Маълум аст, ки тарбия раванди басо мураккаб ва дорои ҷанбаю самтҳои гуногун буда,дар ҳама давру замон асоси ташаккули ҳаматарафаи шахсият маҳсуб меёбад. Ба ибораи дигар, маҳз тарбия инсони комил ва фаъолиятманди ҷомеаро меофарад. Барои ташаккули шахсияти комил намудҳои гуногуни тарбия корбаст мешаванд ва онҳо дар маҷмуъ неруи тавонои инсонсозанд. Ба ифодаи дигар, тинати инсонӣ сар то ба по аз тарбия вобастагии амиқ дорад. Пас, тарбия чист?
Тарбия нурест, ки қалби насли наврасро равшанӣ мебахшад, ҳодии роҳи ба мақсадҳои нек расидан, калидест, ки дари хушбахтиҳоро ба рӯи шахс боз мекунад. Ҳамчунин, тарбияи насли наврас аз ҷониби калонсолон омӯзонидани таҷрибаҳои ҳаётии дар тӯли қарнҳо андӯхташуда ва фаъолияти меҳнатӣ аст. Педагогҳои варзида таъкид менамоянд, ки барои муваффақ шудан дар тарбияи ахлоқии наврасон, пеш аз ҳама, бояд шуури ахлоқии онҳоро ташаккул дод. Яъне фарзандону шогирдони мо бояд баду некро фарқ карда тавонанд, моҳияти ахлоқии ҳамидаро бидонанд, соҳиби донишҳои ахлоқӣ бошанд. Файласуфи рус Н. А. Добролюбов ба ин мазмун навиштааст: «Қисми бисёри ҷиноятҳо ва рафторҳои ношоиста аз сабаби нодониву ҷоҳилӣ ва ноогаҳӣ аз моҳияти амалҳои гуногун рух медиҳанд…Бисёр одамоне ҳастанд, ки аз содир кардани ҳама гуна рафторҳои ношоиста ҳазар намекунанд ва ин бештар аз он сабаб аст, ки дар бораи моҳияту оқибати ин ё он амали хеш маълумот надоранд, дар байни неку бад мекалаванд».
Донишҳои ахлоқӣ дар раванди таълим, бо роҳи суҳбатҳои махсус ва аз таҷрибаи ҳаёт ҳосилшуда барои такомулу фаҳми мафҳумҳои ахлоқӣ, ба вижа, барои дарки неку бад, хубу зишт мусоидат менамоянд. Мафҳуми дигари ба тарбияи ахлоқӣ алоқаманд одатҳои ахлоқӣ мебошад. Ташаккулёбии одатҳои ахлоқӣ раванди бардавом буда, қонуниятҳои зиёдеро дар бар мегирад ва бо омилҳои психологӣ иртибот дорад. Раванди барҳам додани одатҳои бад боз ҳам сангинтар буда, барои комёб шудан дар ин роҳ оила, муассисаи таълимӣ, муҳит ва коллективизм метавонад нақши бориз дошта бошад. Дар ҳама давру замонҳо, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, мардуми мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса дода, барои дар рӯҳияи ватанпарастиву худшиносӣ, илмомӯзию маърифатпарварӣ, ахлоқи ҳамида ва бонангу номус ба воя расонидани фарзандони хеш ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд. Ин аст, ки тӯли асрҳои зиёд дар хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзона ба дунё омадаву ба камол расидаанд, ки онон барои халқу Ватани худ ва аҳли башар хизматҳои мондагор кардаанд. Кулли муваффақияту дастовардҳо, мардонагиву қаҳрамониҳо, шарафмандию сарафрозии фарзандони халқи тоҷик маҳз натиҷа ва заҳмати падару модар аст. Доир ба нақши падару модар дар тарбияи фарзанд ва ё баръакс, вазифаи фарзанд дар бобати эҳтиром гузоштан ба падару модар ва таъмину нигоҳубин кардани онҳо асарҳои пурарзиши ахлоқие, аз қабили китобҳои муқаддаси «Авесто», «Забур», «Таврот», «Инҷил», ва «Қуръон», «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тусӣ, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғаззолӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Давонӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо таълиф шудаанд, ки дар онҳо таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърих гирдоварию ҷамъбаст гардида, рисолати падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд бо далелҳои зиёд исбот кардаанд.
Боиси таассуф аст, ки надонистани таъриху тамаддуни гузашта, надоштани дониши кофии диниву дунявӣ ва аркони саҳеҳи дини ислом баъзе ҷавонони беиттилоъ аз Қуръону суннатро бегонапарасту тақлидкор ва хатарзо намудааст. Бисёр шигифтангез аст, ки ин тоифа одамон, масъулияти инсонгарӣ ва худопарастии худро дар қатлу куштор, тундгӯию тундхӯӣ ва куфру бидъат эълон доштани дигар мусалмонон медонанд. Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки пеш аз ҳама, худашон аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён огаҳӣ дошта бошанд ва фарзандонро барои рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор ва ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ҳидоят намоянд. Доир ба ин мавзуъ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид намудаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ, расму оини ниёгон огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонанд ».
Мутаассифона, солҳои охир гаравиши ҷавонону ноболиғони сабукфикр ва каммаърифат ба гурӯҳҳои ифротиву терророристӣ дар Тоҷикистон низ ба миён омад. Омӯзиш ва таҳлилу баррасии иттилооти ҳамарӯза ва баҳсу мунозираҳои иддае аз ҷавонони гумроҳу фирефташуда дар шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники», «Фейсбук», «Ютуб» ва дигар сафҳаҳои шахсӣ бозгӯи онанд, ки ҷавонони ифротманиш ва тундгаро пайваста мекӯшанд, ки сафҳои ҳамақидаҳояшонро зиёд кунанд, ки ин боиси нигаронист. Бархе аз фарзандони тоҷик, ки гумроҳу бехабар аз ҳақиқати исломанд, ба гурӯҳҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ихвон-ул-муслимин», «Ҳизби Наҳзати Ислом» ва ғайра пайвастанду қурбонии мансабхоҳону манфиатҷӯён ва душманони Ватани хеш гаштанд. Бадхоҳону нотавонбинон, душманони миллати тоҷик ва мазҳаби ҳанафӣ ҳеҷ гоҳ таълимоти дурусту саҳеҳи дини мубини исломро намеомӯзонанд. Баръакс, онҳо ифрот ва ситезаҷӯиву даҳшатафканиро таблиғ менамоянд. Онҳо бо шеваҳою методҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ ноболиғону ҷавонони ноогоҳро ба доми худ афтонда, ба манфиати созмонҳою ҳаракатҳои бадкеш истифода мебаранд. Ин аст, ки зумрае аз чунин бадтинатону нотавонбинон ва манфиатҷӯёни кӯрдил аз миёни худи мо берун омада, чун фарзандони нохалафу кӯрнамак намакдон шикаставу хиёнат ба Модар-Ватан карданду карда истодаанд. Омӯзиш ва таҳлилу таҷрибаҳо собит намудаанд, ки аксари ифротиён ва аъзои гурӯҳҳои экстремистиву террористиро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки дар оила, ҷомеа ва мактаб таълиму тарбияи мукаммал нагирифта, зери таъсири ақидаҳои ғаразноку манфиатхоҳ амалҳои вахшатангезро анҷом медиҳанд.
Барҳақ, дар ташаккули шахс ва ҳамчун инсони комил тарбия ёфтани ӯ нақши падару модар ва тарбияи хонаводагӣ басо бузург аст. Ба таври дигар, он гуна, ки иморат аз хиштҳо бунёд меёбад, ҷамъият низ аз оилаҳо ташкил меёбад. Ё агар оиларо зербинои ҷамъият номем, фарзандони оила хиштҳои аввали бинои он ба ҳисоб мераванд. Ва агар ин зербино сусту заиф ва хишти аввали он каҷ ниҳода шавад, давлату ҷамъият ва ояндаи миллат пойдор нахоҳад монд. Меъмори ин иморати ҷамъият, пеш аз ҳама, падару модаронанд. Вазифаи онҳо танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, масъулият, вазифа ва уҳдадориҳои асосии онҳо тарбия намудан ва инсони бомаърифат, хушодобу созанда, лоиқи давру замонро ба воя расондан аст. Худшиносию худогоҳӣ, ҷаҳонбинии фарзанд дар муҳити оила, дар канори падару модар ташаккул меёбад. Кӯдак мушоҳидакор, кунҷков ва муқаллид аст. Ӯ ба рафтору гуфтор, ва кирдори падару модару дигар аъзои оиларо пайравӣ мекунад. Аз ҳар амалу ҳаракати онҳо ибрат мегирад ва кӯшиш мекунад, ки мисли онҳо бошад. Муҳити хонаводагӣ барои кӯдак ватани ӯ, дунёи ӯ аст. Аз ин ҷиҳат дараҷаи маънавиёти аъзои оила чуноне ки ҳаст, инсони навро ончунон месозад. Оила гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ бошад ҳам, вале офарандаву бахшандаи ҳаёт ва ҳастию бақои давлату миллат аст. Дар оила асосҳои ҳамаи мафҳумҳо, ақоид, ҳиссиёт одат ва расму оинҳои нахустин гузошта мешаванд, ки онҳо пайваста дар ташаккулёбии шахсияти фарзандон замина мегузорад. Оила нахуст ҷоест, ки тифл тасаввуроти дуруст ё нодуруст пайдо мекунад, эҳсосоти қавӣ ё заиф ба даст меорад. Аз ҷониби дигар, оила мактаби аввалини таълиму тарбияи кӯдак буда, воситаи асосиест барои интиқоли одобу ахлоқ, расму оин ва суннатҳои саҳеҳи аҷдодӣ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» волидон ва шахсони ивазкунандаро ба тариқи зайл муваззаф кардааст: «Барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароитҳои зарурӣ муҳайё созанд, ҳуқуқ ва ва қадру қимати фарзандро ҳимоя намоянд, фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накукорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбат ба аҳли хонавода, забони модарӣ, адабиёту таърих,эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд, ба фарзандон барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат намоянд ва ё дар хона шароит муҳайё созанд, ки дар сатҳи талаботи давлатӣ маълумот гиранд, фарзандонро дар руҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намоянд.» (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф”, боби 5, моддаи 46).
Аз ин хотир, дар ин марҳилаи басо ҳассос ва муборизаҳои ошкору ниҳони неруҳои гуногун, ҷаҳонишавӣ, доман паҳн намудани падидаҳои номатлуб, бархӯрди ақоид вазифаи муқаддаси падару модарон ва дигар аъзои калонсоли оила, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Фарзандон бояд дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, камолоти инсонӣ, риояю арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ таълим дода шавад, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун фарзандони асили миллат ва ворисони арзандаи ин марзу буми аҷдодӣ ба воя расанд. Зеро фарзанди солеҳу хушахлоқ, соҳибҳунару донишманд, ватандӯсту худогоҳ дар баробари он ки сарвати азизу бебаҳои падару модар мебошад, ба арзиши маънавии давлат ва сармояи зеҳнии он дохил шуда, сатҳу сифати маърифатнокии ҷомеа ва қудрати давлатро муайян мекунад.
Ин ҳама дар сурате даст медиҳад, ки агар се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа дар пайвастагии мутақобила фаъолият дошта бошанд. Коста гардидани маънавиёт, ахлоқ, одобу рафтори гурӯҳе аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, боло рафтани сатҳи қонуншиканиву ҷинояткорӣ маҳз натиҷаи саҳлангорӣ нисбат ба тарбияи хонаводагӣ мебошад. Ҳарчанд баҳри баланд бардоштани сатҳи тарбия ва ахлоқу маънавиёти наврасону ҷавонон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зиёд чун: Консепсияи миллии тарбия соли 2006, Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соли 2011ва Барномаи давлатии тарбияи насли наврас соли 2012 қабул гардида, аз мавриди амал қарор гирифтанашон солҳо сипарӣ шуда бошад ҳам, вале натиҷаҳои дилхоҳ ба бор наовардааст. Ин нуктаро Президенти кишвар дар Паёми соли 2015 ҳам басе хуб таъкид карда буданд. Вале то ба ҳол механизми дурусти татбиқи он муайян нашудааст. Пас, ин механизмро кӣ бояд муайян кунад? Оё метавон тариқи дастур, роҳнамо ва ё нақшаи чорабиниҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияшуда дар ҳамаи манотиқи кишвар татбиқи Қонуни мазкурро таъмин намуд? Мутаассифона, аксарияти падару модарон ва омӯзгорону мутасаддиёни тарбия дар ҳамин ақидаанд.
