Мушоҳидаи дарсҳои забони тоҷикӣ, суҳбат бо омӯзгорони фанни мазкур ва семинарҳои омӯзишӣ, ки аксаран бо дастгирии мушовирони байналмилалӣ бо омӯзгорон – муаллимону олимони соҳаи забони тоҷикӣ барои таҳияи стандарти фаннию барномаи таълим, китобҳои дарсӣ ва маводи дидактикӣ ширкат мегузаранд, нишон дод, ки бисёриҳо услубҳои забонро чандон балад нестанд. Ҳангоми номбар кардану шарҳ додани назарҳо ошкор гашт, ки байни услубҳои нутқ ва мавзуъҳои матн фарқ намебинанд. Масалан, вақте ки навъҳои матнро муайян карданд, омӯзгорону олимон дар варақа чунин навъҳои матнро зикр кардаанд: тасвирӣ, адабӣ бадеӣ, интиқодӣ, илмӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, публитсистӣ, расмӣ – коргузорӣ ва ғайра.
Ҳамин нукта моро водор сохт, ки оид ба услубшиносӣ ва навъҳои услуб мулоҳизаҳои худро баён кунем. Бад – ин васила оид ба услуб ва навъҳои он маълумоти мухтасар диҳем, то ки омӯзгорон навъҳои услубро аз мавзуъҳои матн фарқ кунанд ва ба хонандагон маълумоти дақиқ диҳанд.
Воқеан, мавзуи услубшиносӣ ва навъҳои он дар барномаи таълими забони тоҷикӣ мавқеи муҳим дорад. Хонандагон унсурҳои ҷудогонаи онро дар синфҳои ибтидоӣ, бидуни истифодаи истилоҳ, ҳангоми кор бо матн ва таҳияи он ба даст меоранд ва баъдтар омӯзиши услубҳои нутқ (забон) аз синфи 5 оғоз гардида, то синфи 9 идома меёбад. Хонандагонон оид ба хусусиятҳои асосии ҳар кадом навъи услуб маълумоти мухтасар ба даст меоранд. Яъне муаллимон вазифадоранд, ки бо дарназардошти талаботи стандарти фаннӣ ва барномаи таълими забони тоҷикӣ хонандагонро бо донишу маҳорат ва малакаҳои зарурии доир ба услубҳои нутқ мусаллаҳ намоянд. Ин нукта талаб менамояд, ки аввал худи муаллим доир ба масъалаи мазкур фаҳмишу дониши хуб дошта, мавзуъро мушаххас, дуруст ва ба таври комил фаро гирифта бошад. Ба назар чунин менамояд, ки дар факултаҳои филологияи донишгоҳҳои омӯзгорӣ ин фан ба таври зарурӣ таълим дода намешавад ва агар тадрис шавад ҳам, зиёдтар мутахассисоне тадрис мекунанд, ки ба назари мо, аз ҷиҳати неруи илмӣ ва қобилияти тадриси фанни мазкур чандон муваффақ нестанд.
Масъалаи услубшиносӣ чун яке аз самтҳои илми забоншиносӣ кайҳо боз мавриди баҳси забоншиносон қарор дорад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки то имрӯз идома дорад ва дар маҷмуъ доир ба баъзе нуктаҳои он ҳанӯз ба як фикри воҳид наомадаанд.
Дар байни олимон – забоншиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва методистон баҳсҳои доманадор сурат гирифта буд. Дар ин замина солҳои 50- 60- уми қарни гузашта олимони рус баъзе хусусиятҳои умумии навъҳои услубро бар асоси таҳқиқи ҳар як навъи он муқаррар сохтаанд. Ва чунин амал, яъне таҳқиқи махсусиятҳои услубҳои забон, навъҳои он, ҳусни баён (маданияти нутқ) ва нуктаҳои марбути ҳусни баён (дурустии баён- меъёрҳои талаффузу меъёрҳои грамматикӣ, аниқии нутқ, мантиқи нутқ, возеҳии нутқ, бойигарии (вариантнокии) нутқ, бамавқеии нутқ, услубҳои забон ва нутқ ва муносибати онҳо ба ҳусни баён, ҳусни нутқ дар муомилаи илмӣ ва умумӣ ва ғайраҳо) ҳанӯз ҳам идома дорад.
Тибқи хулосаҳои охирини забоншиносон, равоншиносон ва методистони рус, ки ба таҳқиқи мавзуи мазкур машғуланду натиҷаҳои бадастомадаро барои омӯзгорон дар шакли асарҳои илмию методӣ манзур намудаанд, ду самти асосӣ дар услубшиносӣ муайян ва муқаррар карда шуд: услубҳои забон (ё таълимот оид ба воҳидҳои забон, ки дорои тобишҳои иловагӣ мебошанд) ва услубҳои нутқ (ё таълимот доир ба услубҳои функсионалии нутқ). Дар байни олимон доир ба шарҳу маънидоди мафҳумҳо ё ибораи «услубҳои забон» ва «услубҳои нутқ» ягонагии андеша дида намешавад. Мо аз шарҳи пурраи назариявии ин масъалаҳо худдорӣ карда, онро ба забоншиносони касбӣ вогузор мекунем. Танҳо аз шарҳҳои мавҷуда яке аз онҳоро, ки баёнгари матлаб буда, ба амалан омӯхтани забон ҳидоят мекунад, шарҳ медиҳем. Услуби забон «имконоти гуногуни воҳидҳои забонӣ- экспрессивӣ, муассирӣ, баҳодиҳии функсионалиро меомӯзад». Услуби забон дар воҳидҳои забонӣ ва маънои асосие, ки забон ба воқеияти муҳити атроф алоқамандӣ дорад, балки танҳо он тобишҳои иловагиро, ки ба маънои калима ё сохтори он вобаста аст, баррасӣ менамояд. Масалан, қапидан, доштан; гуфтан, гап задан, лаққидан. Ин калимаҳо маънои воқеии ягона доранд ва танҳо аз рӯйи тобишҳои иловагӣ фарқ мекунанд, яъне аз ҷиҳати услубӣ.
Ду навъи услубро аз рӯйи тобишҳои забонии воҳидҳои забонӣ аз ҳам фарқ ва зикр мекунанд: воҳидҳои муассирӣ ва воситаҳои функсионалӣ.
Воҳидҳои муассирии забон муносибатҳои гуногуни гӯяндаро ба шайъи нутқ ифода мекунад. Ин муносибат метавонад, мусбат (доҳӣ, зирак), манфӣ (бекорхуҷа, танбал, корбезор) ё таҳқиру навозишомез (намакзада, бешараф, хиёнаткор; занак, духтарак, модарҷон) бошад. (Барои маълумоти бештар пайдо кардан ба асари Ҳ. Маҷидов «Забони адабии муосири тоҷик. Ҷ. 1. Луғатнома, 2007) муроҷиат кунед.)
Воситаҳои услубии функсионалии забон соҳаи муомиларо бо нишон додани бартарии истифодаи калима ва ифода дар услуби гуфтугӯӣ ва китобӣ тавсиф мекунанд (ҳумоюн — муборак, ҳуҷаста, фархунда, вожгун – сарозер, чаппа).
Тобишҳои муассирият ва функсионалӣ дар забон якҷоя амал мекунанд ва аксаран ҳар замон, дар як вақт ошкор мешаванд. Як навъи муассирият ба гуфтугӯ, гуруҳи дигар ба услуби китобӣ алоқаманд мегарданд. Дар услубшиносии забон се қабати калимаҳоро: умумӣ, китобӣ (ё баланд ва гуфтугӯӣ (ё паст) ҷудо мекунанд. Воситаҳои забонии услубшиносӣ, одатан силсилаи муродифотро ба вуҷуд меоварад, ки воситаҳои умумӣ, китобӣ ва гуфтугӯӣ ба он ворид мешаванд.
Услуби нутқ услуби функсионалӣ — тафриқавии нутқ, яъне омилҳои берунию зоҳирии муайянкунандаи фарқ: роҳҳои истифода, басомади истифода, пайвастшавии ин ё он воситаҳои забонӣ дар соҳаҳои гуногуни иртиботиро меомӯзад. Ба сифати воҳидҳои асосии ин системаи услубҳо услубҳои функсионалӣ пеш меояд ва истифода мешаванд (Винокур Т. Г.)
