
Парчам рамзи иттиҳод, ваҳдат, якпорчагӣ, иззат, шараф, мавҷудият ва сарбаландии миллатҳост, ки аз умқи таърихи куҳан то рӯзгори мо омада расидааст. Парчам намоде аз ҳастии миллат аст, ки дар корзорҳо ва дар овони сулҳу дӯстӣ парафшонӣ мекунад. Аз замони қадим то рӯзгори мо парчам рамзи ҳамбастагии сипоҳ буда, лашкариёни қабилаҳои мухталиф зери парчами худ иттиҳоду инсиҷом меёфтанд ва дар майдони рӯёрӯӣ бо душман афроди махсусе масъули бардоштани он мегардиданд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки дар тамаддунҳои гуногуни Шарқу Ғарб парчам ҷойгоҳи вижа доштааст.
То замони корбурди парчам дар шаклу намуди имрӯзиаш, он ба унвони рамзу нишони иттиҳод, даъват ва мубориза ба кор мерафт ва мансубияти одамонро ба ин ё он ҷамъият, қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра инъикос мекард.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки решаҳои пайдоиши парчам ба дунёи қадим бозмегардад. Бостоншиносон зимни ҳафриёти хеш дар қаламрави Эрони имрӯзӣ парчами филизиеро ёфтанд, ки ин бозёфти нодир мансуб ба 3 ҳазор сол қабл то милод аст ва дар рӯи он шер ва тулуи офтоб тасвир шудааст. Бо мурури замон парчамҳо рангҳову шаклҳои мухталиф касб намуда, корбурди онҳо ҳамчун рамзи ваҳдату якпорчагӣ ба ҳукми анъана даромад. Маъхазҳои таърихӣ парчамҳои секунҷа, чоркунҷа, доирашакл ва ситорамонандро баён сохтаанд. Дар замони муосир парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ эътироф гардид ва ташкилоту созмонҳои мухталиф ҷиҳати ифодаи фаъолияти хеш парчам қабул карданд.
Вожаи парчам суғдӣ буда, дар порсии миёна онро “Дирафш” мегуфтанд. Қадимтарин рамзи кишвардории тоҷикон “Дирафши Ковиёнӣ” мебошад, ки онро Коваи Оҳангар, ҳамон қаҳрамони устуравию паҳлавони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Шоҳнома”-и Мансурӣ, “Гаршоспнома”-и Асадӣ ва “Шоҳнома”-и курдӣ, ки ба эҳтимоли зиёд дар давраи Ашкониён зистааст, бар зидди подшоҳи замони худ Заҳҳок баланд карда буд. Кова пешбанди кориашро, ки чарми сурхранг будааст, бар баландии чӯбе қарор дод ва қиёми худро оғоз кард, ки минбаъд дар байни мардум ба “Дирафши Ковиёнӣ”, яъне парчами коваҳо шуҳрат ёфт. Кова пас аз сарнагун сохтани Заҳҳок Фаридунро бар тахти шоҳӣ нишонд. Фаридун фармон дод ва пешбанди чармии Коваро бо дебоҳои зард, сурх ва бунафш оростанд ва дурру гавҳар бар он афзуданд ва онро “Дирафши Шоҳӣ” ном ниҳоданд. Дар замонҳои баъдӣ “Дирафши Ковиёнӣ” бо сангҳои қиматбаҳо ва ҳар гуна зеваролот ороиш дода шуд. Ба тасдиқи таърихнигорон, дар ҷанги форсу араб низ аз “Дирафши Ковиёнӣ” номе ба миён омадааст. Онро “Ахтари Ковиёнӣ» низ меноманд.
Муаллифи “Таърихи табарӣ” Ибни Ҷарир дар китоби “ал-Имому ва-л-мулук” менависад, ки ““Дирафши ковиён” аз пӯсти паланг, ба дарозии дувоздаҳ арш, ки ҳар аршро фосилаи байни нӯги ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, дуруст мекарданд”. Ба ҳисоби имрӯз, он тақрибан 5 метр арз ва 7 метр тӯл доштааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар фарози муассисаҳои давлативу хусусӣ, дар хиёбону растаҳои мамлакат парафшонӣ мекунад, рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Кишвари маҳбуби мо солҳои навадуми асри гузашта дар баробари ба даст овардани Истиқлол вазъи ошуфтаеро аз сар мегузаронд ва ҷанги таҳмилии бародаркуш оромию суботро дарҳам шикаста буд. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо 24-уми ноябри соли 1992 Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардиданд. Дар ҳамон Иҷлосия “Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ” маънидод гардид.
Парчам аз нахустин рӯзи қабулаш дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати намоди давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, рамзи мустақилияти тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, арҷгузорӣ ба он вазифаи ҷонии ҳар як фарди озода маҳсуб меёбад.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар фазои амну субот, ваҳдату якпорчагӣ ва умед ба фардои неку дурахшон таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи хуҷаста сокинони кишвар ба нишони арҷгузориву таҷлил роҳпаймоиҳои идона анҷом медиҳанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозидааст. Парчам инъикосгари таъриху фарҳанги пурғановат, расму оинҳои деринаи давлатдорӣ, ифодагари марому ҳадафҳои мардуми сарбаланди кишварамон буда, дар таҳкими давлати ободу осуда, дар самти бунёди ояндаи дурахшон чун рамзи давлати соҳибистиқлолу соҳибиқбол таҳти сарварии Пешвои миллат ба оламиён аз мавҷудияти сарзамини соҳибфарҳанге бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳон бо номи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Рангҳои парчами давлатии мо пайванде дорад бо таърихи куҳани мардумони ориёинажод ва эронитабор, ки онҳоро метавон рангҳои миллӣ унвон кард. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам, 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, қайд карда буданд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Бо дарназардошти ҷойгоҳу мақоми Парчами давлатӣ, моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази Душанбе парчами баландтарин дар ҷаҳон ифтитоҳ гардид, ки 165 метр баландӣ дошта, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид Майдони ҷойгиршавии парчами мазкур Боғи Парчами Миллӣ унвон дорад.
Парчами мо ифтихору шарафи мост. Ҳамеша парафшон бод, Парчами миллии тоҷикон!
Санҷар АМРИЕВ –
ҷонишини сармуҳаррир
«Маорифи Тоҷикистон» – №11, ноябри соли 2021