(Дарси намунавӣ аз фанни забони давлатӣ дар синфи 6-ум)
Мақсади дарс: фаҳмондани мафҳуми касб, маълумот дар бораи хелҳои касб, муҳим будани меҳнат дар ҳама намуди касб, инкишоф додани қобилияти меҳнатии хонандагон.
Услубҳои дарс: занҷирбандӣ, муколамавӣ, масъалагузорӣ, аёнӣ.
Ҳамбастии фанҳо: таърих, забон ва адабиёти рус, мусиқӣ, санъати тасвирӣ.
Аёният: кроссворд, луғати тафсирӣ, либосҳо мувофиқи касб, тест, тахтаи сиёҳ, компютер, видеопроектор, варақаҳо, мавод доир ба мавзуъ, магнитофон, расмҳо.
Баёни мавзуъ: Ҳамаи касбҳо хубанд.
Омӯзгор: – Пеш аз он ки мавзуи навро оғоз кунем, аввал кроссвордро пур мекунем:
Бигӯ, ки хӯроки хуб,
Барои мо кӣ пазад?
Шӯрбову оши палав
Хӯришҳои нав ба нав?
(Ошпаз)
Хондану навиштанро
Барои мо кӣ омӯхт?
(Муаллим)
Чароғаки роҳнамо
Бошад роҳнамои ӯ
Кист ин шахс, канӣ, гӯ!?
(Ронанда)
Аз дарёи беканор,
Моҳӣ мекунад шикор.
(Моҳигир)
Гулӯямон дард кунад,
Саракамон дард кунад
Поякамон дард кунад
Ба назди кӣ меравем?
(Табиб)
Ба Осмон мепарад,
Ба Моҳтоб мешинад.
Ситораро аз наздик,
Ӯ дида метавонад.
(Кайҳоннавард)
Кӣ ба мо курта дӯзад?
Зебову шинам дӯзад?
(Дӯзанда)
Дар навояш мерақсем,
Механдему мебозем.
Дар тӯю маъракаҳо,
Ӯ мехонад сурудҳо.
(Сароянда)
Гурба пояшро шикаст,
Сагча думашро бурид,
Гӯсфанду гов бемор шуд
Ба назди кӣ мебарем?
(Байтор)
Қонунро хуб медонад,
Бо он амал мекунад.
Ҳуқуқи ҳар кадомро
Ӯ ҳимоя мекунад.
(Ҳуқуқшинос)
Ӯ қаламро гирифта,
Расми туро мекашад.
Чунон зебову дилкаш,
Кӣ бошад ин қаламкаш?
(Рассом)
Омӯзгор: – Аз ҳамаи ин касбҳо боз як ибораи дигар низ ҳосил шуд. Онро кӣ меёбад? Офарин, «Олами касбҳо»! Имрӯза суҳбати мо оид ба «Олами касбҳо» доир мегардад. Бачаҳо, маънои касб чист? Фарҳанги тафсирӣ ба мо чунин маълумот медиҳад: Касб машғулияти асосӣ буда, он бо меҳнати муайян амалӣ гардонда мешавад. Мисол, касби омӯзгорӣ, ронандагӣ, духтурӣ ва ғ.
Бозии “Варақаҳо”: Бачаҳо аз байни варақҳо бонавбат якеро интихоб мекунанд ва аз рӯи муҳтаво маълум мекунанд, ки сухан дар бораи кадом касб рафта истодааст.
- Даҳонатро кушо ва «А-а-а» гӯй.
- Бақияи шумо 10 сомонӣ.
- Мавзуи дарси имрӯзаи мо «Феъл» аст.
- Моҳиро шикор намо, ҳам хурд ва ҳам бузург.
- Барои кор ба ман албом ва қалами ранга лозим.
- Кадом дандонатон дард мекунад?
- Ӯ шеър меофарад, афсонаву нақл менависад.
- Мӯятонро чӣ қадар паст кунам?
- Сатил, ҷорӯб, асбоби фаршшӯӣ ҳамеша бо ӯст.
