
Истифодаи истилоҳҳои илмӣ дар фанҳои дақиқ ба забони тоҷикӣ масъалаи баҳсталабе буда, боиси ноҷӯриҳои вожавӣ дар навишти мақолаҳо ва дастуру китобҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ гардидааст. Алалхусус, тарҷумаи истилоҳоти астрономӣ ба забони тоҷикӣ, ки имрӯзҳо ба роҳ монда шудааст, ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони худро дорад.
Тарафдорони тарҷумаи истилоҳот аз гиромидошти забони тоҷикӣ ва ғуруру ҳувияти миллӣ сухан ронда, андеша доранд, ки фаҳмиши истилоҳҳо ба забони тоҷикӣ барои хонандагон осонӣ ва сабукӣ оварда, дарки мавзуъ ба мақсад мувофиқтар аст. Онҳое, ки муқобили тарҷумаи истилоҳоти астрономӣ мебошанд, фикр мекунанд, ки бояд истилоҳҳои байналмилалӣ тарҷума нашаванд, зеро онҳоро дар тамоми ҷаҳон ба шакли ягона истифода мебаранд. Инчунин, адабиёти илмӣ ба забонҳои гуногун аст ва агар ҳангоми истифода аз онҳо мо ин истилоҳоти байналмилалиро донем, он қадар азоб нахоҳем кашид. Барои ин ақидаҳоро таҳлил кардан сараввал, мо бояд ба худи ҳодиса ва номи объектҳои тарҷумашаванда аҳамияти ҷиддӣ диҳем ва омӯзем, ки то чӣ андоза онҳоро тарҷума кардан мумкин аст. Ҳамзамон, ба решаи калимаҳои тарҷумашаванда ва истилоҳоти тарҷумашуда, инчунин, мавқеи истифодабарии онҳо дар забон диққат намудан лозим аст. Яке аз шартҳои муҳимми тарҷума бояд осонгардонии омӯзиш бошад. Ба ин маънӣ, дар вақти тарҷума чунин омилҳоро ба назар мегиранд:
- Мавҷудияти номи объекти тарҷумашаванда дар забони тоҷикӣ.
Масалан, номгӯи бешумори ҷирмҳо ва дигар истилоҳҳои астрономӣ, ки аз давраҳои қадим барои инсоният маълум буданд, аз қабили қутр, кура, меҳвар, фалак, само, ситора, бурҷ, андоза ва ғ. Мо метавонем, ин истилоҳотро дар забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода намоем. Қисми зиёди ин калимаҳо арабӣ бошанд ҳам, ҳар яки мо аз хурдӣ бо ин номҳо шинос буда, аз онҳо истифода мебарем.
- Иқтибос аз осори гузаштагон.
Решаи истилоҳоти асосӣ ба забоне бисёртар тааллуқ дорад, ки ҳамчун забони илмӣ эътироф гардида бошад. Азбаски дар ҳар давра ва минтақа забони илмӣ ягона набуд, решаи истилоҳҳо низ ба забонҳои гуногун тааллуқ дорад. Масалан, мисрӣ, юнонӣ, римӣ, лотинӣ, арабӣ ва ғайра. Забони илмии гузаштагони мо дар давраи инкишофи илми асримиёнагии Шарқ арабӣ буд. Бинобар ин, истилоҳоте, ки олимони бузурги асримиёнагии Шарқ, махсусан, тоҷику форс истифода бурданд, калимоти арабӣ мебошанд. Вале пас аз таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ мо ба сифати забони илмӣ забони русиро қабул кардем ва вобаста ба он, ба истилоҳҳои русӣ рӯй овардем. Дар даврони Шӯравӣ ин мафҳумҳо, ба қавле, «дар забони мо нишаста монд». Баъд аз ба даст овардани истиқлоли комили сиёсӣ, қисме аз олимон ва муҳаққиқон мехоҳанд, ки ба ҳамон истилоҳҳое, ки гузаштагони мо истифода кардаанд, рӯй оварем.
- Мавҷудияти калимоти ҳамвазн.
Дар замони ҳозира бо рафти рушду пешрафти илму техника ва истифодаи қабулкунакҳои нави оптикӣ, ки дар астрономия васеъ истифода мешавад, баъзе ҳодисаҳо, қонуният, асбобу лавозимот ва элементҳои нав кашф мешаванд, ки аз ин пеш набуд ва табиист, ки дар номи онҳо ягон забон вуҷуд надорад. Ба ин ҳодисаву объектҳо ё номҳои шартӣ мегузоранд ё аз якчанд реша калимаи мувофиқ сохта, номгузорӣ мекунанд. Бисёр ҳолатҳое шудаанд, ки кашшоф ба исми хеш номгузорӣ мекунад. Аз ин рӯ, тарҷумаи чунин истилоҳот хеле душвор ва баҳсбарангез мебошад. Масалан, калимаҳои «фотон», «газ», «электрон», «молекула», «аннигилятсия» ва ғайраро, ки чун истилоҳҳои байналмилалӣ эътироф гаштаанд, тарҷума кардан нашояд.
Бо вуҷуди ин, бисёре аз мутарҷимон кӯшиш менамоянд, ки тарҷумаи таҳтуллафзии ин калимаҳоро амалӣ созанд. Лекин ин калимот ҳамчун истилоҳ маъниҳоеро дар бар мегиранд, ки худи мафҳум ин маъноро инъикос карда наметавонад. Масалан, истилоҳи «Галактика»-ро ҳамчун «ширмонанд» тарҷума намоем, мо наметавонем зери ин мафҳум худи объектро фаҳмем.
Дар замони ҷаҳонишавӣ мо бояд ба як нукта аҳамияти ҷиддӣ диҳем ва мавқеи худро аниқ муайян намоем: мо тозагии забони модарӣ ва ҳувияти миллиро мехоҳем ё ба раванди инкишофи илм ворид шуда, истилоҳҳои байналмилалиро истифода мекунем?
Масъалаи дигаре, ки дар роҳи истифодаи истилоҳот ба забони тоҷикӣ ба миён омадааст, аз тарафи мутарҷимони гуногун истифода гардидани калимоти мухталиф аст. Масалан, дар китобҳои табиатшиносии Н.Қодиров, С.Давлатзода, К.Исоев, И.Абдуллоев, М.Зиёев, М.Табаруков астероидро нуҷайма, кометаро зузанаб, метеоритро шиҳобпора тарҷума намудаанд. Бар замми ин, истилоҳоти номбаргардидаро нодуруст шаҳр медиҳанд. Масалан, ҷирмро ҳамчун ҷисми шаффоф маънидод кардаанд, ки барои омӯзиши хонандагон дар оянда монеа эҷод мекунад. Дар китоби «Нуҷум» барои синфи 11 (муаллифон Ҳ.Маҷидов ва О.Нозимов) бисёр истилоҳот худсарона ва берун аз меъёрҳои забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Ҳатто номи олимони гузашта дар шакли русиасос навишта шуда, бархе аз олимони тоҷику форсро ҳамчун олимони араб нишон додаанд, ки комилан нодуруст аст. Аксар масъалаҳои дар китоб овардашуда низ нодуруст тарҷума ва таҳия шудаанд. Чунин маводи хатою бе таҳрир омӯзгорони мактабҳоро дар ҳолати ногувор мегузорад. Барои ба миён наомадани чунин нофаҳмиҳо бояд дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсуси истилоҳот таъсис дода шуда, ин комиссия назоратро пурзӯр намояд ва ҷалби олимони соҳавӣ истилоҳҳоеро қабул намоянд, ки ҳамчун стандарт дар оянда истифода шаванд. Барои мисол, мо метавон чанд махсусияти истилоҳи астрономиро фарқ кунем:
- Истилоҳ, пеш аз ҳама, вожаест, ки дар сохтори истилоҳии як соҳаи муайян ба таври дақиқ ва қатъиву мушаххас як мафҳумро ифода мекунад. Он ба таври аслӣ дар забони тоҷикӣ қабул шуда метавонад. Дар зер чанде аз истилоҳҳо бо назардошти тарзи навишт мувофиқи қонуни забон оварда шудаанд: аберратсия, аблятсия, азимут, аккретсия, албедо, астрограф, астрофизика, галактика, гелиометр, ионосфера, надир, параллакс, протуберансҳо, радиант, рефлектор, сарос, экзосфера, эклиптика ва эфемерида.
- Истилоҳ дар доираи соҳаи муайян бо ифодаи маънои мушаххаси худ ба ҳамин соҳаи муайян ва соҳаҳои вобастаи он бо якмаъноӣ вобастагии зич дорад. Онро ниёгонамон истифода мебурданд ва мо онро метавонем дар намуди асл қабул намоем: азимут, алмуқантар, алмуқантарот, Асад (Шер), бадр (моҳи пурра), бурҷ, зенит, Зуҳал, инқилоби офтобӣ, қиём (авҷ), қирон, қутб, мадор майл, Муштарӣ, надир, сайёра, тарокум, тӯли ҷуғрофӣ, устурлоб, эътидол.
- Истилоҳ дар баробари вижагии хос доштан дар таркиби сохтори забонӣ мутобиқ бо қоидаҳои дастурӣ амал намуда, дар калимасозӣ ҳамчун воҳиди истилоҳӣ иштирок менамояд. Истилоҳҳои аз забони байналмилал гирифташуда ва истилоҳҳои ба намуди асл қабулшуда дар астрономия: ангестрем, антисиклон, апекс, апогей, апсид, астроблема, геодезия, геоид, комета, коронограф, космогония, магнитосфера, мантия, маскон, метеорит, парсек, перигей, перигелий, флоккула, фотосфера ва хромосфера.
Имрӯзҳо матбуот ҳамчун воситаи тарғибу ташвиқ ва минбари баёни андеша метавонад ба рушду пешрафти илмию фарҳангии ҷомеа таъсир расонад. Дар маҷаллаҳои илмӣ ва адабиёти таълимӣ истилоҳоти соҳаи астрономия хеле зиёд истифода шудаанд.
Забон падидаест, ки бо мурури замон тағйир меёбад ва захираи луғавии он дигаргун мешавад. Ин аст, ки калимаву истилоҳоти нав ба вуҷуд меоянд, бозсозӣ мегарданд ё аз забонҳои дигар иқтибос шудаву маънии нав пайдо мекунанд. Забони тоҷикӣ низ аз ин гуна тағйироту таҳаввулот дар канор нест. Барои инкишофи истилоҳоти забони тоҷикӣ аҳамияти забони русию арабӣ ва аврупоӣ калон буду ҳаст. Ба туфайли фаъолияти илмии олимон, фаъолияти мутарҷимон, хизмати омӯзгорон ва ходимони илму техника, захираи истилоҳоти русию байналмилалӣ ва калимаҳои нав забони тоҷикӣ мукаммал шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки бештари истилоҳоти соҳаи астрономия аз забонҳои дигар ба забони мо иқтибос шудаанд. Ба монанди номи ситораҳои дурахшон, қисми муайяни бурҷҳо, асбобҳои астрономӣ аз забони арабӣ гирифта шуда, то ҳол маънои худро гум накардааст.
Аз забони дигар иқтибос шудани истилоҳот ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ дорад. Аз як тараф, қабул кардани истилоҳот боиси ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон шавад, аз тарафи дигар, боиси зиёд шудани калимоти бегона мегардад. Аз ин рӯ, агар имкони офариниши истилоҳот ё вожаи нав бошад, ҳоҷат ба қабул, тарҷумаи таҳтуллафзии он нест.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ имкони хубе овард, то таркиби луғавии худро аз ҳар гуна калимаву истилоҳоте, ки дар тӯли солҳои зиёд аз забонҳои бегона ворид шуда буданд, ба андозае тоза намояд. Ин шаҳодат аз он аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадима ва пурғановат мебошад.
Адабиёт:
- Абдуллозода Ҳ.Ф. Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи тоҷик. – Хуҷанд: Нури Маърифат, 2005. – 440 с.
- Берунӣ А. Китоб-ут-тафҳим / Муҳаррири масъул М.Диноршоев. – Душанбе: Дониш, 1973. – 286 с.
- Ибодинов Х.И., Раҳмонов А.А. Истилоҳоти астрономӣ дар илму маориф. – Душанбе, 2017. – С.51-57.
- Калонтаров Я.И. Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ. – Д., 1971. – 62 с.
- Луғати русӣ-тоҷикии терминҳои астрономия / Мураттиб Абдуллоев Н.Ш. – Душанбе, 1977.
- Назарзода С. Лингвистическое изучение классических письменных памятников. – Душанбе, 2004. – 332 с.
- Январ Шукрии Самарқандӣ. Фарҳанги физикии русӣ ба тоҷикӣ. – Душанбе: Амри илм, 2001.
- Нуров П.Г. Таджикская научно-техническая терминология: стоновление и развития, теоретические основы прикладные аспекты. – Душанбе: Дониш, 2009. – 168 с.
- Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ. – Душанбе: Шарқи Озод, 2013. – 320 с.
- Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилдҳои 1-9. – Душанбе, 2011. – 2021 с.
Абдуҷалол САФАРОВ –
номзади илмҳои физикаю математика,
дотсент, мудири кафедраи астрономияи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон