Забони адабии ҳозираи англисӣ усули муайяни калимасозӣ дорад, ки таърихан ташаккул ёфта, баробари забон инкишоф меёбад. Чи тавре ки маълум аст, таркиби луғавии забон бо роҳи аз забонҳои дигар дохил шудани калимаҳо низ бой мегардад. Аммо он вазифаеро, ки тараққиёти пай дар пайи саноат, савдо ва нақлиёт, фан ва техника дар пеши забон мегузорад, забон танҳо дар натиҷаи бо усулҳои гуногуни калимасозӣ, аз фонди луғавии махсуси худ ба вуҷуд овардани калимаҳои нав иҷро карда метавонад. Аз ҳамин сабаб ҳам калимасозӣ ва роҳҳои гуногуни он барои забон аҳамияти калон доранд.
Тарзҳои калимасозии забони адабӣ то андозае устувор буда, дар садсолаҳо тағйир намеёбанд ва дар асоси ҳамин қолабҳо дар забон калимаҳои нав ба вуҷуд меоянд. Забон барои пурра ва бо нозукиҳояш ифода намудани фикр ва барои ҳаматарафа қонеъ гардонидани талаботи мубодилаи афкор аз ҳамаи воситаҳо истифода мекунад. Дар тафовут ба дигар роҳҳои калимасозӣ воҳид ин ҷо на реша, балки фрагменти беасос (баъзан аз рӯи ҳаҷм боасос мувофиқ) мебошад. Калимасозӣ аз воситаҳои асосии бойшавии таркиби луғавии забонӣ мебошад. Бо ин роҳ таркиби луғавӣ бо калимаҳои нав пурра мешавад. Таркиби морфологии решаҳои калимасозанда метавонад гуногун бошад. Дар решаи калимасозии сода танҳо як морфема вуҷуд дорад (violin -ist). Решаи калимасозӣ аз морфемаҳои решагӣ ва аффиксалӣ таркибёфтаро таркибӣ меноманд (lovely дар loveliness ва ё bystand дар bystander). Решаи калимасозии дорои ду морфемаи решагиро мураккаб меноманд (brinkman дар brinkmanship), агар ба он аффикс ҳамроҳ ояд, мураккаби таркибӣ меноманд (lopsided дар lopsidedness).
Ҳамчунин, решаҳо аз рӯи зинаҳои тавлидкунӣ фарқ мекунанд. Масалан, дар калимаи disappointment зинаи сифрии решагӣ (зинаи аввали калимасозӣ) appoint мебошад. Зинаи аввали калимасозиро решаи disappoint (решаи калимасоз, ҳамчун иҷрокунандаи функсияи калимасоз) пешниҳод мекунад. Зинаи дуюми калимасозӣ ҳамроҳ кардани пасванди –ment ба решаи калимасозии зинаи аввал мебошад. Зинаҳои калимасозиро ҳамчунин зинаҳо ва зарбҳои дериватсионӣ ҳам меноманд. Бо зинаҳои калимасозӣ боз мафҳуми гурӯҳи калимаҳои ҳамрешаи калимасозӣ (wordfamily) алоқаманд мебошад. Зери ин мафҳум маҷмӯи калимаҳои ҳамрешаи бо муносибатҳои калимасозӣ ба низом даровардашуда фаҳмида мешавад. Дар маркази оилаи калимасозӣ решаи ғайритаркибии асосӣ меистад. Масалан, калимаи grade. Дар ҳолати мазкур он метавонад бо калимаи мустақил (grade — step, stage, or degree) мувофиқ ояд. Ҳамчун решаи калимасоз дар ташкили калимаҳои таркибии to grade, gradation, gradient, gradual ва ғайраҳо иштирок мекунад, ки метавон онро ба гурӯҳи калимаҳои ҳамреша муттаҳид кард. Ҳудуди гурӯҳи калимаҳои ҳамреша тағйирпазир мебошад; он метавонад бо элементҳои нав пурра гардад, то он вақте ки семантикаи онҳо аз ҳамдигар фарқи калон накунанд. Ҳамин тавр, дар гурӯҳи калимаҳои ҳамрешаи grade элементи graduate бо мазмуни mark with degree for measuring ҷой дорад, ки дар оянда инкишофи семантикии мазмуни калимаи graduate — give a degree or diploma ва person who has taken a university degree-ро аз ҳудуди гурӯҳи калимаҳои ҳамреша мебарорад. Маълум аст, ки грамматика ва лексика бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Масъалаҳои назариявии забон, сохти грамматикӣ ва усулҳои калимасозии он кайҳост, ки диққати олимони забоншинос, файласуфҳо, нависандагонро ба худ ҷалб кардааст.
Забон бо фаъолияти ҷамъиятии одамон бевосита алоқаманд аст ва аз ин рӯ таркиби луғавии он доимо дар тағйирёбӣ буда, мунтазам бой мегардад. Албатта, ҳамаи ин тағйирот аксар вақт дар натиҷаи ба кор бурда шудани усулҳои гуногуни калимасозӣ рӯй медиҳанд. Дар забонамон калимаҳои нав, одатан, дар манбаи аз калимаҳои куҳнаи мавҷуда сохтани калимаҳои нав, дар на- тиҷаи маъноҳои нав пайдо кардани калимаҳои куҳна ба вуҷуД меоянд, ки ин роҳҳои асосии пурратар гардидани забон ҳисоб меёбад.
Калимасозӣ, аз як тараф, бо лексика, аз тарафи дигар, бо грамматика алоқаи зич дорад, зеро он баробари хизмат карданаш барои пурратар кардани луғат, барои мувофиқи қоидаҳои грамматикӣ тағйир додани калимаҳои нав низ нақши калон мебозад. Ғайримунтазамии реверсия ё калимасозии баръакс (backformation), пеш аз ҳама, ба танзимнокии нисбии тарҳҳо (моделҳо) баён мешавад. Дар тафовут ба тарҳҳои мунтазам вусъатбахши элементи аввал реверсия асоси калимаро кӯтоҳ мекунад. Дар ин намуди калимасозӣ нақши калонро аналогия –мукаммалкунии яке аз аъзои як навъ ҷуфт мебозад. Ҳамин тавр, дар ташкили аналогии суффиксалии намуди write-writer, work-worker, paint-painter ҷуфти нав bupgle-burglar ба миён меояд. Раванди калимасозӣ дар ин ҷуфт ба амал омад, аммо дар самти баръакс: аз асоси burglar элементе, ки ҳамчун пасванд (суффикс) дарк шудааст, бурида шуда, феъли bupgle ба миён омад, аз рӯи монандӣ ба як қатор ҷуфтҳои дигар (он ки мо дар мавриди мазкур, бахусус, ба раванди реверсия сари кор дорем, дар забон мавҷуд будани ибораеро бо ҳамон мазмун тасдиқ мекунад: commitburglary). Дар баъзе вақт «аффикс» аз асоси дуюми калимаи мураккаб бурида мешавад, масалан дар калимаи flight-test аз калимаи flight-testing ё baby-sit аз калимаи baby-sitting. Амали ташбеҳи ғалат дар мисоли ташкили феъли lase баръало маълум аст, ки дар ҳақиқат «аффикс»-и буридашуда дар он ба худ қисми ихтисораи laser (light amplification of stimulated emission of radiation) –ро таҷассум мекунад. Дар натиҷаи реверсия ба монанди натиҷаи аффиксатсия калимаи таркибӣ сохта мешавад, азбаски дар раванди калимасозии мазкур як реша истифода мешавад, тарҳи умумии ин раванд метавонад ҳамчун «асос-ивази-аффикс» муаррифӣ шавад. Ин усули калимасозӣ бо назардошти хусусияти сохтори аналитикии он хоси забони англисӣ мебошад. Моҳияти конверсия ҳамчун раванди калимасозӣ дар он аст, ки дигаргунии функсионалии калима ба миён меояд, яъне, сохтани як ҳиссаи нутқ аз асоси дигар ҳиссаи нутқ бе тағйири шакл, масалан, tofinger аз finger, toelbow аз elbow ва ғ. Махсусияти калимасозии конверсионӣ дар он инъикос гаштааст, ки муддати дароз ба ин зуҳурот ягон истилоҳе истифода бурда намешуд. Бо мурури замон чунин истилоҳот ба мисли «ташкили беаффиксалӣ», «ташкили решагӣ» ва ғайраҳо аз барои нодуруст буданашон аз байн рафтанд, бо вуҷуди он барои ҳақиқат қайд кардан зарур аст, ки истилоҳи имрӯз истифодашаванда на он қадар идеалӣ аст, чунки дар дигар низоми истилоҳот, аз он ҷумла дар системаи истилоҳоти забонӣ низ омонимҳо дорад. Дар мавриди калимасозии конверсионӣ на танҳо азнавсозии грамматикӣ, балки семантикӣ ҳам ба вуқӯъ мепайвандад. Калимаи таркибӣ семантикаи асоси таркибиро иқтибос мекунад ва ба он мақоми нави шартии ҳиссаи нутқ илова мекунад.
Муҳаққиқон исбот карданд, ки конверсия (табдилдиҳӣ) зина ба зина ба амал меояд ва яке аз ин зинаҳо субстантиватсия, яъне ба худ гирифтани мақоми грамматикии исмро аз тарафи дигар ҳиссаи нутқ ба хусус, сифат ё зарф, дар натиҷаи парокандашавии ибора ба амал меояд. Масалан, ҳангоми парокандашавии ибораи poorpeople сифати poor на танҳо бо артикл мукаммал мегардад, балки мазмунан мазмуни ибораи пешинро «фурӯ мебарад»; the poor-poorpeople. Дертар калима ҳамаи парадигмаи ҳиссаи нутқи навро ба худ мегирад ва раванди конверсия ба охир мерасад. Конверсия на танҳо дар мавриди парокандашавии ибораи Adj+N (alunaticasylum — alunatic) ё Adv
+ N (aweeklypaper – aweekly) имкон дорад, балки ҳангоми истифодаи ҳиссаҳои нутқи гуногун дар функсияҳои ба онҳо хоснабуда ҷой дорад. Масалан, исми telephone дар ҷумлаи I’ll telephone soon ба феъл мубаддал мегардад, ҷонишини other дар ҷумлаи I’ll ask the others субстантиватсия мешавад. Парокандашавии ибораро як гурӯҳи лексикологҳо ба дигар гурӯҳи калимасозӣ – ихтисоркунӣ нисбат медиханд. Ин дар он асос меёбад, ки дар натиҷаи кӯтоҳкунии ибора на ҳамеша субстантиватсия ба амал меояд. Аз дигар тараф, ба ҳисоб гирифтан ҷоиз аст, ки ба сифати мисоли эллипсис қисми калони калимаҳои окказионалӣ, ки ба системаи вокабуляр ворид нашудаанд, пешкаш мешаванд: (ago-no-go (person), ago-getting (man)).
Асоси таркибӣ ва таркибёбанда ҳангоми конверсия бо муносибатҳои муайяни семантикӣ алоқаманданд. Ҳолати аз ҳама хоси гузариши исм ба феъл дар ҳолест, ки ҳарду асос бо ҳам бо муносибатҳои агентивӣ ва инструменталӣ алоқаманданд: tohost (aparty); toelbow (one’swaythroughthecrowd) — touseone’selbowforthepurpose;etc. Схемаи N˃V метавонад ҳамчунин шинос кардани предмети номбурдаро инъикос кунад: fish-tofish; skin-toskin; etc.
Дар бораи муносибатҳои семантикӣ ҳангоми модели N˃V дар ин ҷо, пеш аз ҳама, амали якмаротибагӣ қайд карда мешавад (alaugh, asmoke, etc.) ё интиқоли натиҷаи амал тавассути исми таркибӣ. Дигар намудҳои муносибатҳои семантикӣ аз рӯи ҳамон модел – агентивӣ (ahelp, aswitch), локативӣ (astop, awalk) имкон доранд. Аксар вақт муайян кардани самти конверсӣ мушкил аст, ҳатто умуман ғайриимкон аст (empty, dark, etc,). Талаботи муқаррарии муайян кардани самти раванди конверсия инҳо мебошанд:
а) семантикаи асосии аввалӣ аз семантикаи калимаи таркибӣ фарохтар аст (tofall-afall, mother- tomother; etc.);
- барои аъзои ибтидои ҷуфтҳо лонаи калимасозӣ васеътар (ahand-handy, handful, handicraft, etc. – tohand).
Аз дигар тараф, қайд кардан лозим аст, ки ин талабот на ҳамеша риоя мешаванд.
Хулоса, усули ба ҳам пайвастани калимаҳо сермаҳсул буда, он ба ҳамаи ҳиссаҳои номии нутқ, ҳатто қисман ба феълу зарф низ тааллуқ дорад, яъне мо намудҳои гуногуни калимаҳои мураккаб ва тарзҳои сохта шудани онҳоро қариб дар ҳамаи ҳиссаҳои нутқ мушоҳида карда метавонем.
Ганҷина ШОДИЕВА – ассистенти кафедраи филологияи
факултаи умумӣ-гуманитарии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