Басо зиёд андеша кардам, то андешаҳоро рӯйи коғаз оварам. Андешаи ман на сари вожаи “омӯзгор”, балки худи омӯзгор аст. Кист ӯ? Чӣ гуна бояд бошад ӯ? Инсоне, ки аз сӯзу созаш олам мунаввару дунё гулбасар мешавад, чӣ афзалияте бояд дошта бошад? Чист рисолати ӯ? Ин суолҳоест, ки ҳар яки мо имрӯз бояд посухашро дарёфта бошем.
Рисолати омӯзгор баҳри ояндаи пурнишоти миллат аз худ гузаштану ҷонфидо будан аст. Омӯзгор будан муҳаббат аст, муҳаббате, ки заволнопазир аст. Муҳаббате, ки бедареғ нисори шогирдон мешавад.
Омӯзгор будан шараф аст. Омӯзгор будан масъулияти гарон, масъулияти ояндаи инсонҳоро ба дӯш гирифтан аст. Омӯзгор будан ҳамеша табассум бар лаб будан аст. Зеро ҳангоми по ба остонаи синф гузоштан, даҳҳо ҷуфт чашм бо умеду боварӣ ба сӯят дӯхта мешаванд. Омӯзгор будан дили поку ҳақбин доштан аст, то ҳама дилҳо поку ҳама чашмҳо ҳақбин шаванд. Омӯзгор будан дар ниҳолаке дарахти боровару пурсамар, дар заррае дунё, дар қитъае паҳно, дар қатрае баҳри беканорро дидан аст. Омӯзгор будан бузургтарин вазифа асту сарчашмаи касбу ҳунарҳои дигар. Омӯзгор будан умри ҷовид доштан аст. Шогирдон давоми умри ӯянд. Омӯзгор будан бахти баланд доштану шодком будан аст. Мегӯянд, ки касбро на барои ҷамъи мол, балки баҳри рӯзгузаронӣ интихоб бояд кард. Пас аз солҳои тӯлонии фаъолият ба хулосае омадам, ки пешаи омӯзгорӣ на баҳри ин асту на он. Омӯзгор будан аз худ гузаштану баҳри фардои неки башарият зистан аст. Рисолати омӯзгор аз оне, ки гумон мекунем, хеле фароху густурдатар аст. Омӯзгори ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ба мавзӯи дарсаш иктифо намекунад. Ин маънӣ басо фарохтар аз мавзӯи дарс аст. Омӯзгори асил ҳаргиз дунболи шуҳрату сарват намегардад. Баръакс, шуҳрату сарват аз пайи ӯянд. Сарвату шуҳрати омӯзгор шогирдонаш хоҳанд буд. Сарбаландиву номи наку тавассути шогирдон ӯро дунболгир мешавад. Шогирдон танҳо ҳамон вақт мояи ифтихору сарфарозӣ мегарданд, ки омӯзгор ҳама ҳастияшро барояшон бахшида бошад. Чӣ гуна метавон ҳама ҳастиятро ба шогирдон бахшид?
Аввал, шогирдон ҳамеша шуморо хуштабъу шукуфтарӯй бинанд. Ҳаргиз бо чеҳраи гирифтаву димоғи сӯхта вориди синфхона нашавед. Асабоният ва ошуфтагии худро ба дигарон, ба вижа ба шогирдон бор накунед. Зеро ин амали носавоб ба шогирдон зарари маънавӣ ва таъсири манфӣ расонда, боиси дилхунукии ӯ аз дарс ва устод мегардад. Дувум, омӯзгор бояд ҳамеша ширинсухану хушгуфтор бошад. Ба ҳеҷ ваҷҳ омӯзгорро дуруштҳарфӣ назебад. Таъсири суханро дар раванди дарс нодида нагиред. Хушсуханӣ васила комёбии омӯзгор аст. Ҳатман пеш аз оғози дарс шогирдонро аҳволпурсӣ намуда, аз саломатии падару модарашон низ иттилоъ пайдо кунед. Иҷрои ин амал чандон душвор нест ва вақти беш намегирад. Вале ҳисси эҳтироми шогирдон нисбат ба шумо зиёда мегардад, зеро шумо азизтарин шахсони онҳоро мепурсед. Ин амал ба натиҷаи дилхоҳ додани дарси шумо мадад мерасонад. Савум, дар ҷараёни дарс ҳаргиз шогирдонро ба гурӯҳҳо ҷудо накунед. Яъне аълохонҳо, хубхонҳо ва миёнахонҳо. Ин гуна тафриқа гузоштанҳо шояд барои ҳисобот лозим оянд, аммо инҳоро дар назди хонандагон ба забон наоред. Агар ин амал баҳри як гурӯҳ мояи ифтихор ва ҳатто кибру ғурур гардад, гурӯҳи дуюмро аз пешравӣ боз хоҳад дошт. Барои гурӯҳи сеюм ҳалокатбор асту онҳоро шикастарӯҳ мегардонад. Чаҳорум, агар омӯзгоред, пас ба оянда хушбин ва ҳамеша болидарӯҳ бошед. Ҳаргиз рӯҳафтода нагардед. Рӯҳафтодагӣ ба нобудӣ мебарад. Хушбиниятон гарави асосии пешравии кори шумост. Панҷум, агар омӯзгоред, пас бояд ҳар амалу рафтору гуфтори худ ва шогирдонатонро таҳлилу арзёбӣ намоед. Аз таҳлилу баҳогузорӣ шумо ба хулосаҳои зарурӣ меоед. Маҳз таҳлилу арзёбӣ ва хулосабарорӣ дар ҷараёни дарс боиси ба вуҷуд омадани андеша, ақида, афкор ва ғояҳои наву солим гашта, аз ҷониби хонанда хуш пазируфта мешавад.
Шашум, агар омӯзгоред ва хоҳед, ки шогирдон ба шумо эътимод дошта бошанд, дар баробари донистани фанни худ доир ба дигар фанҳо донишҳои академикӣ доштанатон зарур аст. Инчунин хуб донистани педагогика ва психология ҳатмист. Дар маҷмӯъ донишманд бошед. Мутолиа карданро вазифаи ҳаррӯзаи худ қарор диҳед. Ин ҷо овардани гуфтаҳои педагоги барҷаста К.Д. Ушинский хеле бамаврид аст: “Муаллим то даме, ки зинда аст, мехонад. Ҳамин ки аз хондан боз монд, симои муаллимиаш барҳам мехӯрад.”
Воқеан, бачаҳо аз он ки мо фикр мекунем, хеле ҳассос ва кунҷкованд. Дар тасаввури онҳо шумо донотарин шахсед ва бикӯшед, ки ба ин тасаввурот рахна ворид накунед. Шумо бояд ба ҳама саволҳои онҳо ҷавоб дода битавонед, агар не вой бар ҳолатон! Онҳо ба шумо дигар бовар намекунанд. Вақте боварӣ аз байн меравад, ба натиҷаи хуб умедвор нашавед.
Ҳафтум, агар омӯзгоред, шогирдонро ҳамчун як дӯсти наздики худ қабул доред. Кӯшиш кунед, то ботини онҳоро омӯзед. Ҳеҷ гоҳ бартарии худро назди онҳо ба намоиш нагузоред. Бо оҳанги омирона бо онҳо сухан нагӯед. Зеро шумо метавонед бо ин амалатон дари қалбҳои кучаку соф ва беолоиши онҳоро ба рӯйи худ бубандед. Чун шумо ин дарро ба рӯйи худ бастед, муваффақияту комёбӣ ҳеҷ гоҳ ба шумо барнамегардад. Ба дунёи рангини кӯдакон ворид гардед. Он ҷо ҳама поку беолоиш аст. Агар шумо ба ин олам ворид шудед, бозпас берун шудан намехоҳед. Касеву чизе ҳам шуморо қудрати аз он ҷо берун кардан надорад. Шумо ҷовидона дар ин олами зебо мондан мехоҳед. Ҳамеша мақоли “Як кори хуб ва як кори бад аз хотир намеравад”-ро дар ёд дошта бошед. Бикӯшед, дар хотири шогирд бо сухану кори нек боқӣ монед.
Ҳаштум, агар бихоҳед, ки шогирдон ба ҳарфи шумо гӯш бидиҳанд ва гуфтаҳоятонро иҷро намоянд, худ гӯш карданро биёмӯзед. Андешаи онҳоро бо таҳаммул гӯш кунед. Ба андешаашон эҳтиром намоед. Онҳоро ба хомӯш будан раҳнамоӣ накунед. Зеро хомӯшӣ ин карахтӣ аст. Аз он ки дар синф шӯру мағал бармехезад, ҳаргиз наҳаросед. Яъне, хонандагон фикру андешаҳои худро доранд ва онро баён кардан мехоҳанд. Бигузор, бигӯянд. Шумо гӯш кунед. Рушди тафаккури мантиқии онҳоро таъмин созед.
Нуҳум, агар омӯзгоред, ҳеҷ гоҳ аз бахшиш пурсидан шарм надоред. Лаҳзаҳое мешаванд, ки бо сухане ё амале ноҷо шогирдро меранҷонед. Пас, аз ӯ бахшиш пурсед. Гумон накунед, ки аз ин амал назди шогирд обрӯятон коста мегардад. На, баръакс онҳо шуморо аз пештара бештар дӯст хоҳанд дошт. Даҳум, агар омӯзгоред, пас волидайни шогирдонро эҳтиром намоед. Ҳеҷ гоҳ назди дигарон фарзандашро беқобилият ном набаред. Ӯ шарм медорад ва меҳаросад, ки ба мактаб ояд, боз шикоят мешунавад. Агар шумо дар алоҳидагӣ бо ӯ суҳбат намуда, маслиҳатҳои муфид бидиҳед, ҳатман ӯ худаш бе даъват ҳам наздатон меояд. Дар ин ҳолат шумо метавонед ҳамкории педагогиро таъмин намоед.
Воқеан ҳам омӯзгор нурбахши зиндагонӣ ҳидоятгар ба роҳи рост, роҳбалад аз торикӣ ба рӯшноист, омӯзгор аз ҷаҳолат ба доноӣ. Омӯзгор нафарест, ки ки ба мо андешиданро меомӯзад. Омӯзгор ба хотири фардои миллат заҳмат мекашанд. Зарра-зарра хешро обу адо мекунад, то ҷаҳонеро ороста гардонад. Заҳматҳояш ҳаргиз барабас нахоҳад рафт. Ин рӯзгор бо ӯ зебу фар дорад. Рисолаташ дунёро сафову қалбҳоро зиё бахшидан аст, ки худ саропо нур аст. Ӯ дар хотираҳову ёдҳо мондагор аст.
Хулоса, омӯзгор миллатсоз аст. Ӯ дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва амаликунандаи ормонҳои миллату давлат мебошад. Омӯзгор бори дигар бояд дарк кунад, ки Ватан ба ӯ эътимоду боварӣ дорад. Ба ин сазовор бояд буд. Агар омӯзгоред, баҳри фардои дурахшони Ватан ҷонфидо бошед.
Бунафша ҒАНИЕВА-
номзади илмҳои педагогӣ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон