Забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда, ташаккул ёфтаанд ва зуҳури ҳарду ҳам бо меҳнат алоқамандӣ дорад. Маҳз дар натиҷаи рӯ ба меҳнат овардан инсоният ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гашт. Метавон гуфт, ки баробари дигар омилҳо меҳнати ҳалолу бунёдкорона ба рушди забон мусоидат хоҳад кард. Зеро, ҳар қадар ҷомеа пеш равад, рушд кунад, инкишоф ёбад, забон низ ҳамон қадар рушду инкишоф хоҳад ёфт. Бояд қайд намуд, ки дар олам забонҳои зиёд арзи ҳастӣ доранд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғанию шево ва ширину гуворо буда, миёни дигар забонҳо ҷойю мақоми шоиста дорад.
Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод С Айнӣ бой ва қадимӣ будани забони адабии тоҷикро таъкид намуда навишта буд: “Халқи тоҷик пеш аз револютсия ҳам соҳиби забони адабии бисёр бой буд”.
Фикру мулоҳизаҳои устод Айнӣ дар хусуси ташаккули забони адабии тоҷик, ки дар мақола, асарҳои илмӣ-тадқиқотии ӯ ифода ёфтаанд, барои равшан намудани марҳилаҳои муайяни таърихи забони адабии тоҷик хизмат мекунанд. Бояд гуфт, ки устод С. Айнӣ дар таърихи забоншиносиии тоҷик аввалин шахсест, ки оид ба масъалаҳои таърихи ташаккул ёфтани забони адабии тоҷик дар асарҳояш бештар таваққуф кардааст. С Айнӣ ҳамчун асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва устоди бузурги сухани бадеӣ дар соҳаи тараққиёти забони ҳозираи тоҷик саҳми бузурги ҷамъиятӣ ва таърихӣ гузоштааст. Шоири шаҳири мо, шодравон Бозор Собир маҳз барои чунин хидматҳои шоёнаш дар бораи устод Айнӣ фармудааст:
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Забони тоҷикӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад, зеро он низ азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида ҷону дил ором мегирад, зеро ин лафзи модарист. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург Синою Хайём, Бедилу Низомии бузург бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакару Мирзо Турсунзода Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад, имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо, соҳибзабонон, низ вазифадорем, ки забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем.
Бузургдошти забони давлатӣ, ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як фарди соҳибзабон забони тоҷикиро, ки ҳастии миллат маҳсуб меёбад, аз худ кунад ва ба воситаи он ҳувият ва фарҳанги миллии худро ҳифзу гиромӣ дорад. Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуъи тафаккури андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Таввасути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозад. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешаванд. Забони тоҷикӣ дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ, ҳам ба соҳибашон ва ҳам ба дигар миллатҳо ҳамчун забони муошират ва манбаи омӯзиши илм , фарҳанг ва адаб хидмат кардааст. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ табиист, ки мо ба асли худ баргаштем ва забони тоҷикиро ба маснади таърихии худ ҷо намудем.
Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърихӣ гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст. 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонун, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро пурра қонеъ гардонанд.
Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омада, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонун дар таҳияи нав таҷдиди назар шавад. Бо ин мақсад 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Забон, инчунин, падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қави мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбанд. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфони рӯзгор ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳарчанд баъд аз соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талош ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони модариамон диққати хосса зоҳир гардад ҳам, ҳанӯз ташвишҳо зиёданд. Дар давраи ҳассоси раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ва рушди босуръати техника ва технологияи навин чи тавре, ки дар боло зикр намудам, мо бояд забони шевои модариамонро ҳифз карда, мақоми онро боз ҳам баландтар бардорем ва ҳамчунин, волоторин мерос ба наслҳои оянда – поку беолоиш тақдим намоем. Ҳар яки мо бо дарки баланди худшиносию худогоҳӣ бояд эҳсос намоем, ки пешрафту шукуфоии забонамон, пешрафту шукуфоии давлатамон аст. Фаромӯш набояд кард, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст. Тавре устод Бозор Собир бо ифтихор гуфта:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То ватандор аст, бисёр аст ӯ.
Ситора ШОДИЕВА —
омӯзгори калони Коллеҷи омӯзгории
ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ
ба номи Садриддин Айнӣ