Дар гурӯҳҳои синнусолии муассисаи томактабӣ бозиҳои қоиданок чун воситаи алоқамандкунии омӯзиш ва бозӣ ба ҳисоб мераванд. Бозиҳои қоиданок ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: бозиҳои дидактикӣ ва серҳаракат. Бозиҳои дидактикӣ бозиҳои омӯзишӣ мебошанд. Ҳадафи асосии онҳо ташаккул додани азхудкунӣ ва мустаҳкамкунии тасаввурот, маҳорат, малака ва қобилияти зеҳнист.
Бозиҳои дидактикиро чун воситаи тарбия ва таълим васеъ истифода мебаранд, зеро онҳо ҷараёни омӯзишро хеле осон ва мақсаднок месозанд. Бозиҳои дидактикӣ аз ҷиҳати мазмун ва талаботи барномаҳои таълимии томактабӣ қисмҳои зайлро дар бар мегиранд: ба кӯдакон додани тасаввурот оид ба ашё, сифату хосият ва тайиноти онҳо; тасаввурот дар бораи хелҳои меҳнат, касбҳои гуногун ва нақши ин касбҳо дар ҳаёти одамон; тасаввурот доир ба фаслҳои сол, ҳодисаҳо ва ашёи табиат; тасаввурот оид ба фазо.
Ҳар як бозии дидактикӣ мақсад, қоида ва амалҳои хоси худро дорост. Азхудкунии қоидаҳои бозӣ ва риояи онҳо ҳангоми бозӣ ба ташаккул додани мустақилиятнокӣ, худназораткунӣ ва робитаи байниҳамдигарии кӯдакон мусоидат мекунад. Дар раванди педагогӣ бозиҳои дидактикӣ асосан дар ду маврид истифода мешаванд: ҳамчун метод ва усули омӯзиш дар машғулиятҳои таълимии шиносоӣ бо муҳит ва табиат, тасаввуроти одитарини математикӣ, инкишофи нутқ, мусиқӣ ва муайяну мустаҳкам кардани донишҳои кӯдакон; ҳамчун фаъолияти мустақили кӯдакон ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, мазмуни бозиҳо ва қоидаҳои он ба вазифаҳои мушаххаси барномаи таълимию талаботи ин ё он фаъолияти омӯзишӣ алоқаманданд. Нақши мураббӣ дар интихоб ва гузаронидани бозиҳои дидактикӣ хеле муҳим аст. Бозиҳои мазкур ҳамчун фаъолияти мустақили кӯдакон одатан берун аз машғулиятҳои таълимӣ ташкил карда мешаванд. Дар ҳар ду ҳолат мураббӣ ба равиши бозиҳои номбурда роҳбарӣ ва назорат мекунад. Агар мураббӣ дар машғулиятҳо тарзи бозӣ карданро ёд диҳад, бо қоидаҳо ва амалҳои бозӣ шинос кунад, дар пайи мустақилона бозӣ кардани кӯдакон бошад, иштирокчии бевоситаи бозӣ мегардад ва рафтору муносибати байниҳамдигарии кӯдаконро назорат ва арзёбӣ менамояд. Идоракунии бозиҳои дидактикӣ се марҳиларо дар бар мегирад: омода намудан, ташкил ва доир намудани бозиҳо, таҳлили натиҷаҳои он. Дар омода намудани бозӣ чиҳоро бояд ба эътибор гирифт? Интихоби бозиҳо бо назардошти ҳадафҳои тарбия ва таълим мувофиқи синну сол, вақти гузаронидани онҳо тибқи реҷаи рӯз (дар ҷараёни машғулиятҳо ё берун аз онҳо), ҷойи доиршавӣ (дар гурӯҳ, дар майдончаи бозӣ, ҳангоми сайругашт…); муайян кардани шумораи иштирокчиён (як гурӯҳ, зергурӯҳ ё як кӯдак). Инчунин, дар марҳилаи якум интихоби маводи дидактикӣ (аёният, бозичаҳо, расму тасвирҳо, маводи табиӣ) муҳим мебошад. Мураббӣ бояд рафти бозиро пешакӣ омӯзад, қоидаю усулҳои гузаронидани бозиҳоро хеле хуб донад. Бозӣ он вақт самараи хуб дода метавонад, ки агар кӯдакон низ ҳаматарафа ба он омода бошанд, яъне оид ба ашё, ҳодисаҳои гирду атрофе, ки ба ҳалли вазифаҳои бозӣ равона шудаанд, тасаввурот дошта бошанд. Ҳар як бозии дидактикӣ ҳатман аз қоидаҳои бозӣ ва амалҳои бозӣ иборат аст. Агар ягонтои инҳо ба ҳисоб гирифта нашавад, он ба як машқи одӣ мубаддал шуда мемонад. Пас, саволе ба миён меояд, ки дар зери мафҳуми “Амалҳои бозӣ” чиро мефаҳмем?
Амалҳои бозӣ амалҳое мебошанд, ки кӯдакон онҳоро дар ҷараёни бозӣ истифода мебаранд. Амалҳои бозӣ гуногун мешаванд: дар гурӯҳҳои хурд, агар он дар ивазкунӣ, аз як ҷой ба ҷойи дигар бурдан, муқоиса ва интихоби ашё аз рӯйи ранг ва ҳаҷм, ғундоштани тасвиру расмҳо ифода ёбад, дар гурӯҳҳои калон робитаи байни кӯдакон муташаккил ва қавитар мегардад. Ҳамзамон, дар бозиҳои дидактикӣ мавқеи калонро бозичаҳои мардумӣ ишғол мекунанд, ки ҳар яки онҳо бо равшании ранг, ороиши хоси миллӣ, шавқу завқи кӯдаконро ба бозӣ дучанд менамоянд. Ин бозичаҳо ҳадяи беҳтарини аҷдодонамон ба насли наврас мебошад, ки то ин дам нигоҳ дошта шудааст: лухтакҳои бофта, гаҳворачаҳо, ҳайкалчаҳои чӯбини ҳайвонҳои хонагию ваҳшӣ, тӯбчаҳои латтагӣ, бодпаракҳо ва ҳоказо. Дар бозиҳои дидактикӣ расму тасвирҳои мазмундорро васеъ истифода мебаранд: ҷойи зисти одамон, меҳнати онҳо дар хона, корхона, замин, ашёи гуногун, либос, меваю сабзавот. Ҳаҷми расмҳо тахминан 15-20 см бояд бошад. Ғайр аз ин, мураббияҳо бозиҳои дидактикии шифоҳӣ доир мекунанд, ки дар онҳо ягон мавод ё бозича истифода бурда намешавад ва аслан, барои гурӯҳҳои калон ва омодагӣ ба мактаб пешбинӣ карда шудаанд: байтҳои навозишию дӯстдорӣ, номбар намудани аломати фаслҳои сол, амалҳои иҷрошудаи шабонарӯзӣ ва ғайра. Бозиҳои дидактикӣ ҳам берун аз машғулиятҳо ва ҳам чун шакли омӯзишӣ дар машғулиятҳои таълимӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Омодагӣ ба бозиҳо аз мураббиён маҳорати баланди касбиро талаб менамояд, зеро мураббӣ баъзе ҳадафҳои омӯзишро иҷро карда, вазифадор аст, ки бозиҳои мазкури шавқоварро нигоҳ дорад ва такмил диҳад.
Мураббиён ҳангоми ба нақша гирифтани кор бо кӯдакон, бозиҳои дидактикиро ҳам барои машғулиятҳо мувофиқ ва ҳам барои вақти пешбинишудаи бозиҳои тарбиятгирандагон (берун аз фаъолиятҳои омӯзишӣ) ба танзим медароранд. Дар анҷоми ҳар як бозии дидактикӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан мумкин аст, ба монанди ёфтани ҷавоби чистонҳо ва ҷавоби саволҳо оид ба ашёю бозичаҳо. Иҷрои супоришҳои омӯзишӣ маҳз муваффақияти кӯдакро нишон медиҳад. Баҳодиҳӣ ва ҷамъбасти бозӣ лаҳзаи муҳимтаринест дар идоракунии он. Мураббӣ кӯдаконеро, ки шартҳои бозиро дуруст иҷро карда, ба дигарон кӯмак расонданд ва фаъол будаанд, қайд менамояд. Таҳлилу арзёбӣ бояд ба беҳтар намудани сифат ва таъсирнокии бозиҳо равона карда шавад. Ғайр аз ин, таҳлили ҳаматарафаи раванди иҷрои бозӣ имконият медиҳад, ки мураббӣ минбаъд метавонад бо назардошти хусусиятҳои фардии кӯдакон, бозиҳоро дуруст ва мақсаднок ба роҳ монад. Акнун хусусиятҳои идоракунии бозиҳои дидактикиро дар гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ дида мебароем.
Гурӯҳи хурд /3-4-сола/
Мураббӣ бояд ба ҳисоб гирад, ки ҳаёти кӯдакони синни 3-4-сола аллакай рангинтару ҷолибтар мешавад, амалиёт дар бозию рафторҳо, дар муносибат бо дигарон мунтазам мураккабтару шавқовартар мегарданд. Аммо диққати кӯдакони ин син ҳоло он қадар устувор нест, яъне онҳо метавонанд, аз як фаъолият ба фаъолияти дигар дода шаванд. Аз ин рӯ, дар иҷрои бозиҳои дидактикӣ барои кӯдакони хурд баъзе мушкил пайдо мешавад. Истифодаи бозичаҳои диққатҷалбкунанда, усулҳои мухталифи гузаронидани бозӣ метавонанд, кӯдаконро барои иҷрои ҳадафҳои бозӣ ҳавасманд кунанд. Инчунин, бозиҳо метавонанд барои кӯдакон шавқовар гарданд, агар ба мазмуни онҳо ягон унсури нави душвортар ворид карда шавад, ки он қобилияти зеҳнии онҳоро ташаккул медиҳад. Ба тарбиягирандагони соли чоруми ҳаёт дарки ҳиссиётии гирду атроф хос буда, хоҳиши ламс кардани ашё, мушоҳидаи ҳаматарафаи ин ашё ва ҳатто маззаи онҳоро чашидан мушоҳида карда мешавад. Мураббӣ қоидаҳои бозиро дар ҷараёни бозӣ фаҳмонда медиҳад. Бозӣ он вақт самараи дилхоҳ медиҳад, ки агар мураббӣ кӯдаконро бо ашёи интихобшуда, тасвири расмҳо ва дигар маводи зарурии бозӣ пешакӣ шинос намояд. Аз ин лиҳоз, мураббӣ бояд маводи дидактикиеро интихоб намояд, ки ҳар як кӯдак онро шиносад, таҳқиқ кунад ва бо он фаъолона амалу бозӣ карда тавонад.
Дар анҷоми бозӣ мураббӣ бояд танҳо ҷиҳатҳои мусбии амали кӯдаконро қайд кунад: дӯстона бозӣ карданд, аҳлона бозичаҳою ашёро ғундоштанд ва ҳоказо. Ин тарзи кор имконият медиҳад, ки кӯдакон ҳавасманд шаванд ва боз хоҳиши дар бозиҳо иштирок карданро изҳор намоянд.
Гурӯҳи миёна /4-5-сола/
Ба кӯдакони синни 4-5-сола, пеш аз ҳама, устуворшавии диққат, бахотиргирии ихтиёрӣ, мукаммал гардонидани қобилияти дарккунии биноӣ, шунавоӣ ва ламскунӣ хос аст. Кӯдакон аллакай шаклу ҳаҷми мураккаби ашёро фарқ карда метавонанд. Захираи луғавӣ ғанӣ ва инкишофи тафаккури онҳо мушоҳида мегардад. Кӯдакон ашёро аз рӯйи ранг, сифат ва таъйинот метавонанд гурӯҳбандӣ кунанд. Мураббӣ ҳамаи хусусиятҳои мазкури синнии кӯдаконро ба эътибор гирифта, маводи бозиҳои дидактикии мувофиқро интихоб менамояд: зочаҳо, лото, саққочаҳо, расмҳои бурида, бозичаҳо ва ғайра. Нақши мураббӣ дар ин гурӯҳи синнусолӣ тағйирёбанда аст, яъне баъзан иштирокчии бозӣ мешаваду баъзан гузаронидани бозиро ба ихтиёри худи кӯдакон мегузорад. Масалан, пеш аз доир намудани бозии дидактикии “Ашёи аз ҳамин мавод сохтагиро ёбед!” мураббӣ бо тарбиягирандагон ашёи аз чӯб, металл, пластмасс ва резин тайёршударо аз назар мегузаронанд. Дар оғози бозӣ мураббӣ қоидаро фаҳмонда, таъкид мекунад, ки ашё дар хонаи гурӯҳ ҷой дода шудааст ва ҳар нафаре, ки меёбад, хосияти ашёро номбар мекунад ва ашёро ба ҷойи мувофиқи омодашуда мегузорад, яъне ашёи чӯбинро ба даруни қуттии чӯбин, ашёи резиниро ба даруни сарпӯши резинӣ… ва ҳоказо. Ҳамин тариқ, мураббӣ тасаввуроти кӯдаконро оид ба қоидаҳои бозӣ мустаҳкам мекунад.
Дар гурӯҳи миёна бо мақсади инкишофи нутқи кӯдакон, рушд бахшидани қобилияти зеҳнии онҳо тавассути тасаввурот бисёртар бозиҳои шифоҳии дидактикӣ доир карда мешаванд. Дар соли панҷум ин намуди бозиҳо устувории диққати кӯдаконро таъмин менамоянд. Мураббӣ барои ташаккул додани қобилиятҳои сенсории кӯдакон, инкишофи эҳсосу дарк ва маърифати психологии онҳо, ба монанди нутқ, идрок, тафаккур, хотир, ирода, намудҳои гуногуни бозиҳоро истифода мебарад.
Гурӯҳи калон /5-6- сола/
Сатҳи инкишофи зеҳнии кӯдакони гурӯҳи калони томактабӣ ба тасаввуроти аёнӣ- ҳиссиётӣ асос ёфта, фаҳмиши одии кӯдаконро на танҳо оид ба гирду атроф, балки доир ба ҳикояҳо, шеърҳои шунидаашон ва худи мафҳуми китоб пайдо мекунад. Дар ин синну сол ба кӯдак кунҷкобӣ, мушоҳидаи амалҳо ва ҳавасмандӣ ба тамоми рӯйдодҳо хос аст. Бо баробари васеъ гаштани ҳаҷми донишу фаҳмиши кӯдак, дар фаъолияти фикрии ӯ низ тайғирот рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби бозиҳо ба дараҷаи мураккаб будани мазмуни қоидаҳо ва амалҳо эътибори махсус дода мешавад, то ки кӯдакон дар иҷрои онҳо қувваи зеҳнию иродавии хешро нишон диҳанд. Дар гузаронидани бозиҳо мавқеи асосиро ҳадафҳои мусобиқа ишғол мекунад, ба кӯдакҳо имконияти мустақилона интихоби бозиҳо дода мешавад. Нақши мураббӣ дар бозӣ ҳалкунанда аст. Мураббӣ ба кӯдакон қоидаю мақсадҳои бозиро бояд саҳеҳ ва дуруст фаҳмонад. Кӯдакон мустақилона бозӣ мекунанд, мураббӣ назорат мебарад, то ки дар анҷом бозиҳоро натиҷагирӣ намояд.
Мураббӣ бояд бозиҳоеро, ки ба кӯдакон пешниҳод менамояд, хеле хуб донад. Дар гурӯҳҳои калон бозиҳои дидактикии шифоҳӣ ва бозиҳое, ки қобилияти фикркуниро талаб мекунанд, васеъ истифода мешаванд: домино, конструктор, шашка, бозӣ- чистонҳо, мозайка ва ғ. Ҳангоми доир намудани бозиҳои дидактикӣ хусусиятҳои хоси кӯдакони синни 5-6- соларо ҳатман ба эътибор бояд гирифт.
Гурӯҳи омодагӣ ба мактаб /6-7- сола/
Кӯдаки соли ҳафтум, аллакай қобилияти таҳлил ва қиёс намудани ашёро аз ҷиҳати аломатҳои хоси онҳо — ранг, шакл, ҳаҷм муайян карда метавонад. Дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб бозиҳое истифода мешаванд, ки кӯдак минбаъд ба василаи он бозиҳо фикрашро пайдарпай баён мекунад, тасаввуроти математикӣ ва нутқи шифоҳиро инкишоф медиҳад. Бозиҳоро худи тарбиягирандагон интихоб намуда, ташкил мекунанд. Мураббӣ танҳо мушоҳида мебарад ва дар лаҳзаҳои зарурӣ метавонад маслиҳатҳо диҳад. Мураббӣ дар ҷамъбасти бозиҳо бояд ба тарбияи ахлоқии байни кӯдакон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намояд: дастгирии ҳамдигар, ба бозии рафиқаш халал нарасонидан, ҳангоми ғолиб омадан худро таъриф накардан ва ғайра. Зеро ташаккул додани малакаҳои иҷтимоии кӯдакон, дар оянда барои таҳсил кардани онҳо дар мактаб мусоидат мерасонад. Дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб, чун дар дигар гурӯҳҳои синнусолӣ зарур аст, ки алоқамандии бозиҳои дидактикӣ бо фаъолиятҳои дигари кӯдакон роҳандозӣ карда шавад: бо бозиҳои эҷодӣ, унсурҳои аввалияи тарбияи меҳнатӣ, фаъолияти бадеӣ ва ғайра.
Ҳамин тавр, мураббӣ бо кӯдакони синни томактабӣ тамоми марҳилаҳои бозиҳои дидактикиро роҳбарӣ ва назорат менамояд (интихоби бозичаҳо, тасвиру расмҳо, маводи бозӣ) ва ин бозиҳоро мувофиқи талаботи барномаҳои таълимию қобилияти эҷодии хеш ба роҳ мемонад.
Намунаи бозиҳои дидактикӣ барои кӯдакони синни 3-7-сола
Бозиҳо барои кӯдакони 3-4-сола
Ғелондани саққочаҳо ба назди байрақчаҳо
Вазифаи дидактикии бозӣ – мустаҳкам намудани дарки рангҳо тавассути маводи омӯзишӣ: саққочаҳо ва байрақчаҳои ранга мебошад.
Мураббӣ ба кӯдакон саққочаҳои ранга тақсим мекунад. Дар байни гурӯҳ, болои гилем байрақчаи як ранги муайяндоштаро мегузорад. Аз кӯдакон хоҳиш мекунад, ки саққочаҳои ҳамранги онро ёфта, ба сӯяш ғелонанд. Ҳамин тариқ, мураббӣ пайдарпай байрақчаҳои дигар рангҳодоштаро низ дар фосилаҳои баробар гузошта, рангҳоро номбар карда, таъкид менамояд: “Ба назди байрақчаи кабуд саққочаи кабудро ғелондан даркор. Кӣ саққочаи кабуд дорад?”. Кӯдакон саққочаҳоро мувофиқи рангҳо ба сӯйи байрақчаҳо меғелонанд ва дар натиҷа як манзараи рангоранги зебо пайдо мешавад. Мураббӣ мепурсад: “Дар назди байрақчаи сурх – саққочаҳои сурх бошад, дар пеши байрақчаи сабз саққочаҳои кадом ранг истодаанд? ”
Мураббӣ ҳамроҳи кӯдакон ба назди ҳар як байрақчаю саққоча омада, дар бораи рангҳои маводи пешниҳодшуда аз кӯдакон мепурсад, кумак мекунад ва бозиро мустаҳкам ва ҷамъбаст менамояд.
Кӣ зудтар бозичаҳоро меғундорад?
Дар бозии додашуда маводи гуногунмазмун истифода шуда,танҳо аз рӯйи як аломаташон – ранг ҷамъ оварда мешаванд.
Маводи омӯзишӣ: табақчаҳои ранга, сабадчаҳо ва бозичаҳои гуногунранг. Мураббӣ қоидаи бозиро шарҳ медиҳад: пеши ҳар як кӯдак табақча ва ё сабадча гузошта мешавад. Баъдан аз онҳо хоҳиш менамояд, ки бозичаҳои ҳамранги табақчаю сабадчаро ёфта, болои онҳо гузоранд.
Калон ва хурд
Мураббӣ болои миз қуттичаҳо, кубикҳо ва табақчаҳо мегузорад, ки аз рӯйи ранг ва ҳаҷм фарқ мекунанд. Бо пешниҳоди мураббӣ баъзе кӯдакон бояд табақчаҳо, гурӯҳи дигар кубикҳо ва сеюмин табақчаҳоро танҳо аз рӯйи ҳаҷми якхела ёфта гиранд. Баъдан мураббӣ диққати кӯдаконро ба ҳаҷми гуногуни бозичаҳо ҷалб намуда, хоҳиш менамояд, ки дар мобайни миз кубики аз ҳама калон ва хурдро гузоранд. Кӯдакон кубикҳои калону хурдро муқоиса намуда, мегӯянд: “Ин кубик калон аст, ин кубик хурд аст”.
Бо мақсади васеъ гардонидани тасаввуроти кӯдакон оид ба бузургии ашё мураббӣ хоҳиш менамояд, ки маводро вобаста ба рангу ҳаҷм ҷудо кунанд.
Бозиҳо барои кӯдакони синни 4-5-сола
Ин хелашро ёбед
Бозӣ кӯдаконро ба шавқ меорад ва онҳо таваҷҷуҳро бештар ба мушоҳида, муқоиса, монандӣ ва фарқияти ашё равона мекунанд. Мураббӣ пеш аз сайругашти кӯдакон ба боғ, беша ва боғи фароғатӣ ба онҳо баргҳои дарахтону буттаҳои гуногунро тақсим мекунад ва мефаҳмонад, ки баргҳои дар даст доштаашон аз кадом дарахт ё бутта ҳастанд, муайян кунанд. Кӯдакон бояд аз кадом дарахт будани барги дар даст доштаро ёбанд ва исбот намоянд, ки чаро ин хел фикр доранд? Мураббӣ ба кӯдакон хотиррасон мекунад, ки бигзор, аз мушоҳидаю муқоиса ва шакли баргҳои дарахтон истифода баранд.
Сагча канӣ?
Кӯдакон давра мешинанд. Мураббӣ назди кӯдакон хоначаи сагчаро гузошта, бозичаи сагчаро гирифта, ба самтҳои гуногун нисбат ба хонача ба ҳаракат медарорад. Мураббӣ аз кӯдакон мепурсад: “Сагча дар куҷо истодааст?”. Кӯдакон бояд муайян кунанд: назди хонача, дар қафои хонача, дар назди дари даромад, дар тарафи рост ё чап нисбат ба хонача ва ҳоказо.
Бозӣ такрор меёбад ва кӯдаконе, ки дуруст ҷавоб медиҳанд, метавонанд сагчаро ба ҳар сӯй тоб дода, аз кӯдакон хоҳиш мекунанд, ки мавқеи ӯро нисбат ба хонача муайян кунанд. Бозӣ фаҳмиши кӯдаконро оид ба тасаввуроти фазо инкишоф медиҳад.
Чӣ дар куҷо мерӯяд?
Ҳадафи асосии бозӣ – муайян намудан ва ташаккул додани тасаввуроти кӯдакон доир ба олами наботот мебошад, яъне кадом растанӣ дар куҷо мерӯяд.
Мураббӣ дар ҷараёни бозӣ ба кӯдакон расми мева, сабзавот ва меваи буттагиро пешниҳод намуда ягон расмро нишон дода, савол медиҳад: “Ин мева (сабзавот…) дар куҷо мерӯяд?”. Кӯдакон бояд нишон ва ҷавоб диҳанд, ки дар боғ, полиз ё беша ва ғайра. Кӯдаке, ки дуруст ҷавоб медиҳад, ба ӯ ягон намуди мева ё сабзавотро туҳфа медиҳанд. Ғолиб нафаре ба ҳисоб меравад, ки аз ҳама зиёд туҳфа гирад.
Бозиҳо барои кӯдакони синни 5-6-сола
Кӣ бисёртар медонад?
Мураббӣ диққати кӯдаконро ба он ҷалб мекунад, ки дар хонаи гурӯҳ ашёи зиёде мавҷуданд ва на ҳамаашонро болои миз, даруни сабад ё қуттӣ гузоштан имконпазир бошад, масалан, ҷевон, қандил ва ҳоказо. Мураббӣ вазифа мегузорад: “Канӣ, ҳамаи ашёи иҳотакардаро мушоҳида кунед ва ҷавоб диҳед, ки кадом ашё (мебел, рамаҳою шишаҳои тиреза, дарҳо, китобчаҳо, бозичаҳо…) аз чӣ сохта шудааст?”. Баъдан кӯдакон ҳамроҳи мураббӣ ба назди ашёи гуногуни гурӯҳ омада меистанд ва бо навбат ҷавобҳоро пешниҳод менамоянд. Баъди анҷоми бозӣ мураббӣ бо кӯдакон якҷо ҷавобҳои дуруст ва миқдори ашёро ҳисоб мекунанд. Мураббӣ барои ҳавасманд кардани кӯдакон ситорачаҳоро омода намуда, ба кӯдаконе, ки ашёи чӯбин ёфтанд, ситорачаҳои сабз, ашёи шишагӣ ёфтанд, ситорачаҳои сафед ва ашёи коғазиро муайян кардаанд- ситорачаҳои зард тақдим мекунад. Инчунин, тавсия дода мешавад, ки бозии мазкурро метавонанд ҳангоми сайругашт дар майдончаи бозӣ, ки таҷҳизоти зиёд дорад, ташкил кунанд.
Ин тавр кунед!
Болои миз (ё дар ҷойҳои дигари хонаи гурӯҳ) бозичаҳо гузошта мешаванд. Кӯдакон қатор шуда, мавқеи бозичаҳоро дар фазо мушоҳида менамоянд, яъне кадом бозича дар кадом самт ҷой дода шудааст. Масалан, дар мобайн зоча, дар кунҷи чап арча, дар рости он харгӯшча, болои рафҳои ҷевон ва ҳоказо. Кӯдаке аз қатор баромада, дур рафта меистад ва дар ин лаҳза ҷойи як-ду бозичаро иваз мекунанд. Кӯдак гашта омада, бояд ёбад, ки чӣ тағйир ёфт. Ҳамин тавр, кӯдакони дигар ҳам бозиро давом медиҳанд ва мураббӣ метавонад бозиро такроран ташкил намояд.
Ин дар кадом вақт рӯй медиҳад?
Дар ин бозӣ мураббӣ тасаввуроти кӯдаконро оид ба фаслҳои сол мустаҳкам менамояд ва нутқи онҳоро инкишоф медиҳад. Мураббӣ пешакӣ расмҳои фаслҳои солро, ки аломатҳои фарқкунанда, иду хушҳолиҳои хос доранд, омода менамояд:
Тобистон: офтоб, алаф, гулҳои бисёр, мева, сабзавот; алафу гандум даравидан, мевачинӣ; оббозии кӯдакон, бозӣ бо тӯб, моҳигирӣ ва ғайраҳо.
Тирамоҳ: хазонрезӣ, боридани борон, рафтани парандаҳои мавсимӣ ба ҷойҳои гарм, ҷамъоварии мева, сабзавот, пахта, оғози таҳсил дар мактабҳо, омодагии ҳайвонот ба зимистон (санҷоб замбурӯғу чормағзро захира мекунад).
Зимистон: барф, шамол, захираи ҳезум, саворшавии кӯдакон дар чанаҳо, лижаронӣ, аз барф сохтани арча, барфак.
Баҳор: обшавии яхҳою барф, омадани парандаҳои мавсимӣ, гулҳои аввалин, ҳашарот, шинондани сабзавот дар полиз, анҷоми соли хониш.
Бозиҳо барои кӯдакони синни 6-7- сола
Баръакс
Кӯдакон давра меистанд. Мураббӣ бо навбат тӯбчаро ба сӯйи ҳар як кӯдак ҳаво медиҳад. Кӯдаки тӯбчаро доштагӣ бояд ба гуфтаҳои мураббӣ диққат дода, даррав ҷавоби мувофиқ диҳад ва тӯбчаро боз ба мураббӣ равон кунад. Мисол, мошинча –ин бозича, миз – ин мебел, курта — либос, коса – зарф ва ҳоказо.
Кӯдаке, ки ҷавоб дода натавонист, ё тӯбчаро ғалтонд, аз бозӣ хориҷ мешавад.
Дирӯз, имрӯз, фардо
Кӯдакон давра меистанд. Мураббӣ калимаеро гуфта, тӯбчаро ҳаво медиҳад. Кӯдаке, ки тӯбчаро медорад, бояд вақти муайянро номбар кунад. Масалан, “Имрӯз ба сайругашт меравем. Дирӯз расмкашӣ доштем. Пагоҳ машғулияти мусиқӣ дорем”.
Ҳамин тавр, тасаввуроти кӯдакон оид ба вақт ташаккул дода мешавад.
Кӣ чиро медонад?
Мураббӣ бозиро бо мақсади муайян намудани дониши кӯдакон дар бораи ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ мегузаронад. Мураббӣ расмҳои ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳширо болои миз чаппа мегузорад. Кӯдакон бо навбат расмеро гирифта, доир ба ҳайвони тасвирёфта маълумот медиҳанд: номи ҳайвон, фоида ё зарарашро барои инсон бояд нақл кунанд. Кӯдакон барои ҷавобҳои дурусташон ҳавасманд гардонида мешаванд.
Тӯтихон ДЕВОНШОЕВА –
омӯзгори калони ДҶТИБКСМ