Ҷавонмард баъд аз ноништа сару либоси нав ба бар кард, ба оинаи барқад нигарист: мӯйсари сиёҳаш шонахӯрда, куртаи сафед аз таҳи костюм шинаму зебо ба чашм мерасид. Галстуки сиёҳ дар гарданаш, дар заминаи куртаи сафед ҷаззоб менамуд. Вай, ҷавонмарди миёнақад ва нигоҳаш самимию пурмеҳр ва саҳл андешаманд буд. Ба мактаб, ба кор мешитобид. Омӯзгор аст вай чанд сол боз дар дабистони деҳ ва роҳро аз хона то мактаб, ки тақрибан 200-300 метрро дар бар мегирад, зуд мухтасар карда, лаҳзае дар саҳни ҳавлӣ ба гулу гулбутта ва ниҳолакону дарахтони сарсабзу тановар, ки бо шукӯҳу ҳусни худ ба чашм нур мебахшиданд, менигарист. Ба хаёл мерафт, ба олами афсона «ташриф» меовард. Эҷодкор ҳам буд вай. Саргузашт ва ҳодисаҳои дар деҳ ба вуқӯъ пайвастаро, ки дар меҳвари он ҳама одамон бо сарнавишти мураккабу печидаи худ қарор доштанд, аз ғирболи андеша мегузаронд… Аммо ин субҳ, ҳине ки аз дарвозаи ҳавлӣ по ба берун мениҳод, садои канда-кандаеро аз баландгӯяки радиои масҷид шунид, ки такрор мекард:
— Мардуми деҳаи Сарчашма, вақти бомдод акаи Маҳмадсалим бандагӣ кардааст. Ҷаноза баъди намози пешин.
Ҷавонмард дар ҷояш шах шуда, гӯё хабари марги инсонеро бори нахуст дар бинои умраш мешунида бошад, «Эҳ наход, раиси замоне боғуруру салобатноки деҳа, ки нигоҳаш заҳраи одамро мекафонд, абадӣ аз олам чашм пӯшида бошад?- гуфта пичиррос зад: «Худо раҳматаш кунад». Аз чӣ бошад, дарсоат дар оинаи хаёли ҷавонмард ҳамон айёми вазнин, ки бар асари ҷанги бемаънии камондорон мардум дар талаби дарёфти пораи нон ҷон ба ҷаббор месупурданд, зинда гардид.
«Ҳамааш мегузаштааст, — аз дил гузаронд вай. — Вале кирдори бад… намерафтааст аз ёду хотир».
…Ин хабари неку сурурангезро вай, писараки тақрибан 10-12-сола дар кӯча шунид. Шуниду мазрааи дилаш ғарқи гулҳои шукуфтаи ҳавасҳо гардид. Дар як лаҳза аз ин дунёи пур аз ғаму ғусса, дунёи бенавоию нодорӣ ба дунёи хаёлан мамлӯ аз суру шодмонӣ ва орӣ аз дарду ранҷ кашиданҳо, ки бас зебову рангорангу музайяну латиф аст, афтид. Ҳо, ҳо, аз як канори олами тираву ваҳшатзо дуруст ба канори олами дигар, ки чашмҳо пурдурахшу лабҳо дар тасарруфи табассуманд, гом ниҳод. Ҳай аҷиб, ҳай роҳат! Чӣ олами назифу ҷонона! Пас аз шунидану бо ҳамсинони худ хуррамдилу шодон гардидан ва перомуни ин шунидаашон ҳарфҳое бо тасаввуркарду орзуҳои ширин ба лаб оварадан, чун ҷамъияти рафиқон пароканда шуданд, ӯ низ бо хаёлҳои рангин ҷониби хонаашон шитобид ва аз дарбача даромадан замон ба модару бародарону хоҳаронаш мужда расонд;
— Рӯзи шанбе тӯй будааст. Тӯйи Муҳаммадамони бизнесмен!
