Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Президент
  • АЗМИ ҚАВӢ ДАР ҲИФЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
  • Президент
  • Хабарҳо

АЗМИ ҚАВӢ ДАР ҲИФЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Admin 23.11.2020 Диданд: 479 нафар

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
05.10.2020

 

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо — соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям. Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ — арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Бо дарназардошти ин, ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст; бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл авишташудаашро мехонему мефаҳмем; бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд. Машҳуртарин шеъри адабиёти классикии тоҷикиро, ки ба қалами сарвари шоирон устод Рӯдакӣ тааллуқ дошта, бо сатрҳои марғуби “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме” оғоз мегардад, имрӯз ҳар яки мо бидуни ягон мушкил мефаҳмем ва аз он лаззати маънавӣ мебарем. Ин шеърро зиёда аз ҳазор сол инҷониб ҳар як тоҷикзабон бе ҳеҷ гуна тағйирот мехонад ва аз ёд мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо — соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем. Яъне эҳтироми мо ба забони давлатӣ бояд сидқан ва масъулона бошад. Дар ин росто, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан, наврасону ҷавонон бояд сатҳи забондонӣ ва маданияти нутқи худро пайваста баланд бардошта, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширини модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ кӯшиш намоянд. Зеро дар замони муосир таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона аз ҷумла ба василаи забонҳои ғайр сурат гирифта, покии забони шевои тоҷикиро халалдор месозад. Ман борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки донистани забонҳои хориҷӣ талаби замони муосир аст, аммо омӯхтани онҳо чунин маънӣ надорад, ки нисбат ба забони модарӣ беэътиноӣ зоҳир гардад. Забони миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллат ва забони давлатӣ рамзи давлат аст. Бинобар ин, беэътиноӣ нисбат ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ ба миллату давлат ба ҳисоб меравад. Мо забонҳои хориҷиро бояд на барои дигарон, балки ба хотири рушди давлату миллати худамон омӯзем ва истифода барем. Воқеан, агар забони тоҷикӣ ба таври мукаммал аз худ карда шавад, ин воситаи муҳимми омӯзиши забонҳои дигар мегардад. Омӯзгорони забону адабиёти тоҷик, падару модарон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва махсусан, ба сайқал додани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому неру мебахшад. Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст. Аз ин лиҳоз, барои мо гиромидошти забони миллӣ ва истиқлолу ватанхоҳӣ бо ҳамдигар пайванди зич доранд, ки инро таърихи тоҷикон дар мисоли сиёсати забонии давлати Сомониён собит сохтааст. Маҳз дар замони сулолаи Сомониён забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишаст, ба сифати забони неруманди адабӣ ташаккул ёфт ва тавоноиву қудрати он ба ҳадде расид, ки дар асрҳои минбаъда низ мақоми давлативу фарҳангии худро аз даст надод. Насли калонсол то ҳол дар ёд дорад, ки доираи истифодаи забони тоҷикӣ дар гузаштаи начандон дур хеле маҳдуд шуда буд. Забони тоҷикӣ имкони ба таври комил иҷро намудани вазифаҳои ҷамъиятии худро надошт ва торафт ба забони хонаводагиву маишӣ табдил меёфт. Яъне набудани истиқлоли давлатӣ ба рушду такомули забони тоҷикӣ таъсири манфӣ мерасонид. Бинобар ин, мардуми мо соли 1989 қабули қонуни забонро бо қаноатмандии зиёд истиқбол карданд. Вале бояд гуфт, ки ҳарчанд қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми мо рӯйдоди муҳимми таърихӣ буд, аммо дар инкишофи забони давлатӣ гардиши куллиро таъмин карда натавонист. Бо дарназардошти чунин вазъ ва бо мақсади тақвият бахшидан ба пояҳои забони давлатӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои инкишофи он ва қонеъ намудани ниёзҳои ҷомеаи кишвар 5- уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул гардид. Дар муддати ёздаҳ соли гузашта доир ба татбиқи қонуни нави забон корҳои зиёде ба анҷом расидаанд, вале ин ҳанӯз кам аст. Чунки забон мисли ҷисми зинда аст ва ба ғамхории доимӣ ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, баъзе моддаҳои қонун бо дарназардошти талаботи кунунии ҷомеа бояд бознигарӣ шаванд, то воқеияти имрӯзаи кишварро инъикос намоянд. Забони тоҷикӣ иқтидори бузурги илмиву луғавиро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дорад ва мо соҳибзабононро зарур аст, ки барои таъмин намудани пешрафти муназзами он пайваста кор кунем. Махсусан, вазъи истилоҳоти илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ моро водор месозад, ки ба масъалаи таҳияи дастуру китобҳои илмӣ дар самти зикршуда эътибори ҷиддӣ диҳем. Аз ин рӯ, олимони соҳаҳои мазкурро зарур аст, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои забонамон ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он, дар навбати аввал, имкониятҳои дохилии забони таърихан пуриқтидорамонро васеъ истифода баранд, яъне калимаву истилоҳоти мавҷудаи давраҳои гуногунро, ки имрӯз қобили истифода мебошанд, ба гардиш ворид намоянд. Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем. Дар интиҳои сухан, бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор ва барори кор орзу менамоям. Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Continue Reading

Previous: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲИДОЯТНОМАИ ФАЪОЛИЯТ
Next: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Related Stories

ПЕШВОИ АСР
  • Президент

ПЕШВОИ АСР

16.11.2022 Диданд: 118 нафар
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ ПЕШВОЁНИ ЭЪТИЛОФИ ОБУ ИҚЛИМ
  • Президент

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ ПЕШВОЁНИ ЭЪТИЛОФИ ОБУ ИҚЛИМ

08.06.2022 Диданд: 276 нафар
ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

09.05.2022 Диданд: 167 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (8)
  • Илмӣ (10)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (10)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (7)
  • Таҳлилӣ (45)
  • Таълимӣ-методӣ (35)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика