Тарбияи мактаббачагон зимни омӯзиши мавзӯъҳо бояд ифодагари идеалҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ бошад. Бубинем, ки дар дарсҳои математика ба кадоме аз сифатҳои шахсият аҳамият додан беҳтар аст?
Ба назари мо, ба ҷиҳатҳои зерин диққатро ҷалб бояд намуд:
* Эътимоднокӣ ба моҳияти материалистии олам, ба қонунҳои табиат; Эътирофи комёбиҳои заковати инсон; Хушнудӣ аз меҳнати эҷодӣ; Эътимод ба афзалиятҳои низоми маорифи муосир; Ҳисси зебоӣ ва ба ҳам мувофиқат кардани қонунҳои математика. Дар дарсҳои математика дар мактаббачагон тарбия намудани чунин сифатҳо, монанди фантазия (тасаввури эҷодӣ, тахйюл), меҳнатдӯстӣ, илмдӯстӣ, ифтихормандӣ ва комёбиҳои математикаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ комилан имконпазир ва ҳатто табиист. Хеле муҳим аст, ки талабагон нақши илмҳои бунёдиро дар кори ба вуҷуд овардани базаи моддию техникӣ ва мудофиаи давлат фаҳмида гиранд. Барои тарбияи ҳамаи сифатҳои зикршуда муроҷиат ба ҳиссиёти талаба ногузир аст. Масалан, эътиқоднокӣ ба моҳияти моддии олам дар заминаи ҳиссиёти табиӣ мавриди эътирофи воқеият қарор мегирад. Қонунҳои Галилей оид ба афтиши ҷисмҳо, қонуни Архимед, назарияи Коперник, алгебраи Хоразмӣ ва дигарон комёбии бузурги инсониятанд, ки ин қонунҳо, далелҳои баҳснопазир моҳияти материалистии қонунҳои табиатро исбот менамоянд. Дарки материалистии табиат асоси ҷаҳонбинии илмӣ мебошад, ки инро муаллим ҳангоми баёни маводи барнома бо далелҳои хеле равшан шарҳ дода метавонад. Комёбиҳои заковати инсон дар талабагон ҳиссиёти ҳайрат, мафтуншавиро ба вуҷуд меорад, агар дар бораи кашфиётҳои барҷастаи бузургон суҳбату ҳикояҳои мароқангез кунем. Албатта, барои тарбияи ҳисси ҳурмату эҳтиром нисбат ба комёбиҳои интеллекти инсон таъкид кардани баъзе музаффариятҳои мушаххас, яъне парвозҳои кайҳонӣ, энергияи атомӣ, техникаи лазерӣ ва ғайра хеле муҳим аст. Дар вақти баёни мавзӯъ роҷеъ ба комёбиҳои илми табиатшиносӣ истифодаи асарҳои фантастикаи илмӣ усули фоидабахш аст. Зоҳиран ин восита дар замони ҳозира дар кори амалӣ на ҳамеша истифода бурда мешавад, гарчанде имкониятҳои истифодаи он бениҳоят калон аст. Дар ин ҷо ҷалб намудани ҳиссиёти талабагон ҷиҳати хеле муҳим аст, зеро беҳтарин асарҳои фантастикаи илмӣ ба дараҷаи баланди бадеӣ навишта шуда, дар он идеяи дурахшони илмӣ бо тасвири шахсияти қаҳрамон, ҳаёт ва муборизаи ӯ пайваст мегардад. Мактаббача ҳангоми омӯхтани математика (дар шароити мусоид) аз кашфиёти майдатарин, бозёфт ва ногаҳон ё ба таври парадоксӣ ҳал кардани масъала ба ваҷд омада метавонад. Ин ҳодиса шояд, назар ба дигар фанҳои мактабӣ, ба математика бештар хос бошад. Ғайр аз ин, худи эҳсоси қаноатмандӣ аз меҳнати эҷодӣ хело гуворо буда, ҳодисаи дар боло зикршуда аҳамияти бағоят калони тарбиявӣ дорад. Муаллим дар чунин маврид фаҳмонда медиҳад, ки маънои ҳаёти инсон баҳри ҷамъият меҳнат кардан аст, аз ҷумла, меҳнати эҷодӣ низ зебо буда, он яке аз идеалҳои инсон мебошад. Қисми муҳимми таркибии таълими математикаи мактабӣ маҳфилҳо, конкурси ҳалли масъалаҳо, иштироки мактаббачагон дар олимпиадаҳо мебошанд. Дар Иттифоқи Шӯравӣ олимпиадаҳои математикӣ ҳанӯз пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Москва гузаронида мешуданд. Ба ин кор олимони барҷаста роҳбарӣ мекарданд. Олимпиадаҳои математикӣ дар инкишофи математика саҳми босазо гузоштааст. Ба олимпиадаҳо ҷалб намудани мактаббачагон ва ба чунин мусобиқа тайёр кардани онҳо аз як тараф, ба беҳтар шудани сифати таълими математика мусоидат кунад, аз тарафи дигар, самараи тарбиявии онро баланд мебардорад. Бояд гуфт, ки олимони барҷастаи мо нисбат ба мусиқӣ, адабиёт, театр майлу рағбати бузург доранд. Таъкид кардани ин хислатҳои наҷиби онҳо махсусан таъсирбахш ва фоиданок аст. Ақидаи олимон ба ин масъалаҳо, ки дар заминаи дониши мукаммал ва маданиятнокии баланд қарор гирифтааст, диққати мактаббачагонро ба худ ҷалб мекунад ва дониши онҳоро афзун мегардонад. Бедор кардани шавқу ҳавас нисбат ба ин масъалаҳо таъсири мусбати тарбиявӣ мерасонад. Тарбияи ҳисси зебоӣ ва ба ҳам мувофиқат кардани қонунҳои математикӣ масъалаи асосӣ мебошад. Аз ин рӯ ҳақиқати маълуми курси математикаи мактабиро истифода бурда, дар он идеяи умумӣ ва пурзӯреро, ки ҳайратангез аст, дарёфт намудан зарур аст. Ин кори осон нест, зеро ҳақиқати курси математикаи мактабӣ нисбатан барои фаҳмидани одитарин қонунҳои математикӣ мусоидат мекунад. Пештарҳо ҳангоми ҳалли масъалаҳои матнӣ навиштаҷоти «бо методи фарзият», «масъалаҳо ба қисмат» тавсия карда мешуданд. Албатта, усули ҳозираи ҳалли чунин масъалаҳо, яъне татбиқи ибтидои алгебра, қоидаҳои аз як тараф ба тарафи дигар гузаронидани аъзоҳо назар ба усулҳое, ки пеш истифода бурда мешуданд, бартарии калон дорад. Пас, моҳияти усули ҳозира дар чист? Моҳияти он дар истифодаи тарзи умумии ҳалли муодилаҳои дараҷаи якум ва навишти алгоритми ҳалли онҳост. Дар замонҳои қадим баъзе одамон, агарчи дар ягон ҷо таҳсили илм накарда буданд, вале масъалаҳои матниро «аз рӯи ақли солим» ҳал карда метавонистанд. Албатта, ҳалли масъалаҳои гуногун усулҳои мухталифро талаб мекард ва худи раванди ҳалли масъала бо баъзе бозёфт алоқаманд аст. Чи қадаре масъала мураккабтар бошад, ёфтани ҳалли он ҳамон қадар душвортар мегардад. Масъалаҳои ҷиддии математикиро бо хулосабарориҳои чандинкаратаи одитарине ҳал кардан мумкин аст, ки онҳо мазмуни қоидаҳои содатарини табдилдиҳиҳои алгебравиро ташкил медиҳанд (гузариш аз миқдор ба сифат). Ҳар шахси нобовар дар ин элементҳо зебоии қонунҳои математикиро дида метавонад. Барои суҳбат дар бораи зебоии математика ададҳои комплексӣ айни муддаост. Далели асосии суҳбат бояд чунин бошад: ададҳои комплексӣ абстраксияи печдарпечи математикӣ ҷамъбасти хело дури мафҳумҳои ададҳои ҳақиқӣ мебошанд. Ададҳои комплексӣ (дар баробари дигар мафҳумҳо ва конструксияҳои математикӣ) барои инкишофи фикр ва тасаввури эҷодии (бозиҳои фантастикӣ) мактаббача маводи хубест. Чунонки маълум аст, инкишофи фикр ва тасаввури эҷодӣ (фантазия) сифати зарурии ҳар як шахсест, ки математикаро меомӯзад. Рӯзе аз Д.Гилберт дар бораи қисмати яке аз шогирдонаш пурсиданд. Вай чунин ҷавоб додааст: «Ин одам фантазияи кам дошт, бинобар ин, ӯ математик шуда наметавонист, ба ӯ лозим меояд, ки роҳи шоириро пеш гирад.» Диққати мактаббачагонро ба комёбиҳои физикаи ҳозиразамон-назарияи нисбӣ, механикаи квантӣ якҷоя бо аксиомаҳои парадоксиалӣ ва тасдиқкуниҳои он ҷалб кардан зарур аст. Агар мактаббача фақат бо қабати болоии ин назарияҳо ошно шавад, ҳеҷ гап нест, чунки вай, бешубҳа, нисбат ба ин комёбиҳои инсоният ҳисси ҳурмату эҳтиром пайдо мекунад. Вазифаи асосии физикаи ҳозиразамон ба вуҷуд овардани назарияи ягонаи ба ҳам таъсиркунӣ мебошад, ки аз рӯи ақидаи таркибёфта ягон хел идеяи ғайритривалии математикӣ бояд асоси он гардад. Бигзор, мактаббачагони ҳозира адабиёти илмию фантастикиро, ки дар онҳо маҷмӯи ҳодисаҳои фазоӣ, қонунҳои бунёдии табиат мавҷуданд, мутолиа намоянд. Бисёр хуб мешавад, ки рӯйхати адабиёти илмӣ-фантастикиеро, ки дар онҳо маҷмӯи ҳодисаҳои фазоӣ, қонунҳои бунёдии табиат мавҷуданд, мутолиа намоянд. Барои ин беҳтараш, рӯйхати адабиёти илмӣ-фантастикиеро, ки дар онҳо пешгӯиҳои қонунҳои асосии табиат ҷой доранд, тартиб дода, қисми ба мактаббачагон дахлдорашро ба онҳо пешкаш кардан лозим аст.
Бунафша ҚАЛАНДАРОВА
– омӯзгори фанни математикаи мактаби №1, ноҳияи Ёвон