Модар бо кӯбае чӯбӣ хӯшаҳои гандумро мекӯбиду ос мекард ва донро каноре ҷамъ. Чанги маҳину нозуке, ки бо вазиши бод бармехест, ба рӯю мӯю абрувонаш менишаст. Зан ба назар 35-40-сола менамуд, чеҳрааш гирифтаю ғаме мармуз дар чашмонаш ошён карда, аслан ҳавсалаи ҳарф задану лаб кушодан надошт. Бо ин ҳама, як он даст аз шуғли худ бардошт, сӯйи писараш, ки бо чашмону лабони хандарез, бо ҳайати шодиафзо наздаш рост меистод, рӯ гардонд:
— Бачам, садқат, аз тӯйи як одами пулдору бадавлату сарватманди деҳа ба мову ту чӣ фоида? Ва ба посухи писар мунтазир нашуда, афзуд:
— Дар ин рӯзҳои вазнин, ки ҷанги лаънатӣ ба сарамон овардааст, Муҳаммадамон ягон гард орд ё халтае гандум «ин ёрдам аз мо» гуфта, ба мо дод? Дасти бенавою фитодаеро гирифт?
Эҳ… аз боғи боло гап мезанӣ, бачам. Ҳушам кашоли маъракааш нест. Ҳамин қадарашро медонам, ки рӯзамон ба нони сабӯсӣ мегузарад.
— Ту, оча, маънои гапа нафаҳмидӣ, — ханда дар лаб гуфт писарак. -Барои мо, бачаҳо, мегӯм, тӯй болои тӯй. Оша мезанем, оши палава. Чанд вақт шуд, ки маззаи ош аз даҳону комамон рафтааст. Ростӣ, охирин бор кай оши серӣ хӯрда, будем дар ёдамон нест. Шояд моҳу ҳафта не, сол гузаштааст.
— Эҳ, гушна нон хоб дидааст, — сархам ба кӯбидани хӯшаҳои гандум идома дод зан ва дигар ба писарак эътиное накард. Писарак, ҳамчунон сояи рӯҳе барозанда ва саодатмандӣ дар чеҳрааш таҷассум ёфта, қадам зада аз модараш дур шуд. Аз чӣ бошад, ҳарфҳои навмедонаю оҳанги ҳузнзои суҳбати модар хаёлу хотирашро парешон карду рӯйи оинаи орзуҳояш ғубор кашид.
Вай, дигар ҳарфҳояшро фурӯ бурду рафту рӯйи суфачаи таҳи чормағзи пир нишаст. Аз ҷойи нишасти худ чашм ба модар дӯхт. Ва хаёлаш, ки ба димоғаш бӯйи тунду тези нони сабӯсӣ расида, ба роҳи нафас ба поён, ба шикамаш нуфуз кард, заъфу сустие дар ниҳодаш ба зуҳур омад, дар пиндораш хун дар рагҳояш аз ҳаракат монда, дилаш шӯридаву коса зад. Пиндошт, ки ҳамин ҳоло ҷамеи ғизои хӯрдаашро мегардонда бошад. Хам шуду сарашро зер овард. Ҳолати афсурдагию яъс фаро гирифташ. Вай амиқу неку медонад, ки рӯйи дастархони онҳо на ғизои хушлаззат ҳасту на қанду қурс, на чойю нони гандумӣ. Ҳатто… на ҷурғоту чаккаю дӯғу шир.
«Ҳо, оча, — хаёлан ба модар суҳбат оғозид писар, ҳамааш рафт. Гов рафту гӯсола, буз рафту бузғола. Бобом гуфт, зиндагитон бо сар задани ҷанг вазнини вазнин шуда, биёен, 8-10 халтаи гандумеро, ки пеш аз шуруи ҷанг дар амборамон нигоҳ медоштем, барену дар осиёби усто Нарзулло орд кунен. Замонҳое буд, ки касе парвои шикаму нон надошт. Магазинҳо пур-пури орди сап-сафед буд. Лекин бобом падараму амакҳоямро маҷбур кард, ки дар замини бекорхобидаи фермаи колхоз гандум бикоранд. Замини бузурге буд.
— Гандум чӣ лозим?-тааҷҷубзада пурсид падарам. — Ҳама ҷо пури нон, серию пурӣ.
— Ман ҳайрон, ота!
— Як рӯз не, як рӯз даркор мешавад, -фаҳмонд бобом. — Дунё ҳеҷ вақт ба як қарор намемонад. Ҳа-а, бачем… Ҷанг сар заду гуруснагию қаҳтиро ба думбол овард. Ордҳои сап-сафед дар чашм задан тамом шуданду ҳамон халтаҳои гандуме, ки аз майдони ферма рӯёнда буданд, кор дод. Ҳамаи гандуми халтаҳоро ба тадриҷ орд карда хӯрдем. Гандум ҳам тамом шуд. Ана, баъд падарам маҷбур шуду аввал говро фурӯхт, сипас гӯсоларо. Хайр, бузу бузғола ҳам ба савдо рафт… Инак, рӯзамон ба сабӯс мондааст. Аммо хӯрдани нони сабӯсӣ ба ҷон кандан баробар будааст.»
Дарду алами писарак охир надорад. Аз хӯрдани нони сабӯсии бӯин, ки ба решҳои дандон мехаладу комашро захмин кардааст, кайҳост, ки ба сутӯҳ омадааст. Гумонаш, ки дар зарфи меъдааш заҳру зардоби фаровон ҷамъ шудаву хунаш фосиду пайкараш андак-андак фусурдаву наздик аст то аз ҳам бирезад. Шириниро-ку батамом аз ёд баровардааст. Шакару қандро гоҳу ногоҳ дар оинаи булаҷаби телевизор мебинад. Чояшон аз гули садбаргу шохаи тари олуболуст. Модараш помидорро бо пиёз таф медиҳаду оби ҷӯшомадаро аз болояш мерезад. Тановули ингуна ғизои обакӣ ҷонашро ба ҳалқаш овардааст. Эҳ Худо, кай ин рӯзҳои маъшуму фалокатзо пушти сар мешуда бошанд? Кай?! Падараш қабл аз озими сафари Русия гардидан аз як рафиқи човандозаш дар сатили човаи калоне ҷав овард.
— Ана, ин ҷавро орд мекунему нони ҷавӣ мехӯрем, — фаҳмонд вай. — Ку бубинем, маззаи нони ҷавӣ чӣ хел бошад? Дар ҳар сурат, аз нони сабӯсӣ беҳтар будагист. Модараш аз орди ҷав хамир шӯриду нон рост кард ва гӯё ба дӯшаш кӯҳи Мағм бор шуда бошад, абругирифта наҷво кард:
— Хамираш часпаку бӯйи наму замини рутубат мекунад. Надонам, ки нонаш чӣ хел бошад? Нонаш баъди пухтан рӯйи дастархон аз даст ба даст мегашт ва сафеди пуркидаранг буд. Писарак порае бишкасту ба даҳон бурд ва то дер гоҳ хойиду хойид, ту гӯйӣ, сақич бошад. Мағзи он дурушт буд ва ба милки дандонҳо мехалид. Охир дар гулӯ дармонд хоидаи нони ҷавӣ ва нафаси писарак гиреҳ зад, ҳис кард, ки чашмонаш аз ҳадақааш берун ҷаста мебаромада бошанд. Вазъи сангини ӯро падар пай бурду ба тахтапушташ «тап-тап» зад ва пораи хойидаи нони ҷавӣ, ки бо оби даҳон махлут шуда буд, парида рӯйи дастурхон афтид.
Писарак ошуфтаву ғамзадаву беқарор рӯ ба осмон оварда, дар танҳоӣ аз Офаридгор, оҳи ҳасрат аз ниҳод берун ниҳода, мепурсид:
— Моро на нони балаззати гандумӣ насиб мекунаду на ғизои равғании хушмазза. Тамъи ширинию гӯштро кайҳо аз ёд бурдаем. Умрамон бо лаби нони ҷавию пиёз ба охир мерасад.
Барои кадом гуноҳ?!
Аммо аз он боло, аз соҳати чархи нилфом садое дар ҷавоби писарак баланд намешуд ва писарак пеши худ, об дар чашмон такрор мекард:
— Барои кадом гуноҳ?!
Рӯзу моҳҳо бад-ин наҳву шева сипарӣ мегардиданд ва рӯзе падар аз Файзи боғбон ду халтаи пур-пури бастадаҳони ҷуворӣ овард.
