Такмили тарбияи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии насли наврас аз замонҳои қадим мавриди таваҷҷуҳи инсонҳои комил қарор дошт. Зимни офаридани симои асосии афсонаҳои қадимию шифоҳии адабиёти тоҷик, ҷавонон дар рӯҳияи ормонҳои олӣ, ахлоқи ҳамида, халқпарварию ватандӯстӣ, далерию хайрхоҳӣ, росткорию ростгӯӣ ва эҳтироми арзишҳои ахлоқию маънавӣ тарбия меёфтанд.
Ба ёд овардани ривояту асотир дар бораи «Зариадр ва Одатида», «Зрарина ва Стриангей», мифҳо дар бораи Каюмарсу Ҷамшед ва достонҳои «Шоҳнома» ишораест ба ҷидду ҷаҳди инсон ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас. Нахустин бор бо кӯшиши Хусрави Анӯшервон ҷамъоварӣ шудани афсонаю асотири форсӣ-тоҷикӣ дар тарбияи насли ҷавон нақши бузурге бозид. Ҳамин мавод, ки бо номи китоби “Худоинома” ё “Илоҳинома” машҳур гардид, асоси “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро таъсис дод. “Шоҳнома” беҳтарин ҳамосаи мардуми эронинажод буда, дар тарбияи маънавию ахлоқии мардум, эҳтироми арзишҳои маънавию ахлоқии ҷавонон, сарчашмаи безавол маҳсуб меёбад. Дар асоси ғояҳои “Шоҳнома”–и то имрӯз ҳазорҳо шеъру достон, асарҳои насрию таърихномаҳо эҷод гардида, дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим бозидаанд. Баробари ғалабаи инқилоби Октябр, таъсиси мактабҳои нав, китобҳои дарсии нахустин, тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллию маънавии мардум сабку шеваи тоза ёфт. Дар китоби “Таҳзиб-ус-сибён”- и Садриддин Айнӣ, “Алифбо”-и С. Ализода, “Алифбо”-и тоҷикии Н. Муҳаммад бо истифода аз жанрҳои фолклорӣ масоили тарбиявию ахлоқӣ инъикоси худро ёфт. Бояд гуфт, ки тарбияи маънавии ҷавонон ва эҳтироми арзишҳои маънавию ахлоқӣ бо ба миён омадани соҳибистиқлолии кишвар яке аз мақсадҳои аввалини Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. 14-уми декабри соли 2010 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба қабули лоиҳаи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд” иброз дошт: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ бо суръат проблемаҳои башарӣ ва арзишҳои он, бо ҳам омезиш ёфта истодаанд. Мо бояд якҷо бо расонаҳои миллӣ – иттилоотӣ, нерую иқтидори кофии муқовимат дошта бошем, то ин ки ҷанбаъҳои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгирӣ карда нагузорем, ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро заҳролуд намоянд”.
Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширину шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгарона, расму оини миллӣ дорем ва бояд аз онҳо ифтихор намоем. Бинобар ин, аз ҷавонону наврасони кишвар ва умуман, аз аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонаи Ватан – Модар, давлати соҳибистиқлолу соҳибфарҳанг, анъанаҳои миллӣ, аслу насаби томи худро ҳифз намоем”.
Маъум аст, ки ориёиҳо ба тарбияи фарзанд диққати зиёд медиҳанд ва онҳо мавқеи модарро дар тарбияи фарзанд дар ҷойи аввал мегузоранд. Ҳатто баъди таваллуд то 5-солагӣ падар ба онҳо худро кам машғул месохт, ки фарзанд аз меҳру муҳаббат, навозиш ва тарбияи модар ҳаматарафа баҳраманд гардад. Одамон ҳазорҳо сол боз баҳс мекунанд, ки барои камолоти маънавии бачаҳо худи падару модар бояд масъул бошанд, ё кори тарбияро ба ихтиёри кормандони махсуси касбӣ вогузоштан лозим, ки онҳо насли наврасро оқилона ва мулоҳизакорона ба воя расонанд. Чанд сол пеш баъзе олимон дар ин ақида буданд, ки тарбияи кӯдакро “аз кӯдакистон то донишгоҳ” бояд давлат ба уҳдаи худ гирад. Солҳои охир олимон аз ин ақидаи худ даст кашидаанд, зеро таҷриба исбот кард, ки аҳамияти меҳру муҳаббати падару модар, муомилаву рафтори доимӣ ва навозишу меҳрубонии онҳо барои бачаҳо аз обу нури офтоб камтар нест. Таҷриба исбот кардааст: кӯдаконе, ки барвақт аз оғӯши модар аз навозишу меҳрубонии ӯ ҷудо шудаанд, зуд – зуд бемор мешаванд, ҳатто умри дароз намебинанд. Муҳаққиқи эронӣ Ҳасан Ҳомид дар асоси таҷрибаҳо ба хулосае омад, модароне, ки пеш аз муҳлат аз шир додан даст кашида, кӯдакро ба мураббӣ месупоранд, аз ҳуқуқи модарии худ истеъфо додаанд, чунин кӯдакон умри дароз намебинанд. Педагогҳо даъво доранд, ки ҳатто чанд моҳ, ҷудо аз меҳри модару падар бенасиб гардонидани кӯдакони то сесола ба инкишофи фикрӣ, маънавӣ ва ҳиссиёти ангуштони онҳо зиён мерасонад, ки ҷояшро чизи дигаре гирифта наметавонад. Ҳеҷ як мураббӣ, омӯзгор ҷои падару модарро иваз карда наметавонад. Имрӯз давлати соҳибистиқлол тамоми оилаҳои камбизоатро ба зери ҳимояи худ гирифта, норасоии иқтисодии онҳоро ҷуброн мекунад. Давлат такягоҳи оила ва оила дар паноҳи давлат қарор дорад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дастгириҳо, душвориҳое мавҷуданд, ки ба ҷараёни таълиму тарбияи ҷавонон халал расонда, ҷомеаро нигарон мекунанд: ҷудошавии ҳамсарон аз ҳамдигар; аз нигоҳу парастории оила дур мондани фарзандони нуқсондор; дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани волидон; беаҳамиятии волидайн ва аъзои оила нисбат ба ноболиғон; бетафовутии ҷомеа (мактаб, омӯзгор, муҳити хонавода); оилаҳои серфарзанд, ки як писар доранду боқӣ духтар; оилаҳои серфарзанд, ки як духтар доранду боқӣ писар; оилаҳои сарватманд, ки муҳити маънавиашон хароб аст; таъсири воситаҳои иттилоотӣ (кӯча, мактаб, бозиҳои компютерӣ, тамошои филмҳои тасвирии номатлуб, расмҳо, филмҳои дур аз ахлоқ); кӯдаконе, ки дар оилаҳои носолим писархонд шудаанд, ё волидайн ба хешу табору наздикон супорида, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд; никоҳи хешу таборӣ ва таваллуди фарзандони носолим; занҳое, ки бе зарурат кӯдаконро ба кӯдакистонҳо месупоранд.
Имрӯз ҳам мувофиқи ҳисоботи оморӣ теъдоди ҷудошавии оилаҳо хеле зиёд аст, ки боиси нигаронист. Табиист, ки фарзандони ятим дардманду зудранҷ ва ғамноку ранҷдидаанд. Тарбияи онҳо бо вуҷуди ҳама ғамхориҳои давлат душвориҳои зиёд дорад. Бояд барои пешгирии ин ҳолат чораҳои боз ҳам қатъитар андешид. Аз барномаҳои телевизионӣ, матбуот ва ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки ҳанӯз ҳам кӯдакони нуқсондор аз ятимхонаҳо ва таълими инфиродие, ки Вазорати маориф ва илм таҳия намудааст, бархӯрдор нестанд. Бояд ҳукуматҳои маҳал дар ин кори хайр – ба таълиму ва парасторӣ фаро гирифтани онҳо ташаббускор бошанд.
Камбудии асосӣ дар кори тарбияи наврасон, ба муҳоҷирати меҳнатӣ банд шудани волидону беназорат мондани фарзандон аст. Дар ҳолати набудани назорат аз ҷониби волидайн кӯдакон ба оворагардӣ, корҳои ношоям, шустани мошинҳо ва фурӯши маҳсулоти бозор машғул мешаванд. Ин амалҳо аз ҷониби давлат бо қонуну қарор манъ шуда бошанд ҳам, ҳанӯз ба назар мерасанд. Ба ҷомеа ва кормандони масъул зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир созанд. Бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе омӯзгорон, маъмурияти мактабҳо дар масъалаи давомот ва фаъолияти хонандагон бетафовутӣ зоҳир мегардад. Сифати пасти дарсҳо ва фориғболии омӯзгорон сабаби қафомонӣ, дарсгурезӣ ва ҳатто ба ҷиноят даст задани ноболиғон мегардад. Барои ислоҳи ин камбудиҳо низ чораҳо бояд андешид. Баъзан тарбияи фарзанд, ки дар муҳити оилаи сердухтар ё баръакс, ба воя мерасанд, душвориҳо ба вуҷуд меоварад, зеро волидайн барои духтари танҳо ё писари танҳо шароити дурусти маънавӣ муҳайё намекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд, ки боиси рӯй додани нохушиҳо мегардад. Дар ин ҳолат волидайнро зарур аст, ки бо маслиҳати мутахассисони соҳаи тарбия такя намояд ва тарбияи маънавии дурустро ба миён гузорад. Мушкилоти дигари соҳаи тарбия, фарзандони табақаҳои сарватманд ва мансабдор аст. Онҳо аз имкониятҳои дастрасбуда ба таври худашон истифода бурда, душвориҳо эҷод менамоянд. Мушкилоти дигари тарбия иттилооти ҳаррӯзаест, ки ба он кӯдак ба воситаи муҳити атроф ва шабакаи интернет ворид мегардад. Агар дар оила кори тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ дуруст ба роҳ монда шуда бошад, ба кӯдак иттилооти беруна таъсир расонида наметавонад. Дар Юнони қадим фарзандони табақаҳои болоиро ашхоси махсус ба мактаб мебурданду пас меоварданд. Дар кӯча имконияти бо ашхоси бегона суҳбат кардан намедод. Ин шахсро педагог мегуфтанд. Ҳолати дигаре, ки барои тарбия мушкилӣ эҷод мекунад, писархонд шудани фарзандони бегона аст. Дуруст аст, ки ҷойи падару модарро ҳеҷ кас гирифта наметавонад. Ба чунин волидон зарур аст, ки аз маслиҳатҳои мутахассисон истифода намоянд, вазифаи худро дуруст иҷро намоянд. Ҳарчанд ки Ҳукумати ҷумҳурӣ никоҳи хешутабориро манъ кардааст, вале ҳанӯз нобасомониҳо дар ин самт вуҷуд дорад. Мушкилоти дигари соҳаи тарбия он аст, ки бисёр модарон имрӯз дар ягон ҷой кор накунанд ҳам, фарзандонашонро ба кӯдакистон месупоранд. Ин худро аз масъулият озод кардани волидон мебошад. Ин қабил кӯдакон аз навозишу меҳрубонии волидайн маҳрум буда, аз ҷиҳати равонӣ ва саломатӣ аз кӯдакони дигар фарқ мекунанд. Канори модар, навозишу меҳрубонии ӯ ба ҳолати равонии фарзандон таъсири амиқ мегузорад. Баъзан кӯдакон дар боғча ба навозишҳои мураббӣ чунон дил мебанданд, ки ба хона рафтан намехоҳанд. Мувофиқи масъулият ва уҳдадориҳои мураббӣ чунин ҳолат низ зараровар аст. Яъне миёни кӯдакон ва мураббӣ низ бояд як фазои маънавӣ вуҷуд дошта бошад.
Манзура МАДАТЗОДА –
номзади илми педагогика