
Вазъи кунунии ҷомеа тақозо дорад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба тарбияи насли наврас эътибори зиёд дода шавад. Диққати роҳбарияти мактаб, омӯзгорон, роҳбарони синфҳо ва дигарон бояд, пеш аз ҳама, ба тарбияи шахсият равона гардад.
Ҳамзамон, тарбия аз рӯи чанд қонуну қавоиди маъмулӣ не, балки дар асоси беҳтарин суннатҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ бояд сурат гирад. Дар мактаб бояд чунин шароите фароҳам оварда шавад, ки шогирдон ҳамаҷониба ба рушду камол расанд, диққату хотира ва ҷаҳонбиниашон ташаккул ёбад, худашонро бишносанд, фарди мустақил, соҳибақида, боирода ва эҷодкор бошанд, ҷустуҷӯ намоянд, ташаббус нишон бидиҳанд ва масъулият эҳсос кунанд. Аз ин рӯ, корҳои тарбиявӣ дар мактаб бояд самтҳои зайлро дар бар гиранд: ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон; тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ватанхоҳӣ, тарбияи меҳнатӣ ва иқтисодӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ (эстетика), тарбияи зиндагии солим (ҷисмонӣ, экологӣ), кор бо волидон ва аҳли ҷомеа ва ғайраҳо.
Аввалин ва муҳимтарин вазифаи муассисаҳои тахсилоти умумӣ аз ташаккули ҷаҳонбинии шогирдон иборат мебошад. Аммо барои он ки ҷаҳонбинии толибилмон инкишоф ёбад, бояд омӯзгорон чӣ будани ҷаҳонбиниро донанд ва худашон ҷаҳонбинии комил дошта бошанд. Ҷаҳонбинӣ чист? Ҷаҳонбинӣ, пеш аз ҳама, маҷмуи ақида, эътиқод ва муносибати шахс нисбат ба ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, табиат ва мақому рисолати инсон дар зиндагӣ мебошад. Дар мактаб бояд ба он саъй варзид, ки шогирдон оид ба ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоии замон, тазодҳои рӯзгори инсон фикру ақидаи худро дошта бошанд ва дар мавридҳои ҳасос онро ифода карда тавонанд. Яъне онҳо набояд ба ягон рӯйдод аз рӯи сухани дигарон баҳо диҳанд, балки худашон он ҳодисаро санҷидаю омӯхта ва эҳсос намуда, ба хулосае оянд ва дар хулосаи хеш устувор бошанд. Ба ибораи дигар, мактабиён – ворисони ояндаи кишвар, чунонки дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, набояд ҳар рӯзу ҳар соат фикрашонро тағйир диҳанд, аз қавлашон гарданд, балки якрӯю якниҳод бошанд, дар ҳар гуна вазъият яксон монанд, аз гуфтаашон рӯй натобанд, зеро инсони комил он аст, ки дар дил як гапу дар забони гапи дигар нагӯяд, балки забону дилаш як бошад, он чи дар дил дорад, ба забон орад, ба як маром зиндагӣ бикунад. Баъзе аз бачагон шояд дар оила, аз ишораҳои падару модарон ин чизҳоро дарк карда бошанд, аммо қисми зиёди хонандагон дар бораи ин мафҳумҳо тасаввурот надоранд. Бинобар он, дар мактаб моҳияти ин ё мафҳумро ба наврасону ҷавонон фаҳмондан лозим аст. Дар акси ҳол, қисмате аз шогирдони мактабҳо бе фикру ақидаи шахсӣ, бе эътиқод, дурӯя, ноустувор, фиребгар, бешараф ва баъзан хоин ҳам калон мешаванд, ки ин ба камолоти маънавии онҳо ва инкишофи бонизоми ҷомеа зарари калон мерасонад.
