Вазн, оҳанг, лаҳн ва дар маҷмӯъ, мусиқии шеър (яъне забон) муҳимтарин унсури зотии он аст, ки маънои зоҳирии калимаҳоро бо шарбати худ сероб месозад ва аз ин ҷост, ки гӯё тарҳи лаҳнӣ ва оҳангии шеър аз қабл таъйин шудааст. Аз ин рӯ, шоирон аз таҷрибаи худ ёд медиҳанд ва дар муқоисаи матншиносии мутуни гуногуни як шеър ҳам аён мегардад, ки дар бисёре аз мавридҳо агар шоир барои рафъи сактаи вазн як калимаро ба калимаи дигар иваз кардааст, ҳамзамон шеър аз назари маъно ҳам такмил шудааст.
Шеър каломи мавзунест, ки аз тахайюли инсон бархоста, ба мазраи дилҳо нишинад, торҳои нозуки эҳсосоти инсонро биҷунбонад ва олами ботиниашро таҳаввул бахшад. Устод Лоиқ барҳақ гуфта:
Шоирӣ ҳам ба масал деҳқонист,
Шеър бунёди ҳама маснадҳост.
Шеър тухмест, ки сабзад дар дил,
Шеър Қуръони ҳама миллатҳост.
Рисолати адабиёт, бавежа шеъри асил, аз вартаи нафсу ғафлат ба соҳили одамияту худшиносӣ кашидани инсон аст, инсонро инсонтар кардан аст. Чунин рисолати одамсозиро шеъре, ки сӯзу дард дораду муассиру зеҳнпазир аст:
Шеъре, ки зи сӯзу шарори дил холист,
Тифлест, ки мурда зода бошад модар.
Шеъри олимазмун (ба таъбири ниёгони сухантирози мо — «сеҳри ҳалол») маҳсули истеъдоди баланди шоирест, ки барои мисрае мавзун қатраҳои хуни ҷигар кам мекунад, шабҳо бедорхобӣ мекашад. Мирзо Бедилрост:
Ғозаи ҳусни адо осон намеояд ба даст,
Фикрҳо хун мехӯрад, то ранг мегирад сухан.
Адабиётро бе ашъори асил дарс додан «ба ҳован об кӯфтан» аст. Мо дар ниҳоди шогирдон бояд муҳаббатро ба шеъри олимазмуну саршор аз ҳикмат бедор кунем, ки ҷавҳари онро ҳидоят ба худогоҳӣ ташкил медиҳад; худшиносие, ки ҳаким Носири Хусрав онро василаи раҳоӣ аз ҳама бадиҳои рӯзгор медонист:
Чу худ донӣ, ҳама дониста бошӣ,
Чу донистӣ, зи ҳар бад раста бошӣ.
Омӯзгор ҳангоми таълими шеър ҳамин дурдонаи худшиносиро бояд дар ганҷинаи зеҳни шогирдон ҷо кунад, то гавҳари мақсуд-тарбияи инсони некманишу покниҳод ва худогоҳ ба даст орад. Ва аз баҳри пурдурри ҳикмати ниёгон баргузидани ҷавоҳири рахшони маънӣ истеъдод, заҳмат ва завқу фаҳм мехоҳад. Танҳо омӯзгори воқеан донишманд метавонад бо таҳлили хирадмандонаи шоҳбайтҳои адабиёти классикӣ меҳри шогирдонро ба шеър бияфзояд.
Имрӯз бисёр мушоҳида мешавад, ки омӯзгори адабиёт бештар аз шогирдон санаҳои таваллуду фавти шоир, номгӯи осору миқдори абёт ва вазни ашъори ӯро мепурсад — ин сабабгори соҳиби тафакккури қолабиву дониши сатҳӣ шудани онҳо мегардад. Ба пиндори мо, ин маълумоти дуюмдараҷа он қадар шарту зарур ҳам нест, зеро аввалан, чунин сарбории зиёди маълумотро майнаи шогирд на ҳамеша бардошта метавонад; сониян, на ҳама шогирдон мисли устод Рӯдакӣ ё худ Шекспир шоири касбӣ хоҳанд шуд; солисан, шоироне буданд, ки бо вуҷуди надонистани қоидаҳои назм ашъори баландмазмуну мондагоре офарида тавонистанд…
Бинобар ин, тестҳои имтиҳонӣ дар мактабҳо низ бояд фарогири саволҳои заруриву муҳимтарине шаванд, ки ба ташаккули қобилияти маънишиносии шогирдон мусоидат карда тавонанд.
Шарти заруриву талаботи дарси адабиёт он аст, ки шогирдон байтҳои андарзогини беҳтаринро интихоб ва дарк карда тавонанд, ба хотир бигиранд, дар гуфтору навиштор онҳоро бамавқеъ барои таъйиди андешаи худ истифода баранд, аз ин шоҳбайтҳо лаззати маънавӣ бардоранд ва мунтаҳо, бар ғановати ботини худу атрофиён бияфзоянд.
Ва боз имрӯз мушоҳида мекунем, ки омӯзгор аз шогирд тӯтивор азёд кардани ғазалро аз матлаъ то мақтааш талаб менамояд. Бояд гуфт, ки дар назми тамоми халқу миллатҳо камтар шеъреро метавон ёфт, ки саропо маънии баланду ҳикмати воло дошта бошад ва ба ҳама яксон маъқул ояд. Ҳатто Бедили бузург бо он вусъати афкор, рафъати маънӣ ва азамати шуҳраташ, бо вуҷуди қариб шоҳбайт будани ҳар як байти ғазалхояш аз ғояти фурӯтанӣ ашъорашро дар қиёс бо ашъори дигар шуаро камарзиш медонист:
Бедил, ҳарчанд шӯри назмам беш аст,
Гар ворасам, андеша ҳиҷолаткеш аст.
Дар силки суханварон гуҳарҳои маро
Ҳамчун жола об шудан дар пеш аст.
Яъне ин шоири бузург, ки шеъри баландпояааш ба ҳадди эъҷоз расиду аз ҷониби шуаро ҳамчун Абулмаонӣ-падари маъниҳо эътироф гардид, ба тазоди мантиқии афкораш, нуктаҳои нодаркори андаруни ашъораш иқрор кард:
Бедил, дар нусхаи рамузи ашъор
Айбам накунӣ ба нуқтаҳои бекор.
Ҳуш дор, ки дар назми вуҷуди инсон
Чун нохуну мӯст узви беҳис бисёр!
Пас, тақозои таълими дурусту ҳадафрас моҳирона ҷудо кардани шоҳбайтҳо аз миёни он абёти камарзиш аст, ки Бедили маънитироз онҳоро ба узвҳои беҳиси бадани инсон монанд кардааст. Омҳзгор набояд зеҳни оинасон софи шогирдони худро бо назмгунаҳои нодаркор пур намояд, балки шеърҳои беҳтарин, шоҳбайтҳои пурмазмунро таҳлил карда, барои азёд кардан тавсия диҳад. Ва фармоиши ҳифзи маҷбурии шоҳбайтҳо низ маслиҳат нест: бигзор шогирдон шоҳбайтҳои писандидаашонро созгор ба фаҳму завқашон азёд кунанд. Озодӣ дар интихоби шеърҳои писандида шарти муҳим аст, вале беҳтар аст, агар мактабиён бо кумаки омӯзгори маънишиносашон он байтҳои дорои маъниҳои волои ахлоқиеро ба хотир бигиранд, ки фалсафаи зиндагии инсонро инъикос мекунанд ва олами ботиниашро сафо мебахшанд.
Такомули фаҳму сиришти инсон бештар аз дигар фанҳои таълимӣ вазифаи адабиёт аст, ки дарунмояашро шеър ташкил медиҳад. Ҳадафи шеъри асилу муассир тарбияи инсон аст. Аллома Муҳаммад Иқбол ба муҷиби ҳамин рисолати тарбиятгарии шеър шоирро ба волотарин маснад шинонидааст:
Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист!
Имрӯз таваҷҷуҳи насли ҷавон ба азёд кардани шеър дар қиёс бо солҳои каблӣ афзудан дорад. Ба ин озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» такони тоза бахшид, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид. Наврасон бо дилгармиву шавқи беандоза ғазалҳои зиёде азёд мекунанд, то дар озмун ғолиб оянд. Ҳифзи шеър хотираи онҳоро қавӣ мегардонад, ба ғановати захираи луғавиашон ва равонии маҳорати суханвариашон боис мегардад. Омӯзгоронро танҳо лозим меояд, ки ба онҳо ғазалҳои баландмазмунро барои азёд кардан тавсия диҳанд, таҳлили ашъорро биомӯзонанд, ғазалҳоро мувофиқ ба синнусолашон интихоб намоянд. Доварони озмунҳои ноҳиявию шаҳрӣ бошанд, дар баробари санҷиши миқдори ғазалҳои азёдкарда онро бештар ба инобат бигиранду баҳогузорӣ намоянд, ки наврасон оё маънии абёти ғазалҳои азёдгуфтаашонро медонанд ё не, аз уҳдаи таҳлили шеър мебароянд ё не. Фақат дар сурати ёд додани дарки маънии шеър ба дастпарварони худ мо ба тарбияи дурусти онҳо, ғановати дунёи маънавиашон даст ёфта метавонем.
Ниёзбегим РАВШАНОВА –
омӯзгори мактаби №34,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