Чанд сол аст, ки оид ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” баҳсҳо идома доранд. Бори охир “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” дар таҳрири нав бо қарори Совети Вазирони Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1972 №111 тасдиқ ва таҳти амал қарор гирифта буд.
Воқеан, бо мурури замон баъзе камбудию нуқсонҳои имло ошкор шудан гирифтанд. Дар муҳокимаи он мардум андешаҳои мухталиф баён намуданд. Табиист, ки дар қатори фикру мулоҳизаҳои солиму илмӣ, андешаю пешниҳодоти бисёр содалавҳона ва дур аз ҳақиқати илмӣ низ баён шуданд. Ҳатто баъзеҳо илми забоншиносӣ ва ҷузъи таркибии он – назарияи илмии имлоро ба инобат нагирифтаанд. Дар мадди назар надоштани масъалаи мазкур, дидаю дониста аз он чашм пӯшидан ва зимни муҳокима таҳаввулоти қоидаҳои имло, яъне орфографияро нодида гирифтан номумкин аст. Ҳол он ки ин илми махсус мебошад. Забон падидаи ҷамъиятист, бинобар ин, дар маҷмуъ, на танҳо аҳли ҷомеа, балки забоншиносону ҷомеашиносон низ бар он ҳавасманданд, ки забон бидуни монеа рушд, ғанӣ ва такмил ёбад. Барои дуруст баҳо додан ва ба мақсад мувофиқ будани ин ё он қоидаи имло, пеш аз ҳама, бояд дарк кард, ки имлои мо чӣ гуна сохтор ва чӣ тавр бо забони овозӣ робита дорад. Бинобар ин, ба хонандагон кумак расонидан даркор аст, ки оид ба имло тасаввуроти илмӣ ба даст оранд.
Аз мутолиаи “сарсухан”-ҳои се “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки 20 апрели соли 1972, 3 – юми сентябри соли 1999 ва 4 октябри соли 2011 тасдиқ ва нашр шудаанд, ошкор мегардад, ки дар қадами аввал муносибати ғайриилмӣ ва нодуруст дар муқаррар сохтани қоидаҳои имло роҳ ёфтааст. Мураттибон дарк накардаанд, ки имлоро бар асоси далелҳои илмӣ ва принсипҳои асосӣ мушаххасу дақиқ кардан лозим аст. Масалан, мураттибон дар “Сарсухан” ё “Тавзеҳот”-и “Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷикӣ, ки соли 1972 нашр шудааст, нигоштаанд: “Комиссия дар ҳангоми муайян намудани қоидаҳои имло ба принсипҳои анъанавию таърихии морфологӣ ва фонетикӣ такя карда, тамоми матни “Қоидаҳои асосӣ…”-ро ба таври танқидӣ ва ҷиддӣ аз назари таҳрир гузаронид; баъзе қоидаҳои мавҷударо тағйир дода, баъзе қоидаҳои тоза (яъне нав) илова намуд; кӯшиш кард, ки имлои калимаю таркиб ва ибораҳои маъмулу машҳури забони тоҷикӣ пурратар фаро гирифта шавад” (саҳ. 3 – 4).
Дар “Сарсухан”-и “Имлои забони тоҷикӣ”-и аз 3 – юми сентябри соли 1998 тасдиқшуда, ки соли 1999 дар шакли китобча чоп гаштааст, мураттибон таъкид кардаанд: “Лоиҳаи имло дар асоси принсипҳои фонетикӣ, морфологӣ ва таърихӣ таълиф гардид” (саҳ.3), ҷойи дигар изҳор намудаанд, ки нуқсонҳои дар қоидаҳои имлои соли 1972 вуҷуддошта, ба мисли “баъзе фонемаҳо ҳарф надоштанд, баъзе ҳарфҳо аз ҳарфҳои ҳамчуни худ дур афтода буданд; қоидаҳои навишти баъзе воҳидҳои забони адабии тоҷик дарҷ наёфта буданд”. Ҳамзамон, чунин изҳори андеша кардаанд: “Ин нуқсону камбудиҳо дар таълими забони тоҷикӣ ва талаффузи адабӣ боиси таҳрифу нофаҳмиҳо мешуданд ва ҷараёни тадриси маводро дар мактабҳо душвор мекарданд” (саҳ.3).
Мураттибони “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ шудаю он соли 2013 дар шакли китобча чоп шудааст, дар “Сарсухан” навиштаанд: “Гурӯҳи корӣ дар муддати беш аз як соли фаъолият қоидаҳо ва муқаррароти имлоро дар асоси меъёрҳои илмӣ ва таърихӣ бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзим ва омода намуд” (саҳ.4).
Дар ҷойи дигари (Қоидаҳо…” мазкур) чунин навиштаанд: “Дар лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” дар бахши алифбо ҳарфҳо, ба истиснои ҳарфҳои махсуси овозҳои тоҷикӣ мутобиқи меъёри алифбои кириллӣ номгузорӣ шуданд. Ин меъёр дар шинохти номи ҳарфҳо, дар таърихи корбурди алифбоҳои қабл аз исломӣ ва алифбои арабии форсӣ собиқа ва суннати пешина дорад” (саҳ.5)
Аз ин навиштаҳо ошкор мегардад, ки аслан бар асоси кадом принсипу меъёрҳо муқаррар кардани қоидаҳои имло дақиқ нест. Дар мақолаҳои ба имлои забони тоҷикӣ бахшидаи олимони забоншиноси кишвар низ вазъ чунин аст, яъне принсипҳое, ки бояд бар асоси онҳо қоидаҳои имло муқаррар карда шаванд, муайяну мушаххас нагардиданд. Танҳо дар мақолаҳои доктори илмҳои филология, профессор М. Файзов нуктаҳои ҷолиби илмӣ зикр шудаанд. Масалан, дар мавриди талаффузи «ӣ» чунин менависад: «Ҳар як тоҷики бомаърифат калимаҳои дӣдор, бӣно, гӣро, хӣра, шӣша, ширӣн ва монанди онҳоро бо «ӣ»-и кашида дарозтар, вале калимаҳои бино ҷигар, биринҷ, сиришт, сифат, фишор ва монанди инҳоро бо «и»-и кӯтоҳ ё худ вожаҳои хубӣ, дурӣ, нурӣ, сурат ва ғайраро бо “у”-и кашида, аммо воҳидҳои луғавии дуруст, бузург ва амсоли онҳоро бо “у”-и кӯтоҳ талаффуз мекунад» (М.Файзов). Мутаассифона, андешаҳои ҷамъбастиаш бар пояи принсипи анъанавӣ қарор мегирад, ки ба андешаи мо, қобили қабул нест.
Мо хуб медонем ва шоҳидем, ки лоиҳаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқшуда чӣ гуна муҳокима шуд? Аксар муассисаҳоро водор сохтанд, ки хулосаҳои худро бидуни муҳокимаи васеъ манзур созанд. Дар ҳамин гуна вазъият як устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақолаи ҳаҷман калоне ба табъ расонд, ки дар он андешаю хулоса ва пешниҳодоти зиёде зикр ёфта буданд. Чанд узви ҳайати таҳиягарони «Қоидаҳои имло…» ба ҷойи он ки “ташаккур” гӯянд, бо дарназардошти минтақагароию маҳалбозӣ он донишмандро дар воситаҳои ахбори омма таҳдиду таҳқир карданд. Ин амали зишту носавоб боис гашт, ки олимон-донишмандони касбӣ худро дар канор гиранд ва ба ҳамин мубоҳисаҳо қатъ гардиданд.
Дар асл, дар ҳайати корӣ ва комиссия аксаран ашхосе ворид шуда буданд, ки аз илми фонетика (овозшиносӣ), орфоэпия (талаффузи дурусту возеҳ), низомӣ (системаӣ), фонологии забони адабии ҳозираи тоҷикӣ, графика (хат), орфография (имло) принсипҳои муқаррар кардани имло, хониши возеҳу равон (на ифоданок!), декламатсия, диктатсия, оҳангу зада ва ғайраҳо огаҳии комил надошта, фаҳмиши умумии филологияшон заиф буд.
Вақте ки узви комиссия овозро аз ҳарф фарқ накарда менависад: «Маънои луғавии арабии имло, навишта пур кардан аст, маънои истилоҳии он қоидаҳои беғалат навиштани овозҳо ва калимаю таркибҳост», чӣ тавр ӯ дар муқаррар кардани қоидаҳои имло ҳисса мегузорад? Ин навиштаи мо ҳеҷ гоҳ айбдор кардани ин ё он олим нест, чунки онҳо дар муайян кардани қоидаҳои имло соҳибунвон ҳам ҳастанд. Ин ҷо интихоби аъзои комиссия нодуруст аст.
Ҳадафи асосии талошу кӯшишҳои Ҳукумати кишвар ва баъзе соҳибназарони соҳаи илми забоншиносии тоҷик дар таҷдиди назари қоидаҳои имло он аст, ки хондану навиштан, фаҳмидану аз худ кардани забон осон гардад, бенизомии дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ рухдода рафъ карда шавад. Мутаассифона, ин таҷдиди назар ба хидмати «хирсона» бар мардуми кишвар ва хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва дар маҷмуъ ба ҳар як ҳамватанамон, ки мехонанду менависанд, табдил ёфт. Махсусан, дар имлои «ӯ» чунон бесарусомонӣ ва харҷу марҷ ба миён омад, ки ҳеҷ интизораш набудем. Аламовар он аст, ки ҳеҷ гоҳ мардумамон, чи дар ҷануб ва чи дар шимоли кишвар, вожаи «Кӯлоб»-ро ба «у» наменавиштанд. Ҳоло бошад, чӣ? Ҳоло на танҳо дар васоити ахбори омма, балки дар асарҳои бадеӣ, ҳикояҳо, повестҳо ва мақолаҳои илмӣ калимаи мазкурро ба таври ғалат дар шакли “Кулоб” менависанд.
Иддае аз олимон ҳанӯз ҳам пойбанди маҳалу минтақаи худ буда, қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар доираи маҳалу минтақаи худ ҳал ва баррасӣ карданӣ мешаванд. Забон унсури асосӣ ва нишонаи миллат буда, ба тамоми қишрҳои аҳолии соҳибзабонон аз он ки дороанд ё нодор, аз ҷанубанд ё шимол, баробар тааллуқ дорад, хидмат мекунад. Мо бояд дастаҷамъона бар он саъй кунем, ки содиқонаю софдилона, бе минтақабозию маҳалгароӣ «Қоидаҳои имло…”-ро саҳеҳу дуруст ва беғалат муқаррар созем ва душвориҳои дар қоидаҳои имло ба вуҷудомадаро як андоза рафъ созем, то ки он барои ҳарчи зудтар саводнокшавии фарзандони миллатамон мусоидат намояд ва солҳо хидмати халқро анҷом диҳад. Ҳамаи қоидаҳои имло бояд бар пояи далелҳои илмӣ муайян ва шарҳ ёбанд. Устод Садриддин Айнӣ оид ба баҳси дар мавриди забон бавуҷудомада ҳанӯз соли 1928 навиштааст: «Агар мо лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирем ва ба ҳамон нигоҳ карда, забонро ба гурӯҳҳо ҷудо кунем, на ин ки дар байни Эрон ва Осиёи Миёна, балки дар байни худи аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам хеле лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа як забони ҷудогона ёфт мешавад. Лекин дар дунё ҳеҷ қавме нест, ки ҷудогонагии ҷузъии лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа як забони ҷудогона сохта бароварда бошад» (Қуллиёт. ҷ.II, китоби 2, Душанбе: Ирфон, 1964, саҳ. 350). Ба пиндори мо, дар дунё забоне вуҷуд надорад, ки масъалаҳои марбути қоидаҳои имлояш сад дар сад ҳалшуда бошад. Бо мурури замон, бо дарназардошти таҳуввулоти дар ҷомеа рухдодаю бозёфтҳои соҳаҳои илм, бахусус, илми забоншиносӣ лозим меояд, ки қоидаҳои имло ҳар сари чанд вақт таҷдиди назар гарданд. Ва ин амал амри табиист. Ба ҳамагон чун оина равшан аст, ки фанҳои физика, химия, математика илм мебошанд. Имло чӣ? Оё имлоро ҳам илм ҳисобидан мумкин аст? Пеш аз он ки ба ин нукта равшанӣ андозем, бояд ба қомусҳо (энсиклопедияҳо) ва фарҳангҳо назар кунем, ки вожаи «илм»-ро чӣ тавр шарҳу маънидод кардаанд.
Мо ба ин ният чанде аз фарҳангҳои муътабарро аз назар гузаронидем, ки дар зер зикр менамоем. Аз ҷумла, «Фарҳанги форсии Амид» (Теҳрон. 2535), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (М; 1964), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2010), «Мунтахаб-ул-луғот» (Душанбе, 2003), «Ғиёс-ул-луғот» ва ғайраҳоро варақ задем. Дар фарҳангҳои зикршуда: маълумот оид ба ягон соҳа; фан, дониш; дониш, яқин маҷмуи дониш, маҷмуи маълумот оид ба ягон соҳа, фан, дониш, маърифат ба назар нарасид.
“Дар словарь русского языка» (м.1953) Ожегов С.И. вожаи “илм” (“наука”)-ро чунин маънидод кардааст: “Илм системаи донишҳо оид ба қонуниятҳо дар инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур ва ҳамчунин, соҳаи ҷудогонаи чунин донишҳо мебошад” (саҳ.448).
Дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” (Душанбе, 3.2, 1980) вожаи “илм” чунин шарҳ дода шудааст: “Илм (ирфон, дониш) як соҳаи махсуси фаъолияти одамист, ки ба вуҷуд овардан ва аз ҷиҳати назарӣ мураттаб сохтани донишҳои объективиро дар бораи воқеият вазифаи худ медонад; яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятист. Илм дар заминаи амалияи ҷамъиятию таърихии инсоният пайдо шудааст…” (саҳ. 554).
Мураттибон – муаллифони “Словарь современного русского литературного языка (АИСССР) вожаи «илм» («наука»)-ро чунин тафсир кардаанд:
“Низоми таърихан ташаккулёфта ва бефосила инкишофёбанда дар заминаи таҷрибаи ҷамъиятии системаи дониш оид ба қонунияти рушди табиату ҷомеа ва тафаккур дар бораи роҳҳои мунтазам таъсиррасонӣ ба олами атроф”.
Агар аз ҳамин нуқтаи назар муайян карданӣ шавем, пас, имло (орфография) ё дақиқтараш, назарияи имло яке аз шохаҳои илмҳои марбути забон аст, тавре ки микробиология яке аз фанҳои доираи биология маҳсуб мегардад. Чун дар дигар илмҳо коркарду таҳаввулот ва таҳияи қоидаҳои имло аз тарафи олимон- мутахассисон сурат мегирад, ин гуна таҳқиқотро оид ба имло маъмулан забоншиносон анҷом медиҳанд. Назарияи имло аз илмҳои дигар фарқ дорад ва дорои махсусиятҳои худ мебошад. Ин махсусиятҳо дар он зоҳир мегарданд, ки дар муқоиса бо дигар илмҳо қоидаҳои имлоро ҳар як шахси босавод метавонад, бевосита истифода барад. Вале ба хотири ин ки чизи одиеро бинвисӣ, қоидаи имлоро бояд донӣ, яъне қоидаҳои имло дар истифодаи фаъол қарор доранд. Моҳияти имло дар ҳамин нукта зоҳир мегардад. Шиносоии сатҳӣ ва ё амиқ ҳанӯз имконият намедиҳад, ки ба моҳияти он сарфаҳм равӣ. Қоидаҳои имлои ҳар як забон махсусиятҳои худро дорад, ки бар мабнои принсипҳои муайян асос меёбанд. Масалан, имлои забони сербӣ ва қисман имлои забони белорусӣ бар асоси принсипи фонетикӣ бунёд шудаанд. Имлои забони русӣ, бар асоси принсипҳои фонетикӣ ва морфологӣ ва вақтҳои охир асосан бар асоси принсипҳои морфологӣ ва қисман фонетикӣ муқаррар гардидаанд. Чандандешӣ ва гуногунақидагӣ бар асоси таҳқиқоти солҳои охир, ҳанӯз байни олимону мутахассисони “мактабҳо”-и Ленинград ва Москва идома дорад. Ҳар як имло дар ҳадди аксар ба хусусиятҳои ҳамон забоне, ки барои он хидмат мекунад, мувофиқ гардонида шудааст ва мешавад. Аз ин рӯ, он принсипҳоеро, ки дар мабнои онҳо имлои ин ё он забон муайян шудааст, наметавон иваз кард ё тағйир дод. Лиҳозо, ҳангоми баррасӣ таҷдиди назари қоидаҳои имло ва ворид сохтани тағйирот ба он, махсусиятҳои забони тоҷикӣ ҳатман ба инобат гирифта мешаванд. Асосан онҳое бояд дар ҳайат ворид карда мешуданд, ки аввалан, мутахассиси соҳаи фонетика, графика… буда, таълим ва дар маҷмуъ ҳамаи фаслҳои грамматикаро донанд, зеро аксари муҳаққиқон ҳамон мавзуи таҳқиқкардаашонро шояд медонанду бас. Носирҷон Маъсумӣ, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Додоҷон Тоҷиеву Саид Ҳалимов, Ҳилол Каримовҳо барин забоншиносони донишманд лозиманд, вале афсӯс, ки онҳо нестанд. Ҳақ ба ҷониби доктор Алӣ Ашрафи Содиқист, ки дар “Муқаддима”-и “Фарҳанги имлои хати форсӣ” (Теҳрон, 1386) дар ин замина мефармояд: “Хати мо аз хати арабӣ гирифта шуда ва хати арабӣ аз финиқӣ иқтибос шуда ва финиқӣ монанди арабӣ мутааллиқ ба хонаводаи забонҳои сомӣ аст. Дар забонҳои сомӣ сомитҳо искилет ва пояи маъноии калимаро ташкил медиҳанд ва мусавватҳои танҳо барои гирифтани муштаққоти мухталиф аз реша ба кор мераванд. Чунон ки медонем, фарҳангҳои арабӣ тақрибан ҳама бар асоси решаи калима тадвин шудаанд ва муштаққоти мухталифи ҳар реша ба тартиби зайли ҳамон реша омадааст…
Забони форсӣ яке аз забонҳои хонаводаи ҳиндуаврупоӣ аст ва сохтмони он ба сохтмони забони арабӣ ба куллӣ мутафовут аст. Дар ин забон сомитҳо ва мусавватҳо ба пойи ҳам дар сохтани сиғаҳои мухталифи як реша мушорикат доранд. Масалан, аз решаи “дон” мо сиғаҳои “донист, дониста, донанда, доно, нодон, медонад” ва ғайраро дорем, ки дар сохтмони он аз мусавватҳо ва сомитҳои мутафовут истифода шудааст…” (саҳ. 5 – 6).
Мавсуф мушкилоти пешомадаро, ки ба тарзи “ҷудонависӣ” ва “пайвастнависӣ”-и калимаҳои мураккаб иртибот мегиранд, ба таври зайл тафсир кардааст, ки барои таҳиягарони “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” чун намуна хидмат менамояд: “…бештарин ихтилоф дар боби имлои калимоти форсӣ бар сари ҷудонависӣ ва пайвастнависии калимоти мураккаб ва муштақ аст. Фарҳангистон дар ин боб роҳи миёнаро баргузид ва кӯшидааст, то фақат маводеро, ки ҷудо ё пайваста навиштани онҳо илҷомӣ (ногузир) аст, қоидаманд созад ва шеваи нигориши боқии калимотро ба уҳдаи худи нависандагон бигузорад…” (саҳ. 9).
Мо ин навиштаи доктор Алӣ Ашраф Содиқиро ба он хотир овардем, ки ҳайатҳои корӣ ва минбаъд таҳрири қоидаҳои имлоро бадӯшгиранда дар фаъолият наметавонанд, ки тамоми мушкилоти имлоро ба пуррагӣ ҳаллу фасл намоянд. Вале ҳайат метавонад, ки мураттабан, ҳангоми пайдо шудани ихтилофот байни андешаҳои гурӯҳи корӣ барои осону сабукгардонӣ ва пешгирии ғалатгӯӣ ва ғалатнависии калимаҳо роҳи “миёна”, яъне мувофиқу муносибро пеш гирифта, бар асоси як ё чанде аз принсип муқаррар кардани қоидаҳои имлоро илману амалан собит намоянд. Возеҳ аст, ки устуворию пойдории имлои ин ё он забон падидаи бисёр хуб буда, аз афзалияти роҳҳои интихобшуда гувоҳӣ медиҳад.
Соли 1926 чанд китоби дарсӣ тарҷума шуда, барои баҳо додан, яъне тақриз ба унвони донишмандон фиристонида мешаванд. Китоби ҳисоб, ҷузъи 1, барои мактаби меҳнат ба унвони устод Айнӣ фиристода мешавад. Устод аз рӯйи зарурат тақриз навишта, чандин нуқсони забонии китобро ошкор месозанд ва шарҳ медиҳанд, ки хеле ҷолиб ва бисёр омӯзанда аст. Дар аввал чунин изҳор мекунанд: “Дар бораи мундариҷоти ин китоб ва вазъи масъалаҳояш аз нуқтаи назари таълим чизе намегӯем, зеро, аввало, дар ин боб худ аҳл нестем, сониян, аз ин ҷой, ки асли ин китоб аз тарафи як ҳайат тартиб шуда, ба мактабҳои русӣ қабул ёфтааст, бояд аз ин хусус хуб бошад”. (Кул., ҷ.11, китоби 2, Душанбе, 1964, саҳ.336).
Ин гуфтаю навиштаҳои устод Айнӣ воқеият аст. Ба назар чунин менамояд, ки олимони “назариётчӣ”-и тоҷик рисолаҳои педагогӣ ва методиро умуман мутолиа намекунанд. Агар таҳиягарони “Қоидаҳои имло” бо муҳтавои рисолаҳои методӣ ошно мебуданд, шояд ҳангоми таҳияи қоидаҳо як андоза оид ба таълими имло андеша мекарданд. Олимони методист бар асоси кадом принсип муайян сохтани имлои забони тоҷикиро дар рисолаҳои худ, ки солҳои шастум ба табъ расонидаанд, таъкид сохтаанд. Масалан, И.Саидов дар “Методикаи таҳлили фонетикӣ дар синфҳои 5 – 6” (Душанбе: — Ирфон, 1966) дар мавриди принсипҳои асосии муқаррар сохтани имлои забони тоҷикӣ (фонетикӣ, морфологӣ ва таърихӣ, анъанавӣ) андешаҳояшро баён карда ба чунин хулоса меояд: “… дар орфографияи забони тоҷикӣ принсипи морфологӣ ва фонетикӣ меистад, ки ин ҳарду принсип протсесси таълимро осон мегардонанд. Принсипи таърихӣ ба алифбои форсӣ хос буда дар графики имрӯзаи тоҷик қариб вуҷуд надорад… Бинобар ин, принсипи таърихӣ дар имлои забони тоҷикӣ чандон роли муҳим намебозад” (саҳ. 12).
М.Қурбонов, З. Воҳидов дар “Таълими масъалаҳои душвори имло дар синфҳои 5-6” (Душанбе, Маориф, 1988), перомуни принсипҳои муқаррар кардани имло муфассал сухан ронда, мавқеи принсипҳои морфологӣ, фонетикӣ ва таърихию анъанавиро дар аниқ сохтани асосҳои имлои забони тоҷикӣ то андозае муайян кардаанд. Вале мавқеи ҳар кадомро ба таври хулоса зикр намуданд. Онҳо менависанд: “Принсипи морфологӣ дар имлои забони тоҷикӣ роли ниҳоят калон мебозад. Аксари қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба асосҳои морфология такя карда, тартиб дода мешаванд…” (саҳ. 27)
Таъсири принсипи анъанавию таърихӣ дар имлои забони ҳозираи тоҷик ниҳоят суст гардидааст, зеро принсипи анъанавию таърихӣ талаб мекунад, ки калимаҳо на мувофиқи талаффуз ва имлои ҳозира, балки мувофиқи имлои қадима навишта шаванд…” (саҳ. 28).
Бо вуҷуди он ки принсипи фонетикиро қабул доранд, вале асосӣ намеҳисобанд. Аз ин ҷост, ки “дар сурати риоя кардани принсипи фонетикӣ, таркиби морфологии баъзе калимаҳо хароб мегардад. Масалан, дар калимаҳои “ҳабдаҳ”, “ҳаждаҳ”, ки мувофиқи талаффуз ва принсипи фонетикӣ “ҳаб” ва “ҳаж” навишта мешавад, аслан “ҳафт” ва “ҳашт” мебошад. Чунон ки мебинем, дар чунин тарзи навишт калимаҳо береша мешаванд. Аммо, хушбахтона, дар забони тоҷикӣ ин гуна ҳодисаҳо кам дучор мегарданд” (саҳ.26).
Аз гуфтаю навиштаҳои ин олимону методистон чунин бармеояд, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” дар асл бар мабнои принсипи морфологӣ ва то андозае бар принсипи фонетикӣ (овоӣ) такя мекунад. Ба ҳеҷ ваҷҳ қоидаи имлои забони тоҷикии имрӯзаро бар асоси принсипи анъанавӣ муқаррар кардан мумкин нест ва аз ин андешаи ғалат бояд даст кашид. Ана ба “ботлоқ” ғӯтидани имло аз куҷо сарчашма гирифтааст. Ба таваҷҷуҳи соҳибназарон мерасонем, ки ҳеҷ гоҳ меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷикӣ бар асоси осори манзум ва имлои он бар асоси принсипи анъанавӣ таърихӣ муқаррар карда намешавад. Чунон ки дар аввал таъкид сохтему аз муқаддимаю сарсуханҳои нашрҳои гуногуни “Қоидаҳои имло…” иқтибосҳо овардем, бисёр навиштаҳои таҳиягарон бофтаю сохта ва дурӯғи маҳз буда асоси илмӣ надоранд. Ба ду иқтибоси зер дурусттар диққат диҳед.
Акнун ин навиштаҳоро дар бахши алифбо номи ҳарфҳо ва ғайраҳо, ки дар иқтибоси боло зикр шудаанд, ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки аз 30-юми соли 2021, №269 тасдиқ шудаасту онро Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кардааст, муқоиса кунед. Агар ин навиштаҳо дурусту асоси илмӣ медоштанд, навиштаҳои мазкур дар нашри нав ҳеҷ гоҳ ихтисору ба куллӣ тағйир намеёфтанд. Дар муқаррар кардани “Қоидаҳои имло…” мураттибон ва Кумитаи забон ва истилиҳоти назди Ҳукумати ҶТ мулоҳизаҳои дурусти илмии фонетикашиноси намоёни кишвар, шодравон Т.Хаскашевро ҳам ба эътибор нагирифтанд. Мавсуф дар “Фонетикаи забони адабии тоҷик” навиштааст: “Баъзе калимаҳои иқтибосии бо забони тоҷикӣ барвақттар дохилшуда, дар давоми асрҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттии тоҷикон дар истеъмол буданд, хусусиятҳои миллии худро аз даст дода ва ба дараҷае тоҷиконида шуданд, ки мо онҳоро аз калимаҳои аслан тоҷикӣ фарқ карда наметавонем. Ба ин гурӯҳ калимаҳои арабӣ, туркӣ, узбекӣ, ҳиндӣ, юнонӣ ва ғайра дохил мешаванд. Калимаҳои арабӣ аз назари миқдор ва доираи истеъмол дар забони тоҷикӣ мавқеи махсус доранд. Ҳамаи калимаҳои арабӣ қолаби заданокии миллии худро гӯш карда, ба қолабҳои тоҷикӣ ва мувофиқи нормаҳои он таллафуз мешаванд”, ки дар ин бора мисолҳои зиёде оварда шудааст”. (саҳ. 144).
Оид ба ҳамза назари донишмандони эрони дигар аст. Доктор Миршамсиддин Султонӣ дар рисолааш “Даромаде бар чигунагии меваи хати форсӣ” (Теҳрон 1354) перомуни ҳамза менависад: “Имлои ҳамза дар форсӣ – арабӣ дигарсонанд. Зимнан, хотирнишон месозем, ки дар худи арабӣ дар имлои ҳамза ҳамоҳангии мутлақ вуҷуд надорад”. (саҳ. 192).
Дар мавриди муайян кардани имлои забони русӣ бар кадом принсип бояд такя кард? Академик С.П.Обнорский менависад: “Ҳар гуна имло сода аст, агар он мураттабу пай дар пай бошад, имлои анъанавию таърихӣ мураттаб буда наметавонад, зеро дар аксар ҳолатҳо он падидаеро инъикос менамояд, ки дар забони адабии муосир вуҷуд надорад”.
“…Принсипи анъанавӣ – таърихӣ аз ҳама “бепринсиптарин, кӯркӯрона ҳифзкунанда (нигоҳдорандаи)-и ҳар гуна анъанаи хат мебошад” (А.А.Реформатский” (Введение в языкознание (саҳ.305).
Дар мавриди қобили қабул набудани принсипи фонетикӣ М.В.Панов дар асараш “И все – таки она хорошая” чунин менависад: “Овоз фиребдиҳанда аст, онро муайян кардан душвор мебошад, бисёриҳо ба таври одӣ нутқи шунавоӣ надоранд. Вале барои фонемаро шунидан кӯшиш кардан лозим нест. Фонема он овозест, ки аз таъсири ҳамсоя озод аст. Фонема шунавоии нозукро не, балки маҳорати нозуки талаффузро талаб мекунад: як калимаро бо дигараш муқоиса кунед. Ин фаъолият ба ҳама ҳама фаҳмо ва аз рӯйи моҳият хеле осону сабук нисбат ба шунидану фаъолияти гӯш кардани ҳар як овоз” (саҳ. 125).
Ба андозае душвор будани принсипи фонетикиро бисёр олимони рус таъкид кардаанд. Масалан, Б.З.Букчина, Л.П.Калакутская, Л.К.Челсова чунин таъкид кардаанд: «Бештар, чунин ҳодисаҳое ҳам рух медиҳанд (масалан, талаффузи ҳамсадои ташдид дар калимаҳои русӣ ва иқтибосӣ), вақте ки ҳатто фонетикашиносон сабти магнитофониро мешунаванд, сифати овозро аниқ шарҳ дода наметавонанд. Лозим меояд, ки ба кимограф ва таҷҳизоти аниқкунанда муроҷиат намоянд. Эҳтимол дорад, ки дуруст шунидан ва баҳо додан ба нутқи худ нисбат ба ёд гирифтану аз худ кардани қоидаи мавҷудаи имло душвортар аст”.
Ҳамин тариқ, талаффуз дар доираи забони адабӣ бисёр фарқ мекунад. Ва ин ихтилоф, дар сурате ки шахс забони адабиро надониста, бо яке аз лаҳҷаҳо гап мезанад, бештар мегардад, ҳамон айни як калима метавонад, ки дар шеваҳо ба таври гуногун талаффуз гардад. Агар ин принсип барои муқаррар кардани имлои забони тоҷикӣ чун асос пазируфта шавад, пас, лозим меояд, ки барои ҳар як шева фарҳанг имло таҳия гардад. Хулосаи ниҳоии мо ин аст, ки “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки аз 30 июни соли 2021, №269 тасдиқ ва мавриди истифода қарор дорад, ба такмилу таҳрири ҷиддӣ ниёз дорад. Ҳатто номи дар саҳ. 5 оварда ба таҳрир ниёз дорад. Ба назари мо, дар ин шакл овардан дар муқоваи ҷузва (брашюра) беҳтар буд: “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат”. Ду маротиба такрор шудани ибораи “забони тоҷикӣ” саҳеҳ нест ва вожаи “аломатҳо” – ро бо ҳарфи калон навиштан нодуруст аст. Дар асоси гуфтаҳои боло чунин натиҷа бармеояд, ки имлои забони тоҷикӣ асосан бар мабнои принсипи морфологӣ бояд муқаррар карда шавад. Ва шояд баъзан аз принсипи фонетикӣ ва анъанавӣ (ниҳоят кам) истифода кардан дар мавридҳои зарурат ба миён ояд. Мо, чунон ки дар боло зикр кардем, ба таҳлили матни қоидаҳои имло чандон дахл намекунем, зеро, аввалан, ҳар сарсатри онро хонӣ, ҳатман бо шарҳи нодуруст вомехӯрӣ, сониян, олимону соҳибназарон ва адибону омӯзгорон андешаҳояшонро баён карданд ва ин кор идома дорад. Масалан, нависанда Эҳсон Субҳон таҳти унвони “Имло ҳанӯз таҳрирталаб аст” дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” аз 13 январи соли 2022 мақолае нашр карда, дар он андешаҳои ҷолибу дурустро баён кардааст.
Фасл ё боби 4. “Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима”-ро бинем, таҳрир талаб мекунад: Мураттибон фаслро “Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима” унвон гузоштаанд: Ба андешаи мо, саҳеҳаш ин тавр аст: “Аз сатр ба сатри дигар гузаронидани ҳиссаи калима”;
Дар сарсатри 2 омадааст: “Агар ҳиҷо аз як ҳарф иборат бошад,…”, дурусташ ин тавр: “Агар ҳиҷо аз як ҳарфи садонок иборат бошад,…”;
Дар сарсатри “Эзоҳ” навиштаанд: “Калимаю ибораҳо дар ҳолатҳои зерин аз сатр ба сатр намегузаранд”: Шакли дурусташ ин тавр бояд бошад: “Калимаю ибораҳо дар ҳолатҳои зерин аз сатр ба сатри дигар гузаронида намешаванд.” Магар ҳиссаи калима худ ба худ мегузарад? Дар “Эзоҳ” навишта шудааст: “калимаю ибораҳо”, ки нодуруст аст, балки “ихтисораҳо” гуфтан лозим аст. Ва ё ҳарфҳои ётбарсар дар Қоидаҳои имло пурра шарҳу маънидод нашудаанд. Ин ҳарфҳо хусусияти ҳиҷосозӣ доранд. Дар ин хусус на дар Қоидаҳои имло ва на дар китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” чизе гуфта нашудааст. Дар китобҳои синфҳои ибтидоии “Забони русӣ” онҳоро ҳарфҳои садонок гуфта таълим медиҳанд. Ҳар қадар навиштани калимаҳои душакла камтар бошад, ба фоидаи таълим аст. Танҳо моддаи ҳарфи “К”-ро дар “Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ” аз назар гузаронидем, беш аз 32 калимаи ду шакли навишташуда омодааст. Ҳол он ки бо дарназардошти принсипи морфологӣ ва нуқтаи назари дурустии реша метавон душакла навиштани чунин калимаҳоро бамаротиб кам кард: каҷдум – каждум; каёсат – киесат, катак – каҷак, гӯсфанд – гӯспанд, дунбура – думбура – дамбура, Истамбул – Истанбул.
Ба назар чунин менамояд, ки Кумитаи забон ва истилоҳот аз уҳдаи ба низом даровардани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо сабабҳои айнӣ баромада наметавонад. Баъзе корҳои анҷомдодаи Кумитаи мазкур чандон саҳеҳу дуруст нестанд. Як кори анҷомдодаашон Қоидаҳои имло мебошад, ки чандин ҳазор хонандаю омӯзгор ва донишҷӯро ба роҳгумӣ мувоҷеҳ кард. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, хуб мешуд, ки дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як шуъбаи чандбахша бо интиқоли бастҳои дар Кумитаи мазкур амалкунанда таъсис дода шавад. Ин шуъба лоиҳаи пухтаю дурусти Қоидаҳои имлоро аз нав таҳия мекунад ва аз тарафи дигар, истилоҳоти фанҳои дар макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таълим додашавандаро омода месозанд. Мутаассифона, барои хонандагони мактаб луғати истилоҳоти фаннӣ, ки ба талаботи замон ҷавобгӯй бошад, то ҳол таҳия, мураттаб ва нашр нашудааст.
Саидамир АМИНОВ –
узви вобастаи Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон