Яке аз масъалаҳои рӯзмарраи омӯзгорон ҳамасола дар оғози соли хониши нав тартиб ва таҳияи нақшаҳои тақвимӣ – мавзӯӣ буда, аксарияти онҳо маводро аз сарчашмаҳое дастрас мекунанд, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Масалан, аз рӯйи ҳамкор ё ягон омӯзгори шинос, ба таври қолабӣ рӯйбардор кардани он аз сарчашмаҳои дигар ё худ аз мундариҷаи китоби дарсӣ. Маврид ба қайд аст, ки ин сарчашмаҳо ба саволҳое, ки савияи саводнокии хонандагон, самтҳо ва мақсадҳои гузоштаи омӯзгорро бар диди нав ва суръати қабулкунии шуури хонандагон ҷавобҳои дуруст дода наметавонанд ва аз ҳама муҳим ба стандарти давлатии таҳсилот, низомномаю оинномаҳо, дастуру супоришҳои ба муассисаҳои таълимӣ тааллуқдошта, роҳнамои фанҳои таълимӣ ва нақшаи тақсимшудаи соатҳои муассисаи таълимӣ.
Нақшаи кории солонаи омӯзгор ё худ нақшаҳои тақвимӣ – мавзӯӣ ба стандарти давлатии таҳсилот ва роҳнамою китобҳои дарсӣ мутобиқ кунонида мешаванд, зеро дар стандарти давлатии таҳсилот аниқу дақиқ миқдори соатҳо барои ҳар як боб ва мавзуъҳо соатҳои дарсӣ ҷудо карда шудаанд.
Маълум аст, ки самтҳои фаъолияти муассисаҳо, новобаста аз типи онҳо ба равияҳои гуногун ҷудо карда шудаанд, ки метавонад нақшаҳои тақвимӣ – мавзуӣ барои ҳар яке аз ин равияҳо фарқкунанда бошад, зеро муассисаҳо ғайр аз соатҳои асосӣ бахши муассисавиро низ илова мекунанд. Мақсад аз ин муқадима он аст, ки имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз дархостҳои «нақшаи тақвимӣ – мавзуӣ барои ин ё он фан лозим» пур шудааст. Агар мо мустақилона аз уҳдаи таҳияи он баромада натавонему эҷодкор набошем, магар ҳаққи худро омӯзгор, устод, равшангари ҷомеа ҳисобиданро дорем?. Мутаассифона, имрӯзҳо аксари омӯзгорон методикаи дурусти дархости ин ё он маводи методӣ, тарзи саволгузорӣ ва хоҳиши худро аниқ баён карданро намедонанд. Дод аз он рӯзе, ки ин монеа ё нуқси мо бар гӯши волидон ё ягон сохторҳои дигар расад. Агар омӯзгорон дар чунин масъалаҳои одӣ ба мушкилиҳо дучор мегарданд, салоҳият ё вазифаи ҷонии марказҳои методӣ ва кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, мақомоти болотари салоҳиятдошта аз чӣ иборат аст? Илова бар ин, донишҷӯён ҳангоми гузаштани курсҳои ихтисосӣ, омӯзиши методикаи таълими ихтисосӣ чиро мехонанд ва ҳангоми таҷрибаомӯзи чаро ин масъалаҳоро роҳбарони таҷрибаомӯзон дар донишгоҳҳо мавриди баҳс қарор намедиҳанд, ҳол он ки ба ҳар як гурӯҳи таҷрибаомӯзон роҳбари методии ихтисосӣ, психологӣ ва педагогӣ вобаста карда мешавад ва дар ҳамкорӣ бо роҳбарони иттиҳодияи методию шурои методии муассисаҳои таълимӣ дар ин самтҳо маслиҳатҳои муфид мегиранд. Ин масъала шояд самтҳои «муаллими оянда омӯхтан намехоҳад» ё худ «таҷрибаҳои омӯзишӣ ба таври бояду шояд мегузаранд» — ро дошта бошад. Пас, ин ҷо савол гузоштан мумкин аст, ки «магар мо ба мақсад расида истодаем?», «салоҳияти мо ҳудуд дорад?» ё дигару дигар.
Маврид ба қайд аст, ки дар гурӯҳҳои ташкилшудаи шабакаҳои иҷтимоӣ (Фейсбук) масъалаҳои дар боло зикршударо ҳамарӯза дидан мумкин аст, ҳол он ки онҳо барои масъалаҳои бозомӯзӣ, муҳокимаи дигар мушкилоти рӯзмарраи таълим ва дигар самтҳои фаъолияти созандаи ҷомеаи имрӯза ташкил карда шудаанд. Масалан, қисме аз омӯзгорон, ки овардани номашонро лозим намедонам, аз фанҳои технология иттилоотӣ, таърихи халқи тоҷик, забони русӣ, биология, санъати тасвирӣ нақшаҳои кории солонаи фаннӣ ё худ нақшаи «тақвимӣ – мавзуӣ» — ро тартиб додан намехоҳанд, ё тартиб додан наметавонанд. Талаб кардани шакли электронӣ ва дар шакли омодакардашудаи он то 37 ҳафтаи хониш дар фейсбук худ далели ин гуфтаҳост. Тааҷҷубовараш он аст, ки омӯзгорон дар таҳия ва тайёр кардани нақшаҳои кории солонаи иттиҳодияҳои методӣ ба саҳлангорӣ ва бемасъулиятӣ роҳ медиҳанд, ҳол он ки роҳбари иттиҳодияи методӣ (дар муассисаҳои типи нав мудирони кафедра) аз ҳисоби омӯзгорони собиқадор, соҳибтаҷриба ва саводноктар интихоб карда мешаванд, то ин ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳамкасбон маслиҳатҳои методию илмии соҳавиро расонида тавонанд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки баъзе омӯзгорон аз беҳунарии худ дар таҳия кардани ин ё он ҳуҷҷат дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон мегузоранд. Масалан, қисми дигари омӯзгорон нақшаҳои кории иттиҳодияи методии фанҳои таърих ва ҳуқуқ, ҳуҷҷатҳои иттиҳодияи методии фанҳои дақиқ ва дигарон ҳуҷҷатҳои зикргардидаро тариқи электронӣ дар шакли тайёр мехоҳанд, ё талаб мекунанд.
Омӯзгор бояд донад, ки хоҳиш кардан аз талаб кардан чӣ фарқ дорад, зеро аксари хоҳишҳои омӯзгорон ё корафтодагонро мехонед, ҳамагӣ маънии фармоишӣ доранд. Илова бар ин, аксари омӯзгорон намедонанд, ки барои монеаҳои соҳавӣ ба кадом мақомоти салоҳиятдор муроҷиат кунанд ва аз кадом сарчашма маълумоти заруриро дастрас намоянд. Дар ин ҷода саволи матраҳ чунин аст: салоҳияти марказҳои методии ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи ноҳиявии ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос дар чист?
Фаъолияти ҳамарӯзаи касбӣ водор мекунад, ки мо ба дарс, маҷлиси падару модарон, чорабиниҳои мактабӣ ва вохӯриҳои гуногун тайёрӣ дида, фаъолияти худро ба нақша гирем. Барои таъсирбахш шудани суханҳои худ аз адабиёту сарчашмаҳои гуногун истифода мебарем, ба ахборе такя мекунем.
Хоҳиши эҷод кардан. Омӯзгорӣ эҷодкорист. Шахси эҷодкор танҳо аз рӯйи як қолаб кор намекунад. Ӯ пайваста дар ҷустуҷӯ буда, барои такомули маҳорату малакаи худ кӯшиш мекунад, ҳамчунин, ба илмҳои муосир, ба хусус, илмҳои педагогика, равоншиносӣ ва методика бештар такя мекунад.
Тағйироти куллӣ дар ҷомеа (гузариш аз як низом ба низоми дигар). Ин тағйирот ба ҳама, аз ҷумла, ба хонандагон таъсир мерасонад ва аз ин рӯ, омӯзгорон бояд ҳамқадами замон бошанд.
Шавқу ҳаваси ҳаваси омӯхтан: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй!» — гуфтаанд. Одамон ҳамеша барои қонеъ гардонидани шавқи маърифатияшон худомӯзӣ мекунанд. Ин ғоя, ба вижа, ба омӯзгорон хос аст, зеро омӯзгоре, ки аз омӯхтан сар метобад, ҳуқуқи маънавии омӯзгор буданро надорад.
Омӯзгорон бояд аз рӯйи самтҳои зерин фаъолияташонро ба роҳ монад: тахассусӣ (фанни таълим), психологию педагогӣ, психологӣ (муошират, маҳорати таъсиррасонӣ, сифатҳои лидерӣ), методӣ (технологияҳои педагогӣ, усул ва шеваҳои таълим), ҳуқуқӣ, зебоипарастӣ, инсонпарастӣ, сиёсӣ, технологияи иттилоотӣ.
Сарчашма (маъхаз) – ҳои худомӯзӣ: рӯзномаву маҷаллаҳо, адабиёт (методӣ, илмӣ, илмӣ – оммавӣ, публитсистӣ, бадеӣ), интернет, семинарҳо, мушоҳидаи дарси устодон, мубодилаи таҷриба, саёҳатҳо, театр, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо, курсҳои такмили ихтисос.
Давраҳои худомӯзӣ. Худомӯзии омӯзгорон метавонад дар 5 давра сурат гирад:
- Дастурӣ: муайян кардани мавзуъ ва мақсади кор, тарҳрезии фаъолият.
- Омӯзишӣ: дар ин давра омӯзгор доир ба масъалаи интихобкарда адабиёти илмӣ, методӣ, педагогӣ, равонӣ (психологӣ) – ро меомӯзад.
- Амалӣ: дар ин давра мисолу далелҳо гирд оварда шуда, намунаҳо дар амал озмуда мешаванд. Корҳои амалӣ бо омӯхтани адабиёт баробар сурат мегиранд.
- Назариявӣ: дар ин давра факту далелҳо таҳлил ва хулосабарорӣ ва бо ҳамкорон муҳокима карда мешаванд. Ҳамкорон истифода кардани онро дар дарсҳо мушоҳида карда, хулосаҳои худро мегӯянд.
- Ҷамъбастӣ: дар ин давра натиҷаҳои кор ҷамъбаст шуда, шакли ниҳоиро мегиранд.
Бегмуҳаммад ШОДИЕВ –
омӯзгори Литсейи №3 барои хонандагони
болаёқати шаҳри Душанбе