(Тавсия барои волидайн ва мураббиёни кӯдакони ношунаво)
Баъзе падару модарон вақте бовар ҳосил мекунанд, ки фарзандашон хуб намешунавад ва ё тамоман намешунавад, баъд ба ӯ бо нутқ муроҷиат намекунанд. Бо ин рафторашон онҳо иштибоҳи бузурге мекунанд, ки ислоҳнопазир аст. Онҳо бояд хуб донанд ва фаромӯш накунанд: кӯдаки ношунаво низ ҳам чун кӯдаки шунаво бо қобилияти модарзодии ба сухан кардан тайёр ба дунё меояд!
Кӯдаки ношунаво ҳам чун кӯдаки шунаво замони гурусна мондан, хунукхурӣ, дард кардани ягон узваш баробари дидани модараш гиря мекунад. Лек дар 8 – 10-моҳагӣ кӯдаки шунаво ба гап задан оғоз мекунад, суханонаш оҳанг пайдо мекунанд, ношунаво фақат овози нофаҳмо мебарорад. Шунавоии ӯ осебдида аст ва ё нуқси модарзодӣ дорад. Тарбияи кӯдаки ношунаво дар оила сабру таҳаммул ва меҳнати пурмашаққатро мехоҳад. Он вақт натиҷаи хуб мерасонад, ки агар волидайн бо сурдопедагогон ҳамкорӣ бикунанд. Дар оянда чунин кӯдакон бояд дар муассисаҳои таълимии махсус бихонанд. Кӯдаки ношунаво зарурат ва талабот ба муносибат бо атрофиёнро дорад. Барои он ки ӯро фаҳманд, кӯдак бо ишора суханҳои нофаҳмо мегӯяд ва дар охир ба доду фиғон мегузарад. Байни ӯву атрофиён аксаран ҳамдигарфаҳмӣ ҷой дорад. Ва ин сабаб мешавад ба ранҷидану оташин шудани ӯ. Барои ба худ ҷалб кардани диққат шахси дар наздашбударо тела медиҳад, аз бари доман ё остини ӯ мекашад ва ё доду фиғон мебардорад. Калонсолон мекӯшанд, ки ӯро аз ин феъли бад боздоранд. Ӯро сарзаниш мекунанд, ҷазои бад медиҳанд, носазо мегӯянд. Кӯдак аз ин кори онҳо бештар хашмгин мешавад, инҷиқӣ мекунад, мардумгурез ва гарданшаху якрав мешавад. Падару модар барои бо ӯ гап задан кӯшиш намекунанд, нисбатан талаботи ӯро ба сухангӯӣ қонеъ намегардонанд ва беихтиёр, ноогоҳона кӯдаки худро ба вартаи лоли модарзод шудан тела медиҳанд. Барои он ки аз ин ҳодиса дур бошед, шумо, падару модарони гиромиро зарур аст, то ба кӯдакони ношунаво бодиққат, меҳрубону навозишкор бошед, кӯшиш бикунед, то ӯро хуб фаҳмед: кӯдак чӣ мехоҳад? Аз муошират бо ӯ ҳеҷ вақт даст накашед!
Вазифаи аввалиндараҷаи волидайн дар он аст, ки ҳама гуна имову ишораро дуруст истифода баранд, то он ки ба хоҳиш, пурсиш ва хаёлу андешаҳои кӯдак баёноти шифоҳӣ дода тавонанд. Кӯдаки ношунаворо одат кунонидан зарур аст, то ба рӯй ва лабони ашхосе, ки бо ӯ муошират мекунанд, ҳама вақт нигарад. Агар кӯдак хондан аз лабро наомӯзад, ҳеҷ вақт нутқи ӯ рушд намекунад. Аксаран падару модарон кӯшиши бо кӯдак гап заданро намекунанд. Онҳо худро сафед карданӣ шуда мегӯянд: «Кӯдак намешунавад. Сухан кардан бо ӯ беҳуда аст. Аздусар ӯ ҳеҷ чизро намефаҳмад.» Ин андешаи онҳо комилан ғалат аст. Кӯдаки ношунаво бармаҳал бо роҳи хондан аз лаб метавонад малакаи сухангӯӣ пайдо бикунад. Харчанд барвақттар ба нигоҳ кардан ба лабу аз лаб ёд гирифтани калимаю ибораҳои шиносро аз худ кардан ӯ одат бикунад, ин малака дар синну соли томактабӣ мустаҳкамтар мешавад ва дар оянда муошират карданаш бо атрофиён хеле осону сабуктар мегардад. Кӯдаки ношунаво пеш аз сухан омӯхтан нутқ ва маънои нутқро фаҳмад. Ба кӯдаки хурдсол суоли ба амал ва ё мавзӯъ алоқаманднабударо додан раво нест. Модар бояд ҳангоми ӯро ба наздаш даъват кардан ҳам бо ишора ва ҳам ҷудо – ҷудо, оромона «ин ҷо биё, ин ҷо биё» бигӯяд. Диққат бикунед: ҳам бо ишора ва ҳам бо нутқ. Ва боз кӯшиш кунед, ки ӯ ба рӯю лабони Шумо нигоҳ кунад! Ин амалро дигар аъзои оила низ бояд ҳангоми бо кӯдаки ношунаво муносибату муошират кардан риоят кунанд. Вақте ки ба кӯдак чизеро доданӣ ва ё аз ӯ гирифтанӣ мешаванд, бояд ифоданок бигӯянд: «Сафар, бигир нон. Ма, нон.» «Сафар, бидеҳ нон, нон те.» Ин калимаю ибораҳоро метавонед бо усули бозӣ мустаҳкам намоед: бозии лото, бо бозичаҳо, ҳангоми муошират бо кӯдак. Бозиро бо чунин тарз гузаронидан имкон дорад: модар ба кӯдак ду – се сурати сагчаи гуногунро пешкаш карда мегӯяд: — ма, ав – ав «саг». Кӯдак ба лабони модар нигоҳ карда, бо рефлекси модарзодӣ ба модар тақлид мекунад. Модар дигар суратҳоро пешниҳод карда «ма, мӯӯ (гов), ма, мяув (гурба) мегӯяд. Кӯдак такрор мекунад. Пас аз ин модар дастонашро дароз карда мегӯяд: — Те мӯӯӯ. Агар кӯдак дар маротибаи аввал нафаҳмад, модар хоҳишашро якчанд маротиба такрор мекунад ва пасон сурати говро ба ӯ нишон дода боз ҳам мегӯяд: «те мӯӯӯ». Ҳангоме ки кӯдак дарк мекунаду ба модар сурати говро дароз мекунад, ӯро маҷбур кардан зарур аст, ки «ма» — ро такрор бикунад ва дар оянда худаш «ма, мӯӯ» бигӯяд. Пас аз оне ки бо тарзи хондан аз лаб ин калимаҳоро аз худ кард, Шумо метавонед якчанд калимаро бо ӯ якҷоя аз худ бикунед, то он вақте ки малакаи хондан аз лаб мустаҳкамтар бишавад. Ин намуд бозиҳоро ҳар рӯзу ҳар лаҳза бо кӯдак гузаронидан ҳатмист. Кӯдак ба бозиҳои ташаккули нутқ одат мекунад. Дар бозӣ на фақат предмету суратҳо, балки бозичаҳо, ашёи гуногуни рӯзгор, либос, пойафзор ва ғайраро метавонед истифода баред. Ҳангоми бозӣ бо кӯдак метавонед чунин ибораю ифодаҳоро истифода баред: -Тӯби ман; Тӯби ту; Тӯбро қап; Тӯбро те; Тӯбро парто ва ҳ.к.
Хар як калима аз тарафи модар бояд якчанд маротиба такрор карда шавад, то ин ки омӯхтани хониш аз лаб ба натиҷае оварда расонад. Дар вақти бозӣ бо онҳо дар кӯдаки ношунаво талабот ба нутқ пайдо мегардад. Вай хурсанд мешавад, муносибат кардан бо муҳитро аз худ мекунад, аз бозӣ завқ мебарад. Бозӣ дар ӯ овози баланду ҷарангосиро пайдо мекунад, ки барои гӯё шудан ҳатмист. Вақте ки бо кӯдак муошират мекунанд, ӯ ба лабони шахси сухангӯ нигоҳ карда истода лабҳои худро бе ихтиёр кашол мекунад, ба ҳам мечаспонад, меларзонад ва ғунча мекунад. Бигзор, дар аввал чунин калимаҳо бошанд: Ағ- буғ, кака, қақа, ҷизз ва ғайраҳо. Кӯдаки шунаво низ дар аввал ағ- буғ мегӯяд. Фақат дар натиҷаи такрори бисёркаратаи калимаи шинос аз лаб хонданро меомӯзад ва оҳиста- оҳиста аз худ мекунад ва мефаҳмад, ки ҳар як ашё ё амал аломатҳои шартии худро дорад ва бо имою ишора ифода мешавад. Волидайн бояд донанд, ки кӯдаки ношунаво дар шароити хона метавонад нутқ пайдо бикунад, аз каме шунавоӣ истифода бурда, калимаю ибораҳоро аз лаб бихонад. Агар кӯдак каме шунавоӣ дошта бошад, волидайн бояд аз паси рушд додани шунавоии ӯ шаванд. Яъне, малакаи шунавоии ӯро инкишоф бидиҳанд, ба ӯ гӯш доданро биомӯзанд, то он рӯзе, ки ин ба ӯ одат бишавад. Барои ин бо ӯ баланд гап задан, дар бозӣ бозичаҳои овоздорро ба монанди нағора, даф, ҳушток, рубоб, металлофон ва ғайраҳо хеле зарур аст.
Дарки биноии кӯдакро низ ҳам ташаккул бояд дод, зеро ҳангоми хондан аз лабҳо ба ӯ ин малака зарур аст: ба рӯи миз якчанд бозичаро мегузорем (мошинча, аспак, мирзодиккак, тӯб, мурғ, гурба, дуторча ва ғ.). Бигзор, кӯдак аввал бодиққат ба бозичаҳо нигариста, онҳоро ба хотир бигирад. Пас аз ин, аз ӯ хоҳиш мекунем, то чашмонашро пӯшад. Дар ин вақт яке аз бозичаҳоро аз рӯи миз мегирем ва пинҳон мекунем. Кӯдак чашмонашро кушода бояд бигӯяд: «бибиб нест», «тӯб нест», «мяу нест» ва ғ. Ашёи дар рӯи мизнабударо номбар бикунад.
Барои кӯдакро ба муассисаи таълимӣ тайёр намудан бояд ӯро ба реҷаю тартиботи муайяни рӯз одат кунонид. Аввал ба саҳархезӣ одат кунонидан шарт ва зарур аст. Вақти сайругашт ва машғулиятҳоро дуруст бояд муайян намуд. Сари вақт истеъмоли ғизои солим (бенуқс ва мутаносиб), хоб кардани ӯ ҳам назорати қатъиро мехоҳад. Реҷаи дурусти рӯз кӯдакро ба низоми муайян дароварда, сайругашт дар ҳавои тоза ва истеъмоли ғизои солим ӯро ба ҳар гуна бемориҳо сироятнопазир мекунад. Волидайни ин кӯдакон доиман бояд дар хотир дошта бошанд, ки тарбияи кӯдаки сустшунаво ва ношунаво дар оила сабру таҳаммул ва ранҷу меҳнати зиёдеро аз онҳо талаб мекунад. Ба падару модарон мутахассисони ин соҳа: — сурдолог, сурдопедагог, логопедҳо бо маслиҳату машваратҳои худ метавонананд кумак бикунанд. Фақат сари вақт ба онҳо муроҷиат кардан зарур ва ҳатмист.
Холида ОДИНАЕВА — омӯзгори
Муассисаи давлатии таҳсилоти
миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе