Аз касе пӯшида нест, ки дар уқёнуси беинтиҳои адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи мо, дар радифи мавзӯъҳои мухталиф дурдонаву марворидҳое дар боби омӯзиш ва таълиму тарбия низ нуҳуфтааст, ки касе ба ҳисобаш намеравад, ҳатто муҳтавою вусъати онро бо ҳама дороиву паҳно дар тасаввураш ғунҷонда наметавонад.
Албатта, ҷойи шакку шубҳа нест, ки ҳар шахси бомаърифат аз адабиёти классикии гузаштаву имрӯзаи халқамон ба бардошти завқ ва дар ҳудуди имконоти худ мутолиаву омӯзиш анҷом дода, муносиби зеҳну идрок доир ба мавзӯи матлуб маълумоте дархӯри табъи худ фароҳам овардааву дар зарурат аз он кор мегирад.
Воқифони аҳвол медонанд, ки на танҳо ба жарфои ин баҳри беканор, балки ба ҳар гӯшаву канораш ғӯтта бизанӣ, дар мавзӯи таълиму тарбия дурдонаҳо мебардорӣ. Дар басо аз ин марвориддонаҳо ҷилою тобиши усулҳои таълиму тарбияро низ метавон мушоҳида кард. Ҳатто агар дурдонаҳоро интихобан барчида, дар риштаҳои заррини аҳдоф ва қасду ниятҳои ҳар омӯзгори оянданигару ояндабин ҳамел созӣ, шаддаҳои бешумори зеботару дурахшонтар аз якдигар муҳайё шуда, зевархонаи таълиму тарбияро оганда хоҳад сохт. Агарчи аз айни як асбоби ороиш ҳар машшота ба ҳар сифату самарнокӣ истифода мекунад, истифодаи дилхоҳ шаддаи пурҷило кору амали ҳар омӯзгор, мураббӣ ва тарбиягарро сафо ва ҳусни тозаю хосса хоҳад бахшид. Зеро…
Оё бо суханҳои хушку муҷаррад ва умумӣ: “ту чунин рафтор бикун”, “ана ин кори дуруст аст” – нагуфта, бо шарҳи ҳикояте ё шоҳбайте аз ин хазинаи хираду насиҳат ва часпондани мундариҷаи он шарҳ ба зиндагии ҷорӣ ва шароити рӯёрӯ шогирдро, масалан, ба китобхонӣ, ба таҳсилу омӯзиш ва ба ҳар кори самаровари дигар роғибу дилгарм сохтан, тобише аз як равиши методикаи таълим нест магар?
Ҳар чӣ ҳам бошад, бисёр ҳикматдӯстон аз китобҳое, ки вақти фориғ аз корҳои рӯзмарра рӯйи даст буд, ё дар гузашта хонда, мазмунҳои ҷолибе ба ёд гирифта будам, хеле гуфтори бузургони дирӯзу имрӯз ба матни дафтар роҳ ёфт. Бештарини онҳо аз панду андарз ва насиҳатҳои Шайх Саъдии Шерозиянд.
Насиҳатгӯйӣ ва андарзхонии хирадмандонаю борикбинона дар адабиёти пур аз панду андарзи мо расм кардани Саъдии хулқу хӯйшинос ва дар баёни андешаҳои тарбиявӣ ангуштнамои ҳама давру замонҳо мувофиқ омадааст.
Бале, аз Саъдӣ пештар ҳам носеҳони бузург буданд. Гирем, устод Рӯдакиро. Ҳар ки панду андарзҳои бузургворонаи ӯро хонда ё шунида, бо диққат тааммул кунад, оё аз хотир мебарорад? Ҳаргиз!
Ё “Шоҳнома”-и безаволро варақ занем, ба баҳри беканори панду андарзҳои писандида ва пазируфтании Ҳаким Фирдавсии меҳанпарасту тамаддунофар ғӯтта мезанем. Рӯйхатро давом додан мумкин аст. Аммо… Саъдӣ гапи дигар аст.
Ҳарчанд ҳукм баровардан на кори ман аст, аз хондаю шунидаҳо, гӯш кардани суҳбатҳои аҳли фазл ва мушоҳидаҳои парешони худ хулоса намуда, ҷуръат карда мегӯям, ки Саъдӣ бо панду андарзҳои мӯшикофонааш дар илми ахлоқу тарбият ва таълим, одаму оламшиносӣ дебочаи фарогире навиштааст, ки то ҳанӯз касе идомаи онро ба ҳамон сатҳ таълиф карда наметавонад. Ақаллан бо ҳама паҳною умқ фаро гирифта, тафсил додаву тафсир карда тавонистанаш ба гумон аст.
Фарз кардем, касе ба ин кор муваффақ шуд. Аммо фаро гирифтан, ба дурустии ҳар нуктаи ишоранамудаи ӯ қойил шудан, тафсилу тафсир кардан ҳанӯз ними кор, балки даҳяку садяки кор аст. Идома ва хулосаи ин маъно дар як байти худи шоир хеле хуб ишора шудааст:
Суханҳои Саъдӣ мисол асту панд,
Ба кор оядат, гар шавӣ корбанд.
Бисёр нафарони пеши мушкилоти зиндагӣ ҳайронмонда як байти Саъдии муътабаргуфторро дар ёд гирифтаанд, балки сармашқи кори худ сохтаанд:
Зи кори баста маяндешу дил шикаста мадор,
Ки оби чашмаи Ҳайвон даруни торикист.
Дар ҳар лаҳзаи сахту душвор пеш омадани коре ва дар банди ҳайронӣ монданамон мо бо дигар байти ӯ, ки гӯё дар тақвияти байти боло гуфтааст, худро тасаллӣ медиҳем:
Саҳл бошад суубати зулмот,
Гар ба даст ояд оби Ҳайвонам.
Ин дам боз як байти Саъдӣ ба ёдам мерасад. Байтро шоири тавоно гӯё ба шарҳи аҳволи шахсони ба умеди дигарон нашуда, худ илоҷи кори худро ҷӯянда барои насиҳат, чораёбӣ ва дилбардорӣ гуфтааст:
Ба ғамхорагӣ ҷуз сарангушти ман,
Нахорад касе дар ҷаҳон пушти ман.
Таваҷҷуҳи Саъдӣ ба таълиму тарбия ба ҳаддест, ки аз ҳар гумону тахмин таҷовуз мекунад. Агар осори ӯро варақ занем, нуктаҳое ба гӯши ҳуш мерасад, ки дар назари аввал ба мавзӯъ беалоқа бошанд ҳам, асари мавзӯъ эҳсос мешавад. Гирем байти зерини ӯро:
Ҷавонмарду хушхулқу бахшанда бош,
Чу Ҳақ бар ту пошад, ту бар халқ пош.
Оё Саъдӣ дар ин байт танҳо саховату бахшиши молии моддӣ, яъне бахшидани хӯроку пӯшок, инъоми аспу хачир, ҳадияи боғу роғ ва ғайраро дар назар дошт?
Ин ҳама ва ҳар воситаи дигари зиндагӣ, умуман, ҳама молу амволи моддӣ ҳам неъмати илоҳисту ҳам навъи ақлу ҳуш, донишу ҳунару малака, яъне ҳама чизҳои олами равонию маънавӣ низ неъматҳои расондаи илоҳист. Модом ки чунин бошад, хонанда худро ба ҷойи муаллиф гузошт ба ишораҳои нозуки ӯ пай бурда, бурд мекунад. Касе аз донишҳои фаровон бархӯрдор ва аз муаммоҳои зиндагӣ вуқуфи дуруст дошта бошад, насиҳатҳои Саъдиро дастури амал сохта, аз роҳи кору гуфтори дурусти хайрхоҳона нишон додан ва таълиму насиҳат дороии олами ботинашро холисона ва воқифона ба зеҳн ва ниҳоду сиришти дигарон интиқол хоҳад дод.
Абдуғанӣ МУҲАММАДИЕВ –
омӯзгори мактаби №29,
ноҳияи Деваштич