
Роҳбари гурӯҳ шахси масъулест, ки аз ҷониби директор ё ректори муассиса барои ташкил кардан ва гузаронидани кори тарбиявӣ дар гурӯҳи академӣ таъйин мегардад. Ӯ вазифадор аст, ки донишҷӯёнро дар коллективи тифоқ ва қобили меҳнат муттаҳид намуда, дар онҳо фаъолият ва мустақилиятро инкишоф диҳад, тартибу пешрафти донишҷӯёнро назорат кунад, меҳнати онҳоро оқилона ташкил намуда, бо омӯзгорон ва падару модарон доимо дар алоқа бошад.
Роҳбари гурӯҳ дар муассисаи таълимӣ вазифаи масъулиятнок ва боифтихореро иҷро мекунад. Ӯ дар гурӯҳ корҳои тарбиявиро ташкил намуда, бевосита тарбиятгар ва мураббии донишҷӯён мебошад. Ба ақидаи Н. И. Болдирев, маълум аст, ки тарбия назар ба хонондан мушкилтар аст. Махсусан, интихоб намудани шаклҳои таъсирбахш ва методҳои тарбиявӣ кори ниҳоят мушкил мебошад. Вазифаҳои кори тарбия умуман равшану возеҳанд, вале шакл ва методҳои он ҳанӯз ба қадри кифоя кор карда нашудаанд. Ба роҳбари гурӯҳ лозим аст, ки ҳангоми интихоб намудани шакл ва методҳои эҷодии тарбиявӣ мустақилӣ ва эҷодкорӣ нишон диҳад, дар таҷрибаи худ таҷрибаи дигар омӯзгорони пуртаҷрибаро омӯхта, методикаи кории онҳоро аз худ намояд ва дар рафти раванди тарбия дар гурӯҳ мунтазам аз онҳо истифода барад. Дар марҳалаи ҳозира аз худ намудани методикаи тарбияи меҳнатии донишҷӯён аҳамияти ниҳоят калон дорад. Роҳбари гурӯҳ бояд дар кори донишҷӯён тарбия намудани муносибат ба меҳнат ва фаъолияти меҳнатӣ, амалан ва рӯҳан тайёр кардани онҳо ҳамаҷониба ёрӣ расонанд. Ӯ вазифадор аст, ки ташаккулёбии ҷоҳонбинии донишҷӯёнро таъмин намуда, онҳоро дар рӯҳияи ахлоқӣ тарбия намояд, маҳорати хуби тарбиягарӣ дошта, аз педагогика бохабар бошад. Вазифаҳои роҳбари гурӯҳ васеъ ва гунгуншакл мебошанд. Ӯ ба тамоми ҳаёти гурӯҳ роҳбарӣ намуда, фаъолияти меҳнатии тарбиявӣ ва таълимии коллективи гурӯҳро ба роҳ мемонад, ба ташаккулёбии маънавию шахсияти ҳар як донишҷӯ ёрӣ мерасонад, масъалаҳои мураккаб ва гуногуншаклии тарбиявиро мустақилона ҳал мекунад. Гоҳо роҳбарони баъзе муассисаҳо кӯшиш мекунанд, ки дар аснои илму тарбия тамоми ҷавобгариро пурра ба зиммаи роҳбари гурӯҳ гузаронад. Агар дар гурӯҳ ягон кори ноҷо сар занад, ҳатман суоле ба миён меояд, ки «Роҳбари гурӯҳ куҷо буд, чӣ тадбире оид ба ин амал андешид?» ва баҳсу мунозираҳо аз тарафи кулли масъулини муассиса ба миён меояд. Роҳбари гурӯҳ вазифаҳои тамоми омӯзгоронро иҷро карда наметавонад. Масъулияти ӯ барои кори тарбия ва таълим, бешубҳа, калон аст. Аммо аз зиммаи омӯзгорон низ ин масъулиятро гирифтан нодуруст аст. Ҳар як омӯзгор барои сифати таълим ва интизоми синфхона (аудитория)-и худ ҷавобгар мебошад. Агар ягон талаба дарсашро иҷро накарда бошад ё ки дар вақти машғулиятҳои таълимӣ тартибро вайрон кунад, омӯзгорон бетараф монда наметавонанд. Онҳо масъулиятдоранд, ки ба мудохилаи роҳбари гурӯҳ интизор нашуда, нисбат ба донишҷӯёни беинтизому бепарво чора ҷӯянд ва шаклҳои гуногуни методҳои таъсири педагогиро ба кор баранд. Роҳбари гурӯҳ бе ёрии омӯзгорон дар гурӯҳи худ масъалаҳои кории тарбиявиро бомуваффақият ба амал бароварда наметавонад. Ӯ аъзои коллективи педагогӣ мебошад ва бо дигар омӯзгорон зич алоқа карда кори тарбиявиро пеш мебарад. Омӯзгорони пуртаҷриба, қатъи назар аз он ки кадом предметро таълим медиҳанд, ҳамзамон, масъалаҳои тарбиявиро низ ҳал мекунанд. Аммо кӯшишҳои тарбиявии тамоми омӯзгорони дигарро роҳбари гурӯҳ мутаҳҳид мекунад. Ӯ бо омӯзгорон дар бораи талаботи ягона нисбат ба хонандагон маслиҳат мекунад, муваффақияти тарбияи оилавӣ ва мактабӣ, ҳамкории ташкилотҳои дохилимактабиро дар гурӯҳ мунтазам таъмин мекунад. Дар фаъолияти ҳаррӯзаи тарбиявии худ роҳбари гурӯҳ вазифадор аст, ки масъалаҳои асосии зерини тарбиявиро ҳал намояд: 1. Дар рӯҳияи ахлоқӣ тарбия намудани донишҷӯён ва дар онҳо ҳосил намудани малакаю одоби рафтори дуруст. 2. Тарбияи сиёсӣ. 3. Тарбияи меҳнатии донишҷӯён ва васеъ намудани савияи дониши онҳо. 4. Баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён ва васеъ намудани маърифати онҳо. 5. Ба инкишофи ҷисмонии донишҷӯён мадад расонидан ва ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб намудани онҳо. 6. Инкишофи табиии эстетикии донишҷӯён ва ба санъат ҷалб намудани онҳо. 7. Бедор намудани касбинтихобкунӣ. Чунинанд вазифаҳои асосии кори роҳбари гурӯҳ, чунки ҳамаи ин вазифаҳо бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Тарбия самти мустақили раванди педагогист. Он мантиқ дорад ва ба методикаи тартиби мустақилу муайян муҳтоҷ аст. Ба роҳбари гурӯҳи муассиса кори бузург ва пуршараф- тарбияи насли наврас, ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва тайёр намудани донишҷуён дар бозори меҳнат асоснок карда шудааст. Фаъолияти тарбиявии роҳбари гурӯҳ мураккаб ва гуногунсоҳа мебошад. Барои ба ин боварӣ комил сазовор шудан бояд роҳбари гурӯҳ бисёр корҳоро донад ва ба назарияи педагогӣ мусаллаҳ шуда, методи тарбиявиро мунтазам такмил диҳад. Танҳо дар ҳамин шароит тамоми душвориҳо бартараф карда, вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо бомуваффақият ҳал карда метавонад. Яке аз шартҳои муҳимми бомуваффақият ташкил намудани коллективи миёнаи махсус дар гурӯҳ риояи талаботи ягонаи педагогӣ мебошад. Агар ҳамаи педагогҳо мувофиқи дастури талаб ба методҳои ягона амал намуда, ба коллективи донишҷӯён роҳбарии дурусти педагогӣ ташкил намоянд, он гоҳ ин коллектив мустаҳкам мегардад. Аз рӯзҳои аввали соли таҳсил роҳбари гурӯҳ бо ҳамаи омӯзгорони гурӯҳи худ дар бораи талаботи ягона нисбат ба донишҷӯён меслиҳат мекунад. Дар «Қоидаҳо барои донишчӯён» қоидаҳои рафтори донишҷӯён дар шакли умумӣ ба тартиб дароварда шудаанд. Дар асоси ҳамин қоидаҳо баъзе муассисаҳо талабҳои ягонаи конкретиро нисбат ба донишҷӯён кор карда истодаанд. Дар муассисаи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон роҳбари гурӯҳ риоя намудани талаботҳои зеринро пешниҳод кардаанд: 1. Ба муассиса омадан бо хилъати сафед. 2. Субординатсия дар муассисаи таълимӣ риоя мешавад. 3. Баробари занг шудан, ҳама дар ҷойҳои таълимӣ ҳозир шуда, ба дарс омода мешаванд. 4. Ҳангоми ба синфхона (аудитория) даромадани омӯзгор ё дигар одамони калонсол хомӯшона аз ҷой хеста, баъди иҷозати омӯзгор ба ҷой менишинанд. 5. Дар вақти ҳозиру ғоиб хомӯшона аз ҷой мехезанд. 6. Дар рӯи мизи нишаст ягон ашёи зиёдатиро нигоҳ намедоранд. Барои ба ин боварии комил сазовор шудан бояд роҳбари гурӯҳ бисёр донад, бо назарияи педагогии тарбия мусаллаҳ бошад, инчунин методи тарбиявиро мунтазам такмил намояд. Танҳо дар ҳамин ҳолат роҳбари гурӯҳ аз ин душвориҳо аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошта бомуваффақият мебарояд.
Қудратулло СОЛИҲОВ – аспиранти институти ботаника,
физиология ва генетикаи растаниҳои АМИ Тоҷикистон