Омӯзгор: – Офарин! Шумо ҳамаи касбҳоро дуруст муайян кардед. Акнун ба ин овеза нигоҳ кунед, ки дар он сурати одамон бо касбу корашон оварда шудааст. Хонандагони азиз, шумо бояд ба зери ин расмҳо номи касбро дуруст ҷойгир кунед.
Ҳамаи касбҳо хубанд
Омӯзгор: – Бисёр нағз, умуман, ҳамаи касбҳо хубанд, баъзан инсон мехоҳад, ҳам омӯзгор шавад, ҳам дӯзанда, ҳам кайҳоннаварду ҳам ҳуқуқшинос. Аммо инсон, новобаста аз гуногунии касбу кор, машғулияти дилхоҳ дорад, ки дар оянда мумкин аст ба касби дӯстдоштааш табдил ёбад. Ва касби ӯ на танҳо барои худаш, балки барои атрофиён низ лозим шуда метавонад. Масалан:
– Аз шумо кӣ мехоҳад нони шӯр ва бемазза истеъмол намояд?
– Кӣ мехоҳад, либоси зебо ва кафши дарида пӯшад?
– Кӣ мехоҳад, дар нақлиёте, ки дар он савор шудаед, шуморо дар нимароҳ партояд?
– Кӣ мехоҳад, партовҳоро дар кӯчаҳо паҳну парешон бошанд?
– Кӣ мехоҳад, дар хонаҳои зебову мустаҳкам зиндагонӣ кунад?
Бачаҳои азиз, аз ин ҷавобҳо ба хулосае омадан мумкин, ки ҳамаи касбҳо хубанд.
Зарбулмасалу мақолҳо
Омӯзгор: – Аз ҷавобҳои шумо маълум мешавад, ки агар ҳамаи касбу ҳунарҳо нопадид шаванд, дунёи мо, зисту зиндагии мо маънияшро гум мекунад. Барои он ки мо ин касбҳоро аз даст надиҳем, бояд бисёртар меҳнат кунем. Аз давраҳои қадим то имрӯз одамро бо касбу кор ва меҳнаташ қадр мекунанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Дарёро об машҳур мекунад, одамро меҳнат». Ба ин монанд дар ҳар халқу миллат бахшида ба бузургии меҳнат бисёр зарбулмасалу мақолҳо гуфта шудаанд, биёед, ба хотир меорем.
(Бачаҳо мақолҳову зарбулмасалҳоро мегӯянд. Бо ёрии муаллим дигар зарбулмасалҳо гуфта мешаванд).
Аз бекор ҳама…(безор)
Аз ором нишастан…(гавҳари мақсуд ба даст намеояд)
Бе меҳнат…(роҳат муяссар намешавад)
Гар кунӣ ҳаракат…(ёбӣ зари пурқимат)
Имрӯз меҳнат…(фардо роҳат)
Ранҷи мо…(ганҷи мо)
То даст наҷунбад….(даҳонат намеҷунбад)
То меҳнат накунӣ…(нон намеёбӣ)
Бо кор будан дар роҳат…(бекор будан дар ғурбат)
Омӯзгор: – Хулоса, меҳнат моро обрӯву эътибор мебахшад, машҳур мегардонад, касбу шуғли дӯстдошта моро ба ҳаёт дилгарм месозад. Акнун ба дафтаратон ин зарбулмасалу мақолҳоро навишта гиред.
Кор бо калимаҳои нав
Омӯзгор: – Дидам ва донистам, ки шумо дар оянда мутахассиси касби худ мешавед, албатта, агар аз меҳнат натарсед. Бо гузашти айём рӯзе фаро мерасад, ки шумо бо интихоби дурусти касб рӯ ба рӯ мешавед: «Кӣ бояд шавам?», лекин имрӯз асоситарин интихоби шумо бояд хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ дар гимназия ва берун аз он бошад.
Кор бо калимаҳои нав: Ошпаз, муаллим, қонун, касб, бақия, устои мошин, боғбон.
Супориши хонагӣ. Аз худ кардани зарбулмасал ва мақолҳо. Навиштани нақл оид ба «Касби ояндаи ман».
Шаҳноза ЗАРИФОВА –
сармуаллимаи Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
Сарчашма: «Маорифи Тоҷикистон» – №8, августи соли 2021, саҳ. 30-32