Ин баҳсу мунозираҳо боис шуданд, ки олимону методистон андешаҳои гуногунро нисбат ба услубҳои нутқ баён намоянд. Аслан, ин баҳсҳо дар байни олимони рус ба вуҷуд омадаанд. Олимони тоҷик ҳеҷ вақт масъалаи услубҳои нутқ ва навъҳои онро мушаххас таҳқиқ накардаанд ва сари он баҳс ҳам ба миён наовардааанд. Ҳар кадоми онҳое, ки адабиёти илмии забоншиносии марбути мавзуи услубшиносӣ ва навъҳои онро, ки дарёфт кардаанд, пешниҳодоту хулосаи ҳамон муҳаққиқро бидуни баҳс пазируфтаанду дар мақолаю асари хеш истифода кардаанд.
Бинобар ин, мо аввал навиштаҳои чанде аз олимону методистони русро мавриди баҳс қарор дода, мухтасаран гуфтаҳояшонро перомуни услуб ва навъҳои он меорему сипас, навиштаҳои олимони тоҷикро нисбат ба услубу навъҳои он зикр ва ҳар кадоми онро мавриди арзёбӣ қарор дода, муносибати худро перомуни мулоҳизаҳояшон изҳор менамоем.
Н. А. Пленкин дар китоби «Стилистика русского языка» (М. Просвещение, 1976) оид ба навъҳои услуб таҳти унвони «Услубҳои функсионалии забон дар зербоби «Услуб ва услубшиносӣ» чунин менависад: «Дар забони адабӣ чунин услубҳои асосиро муайян кардаанд: гуфтугӯӣ ва китобӣ (корӣ, илмӣ, публитсистӣ). Дар забони адабӣ услуби бадеӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад» (с. 8)
И. В. Голуб дар «Стилистика современного русского языка, лексика, фонетика» (М. Высшая школа, 1976) зимни шарҳи зермавзуи «Услубҳои функсионалӣ» чунин таъкид менамояд: «Дар забони муосири русӣ услубҳои зерини китобиро номбар мекунанд: илмӣ, публитсистӣ, расмии коргузорӣ. Ба онҳо нутқи гуфтугӯӣ муқобил гузошта мешавад».
Дар системаи услубҳои забони адабиёти бадеӣ услуби бадеӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд». (саҳ. 61)
Д. Розенталь, М. Теленкова дар «Практическая стилистика русского языка (М. : Русский язык, 1976, дар мавриди навъҳои услубҳо навиштаанд: услубҳои функсионалиро метавон ба ду гуруҳ ҷудо кард. Гуруҳи аввал, услуби китобӣ, гуруҳи дуюм, услуби гуфтугӯӣ)» (саҳ. 10)
Баъди шарҳи чанд паҳлуи услуби шифоҳӣ ва хаттӣ услубҳоро дуруст тасниф карда, дар нақша (саҳ. 10) аслан ду навъ: услуби гуфтугӯӣ ва услуби китобӣ ва дар навбати худ услубҳои китобиро ба чор навъ; илмӣ, услуби расмии гуфтугӯӣ, публитсистӣ ва услуби бадеӣ- адабӣ ҷудо кардаанд.
С. Н. Иконников дар «Стилистическая работа в процессе изучения русского языка» (М. : Педагогика, 1977) перомуни навъҳои услубҳои нутқ менависад: «Дар забоншиносии муосир бештар номгӯи зерини услубҳое, ки бар асоси экстролингвистӣ ҷудо карда шудаанд, инҳо маҳсуб меёбанд: гуфтугӯӣ, илмӣ, расмии корӣ, бадеӣ, публитсистӣ».
Дар айни замон бештари забоншиносон, ки дар мавқеи услубшиносии функсионалӣ қарор доранд, чунин меҳисобанд, ки услуби бадеӣ, ки ба он функсияи эстетикӣ хос аст, бо нишонаҳои махсуси худ дорои услуби функсионалӣ маҳсуб меёбад (саҳ. 18).
Забоншинос М. Н. Кожина дар «Стилистика русского языка». (М.: Просвещение, 1977) оид ба навъҳои услубҳо фармудааст: «Одатан панҷ навъи асосии услубҳои фунсионалии «заминавӣ»-ро ҷудо мекунанд: илмӣ, расмии корӣ, публитсистӣ, бадеӣ ва гуфтугӯӣ — маишӣ» (саҳ. 157).
