Мавзуъ: “Маснавии маънавӣ” ва сохту мазмуни он. Шарҳи “Луқмон ва ғуломон”, “Марди баққолу тӯтӣ”, “Ҷӯҳӣ”, “Марди аблаҳ ва хирс”
Дар барномаи таълимии забон ва адабиёти тоҷик дар синфи 9 аз фанни адабиёт, ки аз асри 12 шуруъ мегардад, мавзуи Ҷалолуддини Балхӣ ҳамагӣ панҷ соатро дар бар гирифтааст. Ин мавзуъҳо “Маснавии маънавӣ” ва сохту мазмуни он, шарҳи ҳикояҳои “Луқмон ва ғуломон”, “Марди баққолу тӯтӣ”, “Ҷӯҳӣ”, “Марди аблаҳ ва хирс” мебошанд. Мо тасмим гирифтем, ки як усули гузаронидани ин мавзуъро ба омӯзгорони муҳтарам пешкаш намоем.
Шиори дарс:
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
Салоҳиятҳо:
Хонанда
— матни ҳикояҳоро аз матни дигар асарҳо фарқ мекунад;
— сохт ва мазмуни “Маснавии маънавӣ”-ро медонад;
— мазмуни ахлоқӣ ва фалсафии ҳикояҳоро дарк мекунад;
— мазмуни ҳикояҳоро нақл карда метавонад.
Мақсадҳои дидактикӣ:
— бо хонандагон омӯхтани сохт ва мазмуни “Маснави маънавӣ”;
— фаҳмондани ҷиҳатҳои тарбиявӣ ва фалсафии ҳикоятҳо;
— дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат тарбия намудани хонандагон.
Маводи таълим:
китоби дарсӣ, замима, матнҳо, китобчаҳои ҳикоятҳо аз “Маснавии маънавӣ”.
Равиши дарс
- Ташкилии дарс:
— риояи одоби салом, баҳисобгирии давомот;
— тавассути саволҳо ҷалб намудани диққати хонандагон ба машғулият ва арзёбӣ намудани дониши онҳо.
- Пурсиши вазифаи хонагӣ: Ба воситаи саволномаҳо пурсидани мавзуи гузашта: “Ғазалиёти Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ”
Кор бо саволномаҳо:
Саволномаи 1
— Ҷалолиддини Румӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?
— Чандсолагии ӯро мо соли 2006 қайд намудем?
Саволномаи 2
— Падари Ҷалолуддин кӣ буд?
— Кай оилаи онҳо ба сафар мебарояд?
Саволномаи 3
— Шоир илмҳои ҳадис, калом, адабиёт ва фалсафаро дар пеши кӣ омӯхт?
— “Девони кабир” аз кадом навъҳои шеърӣ иборат аст ва чанд байтро дар бар мегирад?
Саволномаи 4
— Ғазалиёти шоир ба кӣ бахшида шудааст?
— Ғазали “Ай ошиқон, ай ошиқон”-ро аз ёд гуфта таҳлил намоед.
Хонандагон як — як ғазалиёти шоирро аз ёд гуфта, ғазалҳои “Ай ошиқон, ай ошиқон”, “Ишқи ту шаробест”, “Тавофи каъбаи дил кун”, “Гарам симу зарам будӣ”, “Бимиред, бимиред, дар ин ишқ бимиред”-ро таҳлил менамоянд.
Баёни мавзуи нав:
“Маснавии маънавӣ” ва сохту мазмуни он. Шарҳи ҳикояи “Луқмон ва ғуломон”, “Марди баққолу тӯтӣ”, “Ҷӯҳӣ”, “Марди аблаҳ ва хирс”
Ангезиши зеҳн.
- Асарҳои Мавлавиро номбар кунед.
- Маснавӣ аз чанд байт ва чанд дафтар иборат аст? Маснавӣ аз тарафи кӣ китобат шудааст?
- Дар бораи сохти “Маснавии маънавӣ”, кӣ маълумот медиҳад? Асари мазкур бо назм навишта шудааст, ё бо наср?
Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.
Маснавии маънавии Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
- Барои чӣ Маснавиро “Қуръон” дар забони паҳлавӣ номидаанд?
Кори гурӯҳӣ.
Гурӯҳи 1: Ҳикояи “Марди баққолу тӯтӣ”-ро мустақилона хонда нақл кунед. Аз муҳтавои ҳикоя чӣ фаҳмидед?
Хонандаи гурӯҳи якум ҷавоб медиҳад: – Марди баққоле як тӯтии хушгӯ дошт. Ҳар ҷо ки мерафт, тӯтӣ он дуконро посбонӣ мекард. Он тӯтӣ ба савдогарону мизоҷон хушгӯйӣ ва нотиқӣ мекард. Хоҷа рӯзе ӯро дар дукон гузошта, аз пайи кори хеш бирафт. Дар дукон боз гурбае маскан дошт ва он гурба мушеро дар кунҷаки дукон дид ва ба он ҳуҷум кард. Тӯтӣ аз ин тарсида, аз садр ба ҷойи дигар парид, ки шишаҳои равғани бодом рехт. Чун Хоҷа омаду ҳолро дид, дар ғазаб шуд ва бар сари тӯтӣ зад ва парҳои тӯтӣ аз сараш бирехт ва кал шуд. Пас аз ин, тӯтӣ дигар аз гап монд. Аз ин ҳодиса Хоҷа пушаймон шуд. Ӯ ба бечорагону дарвешон садақа дод, то ин ки тӯтӣ боз ба забон ояд. Аммо ин кораш ба ӯ фоида накард. Рӯзе аз рӯзҳо ба дукон қаландари пашминапӯши кал ворид гардид. Тӯтӣ он қаландари калро дида ба забон омада ӯ гуфт: “Аз чӣ, эй кал, бо калон омехтӣ? Ту магар аз шиша равған рехтӣ?”
Мавлоно таъкид менамояд, ки инсони пок набояд зоҳирбин бошад, балки ба ботин назар бояд кард.
Гурӯҳи 2: Ҳикояи “Ҷӯҳӣ”-ро хонда мазмунашро нақл кунед. Шоир дар ин ҳикоя чиро тасвир кардааст?
Хонандае аз ин гурӯҳ ҷавоб медиҳад:
Кӯдаке дар пеши тобути падар
Зор менолид, бармекӯфт сар.
К – “Эй падар, охир, куҷоят мебаранд?
То туро дар зери хокат биспаранд.
Мебарандат хонаи тангу заҳир,
Не дар ӯ қолию не фаршу ҳасир.
Не чароғе дар шабу не рӯз нон,
Не дар ӯ бӯйи таому не нишон.
Не дараш маъмур, не сақфу на бом,
Не дар ӯ баҳри зиёе ҳеҷ гом.
Не дар он баҳри меҳмон оби чоҳ,
Не яке ҳамсоя, к — ӯ бошад паноҳ. . .
Гуфт Ҷуҳӣ бо падар: “Эй арҷманд
Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд!”
Вақте ки шоир нишонаҳои гӯрро баён мекунад, Ҷӯҳӣ ба падараш посух медиҳад, ки хонаи мо чунин аст ва ин майитро ба хонаи мо хоҳанд бурд. Дар ҳикояи мазкур шоир рӯзгори сахти мардумро воқеъбинона тасвир кардааст.
Гурӯҳи 3: Ҳикояи “Марди аблаҳ ва хирс”-ро хонда, мазмунашро нақл кунед. Шоир дар образи хирс киҳоро тасвир кардааст?
Мавлоно дар ҳикояи “Марди аблаҳ ва хирс” одамони ҷоҳилу нодонро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Қаҳрамони ҳикоя рӯзе мебинад, ки аждаҳое хирсеро дармекашид. Он замон ҷавонмард омаду аждаҳоро бикушт ва хирсро аз марг наҷот дод. Хирс бо мард дӯст шуда, ба хизматаш камар барбаст. Боре мард монда мешавад, хобаш мебарад. Хирс болои сараш истода пашшаҳояшро аз сару рӯяш меронад. Марде ин амли хирсро дида ангушти ҳайрат газид. Он мард чанд рӯз пеш аз ҷавонмард хоҳиш карда буд, ки бо ҳайвони беақл дӯстӣ накунад, ки пешомадаш хуб нест. Аммо ҷавонмард қабул накард ва бо хирс дӯстӣ карданро давом дод. Пашшаҳо хирагӣ карданд, хирс ба ғазаб омада, санги бузургеро бардошта овард ва бар пашшаҳо зад. Аз зарби санг ҷавонмард ҷон дод.
Мавлоно ба ин восита гуфтанист, ки дӯстӣ бо ҳамҷинси худ шоиста бошад.
Гурӯҳи 4: Ҳикояи “Қиссаи марди хазинаёфта”-ро хонда, нақл кунед. Саҳнаи онро иҷро намоед.
Марде аз падараш молу мулки бешуморе ба мерос гирифта буд. Азбаски беҳудагард буду беҳунар, ҳамаи сарваташро дар чанд муддат барбод дод ва бе чизу чора монд. Шабе дар хобаш дид, ки мӯйсафеде ба наздаш омаду гуфт: “Ту мисли гадо нагард, ба Миср рав, тангаю тиллои ту дар он ҷо пинҳон аст.” Ӯ роҳи Мисрро пеш гирифт. Шабона дар кӯча мегашт, посбонони подшоҳ ӯро дузд гумон карда дасту пояшро баста бо асо ба сару рӯяш задан гирифтанд. Мард дод зад, ки ман дузд нестам ва шарҳи ҳолашу хоби дидаашро нақл кард. Посбони шабгард қоҳ — қоҳ зада хандид: “Наход, ба хоб бовар карда, аз Бағдод ба Миср омада бошӣ?” Посбон гуфт, ки ман борҳо хоб дидам, ки мӯйсафеде ба ман мегуфт: “Ба Бағдод рав, дар зери фалон дарахт сандуқи тиллову танга ниҳон аст. Аммо ман ба он ҷо нарафтам. Чунки мисли ту аҳмақ нестам.”
Марди бенаво донист, ки манзилу дарахте, ки мӯйсафед дар хобаш ба ӯ гуфтааст, манзилу дарахти худаш мебошад. Субҳ роҳи Бағдодро пеш гирифт. Ҳамин ки ба Бағдод расид, ба сӯйи манзилаш тохт, бехи дарахти боғашро кофт ва сандуқи тиллову тангаашро пайдо кард.
Хонандагони гурӯҳи чорум аз рӯйи матни ҳикоя саҳначае намоиш медиҳанд.
Арзёбии кори хонандагон.
- Мустаҳкамкунӣ.
Бознақли фишурдаи ҳикояҳо аз ҷониби хонандагон:
- Ҳикояи “Бозаргон ва тӯтӣ”.
- Ҳикояи “Канизакро ошиқ шудани подшоҳ”.
- Ҳикояи “Қиссаи Султон ва дуздон”.
- Супориши вазифаи хонагӣ: Мазмуни ҳикояҳои “Маснавии маънавӣ”-ро нақл кардан. Аз ёд кардани порчаҳои пандуахлоқӣ аз “Маснавии маънавӣ”.
- Ҷамъбасти дарс.
Ҷамила МУРОДОВА –
омӯзгори литсей барои хонандагони
болаёқат дар шаҳри Кӯлоб