озод ба иттилооти фарҳангӣ, таълимӣ ва илмиро барои муаллимон ва донишҷӯён тақозо мекунад. Инчунин, ба назар гирифтан лозим аст, ки иттилоотикунонии соҳаи маориф бояд пеш аз иттилоотикунонии дигар самтҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад. Зеро маҳз дар ин ҷо барои рушди иҷтимоӣ, психологӣ, умумифарҳангӣ, инчунин, барои рушди касбии сохти нави ҷамъият заминаҳо фароҳам оварда мешаванд. Технологияҳои иттилоотиро ҳамчун унсур ва функсияи ҷамъияти иттилоотӣ, ки ба танзим, нигаҳдорӣ, дастгирӣ ва такмили системаи идораи ҷамъияти нави шабакавӣ равона шудааст, баррасӣ кардан мумкин аст. Ҳама гуна муассисаю ташкилот ва ширкатҳо дар фаъолияти худ ҳамеша бо ҷараёнҳои зиёди иттилоот сарукор мегиранд: иттилооти байналмилалӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, соҳавӣ, технологӣ, иҷтимоӣ ва ғ. Илова бар ин, аз аксарият ҷараёнҳои иттилоотӣ ҳамонеро интихоб кардан лозим аст, ки ба ҳадафҳои гузошташуда мутобиқ бошад. Иттилооти босифат кору амали мутахассисони соҳаҳои гуногунро мувофиқи мақсад ва самаранок мегардонад. Мувофиқи таърифи қабулкардаи ЮНЕСКО, технологияҳои иттилоотӣ аз маҷмуи фанҳои ба ҳам алоқаманди илмӣ, технологӣ ва муҳандисӣ иборат буда, ин фанҳо методҳои ташкили самараноки меҳнати одамонеро, ки ба коркард ва нигаҳдории иттилоот сарукор доранд; техникаи ҳисоббарор ва методҳои ташкили ҳамкорӣ бо одамон ва таҷҳизоти истеҳсолӣ, татбиқи амалии ин таҷҳизот, инчунин, масъалаҳои ба ҳамаи ин вобастаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро меомӯзанд. Технологияҳои иттилоотӣ омодагии пурра, хароҷоти зиёди ибтидоӣ ва техникаи илман асоснокро талаб мекунанд. Татбиқи онҳо бояд аз ташкили таъминоти математикӣ ва ташаккули ҷараёнҳои иттилоотӣ дар системаҳои омодасозии мутахассисон оғоз ёбад.
Хусусиятҳои асосии технологияҳои иттилоотии муосир инҳоянд:
- коркарди компютерии иттилоот аз рӯи алгоритмҳои додашуда; нигаҳдории ҳаҷми зиёди иттилоот дар мошинҳои сабткунанда; фиристодани иттилоот ба масофаи дур дар давоми вақти маҳдуд.
Ба маънои васеъ технологияҳои иттилоотиро ҳамчун системаи методу усулҳои ҷамъоварӣ, андӯхт, нигаҳдорӣ, ҷустуҷӯ, коркард, таҳлил ва пешниҳоди маълумот, иттилоот ва донишҳо бо истифодаи воситаҳои дастгоҳию барномавӣ ва мувофиқи талаботи пешгузоштаи истифодабарандагон фаҳмидан лозим аст. Технологияҳои иттилоотӣ фаъолгардонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ҷамъиятро, ки имрӯз омили муҳимми стратегии рушди он ба шумор мераванд, имконпазир мегардонанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолгардонӣ, паҳнсозӣ ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ (донишҳои илмӣ, кашфиёту ихтироот, технологияҳо ва таҷрибаи пешқадам) сарфаҷӯии намудҳои дигари захираҳо: маҳсулоти хом, энергия, канданиҳои фоиданок, масолеҳу таҷҳизот, захираҳои инсонӣ ва вақти иҷтимоиро таъмин мекунанд.
Технологияҳои иттилоотӣ мутобиқгардонӣ ва дар бисёр ҳолатҳо автоматикунонии ҷараёнҳои иттилоотиро, ки солҳои охир дар фаъолияти ҷамъиятии инсон мавқеи зиёд касб мекунанд, имконпазир мегардонанд. Ба ҳама маълум аст, ки пешрафти тамаддун ба самти ташаккули ҷамъияти иттилоотӣ сурат мегирад ва дар ин ҷамъият объекту натиҷаҳои меҳнати аксарияти аҳолии машғули кор аллакай на арзишҳои моддӣ, балки асосан иттилоот ва донишҳои илмӣ ба шумор мераванд. Ҳоло дар аксар кишварҳои пешрафта қисми зиёди аҳолии машғули кор ба андозаи муайян ба ҷараёнҳои омодасозӣ, нигаҳдорӣ, коркард ва фиристодани иттилоот вобастагӣ дорад. Бинобар ин, зарурати омӯхтану истифодаи амалии технологияҳои иттилоотӣ пайдо мешавад. Ҷараёнҳои иттилоотӣ унсури муҳимми дигар ҷараёнҳои мураккабтари истеҳсолӣ ё иҷтимоӣ мебошанд. Бинобар ин, бисёр вақт технологияҳои иттилоотӣ ба сифати унсурҳои технологияҳои дахлдори технологӣ ё иҷтимоӣ баромад мекунанд. Илова бар ин, онҳо одатан функсияҳои аз ҳама муҳим – функсияҳои “зеҳнии” ин технологияҳоро татбиқ менамоянд. Системаҳои лоиҳакашии автоматикунонидаи маҳсулоти саноатӣ, истеҳсолоти тағйирпазири автоматикунонида ва роботикунонида, системаҳои автоматикунонидаи идораи ҷараёнҳои технологӣ ва ғ. ба ин мисол шуда метавонанд. Технологияҳои иттилоотӣ имрӯз дар таъмини ҳамкории иттилоотӣ дар байни одамон, инчунин, дар системаҳои таҳия ва паҳн намудани иттилооти оммавӣ нақши муҳим мебозанд. Дар баробари воситаҳои анъанавии алоқа (телефон, телеграф, радио ва телевизион), дар соҳаи иҷтимоӣ системаҳои телекоммуникатсияи электронӣ, почтаи электронӣ, фиристодани иттилоот тавассути алоқаи факсимилӣ ва намудҳои дигари алоқа васеъ истифода бурда мешаванд. Ин воситаҳо ба фарҳанги ҷамъияти муосир зуд мутобиқ мешаванд. Зеро онҳо на танҳо шароитҳои мусоидро фароҳам меоранд, балки бисёр мушкилиҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маиширо, ки дар натиҷаи ҷараёнҳои глобализатсия ва ҳамгироии ҷамъияти ҷаҳонӣ, густариши робитаҳои дохилию байналмилалии иқтисодӣ ва фарҳангӣ, муҳоҷирати фаъолонаи аҳолӣ дар саросари сайёра ба вуҷуд меоянд, бартараф мекунанд. Технологияҳои иттилоотӣ имрӯз дар ҷараёни зеҳникунонии ҷамъият ва пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳанг мавқеи марказиро касб мекунанд. Амалан дар ҳамаи кишварҳои пешрафта ва дар аксар кишварҳои тараққикунанда таълими компютерӣ ва телевизионӣ, барномаҳои таълимӣ дар дискҳои оптикӣ ва технологияҳои мултимедӣ ба хусусиятҳои ибтидоии на танҳо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, балки мактабҳои одии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна табдил меёбанд. Истифодаи технологияҳои иттилоотии таълимӣ барои худомӯзӣ, таълими давомдор, инчунин, барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо методи басо самаранок ба шумор меравад. Технологияҳои иттилоотӣ ҳоло дар ҷараёнҳои омӯхтан ва андӯхтани донишҳои нав ҳам нақши асосиро мебозанд. Дар баробари ин, бар ивази методҳои анъанавии дастгирии иттилоотии таҳқиқоти илмӣ бо роҳи ҷамъоварӣ, тасниф ва паҳнсозии иттилооти илмию техникӣ методҳои наве татбиқ карда мешаванд, ки онҳо дар истифодаи имкониятҳои нави дастгирии иттилоотии илмҳои бунёдию амалӣ асос ёфтаанд ва ин имкониятҳоро технологияҳои иттилоотии муосир фароҳам меоранд. Методҳои муосири омӯхтан ва андӯхтани донишҳо дар назарияи зеҳни сунъӣ, методҳои моделсозии иттилоотӣ ва графикаи маърифатии компютерӣ асос ёфтаанд, ки онҳо ҳалли вазифаҳои душворбаёншаванда, инчунин, вазифаҳоеро, ки иттилооти нопурра ва маълумотҳои ибтидоии норавшан доранд, имкопазир мегардонанд. Аҳамияти барои марҳилаи муосири пешрафти ҷамъият комилан муҳимми рушди технологияҳои иттилоотӣ аз он иборат аст, ки истифодаи онҳо барои ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният, пеш аз ҳама, масъалаҳо вобаста ба зарурати бартараф намудани буҳрони тамаддуни глобалӣ, ки аҳли оламро дар ташвиш гузоштааст, ба таври назаррас мусоидат карда метавонад. Зеро маҳз методҳои моделсозии иттилоотии ҷараёнҳои глобалӣ, хусусан, дар мувофиқа бо методҳои мониторинги иттилоотии кайҳонӣ, аллакай имрӯз имконияти пешгӯии бисёр ҳолатҳои буҳрониро дар минтақаҳои шиддати баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инчунин дар ноҳияҳои офатҳои экологӣ, фалокатҳои табиӣ ва садамаҳои калони технологӣ, ки ба ҷамъият хатари зиёд доранд, таъмин карда метавонанд. Технологияҳои иттилоотӣ аз рӯи усулҳои пешниҳоди иттилооте, ки истифодабарандагон бо он сарукор доранд, фарқ мекунанд. Дар адабиёт оид ба коркарди иттилоот чунин таснифи технологияҳои иттилоотӣ, ки барои татбиқи вазифаҳои муайян пешбинӣ шудаанд, шакл гирифтааст (технологияҳои иттилоотии таъйиноти функсионалӣ):
— коркарди маълумотҳо (аз ҷумла, коркарди иттилооти ҷадвалӣ); коркарди матнҳои хаттӣ; коркарди иттилооти графикӣ — графикаи мошинӣ (корӣ ва касбӣ); коркарди тасвирҳо; коркарди нутқи шифоҳӣ; фиристодан ва тақсим кардани иттилоот; мултимедиа-технологияҳо, ки технологияҳои дар боло номбаршударо дар бар мегиранд.
Назар ба ҳамаи технологияҳои иттилоотӣ технологияи коркарди матнҳо васеъ истифода бурда мешаванд. Он аз ҷараёнҳои зерин иборат аст:
— ворид кардани матн ба компютер (асосан бо ёрии клавиатура); таҳрири матни воридшуда, сабти вариантҳои мобайнӣ ва ниҳоии матн; гирифтани матнҳои нав бо роҳи тақсими порчаҳои пешакӣ омодашуда; чопи матни тайёр ё ба истифодабарандаи дигар фиристодани он, масалан ба воситаи почтаи электронӣ.
Дар байни технологияҳои графикаи мошинӣ графикаи корӣ ва касбиро фарқ мекунанд. Графикаи корӣ имконияти кор бо графикаи функсияҳо, диаграммаҳо, нақшаҳои ташкилиро фароҳам оварда, пешниҳоди возеҳтари иттилоотро таъмин мекунад. Қисми дигари технологияи графикаи мошинӣ кор бо нақшаҳои электронӣ аст. Ба ғайр аз ин, воситаҳои муосири графикаи мошинӣ имкони дар экран тасвир кардани объектҳои сечанака ва намоишҳои сечанакаро фароҳам меоранд. Дар ин технологияҳо таҳриргарони графикиро истифода бурдан мумкин аст. Технологияи коркарди тасвирҳо ҳангоми таҳияи бозиҳои компютерӣ васеъ истифода бурда мешавад. Он имкони дар экран пешниҳод кардани тасвиреро, ки дар хотираи компютер сабт шудааст, фароҳам меорад. Барои ин рамзгузории рестри тасвир бо рамзҳои равшанӣ ва рангҳои нуқтаҳои алоҳидаи он истифода бурда мешавад. Тасвирро таҳрир кардан, ба он объектҳои нав дохил кардан, порчаҳоро ҷудо кардан ва андозаи онҳоро тағйир додан мумкин аст. Дигар усули имконпазири рамзгузории тасвир графикаи “векторӣ” буда, он тасвирро бо ёрии нуқтаҳое, ки ба ҳам пайваст карда шудаанд, пешниҳод мекунад. Технологияи коркарди нутқи шифоҳӣ шинохтани фонемаҳо, калимаҳо ва ҷумлаҳоеро, ки инсон талаффуз мекунад, сабти матни ҳосилшуда ва синтези нутқро аз рӯи матни хаттии додашуда имконпазир мегардонад. Фиристодан ва тақсими иттилоот ё технологияҳои коммуникатсионӣ ба яке аз технологияҳои муҳимтарин тааллуқ доранд. Зеро маҳз бо ёрии онҳо дар ҷамъият муҳити ягонаи иттилоотиро фароҳам овардан мумкин аст. Мултимедиа-технологияҳо ду ё зиёда аз он технологияҳои асосиро аз қатори технологияҳои дар боло номбаршуда дар бар мегиранд ва истифодаи воситаҳои барномавиеро, ки бо овоз, тасвири видеоӣ ва ғ. кор мекунанд, имконпазир мегардонанд. Дар баробари технологияҳои иттилоотии таъйиноти функсионалӣ, инчунин, як қатор технологияҳои иттилоотии таъйиноти мавзуиро, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххас дар соҳаи муайяни мавзуӣ (масалан, соҳаи тиб ё соҳаи бонкӣ) пешбинӣ шудаанд, ҷудо кардан мумкин аст. Технологияҳои иттилоотии таъйиноти муҳим дар байни технологияҳои иттилоотии таъйиноти функсионалӣ ва технологияҳои иттилоотии таъйиноти мавзуӣ мавқеи мобайнӣ доранд, яъне барои ҳалли вазифаҳои намунавию амалӣ пешбинӣ шудаанд ва инҳоро дар бар мегиранд:
- системаҳои иттилоотию ҷустуҷӯӣ; базаи маълумот ва базаи донишҳо; системаҳои экспертӣ; системаҳои чопи рӯимизӣ; системаҳои таҳқиқоти илмии автоматикунонида; системаҳои лоиҳакашии автоматикунонида ва ғ.
Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар кори иҷтимоӣ бо гурӯҳҳои гуногуни маъюбон, аз ҷумла, кӯдакони маъюб аҳамияти калон дорад.
