Шогирдони мо бояд аз рӯйдодҳои айёми хеш огоҳ ва ҳамқадами замон бошанд. Омӯзгорон барои ба ҳадаф расидан дар дарс ва чорабиниҳои беруназсинфӣ аз далелу маводи рӯзномаю маҷаллаҳо ва дастурҳои методӣ ба таври васеъ ва пурсамар бояд истифода баранд. Бо ин мақсад дар вақти пурсиши вазифаи хонагӣ ва мустаҳкамкунии дарс омӯзгор метавонад мувофиқи мавзӯъҳояш дар давоми 4-5 дақиқа аз маводи иловагӣ истифода барад. Барои корҳои хонагиву мустақилона чунин супоришҳоеро баррасӣ бояд намуд, ки хонандагони сустхон ҳам бо шавқу завқ онро мустақил иҷро карда тавонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги масоили марбут ба об дар дунё буда, СММ бо пешниҳоди кишвари мо 4 Қатънома тасдиқ намуд. Соли 2016 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба масъалаи об – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид, ки ҳадафи асосии он диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба масъалаҳои тозагии об ва қадр намудани ин неъмати бебаҳо ҷалб кардан мебошад.
Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон, вазифадорем, ки ба хонандагон тоза нигоҳ доштани об, манбаъҳои об, дуруст ва сарфакорона истифода бурдани он ва дигар масоили марбут ба обро талқин намоем. Дарс ва корҳои беруназсинфӣ аз усулҳои самаровар дар ин самт мебошанд. Бинобар ин, лозим донистем, ки дар асоси маълумотҳое, ки дар рӯзномаю маҷаллаҳо баён шудаанд, якчанд мисолу масъаларо дар бораи об тартиб дода, пешкаш намоем. Омӯзгорон метавонанд дар асоси ин мавод варақча, тестҳо тартиб диҳанд ва дар вақти гирифтани корҳои санҷишӣ, пурсиши вазифаи хонагӣ ва мустаҳкамкунии дарс истифода баранд.
- Талаботи физиологии шабонарӯзии як одам ба об 3-5 литр мебошад. Ба аъзои оилаи шумо дар як шабонарӯз чанд литр об сарф мешавад?
- 2. Як оила (5 нафар) агар барои мақсадҳои хоҷагию маишӣ дар як шабонарӯз тақрибан 450-600 литр об сарф кунад, дар як моҳ ё як сол чӣ қадар обро сарф мекунад?
- Дар асоси ин мисол ҳисоби миёнаи миқдори оби сарфшударо дар як шабонарӯз дар деҳаатон, ҷамоати деҳот, ноҳия ва Тоҷикистон аниқ кунед (аҳолии Тоҷикистон 9,5 млн).
- Ҳаҷми умумии оби Замин 1400 млн км3 буда, танҳо 35 млн км3-и он оби ширинро ташкил медиҳад. Ба ҳар сари аҳолии ҷаҳон чанд литри оби тоза рост меояд?
- Аз ҷумаки вайронаи оби хона агар дар як сония дуқатрагӣ об чакида истад, дар давоми 12 дақиқа як истакони 200-грамма пур мешавад. Агар сари вақт ҷумакро дуруст накунем, дар як соат як литр об сарф мешавад. Дар як моҳ ё сол чанд литр об сарф мешавад?
Ҳал: 1 сония — 2 қатра, 12 дақиқа — як истакон, як соат = 60 дақиқа; 60:12 = 5 истакону як литр; як шабонарӯз 524 120 истакон = 24 л. Як моҳ 30 24 = 720 л, як сол 365 24л = 8760 л.
- 6. Аз ҷумакҳои вайрон об кам-кам рехта меистад ва дар давоми як рӯз 180 л об мерезад. Агар ҷумакҳои вайрон дар деҳаатон аз 200-то зиёд бошанд, ҳисоби миёнаи миқдори оби сарфшударо дар як шабонарӯз ё сол мувофиқан аниқ кунед.
- Як одам дар вақти шустушӯи дандон, ришгирӣ ва собункунӣ аз ҷумаки кушода дар як дақиқа 7-8 литр обро сарф мекунад. Ӯ ин корро 25 дақиқа давом диҳад, чанд литр обро сарф мекунад?
А) (170 л – 190 л); В) (175 л – 200 л); С) (175 л – 195 л)
- 8. Мувофиқи ҳисоби олимон ҳаҷми умумии оби тоза ба 1386 млн км3 баробар буда, аз он 97,47% ба қаъри замин ва уқёнусҳо меравад. Аз 1386 млн км3 об чанд литрашро аҳолии ҷаҳон истифода мебаранд?
- 9. Мувофиқи ҳисоби олимон соли 2000-ум норасоии солонаи об дар ҷаҳон 230 млн м3-ро ташкил дода бошад, то соли 2025 ин рақам ба 2 трлн м3 мерасад. Норасоии об то соли 2025 чанд маротиба ё чанд фоиз меафзояд?
- 10. Ҳар сол дар Тоҷикистон 64 млрд м3-и оби тоза пайдо мешавад, ки аз он барои эҳтиёҷоти худӣ танҳо 10-12% истифода бурда шавад. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол чанд литр обро истифода мебаранд ва ин ба ҳар як нафар аҳолӣ чандлитрӣ рост меояд?
- 11. Ҳар як инсон агар дар як сол ба ҳисоби миёна қариб 60 т обро истифода барад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як моҳ ё сол чанд тонна об истифода бурда мешавад?
- 12. Оби кӯли Сарез яке аз обҳои тозатарин дар ҷаҳон буда, ҳаҷми умумии он 17,3 млрд м3 мебошад. Аҳолии Тоҷикистон ё ҷаҳон ин оби тозаро чанд сол истифода мебаранд? (Агар як инсон дар як сол ба ҳисоби миёна қариб 60 т обро истифода барад).
- 13. Агар як километри мукааб об ба як миллиард тонна об баробар бошад, ин об барои шикастани ташнагии аҳолии сайёра ба чанд сол мерасад?
- Дар ҳудуди Тоҷикистон 13000 пиряхҳои хурду бузург мавҷуд буда, 40 соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз 1000 пирях аз байн рафтааст. Ин 1000 пирях чанд фисади умумии пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад?
- Муайян шудааст, ки дарозии умумии дарёҳои Россия 9 миллиону 648 километр ва дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон 28500 километр аст. Муайян кунед, ки дарозии умумии дарёҳои Россия аз дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон чанд маротиба дароз ё чанд фоиз зиёд мебошад?
- Узвҳои одам, аз ҷумла, сар, дил, ҷигар, шуш, гурда ба об эҳтиёҷи калон доранд. Аз ин лиҳоз, одами 60 кг вазндошта дар шароити муътадил зиёда аз 2,5 л оби тоза менӯшад. Агар 9,5 млн аҳолии ҷумҳурӣ 3 млн 60 кг вазн дошта бошад, дар як шабонарӯз чанд литр оби тоза менӯшанд?
- 17. Дар асоси таҳлили олимон ҳар мукаабметр оби партов 40-60 м3 оби тозаро ифлос мекунад. Ин оби партов аз худ чанд маротиба зиёд ё чанд фоиз оби тозаро ифлос мекунад?
- 18. Дар асоси таҳлили олимон, инсоният дар асри 14 барои худ 40-60 л обро истифода бурда бошад, ҳоло 300-400 л об истифода бурда истодааст. Истифодабарии об дар асри 21 чанд маротиба ё чанд фоиз афзудааст?
- 19. Агар барои истеҳсоли як тонна гандум 1500 м3 ва барои истиҳсоли як тонна пахта 30000 м3 об сарф шавад, барои як млн тонна гандум ва 600000 тонна пахта истеҳсол кардан чанд метри мукааб об сарф мешавад?
- 20. Миқдори умумии оби Замин ба 1400 млн км3 баробар мебошад. Оби аз ҷониби одамон истифодашаванда 39500 км3-ро ташкил кунад, ин оби истифодашаванда чанд фоизи оби умумии Заминро ташкил мекунад?
- 21. Кишвари мо дорои захираи калони пиряхҳо мебошад, ки 64%-и захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Аз ин пиряхҳо дар навбати худ дарёҳои хурду калони зиёде сарчашма мегиранд ва аз дарёҳо соле наздик ба 82 млрд м3 об ҷорӣ мешавад. Миқдори умумии захираҳои обии Осиёи Марказиро ёбед.
- Дар ҳудуди кишвари мо 65,11 км3 об ҷорӣ мешавад, ки аз он танҳо 11,9 км3-аш дар кишварамон истифода мешавад. Ин чанд маротиба кам аст ва чанд фоизро ташкил мекунад?
- Ҳама оби дарёҳои дар кишвар вақеъбуда 52 км3-ро ташкил медиҳад. Аз ин зиёда аз 11 км3-аш барои обёрии зироатҳи ва дигар соҳаҳо истифода бурда шавад. Ин чанд фоизро ташкил мекунад?
Омӯзгорон бо истифодаи маводи фавқуззикр метавонанд ба хонандагон на фақат дониш диҳанд, балки завқу шавқи онҳоро ба дарс зиёд гардонанд, донишу ҷаҳонбинӣ, салоҳиятҳои зебопарастӣ ва маданияти сарфаю сариштакорона истифодабарии обро ба зеҳнашон ҷой дода, дар рушди тарбияи экологии онҳо таъсир расонанд.
Ҳамдамбой ҲАМРОҚУЛОВ –
мушовири шуъбаи маорифи
ноҳияи Деваштич,
Камолиддин ҲАМРОҚУЛОВ –
омӯзгори мактаби №20,
ноҳияи Деваштич