Вале, набояд фаромӯш кард, ки зиёда аз 76 фоизи аҳолии кишвар дар кӯҳистон, дар рустоҳо зиндагӣ доранду вазъ, шароит, имконият, сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии мардуми ҳар як минтақа, ҳар як деҳа ва ҳар як муассисаи таълимӣ аз ҳам ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳатто расму оинҳо, ҷашну маросимҳо, шаклҳои тарбия фарқият доранд. Аммо бештари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ, дастуру раҳнамоҳо, модулҳои гуногун, нақшаи чорабиниҳои сохторҳои давлатӣ зиёдтар бо дар назардошти ҳаёти рӯзмарраи сокинони шаҳру марказҳои сераҳолӣ таҳия мешаванд. Аз ин хотир, ин санадҳо метавонад дар баъзе шаҳру ноҳия ва минтақа муваффақона амалӣ гарданд, аммо на дар саросари ҷумҳурӣ. Аз ин рӯ, дар маҳалҳо бояд ҳокимияти маҳаллӣ, Шурои деҳот, кумитаи маҳал, маъмурияти муассисаи таълимӣ бо мувофиқа бо намояндагони дину фаъолони маҳал ва дигар мутасаддиён дар асоси ин санадҳо бо дар назардошти расму оин, дараҷаи маърифатнокӣ шароиту имконият ва сатҳи зиндагии мардум ҳуҷҷатҳое омода ва таҳия кунанд, ки роҳҳо ва механизми дурусти татбиқи Қонуни мазкурро ифода карда тавонад. Чунки онҳо аз намояндагони мақомоти болоӣ дида, бештар ба мардум наздик буда, аз ҳаёту зиндагии ҳар як оила хубтар воқифанд.
Дар ҳақиқат, бе тарбияи дуруст, бе маънавиёту мафкураи миллӣ ва ахлоқи ҳамида ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ғайриимкон аст. Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ноболиғон, майл кардани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона, даст задани онҳо ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ маҳз натиҷаи саҳлангории падару модарон аст. Тарбияи кӯдак яке аз самтҳои муҳим ва асосии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, вале бояд дар хотир дошт, ки тарбия пеш аз ҳама, вазифаю рисолати муқаддаси ҳар як падару модар буда, аҳли ҷомеа низ дар ин раванд масъуланд. Тарбия дар одоби рафтору гуфтор, кирдору муносибат, андешаву амалҳои ҳаррӯзаи инсон зоҳир гардида, фарҳангу маданият ва мақому манзалати шахсро дар зиндагӣ ифода мекунад. Комёбиву нокомиҳои шахс дар зиндагӣ ва кору пайкораш низ аз сатҳи таълиму таълиму тарбия вобастааст. Иҷрои ин вазифа басо доманадору заҳматталаб буда, аз падару модар, калонсолони оила, омӯзгорону ҷомеа ҳамкориву ҳамдастии ҷиддиро талаб мекунад. Аз ин хотир, дуруст ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон дар муҳити оила яке аз шартҳои асосӣ ва муҳими пешгирии косташавии ахлоқу маънавиёти наврасону ҷавонон аст.
Ҳангоми ба дунё омадани тифл вазифаю масъулияти волидайн дучанд мешавад. Падару модарон дар солҳои авали бавоярасии кӯдак бештар ба таъмин ва қонеъгардонии талаботи моддии ӯ аҳамият медиҳанд, вале талаботи маънавӣ ва ахлоқии ӯро то ҷое аз мадди назар дур мегузоранд. Ҳол он ки одобу ахлоқи нек, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, фурӯтанӣ, ватандӯстиву саховатпешагӣ хислатҳои беҳтарини инсонанд, ки фарзандон инро дар оила аз волидон ва калонсолони оила меомӯзанд. Агар муҳити оила солим, фарҳангӣ ва дар байни аъзои оила меҳру муҳаббат ва эҳтироми тарафайн мавҷуд бошад, таъсири мусбии он ба фарзандон мерасад. Дар воқеъ, оила мактаби нахустин ва падару модар устодони асосии тарбияи фарзанд мебошанд. Онҳо дар саргаҳи андешаву эҳсос, таълиму тарбия ва рушди ҷаҳонбинии фарзанд қарор доранд. Аз ин сабаб, фарзандон ба олам ба дилу дидаи онҳо назар меафкананд.
Мутаассифона, бо сабаби он ки сатҳи зиндагӣ ва маълумотнокии падару модарон гуногунанд, раванди таълиму тарбияи кӯдакон ҳам як хел нест. Аз ҷониби дигар, камтаҷрибагии падару модарони ҷавон, аз ҳад зиёд нозпарвару эрка тарбия намудан, пинҳон доштани гуноҳи фарзандону онҳоро тарафгирӣ кардан ва боз сабабҳои зиёди дигар боиси коста гардидани тарбия мешавад, ки ислоҳи он минбаъд барои падару модар, мактаб ва ҷомеа мушкилӣ ба бор меорад. Аз ин рӯ, муайян намудани сабаб ва омилҳои пастшавии маънавиёт ва косташавии ахлоқи бархе аз наврасону ҷавонон ва пешгирии он яке аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб мешавад.Бинобар ин, мавзуи баҳси пажуҳиши мо дар заминаи омӯзиш, тахқиқу таҳлили омори панҷ соли охир, назарсанҷиҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои гуногун, маълумотномаю ҳисоботи Вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, барномаҳои ҷудогонаи давлатӣ ва мақолаҳои алоҳидаи дар васоити ахбор ба табърасида сурат гирифта, ба доираи васеи падару модарон ва масъулин имконияти хулоса кардан ва чораҳои иловагӣ андешидан медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки доир ба сабабу омилҳои косташавии ахлоқи наврасон, камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, сабаб ва роҳҳои пешгирии онҳо сарчашмаю маъхазҳои муътамади ҷавобгӯи замони муосир, рисолаҳои илмӣ, маводу мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотии ёрирасон вобаста ба мавзуи марбута кам аст. Мутахассисони соҳаи маориф, омӯзгорон, кормандони Пажуҳишгоҳи илмҳои педагогӣ, равоншиносону мактабшиносони дохиливу хориҷӣ аз ягон ҷиҳат ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, аммо масъалаи мавриди назар ба таври муфассал ва амиқ тадқиқ нашудааст. Аз ҷумла Я. А. Каменский А. С. Макаренко, В. А. Сухомилинский, К. Д. Ушинский, Е. В. Бондаренко, В. И. Андреев, Ш.Амонашвили, Е. Э. Бертельс, В. В. Бартольд, Ҷ. Гутек, Д. Локк, А. Дистерверг А. Шоиринажод, Х. Султонқароӣ, М. Лутфуллоев, И. Каримова, Ф. Шарифов, А. Миралиев, А. Нуров, М. А. Арипов, Т. Атахонов, М. Давлатов ва Н. Шоев ба паҳлӯҳои гуногуни тарбия то ҷое дахл кардаанд, аммо оид ба сабабҳои косташави маънавиёти наврасону ҷавонон ва муайн намудани роҳу усулҳои педагогии пешгирии онҳо кори мушахассу мукаммале анҷом дода нашудааст. Ҳол он ки ин масъала дар вазъе, ки талабот ба беҳдошти сифати таҳсилот пайваста меафзояд, муҳим буда, ҳаллу фасли он ногузир ва тақозои замон аст. Зеро бе рафъи камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар раванди тарбияву таълими муосир дурри мақсуд-тарбияи комили насли баъдӣ ба даст намеояд. Бо сароҳат бояд иқрор шуд, ки аз дидгоҳи моҳият ҳар як мавзуъ усули вожаи таҳқиқро тақозо мекунад, то ки ба ин васила дурнамои он ошкор гардад ва минбаъд дархури ҳолу воқият шавад. Гузашта аз ин, объекти тадқиқот барои такмилу баррасии мавзуъ бояд мушаххас бошад. Дар мавзуи мавриди таваҷҷуҳ яке усулҳои тадқиқот назарсанҷии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзиши вазъи ноҷӯри иҷтимоии оилавӣ ва оилаҳои носолим ба шумор меравад
Ин ҷо нахуст нақши касодии тарбияи хонаводагӣ дар мадди аввал меистад. Чун имрӯз бештари падарон дар ҷараёни таълиму тарбияи фарзандон ширкат надоранд, бар замми бори вазнини рӯзгор, боз рисолати тарбияи фарзанд низ ба дӯши модарони бечора бор шудааст. Маълум аст, ки онҳо ин рисолатро ба хубӣ ба ҷо оварда наметавонанд. Омӯзиш, мушоҳида ва таҳлилу назарсанҷиҳо собит месозанд, ки сабабу омилҳо зиёданд ва камбудиву норасоиҳои тарбияи суннатии хонаводагии мо яке аз онҳо мебошад.
Имомназари ХОЛНАЗАР –
омӯзгори ДҶТИБКСМ