Л. Г. Барлас дар «Русский язык. Стилистика». (М.: Просвещение, 1978) андешаашро оид ба навъҳои услуб ин тавр баён кардааст: «Дар забони муосири русӣ услубҳои функсионалии зеринро ҷудо мекунанд: илмӣ, расмии корӣ, публитсистӣ, гуфтугӯӣ – муқаррарӣ; ҳолати махсусро дар системаи услубҳо забони адабиёти бадеӣ (ё услуби адабиёти бадеӣ) ишғол менамояд». (саҳ. 48)
О. А. Крилова дар «Основы функсиональной стилистики русского языка» (М. : Русск. язык, 1979) дар бораи услубҳои функсионалӣ чунин изҳори ақида кардааст: «Мувофиқи муайянкарди соҳибназарон мумкин аст, ки услуби функсионалии забони адабии муосири русиро ба навъҳои зерин ҷудо кард: 1) илмӣ, 2) расмии корӣ, 3) рӯзнома – публитсистӣ, 4) гуфтугӯӣ – муқаррарӣ.
Се услуби аввал дар гуруҳи услубҳои китобӣ муттаҳид карда мешавад. Ба онҳо услуби гуфтугӯйӣ – муқаррарӣ муқобил меистад.
Тарафдорони услуби алоҳида ҳисобидан ба он ҳолатҳое такя мекунанд, ки забони адабии ҳамеша дар соҳаи муайяни фаъолияти ҷамъиятӣ истифода мешавад» (саҳ. 43) (Барои маълумоти васеъ гирифтан ба асари М. Н. Кожина («Понятия стила и месте языка художественной литература среди функсиональных стилей» Пермь, 1962, 63 с. муроҷиат кунед).
А. И. Власенков, М. Л. Рыбченкова дар «Руский язык. Грамматика, текст. Стили речи. (Учеб. пособие для 10-11 кл. общеобразоват. Учреждение, -3-е изд. М, Просвещение, 1998) навиштаанд: «Дар байни ҳама гуногуннавъии истифодаи забон ду навъи асосиро ҷудо мекунанд: забони гуфтугӯӣ ва забони адабӣ (китобӣ)».
Забони гуфтугӯӣ (услуби гуфтугӯии нутқ) одатан дар шакли шифоҳӣ истифода мешавад.
Забони адабӣ (китобӣ) дар худ нутқи илмӣ, расмии корӣ, публитсистиро фаро мегирад. Аз ин ҷо мавҷудияти онҳо дар соҳаи муайяни фаъолият, дар робита ба ин услубҳои нутқи илмӣ, расмии корӣ, публитсистӣ ва махсусан услуби бадеӣ фарқ мекунанд» (саҳ. 195).
Дар китоби «Теория и практика обучения русскому языку» (зери таҳрири Р. Б. Сабаткоев (М. : Академия 2007) муаллифон оид ба навъҳои услубҳо чунин ишора кардаанд: «Тибқи барномаи забони русӣ ба услубҳои функсионалии нутқ хонандагон дар синфи 5 ошно мегарданд. Дар аввал онҳо оид ба услубшиносӣ ҳамчун фасли илми забон маълумоти ибтидоӣ мегиранд, баъд, услубҳои забони адабиро (услубҳои функсионалии нутқ- гуфтугӯӣ-маишӣ, илмӣ, бадеӣ, публитсистӣ, расмии корӣ) меомӯзанд». (саҳ. 255).
П. А. Введенская, А. М. Паномарева дар «Русский язык: Культура речи. Текст. Функциональные стили. Редактирование (Изд 3-е Москва, ИКЦ «Март»; Ростов Н. /Д: Издательский центр Март — 2003 дар фасли 4, ки «Услубҳои функционалӣ» ном дорад, навиштаанд: «Одатан услубҳои зерини нутқро фарқ мекунанд: илмӣ, расмӣ, публитсистӣ, гуфтугӯӣ.
Гуруҳи махсусро матнҳои адабиёти бадеӣ ташкил медиҳанд. Чаро? Забони асарҳои бадеӣ он қадар ғанӣ, гуногун, сершакл аст, ки аксарияти олимон онро аз рӯйи принсип, на услуб (не стиль) мемонанд, махсусан ба таври алоҳида зикр карда, ба ҳамаи услубҳои дигар муқобил мегузоранд» (саҳ. 263).
Мутолиаи гуфтаҳо ва андешаҳои баёндоштаи олимону методистони рус нишон медиҳанд, ки онҳо ба якчанд гуруҳ ҷудо мешаванд. Аз навиштаҳои онҳо маълум аст, ки дар маҷмуъ, қариб ҳама (ба истиснои чанде) навъҳои услубҳоро қариб ба ҳам монанд таҷзия менамоянд, бо вуҷуди он ки баъзан номҳои услубҳо андаке тағйир ёфтаанд.
Боз метавон аз асарҳои олимони дигари рус, ки теъдодашон зиёд аст, андешаҳояшонро перомуни услуб ва навъҳои он овард. Ҳамаи онҳо дар вақтҳои охир услубҳоро ба услубҳои забон ва услубҳои нутқ ҷудо мекунанд. Забон ва нутқ бо ҳам робитаи наздик доранд, вале онҳоро як чиз шумурдан лозим аст (Агар касе, ки оид ба ин масъала маълумоти бештар ҳосил карданӣ бошад, ба асари Львов М. Р. «Основы теории речи» М. 2000 муроҷиат намояд).
Ҳоло андешаҳои олимони тоҷикро оид ба услубшиносӣ ва навъҳои он мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Б. Камолиддинов дар мақолаи «Мухтасар дар бораи услубшиносӣ» оид ба пайдоиши услубҳо мухтасар изҳори ақида карда, оид ба навъҳои услуб чунин навиштаанд: «…дар зинаи тараққиёти ҷамъият дар натиҷаи ба вуҷуд омадани хат ва пай дар пай такмил ёфта, дар байни аъзои ҷамъият чун як омили муҳимми афкор мавқеи калон пайдо кардани он, ривоҷ ёфтани чопи китоб аз услуби забони зинда услуби забони китобӣ (хаттӣ) ба миён омад ва чи аз ҷиҳати кор фармудани луғат, чи аз ҷиҳати шакли калима ва ҷумлабандию суханороӣ равшантар зоҳир шудан гирифт.
…Дар услубшиносӣ ин таснифотро ривоҷ дода, дар асоси он ду услуби нутқ боз шаклҳои дигари услуби забонро муайян кардаанд, ки ҳар кадоми онҳо ҳам бо хусусиятҳои лексикию грамматикиашон аз якдигар фарқ мекунанд: услуби забони адабиёти бадеӣ, публитсистика, услуби забони илмӣ ва коргузории расмӣ» (саҳ. 34)
Дар маҷмуаи машқҳо, ки таҳти унвони «Услубшиносӣ» (муаллиф: Б. Камолиддинов) нашр шуда, пешкаши донишҷӯёну омӯзгорон гардонида шудааст, оид ба навъҳои услуб чунин омадааст: «Дар асоси услубҳои забони гуфтугӯӣ ва китобӣ, услубҳои забони адабиёти бадеӣ, забони илмӣ, услуби забони коргузории расмӣ (конселярӣ) ба вуҷуд омадаанд» (саҳ. 16)
Забоншиносии шинохта Б. Камолиддинов дар дастури дигар, ки таҳти унвони «Ҳусни баён» ба табъ расидааст, оид ба навъҳои услуб чунин мефармоянд: «Дар забони тоҷикӣ услубҳои зерин муқаррар шудаанд: 1) услуби забони муошират; 2) услуби забони илмӣ, 3) услуби забони коргузории расмӣ; 4) услуби забони бадеӣ; услуби забони рӯзнома (публитсистика) (саҳ. 110).
Ва, ниҳоят, Б. Камолиддинов дар «Сарсухан»-и китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 11 оид ба услубшиносӣ ва навъҳои он дахл карда, андаке гуфтаҳои худро «такмил» дода, чунин изҳори андеша менамояд: «Дар китоб ба ҳамаи масъалаҳои услубшиносӣ дахл накарда, танҳо дар бораи услубиёти забон, ба истилоҳи дигар, панҷ услуби нутқ маълумот дода шудааст» (саҳ3). Ва зери фасли «Услубҳои забон» оид ба ҳар як навъи услуб: бадеӣ, рӯзноманигорӣ (публитсисти), расмӣ, илмӣ ва услуби муошират маълумот дода, баъзе хусусиятҳои онҳоро зикр кардаанд. Ҳамзамон, дар форзатси китоби мазкур зери «Услубиёти забони муосири тоҷик» чунин овардаанд: расмӣ, илмӣ бадеӣ, рӯзноманигорӣ, муошират»
Муҳтарам Б. Камолиддинов дар мақолаи аввалиашон навъҳои услубро дуруст муқаррар карда, мавҷудияти ду услуб: гуфтугӯӣ ва китобиро зикр кардаанд. Ҳамзамон таъкид кардаанд, ки «дар асоси услубҳои забони гуфтугӯӣ ва китобӣ услубҳои забони адабиёти бадеӣ, публитсистика, услуби забони илмӣ ва коргузории расмӣ» ба вуҷуд омадаанд. Агар, ба назари мо, баъзе нуқсони дар ифодаҳо мавҷудбударо ба назар нагирем, гуфтаю навиштаашон дуруст аст. Баъдтар андешаҳояшонро нисбат ба навъҳои услуб, яъне «Услубшиносӣ» дар китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 11 андаке тағйир медиҳанд, ки ба он розӣ шудан номумкин аст, зеро дар таснифот ва навиштаҳояшон носаҳеҳиҳо роҳ ёфтаанд. Аввалан, навиштаанд, ки услубҳо панҷ навъ мешаванд. Ин фикр ғалат аст. Чунон ки дар боло ишора рафт, дар асл услуб ду навъ аст: гуфтугӯӣ ва китобӣ. Услуби китобӣ дар навбати худ ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: бадеӣ, публитсистӣ, расмии коргузорӣ ва илмӣ.
Услуби муошират, ки Б. Камолиддинов алоҳида зикр кардаанд, яке аз шохаҳои услуби расмии коргузорӣ мебошад ва онро чун услуби алоҳида пиндоштан саҳеҳ нест. Аввалан, услуби расмии коргузорӣ чандин шоха дорад, ки ҳар кадоми онро дар алоҳидагӣ номгузорӣ кардан зарурате надорад. Сониян, ҳадду ҳудуди стандарти фаннӣ ва синнусолии хонандагон бояд ба ҳисоб гирифта шавад. Ин шохаҳои ҷудогонаи услуби расмии коргузорӣ ва ҳар як услуби дигарро шояд дар мактабҳои олии омӯзгорӣ таҳти унвони услуби расмии коргузорӣ таълим додан ҷоиз бошад. Вале дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шарт нест, ки тамоми шохаҳои услубҳо ба таври ҷудогона номгузорӣ ва таълим дода шаванд ва чунин пиндор комилан нодуруст аст.
Забоншиноси шинохта ва забардаст, шодравон Н. Маъсумӣ дар мақолаи «Масъалаҳои муҳимми меъёри забони адабии ҳозираи тоҷик» дар мавриди меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик андешаҳои худро баён дошта, перомуни услубҳои нутқ чунин фармудаанд: «Забони адабӣ чор шохаи машҳури услубӣ дорад, ки ҳар кадоми онро дар мавриди худ забон низ меноманд. Шохаҳои услубӣ инҳоянд: услуби расмӣ (забони ҳуҷҷатҳои корӣ ва расмӣ), услуби илмӣ (забони асарҳои илмию тадқиқотӣ), услуби бадеӣ (забони адабиёти бадеӣ) ва услуби публитсистӣ (забони навиштаҳои оммавӣ). Шиносоӣ бо усулҳои ҷудогонаи ин услубҳо дар мактаб сар мешавад ва муаллими забон вазифадор аст, ки ба ин масъала аҳамият диҳад ва ғалатҳои услубии калимаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳоро пешгирӣ намояд» (саҳ. 27).
Ҳақ ба ҷониби устоди бисёр нозукбини ва пухтагӯю пухтанавис Н. Маъсумӣ аст, ки навъҳои услуби китобиро дуруст муқаррар кардаанд.
Забоншиноси намоёну дақиқназар Р. Ғаффоров дар мақолаи «Услубҳои забони адабӣ», дар мавриди услубҳои забон чунин изҳори ақида кардаанд: «Аз рӯи эътирофи аксарият, услубҳои забон аз рӯйи вазифаҳои ҷамъияташон ба чор гуруҳ ҷудо мешаванд:1) услуби илмӣ, 2) услуби расмӣ-коргузорӣ, 3) услуби публитсистӣ, 4) услуби бадеӣ. Ҳар кадоми ин услубҳо бо нишонаҳои махсуси худ аз якдигар фарқ намоянд ҳам, бинобар сурат ёфтанашон дар заминаи забони умумихалқӣ аз бисёр ҷиҳат ба ҳам умумият низ доранд» (саҳ. 56).
Баъдтар дар китоби дарсии «Услубшиносӣ» барои синфҳои 10-11 зимни шарҳу тавзеҳи мавзуи «Шохаҳои услубии забони адабӣ дар мавриди навъҳои услуб фармудаанд: «Услубҳои забони тоҷикиро ба ду хели калон метавон ҷудо кард: услуби гуфтугӯӣ ва китобӣ… Услуби китобӣ чор навъ мешавад: илмӣ, публитсистӣ, бадеӣ, идорӣ (ё расмии коргузорӣ) (саҳ. 37).
Номзади илмҳои педагогӣ М. Қурбонов дар рисолаи «Асосҳои лингвистӣ ва методии таълими услубшиносии тоҷик дар мактаби миёна» дар мавриди навъҳои услуб чунин изҳори андеша кардааст: «Услубҳои забони адабии ҳозираи тоҷик забони адабиёти бадеӣ, публитсистӣ, илмӣ ва расмӣ-коргузорӣ мебошад, ки дар соҳаҳои гуногуни мубодилоти халқи тоҷик истифода бурда мешавад. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик услубҳои расмӣ-коргузорӣ, публитсистӣ, илмӣ ва бадеӣ дар амаланд ва ҳар кадоми онҳо бо хусусиятҳои лексикӣ, фразеологӣ ва грамматики худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд» (саҳ. 67).
Баъдтар ин муҳаққиқ дар дастури таълимии «Услубшиносӣ» оид ба услуб ва навъҳои он хулосаашро ин тавр ба қалам додааст: «Услуб яке аз намудҳои нисбатан маҳдуди забон ва нутқ буда, ба фаъолияти инсон соҳаҳои гуногуни муоширати (муомиларо — С. А. , Н. С. ) онҳо услубҳои илмӣ, расмӣ-коргузорӣ, публитсистӣ, бадеӣ ва гуфтугӯӣ амал мекунанд.
Бояд гуфт, ки чор навъи услуби аввала дар муносибатҳои расмӣ, охирин дар муносибатҳои ғайрирасмии одамон истифода мешаванд» (саҳ. 74). Ва, ниҳоят, М. Қурбонов дар китоби “Забони тоҷикӣ” барои синфи 10 зимни шарҳи «Мавзуи баҳси услубшиносӣ» перомони услубҳои нутқ маълумот дода, оид ба навъҳои услуб андешаашро чунин ҷамъбаст менамояд: «Услуби расмӣ-коргузорӣ, илмӣ, публитсистӣ, бадеӣ ва гуфтугӯӣ забони тоҷикиро ташаккул додаанд» (саҳ. 9). Аҷибаш он аст, ки дар ду дастури аввал М. Қурбонов навъҳои услубро муқаррар карда, чор навъи услуби китобиро дуруст зикр кардааст. Ва баътар дар китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 10 услубҳоро омехта карда, ба андешаи мо, каме аз асл дур рафтааст. Ва услуби гуфтугӯиро яке аз навъҳои услуби хаттӣ маънидод намудааст. Агар чунин ҷамъбаст мекард, ба назари мо, дуруст мешуд: «Услубҳои забон (ё нутқ) асосан ду навъанд: гуфтугӯӣ ва китобӣ. Услуби китобӣ дар навбати худ ба чор навъ ҷудо мешавад: бадеӣ, публитсистӣ, расмии коргузорӣ ва илмӣ». Маълум мешавад, ки ба навиштаҳои қаблии хеш бовар надоштааст.
Забоншинос М. Норматов дар «Забоншиносии умумӣ” (воситаи таълим) дар мавриди услубҳои забон андешаҳои хешро баён дошта, менависад: «Услубҳои забон ин навъҳои коммуникативӣ ва функсионалии нормаи забон мебошад. Услубҳои забон аз нормаи забони адабӣ бо он фарқ мекунад, ки вай хусусияти умумиистеъмолӣ надорад, баъзан аз қоидаю қонунҳои муқаррарии забон мебарояд. Услуб низ баъди пайдоиши хат ба амал меояд, вай забони хаттиро ба гуфтугӯӣ, нутқи хаттию шифоҳиро ба ҳам муқобил мегузорад. Пайдоиши забони назм, гуфтугӯӣ ва шевагӣ ҳам ба услуб вобаста мебошад.
Ҳоло чунин услубҳои забонро қайд мекунанд: саноатӣ-техникӣ, илмӣ, бадеӣ, коргузорӣ, ҷамъиятӣ-публитсистӣ ва ва гуфтугӯӣ — маишӣ» (саҳ. 116).
Аз ин навиштаҳо чизеро пай бурдан басо душвор аст, зеро фикру мулоҳизаҳои дар ҷумлаҳо баёнгашта байни ҳам чандон муносибати маъноӣ надоранд. Таснифоти навъҳои услуб низ дар ягон чаҳорчӯба намеғунҷад. Аз ин хотир, чунин таснифотро пазируфтан комилан номумкин аст.
Маълум мегардад, ки аксар олимони тоҷик асару мақолаҳои якдигарро намехондаанд. Агар мехонданду аз муҳтавои онҳо иттилоъ медоштанд, навъҳои услубро ба чунин тарз таснифу номбар намекарданд.
Ниҳоят, соли 2006 рисолаи П. Нуров таҳти унвони «Истилоҳ ва истилоҳсозӣ дар забони илмии тоҷикӣ» ба табъ расид. Аслан дар ин рисола перомуни истилоҳоти физика сухан меравад. Дар ҷойе муаллиф ба услубҳои забон дахл карда навиштааст: «Услуби бадеӣ, услуби назмӣ, услуби илмӣ, услуби коргузорӣ аз ҷумлаи услубҳои баён мебошанд» (саҳ. 30).
Шояд дар ин навишта ғалати техникӣ рафта, ба ҷойи «услуби публитсистӣ» «услуби назмӣ» омадааст. Агар, воқеан, ғалати техникӣ бошад, пас, навъҳои услуби китобӣ дуруст зикр шудаанд. Чунон ки мебинем, дар гуфтаю навиштаи олимону методистон номи услуби расмии коргузорӣ ҳар гуна омадааст: услуби расмӣ, расмии коргузорӣ, расмӣ-коргузорӣ, идорӣ (расмии коргузорӣ), коргузорӣ. Мантиқан як услубро бо номҳои гуногун зикр кардан кори ношоям аст: аввалан, меъёри ягонагии истилоҳ аз байн меравад, сониян, таълим ва азхудкунии хонандаро душвор мегардонад. Ба назари мо, ифодаи услуби расмии коргузорӣ муносибтар аст.
Дар асл оид ба навъҳои услуб тавре ки иттилоъ дорем (агар пас аз истиқлолияти давлатӣ анҷом нашуда бошад), ягон таҳқиқоти илмие сурат нагирифтааст, ки тамоми махсусиятҳои мушаххасии ин ё он услубро ба пуррагӣ фарогир бошад. Возеҳ аст, ки дар мавриди баъзе хусусиятҳои услубҳо (масалан, истилоҳоти услуби расмии коргузорӣ) корҳое анҷом дода шудаанд. Вале то имрӯз навъҳои услуб ва махсусияти онҳо ошкор нагаштаанд. Бинобар ин, ҳар олими тоҷик ба гунаи худ ва бо истифода аз рисолаҳои марбути забони русӣ навиштаи олимони рус, ки барояшон дастрас шудаанд, услуб ва навъҳои онро шарҳ медиҳад. Забоншиносон ва методистони тоҷик аз таҳқиқоту бозёфтҳои нави дар мавриди услубшиносӣ ва таълими он дар солҳои охир анҷомдодаи олимони рус огаҳии комил надоранд.
Сайдамир АМИНОВ,
Саида НАБИЗОДА