
Афкору назарияҳои шоирони таърихи адабиёти форс-тоҷик бо хусусияти инсонгароии худ аз андешаҳои бузурге аст, ки дар таърихи тамаддуни башарӣ олитарин сарват маҳсуб меёбад. Таъсири андешаҳои башардӯстонаи фозилону ҳакимони соҳибтамаддуни тоҷик дар аксари миллатҳои ҳикматмеҳвар ҳамчун ахтари тобони андешаи солиму созандаи инсонӣ хидмат намуда ва аз он истифодаи васеъ кардаанд.
Аз ин лиҳоз, тарбияи инсони комили донишмеҳвар ва соҳибтафаккур аз масъалаҳоест, ки ҷавоби он дар фалсафаи миллии мо ҷой дорад ва дар асарҳои шоирони форс-тоҷик бараъло намоён аст. Зеро ҳақиқати вуҷуди инсон ва бузургии одам ҷисми ӯ нест, балки рӯҳу ҷони ӯст ва қадру бузургии инсон ба андозаи андешаи ӯст ва ҳар чӣ дар тафаккуру андешаи инсон мегузарад, инсон низ ҳамон аст, чунонки Мавлоно мефармояд: «Ман нури покам, эй писар, на мушти хокам мухтасар…»
Ба мо ниҳоят зарур аст, ки барои ба камол расонидани ҷавонон дар навбати аввал таъсир, нуфуз ва мавқеи тарбияро баланд бардошта, ба кори тарбия ҷиддан пайвандем, ҷаҳони маънавӣ ва олами ахлоқии онҳоро баланд бардошта, пойдевори беҳтарин сифату хислатҳои инсониро дар қалби онҳо тарҳрезӣ намоем. Аз афкори равоншиносон маълум гардиданд, ки дар хусуси тарбия ва ба камолот расонидани ҷавонон ва ба одобу ахлоқи ҳамида ва сифатҳои беҳтарини инсонӣ ҷавобгӯ тарбия намудани онҳо омӯхтан ва аз диди намунаи ибрат баҳрабардорӣ намудани мероси адабӣ-педагогӣ ва психологии мутафаккирону шоирони шинохтаву арзишманди ниёгони форс-тоҷик чун: А. Рӯдакӣ, А. Сино, А. Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Кошифӣ, А.Дониш, Шоҳину Айнӣ ва амсоли инҳо аҳамияти басо муҳим дорад. Хазинаи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии педагогӣ-психологии ниёгони форс- тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар сарчашмаҳову маъхазҳои таърихиву адабӣ, илмиву бадеӣ ба назар мерасад.
Андешаҳои педагогӣ ва психологии Абуабдуллои Рӯдакӣ дар асари панду ахлоқиаш «Калила ва Димна» ифода ёфтааст, ки дар он ҷиҳатҳои тарғиби одоби баланд, ахлоқи пок, одамгарӣ, дӯстӣ, рафоқат, дониш тасвир мешавад. Дар баробари ин масъалаҳои мазаммату нуқсонҳои инсонӣ ва иллатҳои ҷамъиятӣ низ навишта шудааст. Абуабдуллои Рӯдакӣ дониш аз худ кардану ҳамеша дар такомул будани илмро ба тариқи зайл баён намудааст:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бохирад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Мувофиқи гуфтаи адиб, мутафаккир аз замони пайдоиши ҷамъияти инсонӣ одамон ба илму дониш эҳтиёҷ доштанд ва ҳеҷ фард ҳеҷ гоҳ аз илмомӯзӣ ва донишандузӣ пушаймон нагаштааст. Инсоният дар ҳама давру замон ва дар ҳар гуна шароит ҷидду ҷаҳд намудааст, ки дониш омӯхта, баҳри ташаккулёбии сифатҳои иродавии худ, аз қабили мақсаднокӣ, қатъият, ҷасурӣ, суботкорӣ, худдорӣ, мардонагӣ, ташаббускорӣ, мустақилӣ ва боинтизомӣ пирӯз гардида бошад:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад ар тани ту ҷавшан аст.
Ба ақидаи Абуабдуллои Рӯдакӣ дар ташаккули сифатҳои иродавии ҷавонон тарбия ва муҳит воситаи асосӣ маҳсуб меёбад. Бояд тарбияи инсон ҳам аз тарафи тарбияи ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва ҳам фикрӣ сурат гирад. Аз ин рӯ, инсон қабл аз он ки ба камол расад, бояд ҳаматарафа тарбия ёбад:
Чаҳор чиз маро озодона зи ғам бихарад,
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Аз андешаҳои педагогӣ ва психологии Абуабдуллои Рӯдакӣ бар меояд, ки ҷиҳатҳои ташвиқи сифатҳои иродавии шахсият аз қабили далерию мардӣ, некӣ, саховат, дӯстию рафоқат, шафқату нисбат ба дармондагон ҷои муҳимро мегирад. Ӯ ба одамон роҳи зиндагиро нишон дода, талқин менамояд, ки мард бояд устувор бошад, ҳар як ҳодисаи ногувори психологиро ба воситаи далерӣ ва шуҷоатмандӣ аз худ дур созад. Ба қавли шоир ҳар як сахтӣ ва мушкилие, ки ба руҳияи инсон таъсир мерасонад, бояд ба воситаи фазлу ҳунар, дониш, мардӣ ва бузургворӣ бартараф хоҳад шуд. Мардонагию длерӣ яке аз воситаҳои асосии идора кардани руҳияи ҳар як шахсият маҳсуб меёбад, ки шоир чунин ба қалам додааст:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар куру кар-ар нуқта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Бояд қайд кард, ки дар консепсияи психологии Зигмунд Фрейд механизмҳои ниҳонии ботиние таҳқиқ карда мешаванд, ки рафтори шахсиятро муайян ва асосан бо шаклҳои беихтиёрона аён мегардад [6], ки андешаҳои Рӯдакӣ низ аз ҳамин ҷиҳати психологӣ қобили баррасӣ аст.
Яке аз равандҳои психологӣ ин эҳтиёҷи табии дар ҳаёти одамон ин дӯстию рафоқат мебошад, ки Абуабдуллои Рӯдакӣ дар достони «Калила ва Димна» дӯстии беғаразро тарафдор буда, муҳаббат ва дӯстию садоқатро ҳисси баланди инсонӣ шуморида, ки ба одамон таъсири ғании маънавиву маърифатӣ гузоштанаш таъкид менамояд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Ҳамин тариқ, ба андешаи Абуабдуллои Рӯдакӣ роҷеъ ба тарбияи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, накӯкорӣ, хоксорӣ, инсонпарварӣ, сулҳҷӯйӣ, мардонагӣ, поквиҷдонӣ, адолат ва дигар одобҳои хуби инсонӣ даъват намуда, хусусиятҳои рӯҳию равонии инсонро дар доираи қавигардонии сифатҳои иродавии шахс тақвият мебахшад.
Дар такя ба гуфтаҳои Абуабдуллои Рӯдакӣ муҳаққиқони хориҷӣ роҷеъ ба худсобиткунӣ худустуворкунӣ, худшиносӣ, ки ин тамоюли худмубрамкунӣ дар ҷанбаҳои интихобии муҳит дар зимни амалҳои созандагии шахсиятро ба камол мерасонанд, андешаҳои ҷолиб доранд. Дар психологияи хориҷӣ масоили хусусиятҳо дар назарияҳои гуногун баррасӣ карда мешавад, гарчанде ки истилоҳи «хусусиятҳо» истифода нашавад. Олимон асоси қувваҳои баҳаракатоварандаи рафтори шахсро таҳқиқ мекунанд. Муҳаққиқ Гордон Олпорт навиштааст: «мақсадҳое, ки аз талаботи биологӣ сарчашма мегиранд дар мавриди қонеъгардонии онҳо метавонанд хусусияти аз асоси биологӣ новобаста дошта бошанд» [5].
Карл Роджерс дар назарияи худ доир ба шахсият қайд кардааст, ки «… организм як тамоюли асосӣ дорад – саъю кӯшиш барои худсобиткунӣ худустуворкунӣ, худшиносӣ». Ин тамоюли худмубрамкунӣ дар ҷанбаҳои интихобии муҳит зимни амалҳои созандагӣ шахсиятро ба комилият оварда мерасонад». Роджерс тахмин мекунад, ки ҳатто талаботҳои бешуурона пайдошуда метавонанд рафтори қобили қабулро ба миён оваранд [7, с. 237].
Назарияҳои бахевиористӣ вариантҳои гуногуни таъсири ангезонандаи беруниро ҳамчун қувваҳои муайян арзёбӣ мекунанд. Дар ин маврид мавқеи шуур ҳамчун детерминанти ботинии фаъолияти шахс инкор карда мешавад [10].
Мавриди зикр аст, ки муаллифи назарияи иҷтимоӣ-когнитивӣ муҳаққиқ Алберт Бандура ба чунин хулоса омадааст, ки тарзи рафтори «сабаб-аксуламал» барои инсон на он қадар қобили қабул мебошад ва модели худро пешниҳод кардааст, ки он рафтори мушоҳидашавандаро хубтар мефаҳмонад. Яъне, ба воситаи муоина мавриди омӯзиши азхудкунӣ қарор додани маводи фарзиро дар маркази диққат гузоштааст. Ҳамзамон, ӯ тақвиятро на ҳамчун детерминантаи ягонаи омӯзиш, балки танҳо чун омили мусоидаткунанда баррасӣ намудааст. Детерминанти асосии омӯзиши инсон бошад, мушоҳидаи рафтори дигарон ва натиҷаҳои ин рафторҳо аст: бинобар пешбинӣ шудани оқибатҳои ин амалҳо, ин ё он шакли рафтор асосӣ мешавад. Ва Абуабдуллои Рӯдакӣ доир ба рафторҳои асосии инсоният, масъалаҳои доғи рӯз- адлу инсоф, адолат, некӣ ва накӯкорӣ, раҳму шафқат, дӯстиву рафоқат, бародарӣ, хоксорӣ ва кибру ғурур, худписандию бераҳмӣ, зулму ситами золимон ва ғайраро баррасӣ намудааст. Барои пешрафти раванди таълим андешаҳои некофарини адибон А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Шоҳину Айнӣ ва дигарон, ки дар осори безаволи хеш нигоштаанд, як навъ дастури тарбиявӣ маҳсуб меёбанд, ки дар мақолаи мазкур роҷеъ ба аҳамияти педагогӣ-психологии «Калила ва Димна»-и Рӯдакӣ баррасӣ гардидааст.
Аз ин рӯ, таҳқиқот нишон медиҳад, ки шоирони форс-тоҷик дар қатори олимони хориҷӣ доир ба хусусиятҳои психологии шахс вобаста ба худшиносӣ, худсобиткунӣ, худидоракунӣ ва дигар ҷанбаҳои гуманистиро баррасӣ кардаанд. Махсусан, тамоми осори таърихӣ-адабӣ, илмӣ-таҳқиқотии олимону шоирони таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун арзишҳои маънавӣ-ахлоқие, ки ба камол расонандаи сарчашмаи тарбияи шуурнокии насли наврас ва ҷавонон маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии тарбияи насли наврас ва ҷавонон махсусан, бо такя аз арзишҳои осори маънавӣ-ахлоқии шоирон омили асосӣ дар ташаккулёбии сифатҳои иродавии шахсият самти муҳиму ҷиддӣ дар замони муосир мебошанд.
Ашъори шоирони форс-тоҷик имрӯз метавонанд, баҳри баланд бардоштани руҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳии равияи шахс-ҷавонон таъсир расонида, хусусиятҳои рӯҳиву равонии онҳоро инкишоф диҳанд. Ҳамчунин, сифатҳои иродавии ҷавононро қавӣ гардонида, барои зиёд намудани маърифатнокии онҳо мусоидат намоянд.
АДАБИЁТ:
- Абрахам Х. Маслоу. Мотивация и личность. – СПБ.: Питер, 2003.
- Алиев Р. Саади и его «Гулистан». М., 1958.
- Афзалов Х., Раҳимов Б. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик. – Душанбе: Маориф, 1994.
- Бертельс Е. Э. Суфизм и суфийская литература. М., 1965.
- Гордон У. Олпорт. Личность в психологии. – СПБ.: Питер, 1998.
- Зигмунд Фрейд. Психология бессознательного. – СПБ.: Питер, 2003.
- Карл Роджерс. Становление личности: Взгляды на психотерапию. – М., 2001.
- Роговин М.С. Введение в психологию. – М.: Высшая школа, 1969.
- Саъдии Шерозӣ. Гулистон. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. -232с.
- Холл Кэлвин С., Линдсей Гарднер. Теория личность. – М., 2000.
- Ҳусейнов Б. Асосҳои психология. – Душанбе, 2000.
Барно САИДОВА –
номзади илми филология
Моҳрухсор АКРАМОВА –
номзади илмҳои педагогӣ