Ҳар рӯз аз нахустин қадамҳои бача ба мактаб ба ташаккули ҷаҳонбинии ӯ эътибор бояд дод. Яъне аз зинаи аввали таҳсил бояд баҳри он кӯшид, ки бачаҳо ба муҳити атроф бо дидаи ибрат нигаранд, ба моҳияти рафтору гуфтори хеш сарфаҳм раванд, баду некро фарқ кунанд. Минбаъд аз синф то синф бояд мушоҳидаҳои онҳо дақиқтар, назарашон бориктар, муносибаташон ба ҳодисаҳои айём ҷиддитар гардад ва онҳо арзишҳои ахлоқиро амиқтар дарк бинамоянд.
Барои амалӣ шудани ин самт дар мактаб корҳои тарбиявиро тарзе ба роҳ мондан даркор аст, ки шогирдон бо майли том ва бо меҳру муҳаббат ба мактаб оянд, ба донишомӯзӣ шавқу рағбати зиёд зоҳир кунанд. Ин амр дар сурате амалӣ мегардад, ки падару модарон, омӯзгорон ғамхору дилсӯз бошанд, бачагонро ҳамчун шахс бишносанду ҳурмат кунанд, дар баҳогузорӣ адолат зоҳир намоянд ва барои таҳсили фарзандон шароити мусоид фароҳам оваранд. Мактаб на танҳо шогирдонро ба омӯхтани илму дониш бояд сафарбар намояд, балки тафаккури эҷодии онҳоро инкишоф диҳаду барои ҳалли масъалаҳои душвори назарию амалӣ омода созад. Ба ин амри хайр аз мактаби ибтидоӣ замина бояд гузошт. Агар хонандагон дар синфҳои поёнӣ ба хондану омӯхтан одат намоянд, фикр ва диққаташонро ҷалб карда тавонанд, пас дар синфҳои боло малакаю одати онҳо ташаккул ёфта, ба эҳтиёҷ мубаддал мегардад. Яъне бачаҳо, ки аз хурдӣ ба хондан хӯ гирифтанд, минбаъд ҳамин одати онҳо камол меёбад ва онҳо дигар аз китоб дил канда наметавонанд, ҳамвора ба мутолиа шуғл меварзанд. Ин ҷо шарти муҳим он аст, ки шогирдон бояд дар зиндагии хусусии инсон ва рӯзгори ҷомеа чӣ аҳамият доштани илму донишро дарк бинмоянд. Дар ин бобат омӯзгорон, падару модарон, роҳбарони синфҳо бояд ҳиссаи бағоят калон гузоранд. Онҳо бояд ҳамеша илму донишро тарғиб намоянд, моҳияти онҳоро ба талабагон эзоҳ бидиҳанд ва худашон барои шогирдон намунаи ибрат бошанд.
Яке аз омилҳои асосии камолоти маънавии инсон худомӯзист. Аз ин рӯ хонандагонро баҳри мустақилона ба даст даровардани илму дониш, омода сохта, ба онҳо талқин бояд намуд, ки танҳо ба сабақи муаллим ва китоби дарсӣ қаноат карда, мустақилонаю эҷодкорона хонданро ёд бигиранд, бештар ҷустуҷӯ кунанд, шавқу рағбат зоҳир намоянд, ташаббус нишон диҳанд. Барои инкишофи тафаккури эҷодии шогирдон адабиёти бадеӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Омӯзгорон бояд ҳам худ бештар асарҳои бадеӣ хонанд ва ҳам шогирдонро ба мутолиаи зиёдтар ва ҷиддитар ҷалб созанд. Гузашта аз ин, раванди таълиму тарбияро чунон ташкил кардан лозим аст, ки ба инкишофи тафаккури талабагон шароит фароҳам ояд, онҳо бо шавқ саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира кунанд ва имкониятҳои маънавии худро вусъат бахшанд. Ин қабил корҳо ҳатман рағбати хонандагонро ба дониш афзун гардонида, ба ташаккули шахсияти онҳо мадад мерасонанд. Ҳамин тавр, зинаи аввали таҳсилот марҳилаи муҳим дар омӯзиш ва ташаккули маънавии хонандагон буда, бори масъулияти омӯзгорон дар ин марҳила басо гарон аст.
Фазила УМАРОВА –
ҷонишини директор оид ба
синфҳои ибтидоии мактаби №87,
ноҳияи Сино