15-07-2024
15 июли соли 2024 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуда, дар он масъалаҳои муҳимми соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат, сардори Сарраёсати маориф ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласаи корӣ вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки маориф ва илм чун соҳаҳои калидӣ таҳти таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат қарор дорад. Дар ин баробар мо, кормандони соҳаро мебояд бо азму иродаи қавӣ баҳри рушди он тамоми неру ва талоши худро равона созем.
Вазири маориф ва илм дар идома вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, фаро гирифтан ба зинаи сеюми таҳсилот, омодагӣ барои қабули синфҳои якум, сару либоси хонандагон, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, ба тариқи биллингӣ пардохт намудани маблағи китобҳои дарсӣ, раванди таъмири ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва боғчаҳо, омодагӣ барои ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи соли нави хониш ва ғайраҳо ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, ба масъалаи аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ва омодагии масъулин доир ба баргузории семинари омӯзишии Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии дастовардҳои таҳсили хонандагон (PISA), ки аз ҷониби тренерони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар якҷоягӣ бо тренерони Маркази маҳорати педагогии Мактабҳои зеҳнии Назарбоеви Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар охир аз ҷониби вазири маориф ва илм ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон