
Ҳуҷҷатнигорӣ унсури муҳими фаъолияти касбии психологи мактабӣ ба шумор меравад. Он имкон медиҳад, ки фаъолияти психолог дар асоси талаботи касбият танзим гардад; пайиҳамии чорабиниҳо дар самти дастгирии психологии раванди таълим ва ҳамоҳангии онҳо бо фаъолияти унсурҳои дигари таъсиррасонӣ ба раванди инкишофи шахсият таъмин ва назорат карда шавад; инчунин ҳуҷҷатнигорӣ имконият фароҳам меоварад, ки самарабахшии чорабиниҳои алоҳида ва ё умуман фаъолияти психологӣ таҳлил ва баҳогузорӣ карда шавад.
Ҳуҷҷатнигории фаъолияти психологи мактабӣ тибқи феҳрасти коргузори психологи мактабӣ ба роҳ монда мешавад. Феҳрасти коргузорӣ имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатнигории фаъолияти психологи мактабӣ ба низом дароварда шавад. Феҳрасти коргузорӣ аз стратегияи ташкили фаъолияти касбии психологи мактабӣ вобаста буда, метавонад дар шаклҳои гуногун тартиб дода шавад.
Ҳуҷҷатгузории фаъолияти психологи мактабӣ дар ду шакл ба роҳ монда мешавад:
1. Бастаҳои ғункунанда.
2. Дафтарҳои қайд.
Тамоми баста ва дафтарҳо тибқи феҳрасти коргузориҳои психологи мактабӣ рақамагузорӣ карда мешаванд (ниг. ба ҷадвали 1.) Номгӯи коргузориҳо дар ҳар панҷ сол аз нав дида баромада мешаванд.
Маҷӯи ҳуҷҷатҳои инъикоскунадаи фаъолияти психологи мактабиро аз рӯйи мазмун ба 4 гуруҳ ҷудо намудан мумкин аст:
1. Ҳуҷҷатнигории меъёриву ҳуқуқӣ.
2. Ҳуҷҷатнигории бақайдгирию ҳисоботӣ .
3. Ҳуҷҷатнигории ташкилию методӣ.
4. Ҳуҷҷатнигории махсус.
Шакли пурраи ТАВСИЯҲОИ МЕТОДӢ ДОИР БА ҲУҶҶАТНИГОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ПСИХОЛОГИ МАКТАБӢ дар PDF
[pdf-embedder url=»https://mtojikiston.tj/wp-content/uploads/2022/05/huchchatho.pdf»]