Барои маъюбоне, ки бемориҳои узвҳои такяю ҳаракат доранд, инчунин, барои ҳамон гурӯҳи маъюбоне, ки ба сабаби бемориҳои гуногун имкониятҳои маҳдуди ҳаракат доранд, равзана ба ҷаҳон маҳз ба шарофати технологияҳои иттилоотӣ боз шуда метавонад. Барои чунин одамон доштани компютери фардӣ ва дастрасӣ ба интернет бисёр муҳим аст. Зеро маҳз дар интернет шахси дорои имкониятҳои маҳдуд метавонад иттилооти заруриро пайдо кунад, дар саросари ҷаҳон ба таври виртуалӣ сайру саёҳат намояд, бо одамони гуногун дӯст шавад ва бо ҳамтақдирони худ муошират кунад. Ҳамаи ин барои он муҳим аст, ки шахси маъюб худро осебпазир ва яккаву танҳо ҳис накунад. Кӯдакони маъюб имконияти дар мактабҳои муқаррарӣ таҳсил карданро надоранд, онҳо ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд. Барои таъмини самаранокии таълими фосилавӣ низ ба онҳо доштани компютери фардӣ бо маҷмуи барномаҳои махсус, ки ба талаботи шахсии онҳо мутобиқ гардонда шудаанд, хеле зарур аст. Ин талабот ба ҷавонони маъюб ҳам барои гирифтани маълумоти олии пурра ва мутобиқшавии минбаъдаи онҳо ба ҷамъият дахл дорад. Технологияҳои иттилоотиро дар ҷараёни таълими кӯдаконе, ки маъюбии биноӣ доранд, самаранок истифода бурдан мумкин аст. Дар таълими кӯдакони нобино, кӯдакони биноияшон қисман солим ва кӯдакони биноияшон суст маводи аудиоӣ аҳамияти зиёд дорад, ки онро вобаста ба вазифаҳои мушаххаси таълимӣ дар вариантҳои зерин таҳия кардан мумкин аст:
-аудиолексия; аудиотренажёр; аудиоматн; аудиокитоб.
Аудиолексия сабти аудиоии маводи назариявии таълимӣ буда, аз рӯи принсипи воситаи классикии таълимӣ дар шакли коғазӣ таҳия шудааст. Ҳангоми сабти он талаботи махсусро нисбат ба тасвири интонатсионии расм ба назар гирифтан лозим аст: интонатсия бояд ба мазмуни маводи пешниҳодшаванда мувофиқ бошад. Масалан, иттилооти таълимӣ дар бораи ҷараёнҳои ҷамъиятии таърихи давлат бояд бо суръати миёна ва мунтазами нутқ, бе муболиғаи расми оҳангдор, бе кашиш ва кӯтоҳ кардани фосилаҳо ва монанди ин пешниҳод карда шавад. Аудиолексияро дар ҷараёни таълими инфиродӣ ва гурӯҳӣ бо иштироки муаллиме, ки мазмуни онро шарҳ медиҳад ва муҳокимаи натиҷаҳои аудиолексияро ташкил мекунад, инчунин дар кори мустақилона истифода бурдан мумкин аст.
Аудиотренажёр аз маҷмуи саволу вазифаҳои мухтасар баёншуда, ки баъди фосилаи муайяни вақт ва бо риояи вақти муайяни зарурӣ барои ҷавоб/ҳал сабт шудаанд, иборат аст. Аудиотренажёрро ҳам ба мисли аудиолексия дар ҷараёни таълими инфиродӣ ва ҳангоми кор дар доираи гурӯҳи анънавии таълимӣ истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми кор дар гурӯҳ аудиотренажёр ба донишомӯзон имконияти кори инфиродиро фароҳам оварда метавонад, ки дар ҷараёни он донишомӯзон ҳама вақт аз муаллим ёрдам пурсида метавонанд. Имконияти истифодаи таълими инфиродӣ барои кӯдаки маъюб, ки на танҳо нуқсони ҷисмонӣ, балки нуқсони хусусияти шахсӣ ҳам дорад (вобаста ба маҳдуд будани алоқаҳои иҷтимоӣ), шароити қулай ва бароҳати таълимӣ аст.
Аудиоматн аз аудиотренажёр бо он фарқ мекунад, ки ба донишомӯз ё муаллим имконияти санҷиши дурустии ҷавоб фароҳам оварда мешавад. Аудиоматнро барои назорати берунӣ ва худназораткунӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар шароитҳои назорати берунӣ аудиоматн ҷавобҳои донишомӯзонро бо ёрии сабти аудиоӣ ба қайд гирифта, ба муаллим ё аъзоёни гурӯҳи виртуалӣ имкон медиҳад, ки дурустии ин ҷавобҳоро бисанҷанд. Бо мақсади худназораткунии донишомӯзон системаи баёни ҷавобро аз рӯи матнҳои шакли пӯшида ташкил кардан мумкин аст. Илова бар ин, ба сабаби душвории техникии таъмини ҳамшаклии сигналҳои овозӣ, ки барои баёни ҷавоб зарур аст, донишомӯзон ҷавоби баёншударо тавассути шабакаҳои кинестезӣ пешниҳод карда метавонанд, масалан, бо миқдори муайяни кликҳои тугмаи мушак ё бо зер кардани клавиши муайян.
Аудиокитоб аз сабти аудиоии ҳама гуна маводи иловагии ҷараёни таълим иборат аст. Масалан, сабти суҳбат бо забони хориҷӣ, баёни аудиоии матни асари бадеӣ ва ғ. Ҳангоми сабти аудиокитоб, ба фарқ аз аудиолексия, расми оҳангдор бояд равшан ва баъзан ҳатто бо муҳобот бошад (масалан, ҳангоми сабти суҳбат бо забони хориҷӣ). Калимаҳое, ки барои кӯдак наванд, бояд бурро талаффуз карда шаванд ва мазмуни матн бояд обуранги маҳорати актёрӣ дошта бошанд. Ҳолати мобайниро дар байни аудиокитоб ва воситаи таълими инфиродӣ маълумотномаи электронӣ ишғол мекунад. Ҷараёни таҳияи он басо меҳнатталаб аст. Зеро системаҳои ҷустуҷӯӣ барои ёфтани объектҳои муайяни иттилоотӣ бояд ба дарки импулсҳои овозӣ ё кинестетикӣ мутобиқат дошта бошанд. Бинобар ин, таҳияи маълумотномаҳои электронии хурдҳаҷм бо доираи маҳдуди соҳавӣ ва луғатҳои мавзуӣ мувофиқи мақсад аст.
Бо пешрафти тамаддун беш аз пеш аён мегардад, ки доираи шароитҳои барои инсон арзандаи ҳаёт ба одамони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ, ки мустақилона таҳсил карда наметавонанд, тангтару маҳдудтар мешавад. Агар пештар сабабҳои нобаробарии иҷтимоиро ба пайдоиш ва доштани ҳуқуқҳои гражданӣ, моликият ва даромад, мақом дар сохтори иҷтимоии ҷамъият вобаста медонистанд, имрӯз сатҳи фарҳанги иттилоотӣ ба омили табақабандӣ табдил меёбад. Пас, дар ояндаи наздик тақдири ҳар як инсони мушаххас ба он вобаста мешавад, ки ӯ то куҷо метавонад иттилооти навро сари вақт ёбад, ба даст орад, комилан мутобиқ дарк кунад ва самаранок истифода барад. Бохабарӣ барои инсон, ба сабаби бемориҳои гуногуни маҳдудкунандаи ҳаракати озодона ва коммуникатсия, барқароршавандагӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ, таълими мукаммал ва фаъолияти касбӣ, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъият аст. Дар шароитҳои ҳозира технологияҳои иттилоотӣ ба ин мусоидат мекунанд.
Мутаассифона, ҳоло давлат имкониятҳои кофӣ надорад, ки ба таври зарурӣ дастрасии ин гурӯҳи аҳолиро ба технологияҳои иттилоотӣ таъмин намояд. Вале умедворем, бо қабули қонунҳои дахлдор ва таҳияю татбиқи барномаҳои мақсаднок ин монеаҳо дар наздиктарин муҳлат бартараф мегарданд.
Толибҷон ҲАҚНАЗАРОВ –
сардори Маркази технологияи
иттилоотӣ-коммуникатсионии коллеҷи
омӯзгории назди ДДК ба номи А.Рӯдакӣ,
унвонҷӯи кафедраи педагогикаи
умумидонишгоҳии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