Кори машваратчӣ бо наврасоне, ки дар ҳолати безобитагӣ қарор доранд, заҳматталаб мебошад, зеро дар ин давра наврас барои баён кардани муаммоҳои худ мушкилӣ мекашад. Машваратчӣ бояд сабабҳои безобитагии мизоҷро муайян карда тавонад.
Наврасон дар ҷараёни омӯзиши фанҳои гуманитарӣ ва ҳаёту фаъолияташ ба ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ гирифтор мешавад ва ин ба зуҳуроти амалу рафтори ӯ тобиши махсусе мебахшад. Дар байни ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ аффект, стресс, фрустратсия, ҳолати рӯҳӣ ва рағбатро фарқ мекунанд.
Аффект (аз лот. изтироби рӯҳӣ, ҳаяҷон) ҳолати эмотсионалии зӯр, пурҷӯшу хурӯш, бошиддат ва нисбатан кӯтоҳ муддати эмотсионалӣ буда, табиати таркишмонандро дорад ва ба назорати шуур дода намешавад.
Аффект ҳиссиёти пурҷӯшу хурӯш ва кӯтоҳмуддат мебошад. Мисолҳои аффект (дар ҳаёт одатан якбора оташин шуданро чунин ҳиссиёт меноманд) ҳиссиёти ғазаб, маъюсӣ, тарс ва ғайра мебошанд. Аффект ҳиссиёти ниҳоят серҳаракат ва пурқувват буда, дар аснои пайдо шуданаш одам баъзан ҳатто муваққатан беҳуш ҳам мешавад, назорати иродавии рафтори худро гум мекунад. Одам дар ҳолати аффект тарзе рафтор мекунад, ки дар ҳолати муқаррариаш ҳаргиз дида намешавад. Ҳолатҳои аффект аксар дар одамони калонсоле, ки сустирода мебошанд ва худро идора карда наметавонанд, зоҳир мешавад. Протсессҳои боздорӣ дар бачаҳо ҳоло суст зоҳир мешаванд, бинобар ин, онҳо на ҳамеша худдорӣ карда метавонанд. Омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ манзараи зеринро мушоҳида карда метавонад: бачаҳо бо якравии зиёд ва муддати дароз бачаеро масхара мекунанд, дар натиҷа писарак ба ғазаб меояд ва худро идора карда натавониста, ҷанг мекунад. Баъзан дар бачаҳо чунин ҳолати аффектӣ, масалан, маъюсиро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ҳар як мавриди алоҳида чораҳои бо ҳолати аффектӣ мубориза бурданро нишон додан душвор аст. Вале бачаро албатта бо суханони хуш ором намудан лозим аст. Пайдоиши ҳолати аффект ҳамеша бо вазъияту шароитҳои муҳиму ҳаёти инсон алоқаманд аст. Аффектро инчунин ангезандаҳои зӯр, аз қабили истифодаи калимаи бемаврид, таҳқир, таҳдид, рафтори номатлуби одамони дигар ба вуҷуд меоваранд. Одамоне, ки ба типи системаи асаби дар мувозинат набудаи зӯр тааллуқ доранд, бештар ба ҳолати аффект гирифтор мешаванд. Дар ҳолати аффект майдони фаъолияти шуур маҳдуд мешавад, яъне он ба доираи маҳдуду муайяни ашёву ҳодисаҳо равона мегардад. Асоси физиологии аффектро пайдоиши манбаи ҳаяҷони доминантӣ дар пӯстлохи мағзи сар ташкил медиҳад, ки ин дар қисматҳои дигари он амалҳои боздорандаро ба вуҷуд меоварад. Одам дар ҳолати аффект фикру андеша накарда, рафтору кирдори бенизомро содир менамояд. Дар фаъолияти узвҳои ҳиссии ӯ дигаргуниҳо ба амал меоянд ва ҳаракатҳои чолоконаи ифоданокро (мимика ва имову ишораҳои махсус, гиря, фарёд, баъзан ҳаракатҳои беихтиёр ва ғ.) мекунад. Одам ҳолати аффектро бе иштироки ирода аз сар мегузаронад, яъне идоранамоии иродавии он ба амал намеояд. Аффект дар наврасон одатан бештар зоҳир мешавад, чунки протсесси боздорӣ дар онҳо ба таври кофӣ ба вуҷуд намеояд. Аммо бояд қайд кард, ки дар зинаи аввали аффект идора намудани ҳолати эмотсионалӣ имконпазир аст, вале дар зинаҳои дигари он назорати иродавӣ ниҳоят душвор мешавад. Аз ин рӯ, боздоштани саривақтии инкишофи аффект зарур аст. Идоранамоии аффект пеш аз ҳама ба хислатҳои ахлоқӣ ва шаклҳои устувори рафтори шахс вобаста аст, ки онҳо туфайли тарбия ва таҷриба ташаккул ёфтаанд.
Стресс ё бошиддатии руҳӣ ҳолати психикиест, ки дар шароитҳои маҳдуду ҳисси нобоварӣ дар иҷрои амали дар айни замон хавфнок ифода меёбад. Ин ҳолат ҳангоми зарурати қабули қарори тезу масъулиятнок дар вазъиятҳои мураккабу хавфнок ва сарбории ҷисмонию ақлии шахс рӯй медиҳад. Стресс дар рафти иҷрои намудҳои гуногуни фаъолият (бозӣ, таълим, меҳнат, варзиш, вазъиятҳои ихтилофноки ахлоқӣ ва ғ.) ба вуҷуд меояд. Ҳолати стресс дар хонандагон ҳангоми иҷрои корҳои махсуси санҷишӣ, дар рафти супоридани имтиҳонҳо ва ҳалли мақбули низоъҳои байнишахсӣ зоҳир мешавад. Дар онҳо дигаргуниҳои физиологӣ, аз қабили задани дил, тез нафас кашидан, баландшавии фишори хун ва ғайраҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми стресси зӯр дар рафтори шахс бенизомӣ ба амал меояд, нутқаш номураттаб, ҳаракатҳояш номувофиқ ва диққаташ парешон мешавад. Стресси суст, баръакс, боиси фаъолӣ ва муташаккилии шахс мегардад, ба тафаккури ӯ равшанию аниқиро мебахшад. Ҳолати стрессро идора кардан мумкин аст ва барои ин пеш аз ҳама, сабабҳои мушаххаси онро муайян кардан зарур аст. Яке аз сабабҳои он хусусиятҳои инфиродӣ — психологии шахс, ба монанди барангезиши эмотсионалӣ, таъсирпазирӣ, худдории бад, боздошти баланд ва маҳдудии ҳаҷми диққат шуда метавонад. Бинобар ин, тез ба вазъият баҳо додан, ҳалли дурусти масъаларо пайдо кардан ва дуруст онро иҷро намудан ба таҷрибаи инфиродии шахс вобаста аст. Аз ин рӯ, шахсро мебояд, ки на танҳо ба ҳолатҳои муқаррарӣ, балки ба вазъиятҳои ногаҳонию тасодуфӣ низ омода бошад.
Фрустратсия ҳолати эмотсионалие мебошад, ки ҳангоми дучор омадани шахс ба душворию монеаҳои халалрасон дар протсесси расидан ба мақсад ба амал меояд.
Ин ҳолат ба ҷараёни шуур ва фаъолияти одам таъсири манфӣ мебахшад. Одам дар ҳолати фрустратсия ба изтироби рӯҳию асабии сахт гирифтор мешавад, алам, ғамгинӣ ва худазобдиҳии беҳад ӯро фаро мегирад. Хусусиятҳои зоҳиршавии фрустратсия ба дараҷаи пастшавии шиддати ба амаломада вобаста аст. Агар шиддат паст карда нашавад, он гоҳ фрустратсия дар шароитҳои дигар боз рӯй додан мегирад. Яъне, шахс шиддати алам, хашм ва қаҳри худро тавассути ба одамони тамоман бегуноҳ равона кардан, паст мекунад. Агар шахси ба фрустратсия гирифторшуда бо шароити иҷро намудани ягон кори завқовар таъмин карда шавад, он гоҳ амалҳои таҳдидомези ӯ кам ва суст шудан мегиранд.
Ҳолати рӯҳӣ ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ буда, муддати муайяне шахсро фаро мегирад ва дар рафтору фаъолияти ӯ инъикос меёбад.
Ҳолати рӯҳӣ ин ҳиссиёти суст ифодаёфта, ҳолати ба худ хоси эмотсианалие мебошад, ки муддате тамоми шахсро фаро мегирад ва ба фаъолияту рафтор таъсир мерасонад. Ҳолати рӯҳӣ аксаран дарозмуддат мешавад, мумкин аст, ки рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо давом кунад ва баъзан як давраи ҳаёти одамро ҳам дар бар гирад. Ҳолати рӯҳӣ монанди ҳар гуна ҳиссиёт дар шакли таассуроти мусбат ё манфӣ, масалан, дар шакли хурсандӣ ё андӯҳ, зудранҷӣ ё оромӣ ифода меёбад. Ҳолати рӯҳии бардам фаъолияти одамро ба тартиб медарорад, ба рафтору амалҳои ӯ тобиши мусбати эмотсионалӣ медиҳад ва ба одамони иҳотакарда таъсири мусбат мерасонад. Маълум аст, ки ҳолати рӯҳии бардами муаллим ҳамеша ба талабагон таъсир мерасонад. Ҳолати рӯҳии бардам шавқу ҳаваси талабаҳоро нисбат ба машғулиятҳои баланд, мекунад, онҳоро ҳассостар ва ба хотир гирифтани матариалиро хубтар мегардонад. Муваффақияти кор, ҷавоби дурусти талаба дар дарс, кори хушсифат иҷро кардашуда муддати дарози хушнудӣ ва ҳолати рӯҳии баландро ба вуҷуд меоварад. Ҳолати рӯҳии бардам хоҳиши ҳамеша беҳтар кор карданро пайдо мекунонад. Муваффақият дар омӯзиш ва дар кор заминаи муваффақиятҳои минбаъдаи фаъолиятимебошад. Баъзан дар мубориза ба муқобили ақибмонӣ шароите муҳайё кардан зарур аст, ки бача пай дар пай якчанд баҳои мусбат гирифта тавонад. Ҳолати боварии хушнудона ва бардамӣ ба беҳтар шудани пешрафти талаба сабаб мегардад. Ҳангоми бад будани ҳолати рӯҳӣ (маъюс ё асабӣ будан) одам дунёро тира мебинад, ӯ «ба дунё бо айнаки сиёҳ менигарад», ҳама чиз ӯро ба ҳаяҷон меоварад, асабӣ ва оташин мекунад, ҳама чиз ба ӯ халал мерасонад, аз хушнудии атрофиён, аз ҳамсояи беэҳтиётона ӯро тела додагӣ ва аз троллейбусе, ки «доимо дер мемонад» ҳамеша норозӣ мешавад. Агар талаба дар ҳолати рӯҳӣ қарор дошта бошад, омӯзиш барояш ҳам душвору ҳам бешавқ мегардад, маводро бо душворӣ аз худ мекунад, зуд фаромӯш месозад, ба осонӣ аз кор дур мешавад, ягон корро иҷро карда наметавонад, дар бораи худаш ҳамчун одами ба камол нарасида ва беқобилият тассаввурот ҳосил мекунад. Ҳолати ҷисмонии одам сабаби аҳволи рӯҳии хуб ё бад шуда метавонад. Беморӣ, хастагӣ, кам хоб рафтан ҳолати рӯҳии паст ва афсурдахотириро ба вуҷуд меоварад. Баръакс, саломатии ҷисмонӣ, истироҳати мунтазам, хоби муътадил ва бардамӣ аз ҳамин сабаб ба вуҷуд омада, рӯҳияи одамро баланд мебардоранд. Аҳволи рӯҳиро идора кардан на фақат мумкин аст, балки зарур ҳам мебошад. Одам аҳволи рӯҳии бадро бо кӯшишҳои иродавӣ бартараф карда метавонад. Дар чунин ҳолатҳо ба фаъолияти форам, шавқовар ва бардамкунанда гузаштан, яъне бо кори дӯстдошта машғул шудан мувофиқи мақсад аст. Фаъолона ба кори ҷисмонӣ гузаштан, ки дар одам ҳолати психикии бардам ва зиндадилӣ ба вуҷуд меоварад, воситаи бисёр муҳими бартараф намудани ҳолати рӯҳии мебошад. Бартараф карда тавонистани кайфияти бад махсусан барои муаллим муҳим аст, худи касби муаллимӣ маҳорати ҳолати психикии худро идора карда тавонистан ва ғуломи он нашуданро талаб мекунад. Ҳолати рӯҳӣ табъ ё кайфияти ҳолати шахсро ифода мекунад. Давомоти ҳолати рӯҳӣ бо ҳафта ва баъзан моҳҳо чен карда мешавад. Агар табъи шахс хушу болида бошад, он гоҳ ҳама чиз аз ҷониби ӯ ҳамчун зуҳуроти мусбат дарк карда мешавад. Ҳолати рӯҳбаландӣ ва рӯҳафтодагӣ дар одамони гуногун дар натиҷаи аз сар гузаронидани ҳамон як ҳиссиёт ба вуҷуд омада метавонад. Масалан, ҳиссиёти ғамгинӣ дар базъе одамон ҳолати рӯафтодагӣ ба вуҷуд меорад, дар одами дигар авҷи пурзӯри қувваро пайдо кунонида метавонад. Ҳангоми бо хатаре дучор шудан дар одам ҳиссиёти тарс ба вуҷуд омада метавонад, ки одамро нотавону оҷиз, қувваи ҷисмонӣ ва ақлии ӯро суст кунад. Амали ҷавобии одами дигар ба худи ҳамин гуна хатар дигар хел шуда метавонад, хатар ӯро ба ҳолати ҳаяҷони нотарсӣ меоварад, қувваҳои ҷисмонӣ ва ақлии ӯро сафарбар менамояд, ӯро зираку тезфаҳм ва амалҳояшро чаққону аниқ мегардонад. Худи одам вобаста ба қувва ва характери ҳиссиёташ ҳолати рӯҳбаландӣ ё оромӣ ва ҳолати заифиро аз сар гузаронида метавонад. Масалан, хурсандии пурҷӯшу хурӯш одатан ҳиссиёти рӯҳбахш мебошад, чунки дар одам зиёдшавии қувва ва шавқи фаъолият гузарониданро ба вуҷуд меоварад. Хурсандии суст ва ором аксар вақт ҳиссиёти оромкунанда шуда метавонад. Одам дар ҳолати рӯҳии изтиробнок ҳамеша хавфу хатар ва нохушиҳоро интизор мешавад. Ҳолати рӯҳӣ стеникӣ ё худ астеникӣ мешавад: фараҳбахш ё ғамангез, бадқаҳр ва ё ҳалимона. Ҳодисаҳои гуногун, вазъияту шароитҳои ҳаёт ва инчунин ҳолати ҷисмонии шахс метавонад ба чигунагии кайфияти ҳоли ӯ таъсир бахшанд. Ҳолати рӯҳӣ дар ҷараёни муошират аз як шахс ба шахси дигар мегузарад. Масалан, ҳолати рӯҳии хуш, болида ва зиндадилонаи муаллим шавқу ҳаваси хонандагонро баланд мекунад, идрок ва бахотиргирии маводро беҳтар мегардонад. Яке аз омилҳои муҳиме, ки ба ҳолати рӯҳии хонанда таъсир мебахшад, баҳодиҳии объективӣ ба натиҷаҳои фаъолияти ӯ ба шумор меравад.
Рағбат ҳиссиёти зӯр, устувор, давомдор ва амиқе мебошад, ки тамоми шахсро фаро мегирад ва қувваи сустнашавандаеро меофарад, ки ба предмети рағбат равона карда мешавад.
Объекти рағбатро соҳаҳои гуногуни дониш ва фаъолияти одам ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, объекти рағбатро одами ҷинсаш муқобил ва чизҳои муайяне ташкил медиҳанд, ки майли рафънопазирро дар ба даст овардани онҳо ба вуҷуд меоварад. Нишонаю аломати асосии рағбат ягонагии лаҳзаҳои иродавӣ ва эмотсионалии он мебошад. Рағбатҳо ҳамеша одамонро фаъол мегардонанд ва тавассути ин рағбатҳо қонеъ мегарданду дар асоси он инкишоф меёбанд. Рағбат муносибати интихобии шахсро ба олам ифода мекунад. Вай на танҳо тарафи эмотсионалию иродавии шахс, балки соҳаи интеллектуалии ӯро низ тавсиф медиҳад. Рағбат равияи фикру андеша ва майлу хоҳишҳои шахсро муайян мекунад. Аз ин рӯ, роҳи ҳаёти инсон аз рағбатҳое вобаста аст, ки ӯро ба пеш мебаранд ва дар бартараф намудани ҳар гуна душвориҳо сафарбар менамоянд. Рағбатҳо мусбӣ ва манфӣ мешаванд.
Агар рағбатҳои шахс бо манфиатҳои ҷамъият мувофиқат кунанд, он гоҳ ҳамчун рағбатҳои мусбӣ баҳо дода мешаванд ва агар бо мақсадгузориҳои худпарастонаӣ шахс алоқаманд бошанд, он гоҳ табиати манфиро пайдо мекунанд, аз қабили рағбат ба молу пул, ба машруботи мадҳушкунанда ва ғ. Танҳо рағбатҳои мусбӣ (масалан, рағбат ба китоб, театр, илм ва ғ.) ҳаёти инсонро пурмазмун, шавқовар, зебо ва беҳтар мегардонанд, одамро ба пеш ҳидоят мекунанд ва ба ҷамъият натиҷаҳои бемислу монандро медиҳанд.
Зуҳуроти ҳиссиёт. Ҳиссиёт на фақат ҳаёту фаъолияти органзимро тағйир медиҳад, балки як қатор зуҳуроти берунӣ ҳам дорад. Масалан, дар ҳолати тарс ва изтироби ногаҳонии асабӣ, ки сабабаш ягон ҳодисаи ғайричашмдошт аст, ранги одам меканад, хун аз сатҳи пӯст мегузарад. Ҳангоми ба ғазаб омадани баъзе одамон сурх шудани пӯсти рӯй ва гардани онҳоро мушоҳида кардан мумкин асту ранги баъзеи дигарон бошад, меканад. Чунки тағйирёбиҳои фаъолияти ҳаётии узвҳои дарунӣ, албатта, на ҳамеша зоҳиран намудор мешаванд, аммо онҳо, ҳангоми ҳаяҷони зӯри эмотсионалӣ, чун қоида, равшан зоҳир мегарданд.
Ҳиссиёт инчунин дар ҳаракатҳои ба ном ифоданок: мимика (ҳаракатҳои ифоданоки рӯй) ва пантомимика (ҳаракатҳои ифоданоки тамоми бадан) зоҳир мешавад.
Ба тариқи мисол ду ҳолати муқобили ҳаяҷони эмотсионалии зӯр, тарс ва ғазабро дида мебароем. Тарс аксар вақт дар хурд шудани ҳаҷми бадан ифода меёбад, ҳаракатҳо ё имконнопазир мегарданд (пойҳо гӯё ба замин «часпида» мемонанд) ё одам бо суръати тез ба гурехтан сар мекунад. Ранги одам меканад, тамоми баданаш меларзад, мӯйҳояш рост мехезанд, гавҳараки чашмонаш васеъ мешаванд. Овоз канда-канда мебарояд ва хиррӣ гашта, даҳон хушк шуда, нафасгирӣ бозмеистад. Тамоми баданро арақи сард пахш карда, бадан «виҷҷос» мезанад ва ҳоказо. Дар ҳолатҳои ғазаби зӯр одам намуди ифтихормандона ва ҷангҷӯёнаро мегирад. Ҳаракатҳои ӯ дағал ва ғаюрона мешаванд. Тамоми бадан сурх мешавад, вай чуқур ва вазнин нафас мегирад, овоз баланд ва таҳдидкунанда мегардад. Албатта, тассуротҳои эмотсионалии нисбатан суст чунин шакли тезу тунди зуҳуроти берунӣ надоранд. Дар сурате ки одам идоракунии ҳаракатҳои тез намудоршаванда ва боздоштани онҳоро қайд гирифтааст, ҳиссиёт метавонад зоҳиран ифода наёбад. Масалан, хандаи самимӣ зуҳуроти ниҳоят равшани берунии ҳиссиёт бошад ҳам, мо дар шароитҳои муайян онро боздошта метавонем. Айнан ҳамин тавр, ифодаи хурсандӣ дар чеҳра нишондиҳандаи муносибати мо нисбат ба одам мебошад, вале агар мо онҳор бо сабабе ошкор кардан нахоҳем, бисёртар бо намуди зоҳирии бепарвоёна пӯшида нигоҳ доштан мумкин аст.
Ҳиссиёт дар нутқ ва оҳанги талаффуз низ ифода ёфта метавонад. Аз талаффузи овоз, аз рӯи тарзи гапзадании одам, махсусан бача, ҳолати эмотсионалии одамро ба дараҷаи кифоя муайян намудан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки одамон нутқро барои ифодаи ҳиссиёти худ васеъ истифода мебаранд.
Рӯйхати адабиёт
- Изард К.Э. Психология эмоций. — СПб.: Питер, 1999.
- Қодиров С., Давлатов М. Психология. — Душанбе, Сино, 2002.
- Леви Л. Эмоциональный стресс. — Л.: Медицина, 1970.
- Левитов Н.Д. О психических состояниях человека. -М.: Просвещение, 1964.
- Леонтьев А.М. Потребности, мотивы и эмоции. — М.: МГУ, 1971.
- Наенко Н.И. Психическая напраженность. — МГУ, 1976.
- Немов Р.С. Психология. Кн. 1. — М., 2000.
- Овчинников О.В. Эмоциональное состояние и работоспособность. — М.,1970.
- Пулатов А.С., Никифорова Д. Эмотсия дар ҳаёти инсон. — Душанбе, 1985.
- Рубинштейн С.Л. Основы общей психологии. СПб.: Питер, 1999.
Азимҷон НОРМАТОВ – омӯзгори калони
кафедраи психология, педагогика ва
методикаи таълими ФМДДҶТИБКСМ
дар вилояти Суғд