— Сабӯсу ҷав тамом шуд, аз орди ҷуворӣ нон пухта мехӯрем, — кафҳояшро совида хандида гуфта падар. — Нони зағора аз замонҳои қадим бомаззаву хушхӯр будааст, мегӯянд.
Аммо… сахту дурушт буд нони зағора ва чун ду-се рӯз мегузашт, ончунон вазнин мешуд, ки ту гӯйӣ, пораи ҷӯян аст ва хӯрданаш ба душвор даст медод. Кадоме аз ҳамсоязанҳо ба модари писарак роҳ нишон дод, ки ба хамири нони зағора пиёз ҳамроҳ кунад, нонаш андак мулоимтар мешавад. На ин нонро хӯрда тавонист писарак, на он зағораи якҷо бо пиёз шӯридаро. Рӯзҳои тираву сиёҳро, мегуфтӣ, ҳеҷ поёне набуд. Писарак наҳифу лоғар буду лоғартар мешуд ва дар олами рӯъёҳову афсонаҳо будану зистан мехост.
Ба ёди писарак боз тӯйи Муҳаммадамон расид. Ду рӯз пас вай дар сургоҳ ҳозир мешавад ва оши палави серравғани сергӯшт хоҳад хӯрд. Оши палави бо биринҷи дона-дона. Нону кулчаи серӣ, қанду шириниҳои ҳархела. Оҳ, оҳ… Аз ин хаёл, ки бас нишотангезу фараҳфизо буд, хонаи дили писарак рӯшан ва олами тасаввуру пиндораш гул кард, аз дунёи воқеӣ, ки бардошти тираю навмедонае дошт, ба марзи рӯъёҳову афсонаҳои ширину рангину шигифтангез гом ниҳод. Ёди ош ба ҷонаш неру бахшид, ингуна тавонманду бақувват гардид. Ӯ чӣ тавр лаб лесидану фурӯ бурдани оби даҳонашро пай набурд.
Ду рӯзи дигар, ду рӯзи интизорию пазмониҳо, ду рӯзи ширину ҷаззоб. Хоҳаракону додарчаҳояш низ дар орзуи нони чапотию оши сергӯштанд. Эҳ Худоҷон, тезтар рӯз шаваду шаб, шаб шаваду рӯз. Ниҳоят, рӯзи шанбе фаро расиду писарак ҳамроҳи ҳамсолони худ ҷониби тӯйхона, ки поёнтар аз хонаи онҳо, дар назди хирманҷойи пешини пахтахушккунӣ ҷой гирифта буд, раҳсипор гардид Рӯзи гарме буд, ибтидои фасли хазон. Хуршед анвори тиллогунаш рӯйи талу теппаву адирҳо, боғу чаманзору даштҳо бедареғ нисор мекард. Шаъшаи нурҳои офтоб дар дили рӯди сероби деҳ аксандозӣ карда, чашм мебурд.
Ғози хасрав рӯ-рӯи фазои нилгун ором-ором, чу мурғи сабукбол ҳаракат мекард. Ингуна ришта-ришта хат кашида, дар шоху навдаҳои дарахтон дармемонд. Дармемонду ранги зарҳалӣ ба худ мегирифт ва бас зебову дилангез ба чашм мерасид. Оби рӯдхонаи Сероб нарму орому бесадо аз рухи сангҳо бӯса меситониду чу инсон гӯйи нафасзанон ба сӯйи макону манзили ноошно, дар сар ҳазор фикру хаёл ва пойбанди орзуву мақсадҳои ноаён ҷорӣ мешуду ҷорӣ. Магар он макону манзили ноошно буд ё роҳ ба сӯйи абадияту ҷовидонӣ? Равон буду равон рӯд ва рӯҳе дар амвоҷаш нафас мезаду нафас мезад.
Ё бехигӯшӣ сухан мегуфт? Ё оҳ мекашид?!
Хонаҳои баландошёнаи рангкардашуда, дару тирезаҳои гаронбаҳо, саҳни ҳавлии ниҳоят васею доманфарох, мошинҳои гуногунтамғаи паси ҳам қароргирифта, гулҳои мулаввани назди даромадгоҳ ва… ва чунонки тӯйю сурро мебояд, бӯйи зирбаки ошу пиёзи тафдодаи кабоб бо роҳи димоғ ба хун меомехт ва зарфи меъдаро хориш медоду об мекушод даҳон ва барфавр ин об аз гулӯ мегузашт. Эҳсоси аз ин ғизоҳои равғанӣ ба даҳон бурдану оташи нафсро андак-андак хомӯш кардан дар мағз ангезише ба зуҳур меовард. Хонаҳои дар се ошёна ҷойгиршуда, айвону катҳо аз меҳмонони хоса пур буданд, вале мошинҳои сабукрави навбаромад меомаданду меомаданд ва сафи меҳмонони костюму шиму куртаҳои сафеди галстукдор, ки аксаран мӯйсари равғанмолидаи муҷалло доштанд, меафзуду меафзуд. Аз ин рӯ, бо амри соҳиби сур – Муҳаммадамони тоҷир аз куҷое катҳои зиёде оварда, дар хирманҷой гузоштанд. Аз ин канор то канори дигари хирманҷой ходаҳои чӯбӣ зада, аз нӯги онҳо ба болои катҳо сони сафеди дароз кашиданд, ки ба сари меҳмонон соя афканад. Рӯҳониёну пирмардони солманд ва камонбадастони либосҳои ало-булои ҷангалӣ ба танро низ дар рӯйи катҳо ҷо карданд. Раисону мудирони аз қавле, «юф»-ҳо низ дар катҳо такя ба лӯлаболиштҳо роҳат нишаста, чашм аз ин манзараи бошукӯҳ намеканданд.
Чашмони писарак аз дидани одамони сару либосашон тозаю назиф ва анвои нозу неъмати назди онҳо, меваҳои мухталифи сероб, ҳар гуна хӯришҳои болаззат, лаълиҳои тарбузу харбузи шакарин, қанду шириниҳо, обҳои рангоранги ташнашикан нур гирифта, банди ҳайрат лол монда, намедонист, ки ба кадом тараф қадам занаду чӣ кор кунад.
— Рафтем, даҳонат воз меистӣ рост дар як ҷо, — гуфтани як рафиқаш ӯро ба худ овард ва писарак аз думболи ӯ қадам бардошт.
— Як бало карда, ба дегҳои ош наздик шудан даркор, — фаҳмонд рафиқаш ва раҳравон афзуд:
— Ин одама бин, ҳоли ҳозир чор деги ошу боз чанд дег кабоб ҷӯшида истодааст. Монанди ману ту бачаҳои бисёре омадаанд. Ҳама зӯр мезананд, ки шикамсерӣ ош хӯранд.
— Ҳофизӣ ҳам мешавад?-нохоста пурсид писарак. — Агар ҳофизӣ шавад, чӣ хел нағз!
— Ҳофизӣ, ҳофизӣ, — даст афшонд рафиқаш, ки амиқан беқарору бесаранҷом буд. — Ҳофиза чӣ кор мекунӣ? Шикам сер шавад, шикам.
Воқеан, вақте ки онҳо ба қисмати чапи хирманҷой, ки дегҳои ошу кабоб он ҷо гузашта шуда буд, наздиктар расиданд, ҳуш аз сарашон парида, дар шигифт монданд. Дар ин ҳудуд мардону бачагони зиёде ҷамъ омада, интизори ба табақҳо кашидани ош буданд. Хидматкорону дастархончиён аллакай табақҳои кабоби гармро, ки ҳавр аз болояшон мебаромад, ба пеши меҳмонон мебурданд. Ҷавонмардон саф ороста, табақҳоро даст ба даст ба рӯйи кату хонаҳои дарун мерасонданд. Аз ин манзараи аҷиб, бахусус, бачаҳо ба изтироб омада, пойкӯбон дар атрофи дегҳои ош лигоми оромию қарорро раҳо карда буданд. Писарак як он дар пиндору тасаввури худ ба олами дигар афтод. Оламе, ки дар он нишоне аз гушнагию бенавоӣ, нодорию бечорагӣ, ҷангу паррон-паррон ва бӯйи нони сабӯсию зағораю ҷавин набуд. Ҳама ҷо серию пурӣ, дастархонҳо мамлӯ аз нонҳои чапотию кулчаҳои серширу серравған, ошу кабоб, меваю мағзу қанду мавиз. Меҳмонон кабоб мехӯранду ош, хилоли дандон карда, гӯштриштаҳоро бо нӯги забон бароварда, каноре туф мекунанд. Даст ба шикамҳои дамидаашон бурда, оруғ мезананд. Аз кадом нақли ҳамсуҳбати худ мастонаву бепарво қаҳ-қаҳа зада, баланд-баланд механданд. Дандонҳои тилло ба намоиш мегузоранд. Аз чашмонашон об ҷорӣ мешавад. Аҷаб лаззату кайфияту мастие! Ёди писарак ба модару хоҳарону додаронаш рафт. «Агар рафту ба ман ягон табақ ош диҳанд, мехӯраму баъд илтиҷову хоҳиш мекунам, ки табақи дигаре диҳанд, онро ба хона, барои модару хоҳару додарчаҳоям мебарам. Нағз мешавад. Аз ин хаёли фиребо дар шохаи лабони писарак гули табассум нарму ширин шукуфт. Аммо ҳолу ҳавои воқеият дигаргуна буд. Деҳдору ду-се тан думраваш пайдо шуда, бачаҳоро бо химчае аз назди дегҳои ош пеш карда, ниҳеб ҳам бардоштанд, ки «нодидаҳои шарманда, монед, аввал меҳмонон ошу кабобро хӯрда тамом кунанд, баъд навбати шумо. То меҳмононро аз даст набарорем, ба ҳеҷ кас ош-пош намедиҳем». Оҳанги хашини суханони деҳдор, ки пайкари фаҳӯлу қомати баланд ва риши кӯтоҳ дошта, аз болои ҷома рӯймоли ғафси шоҳӣ баста, арақ аз сару рӯяш ҷӯя кашида, ба гарданаш мешорид, олами ширину марғуби хаёлии писаракро аз ҳам рехт, вай шикастадилу маъюс худро аз издиҳом канор гирифт. Ва аммо нохудогоҳ чашмаш ба деги ош, ки буғи гарми омехта бо бӯйи равғану гӯшт ба димоғаш мезад, ба гӯштҳои барҷастаи мулоим ва сағалҳои калон-калон афтид, ки ошпаз зуд-зуд бо кафгир он гӯштҳоро боло кашида, бо дастонаш гирифта даруни корсони сафеде мегузошт. Гӯшт! Чӣ хел бомаззаву хӯрданбоб аст! Писарак ба ёд овард, ки шояд вай дар тӯли 12 соли умраш боре ҳам ба даҳон як пора гӯшт набурда бошад. Ҷанг ҳамаро барбод дод. Фикру зикри одамон танҳо ба дарёфти пораи ноне банд буду халос. Дар ин аҳвол гӯшт аз куҷо? Аммо пас аз чанде писарак аҷаб манзара ва амалҳои гӯё махуфу пинҳониро ба мушоҳида гирифт. Деҳдор, чанд муллову оқсақоли масҷиду деҳа аз паси пардаи сафеде, ки кашида шуда буд, шитобзада ба назди ошпаз ҳозир шуда, чизе ба гӯшаш гуфтанд, ки вай дарсоат дар табақҳои сафолини калон пур-пур ош кашида, ба болои он гӯштҳои ҳамчунон калон-калон гузошта, ба онҳо дароз мекард. Онҳо табақҳоро (ба болояшон нони чапотӣ гузоштаву бо рӯймоле маҳкам баста) ба дасти писарони худ медоданд ва писаронашон дар пилк ба ҳам задани чашмон табақҳои ош дар даст сӯйи хонаҳояшон тохта, ғайб мезаданд. Ингуна, ба тадриҷ, бачагони дигар бетартибонаву номуназзам ба дег наздик шуда, табақҳои холии дасташонро пеш бурда, аз ошпазу ёронаш хоҳиш, балки зорию тавалло мекарданд, то ба онҳо ош диҳанд. Ба бонгу фарёди баланду омиронаи деҳдор, ки қоматашро баланд бардошта, дақиқкоронаю айёрона ба меҳмонону мардуми деҳ менигарист, нигоҳ накарда, ошпаз марди миёнаумри зоҳиран дилсофу хайрхоҳ оҳиста-оҳиста ба табақҳо ош кашида, ба бачаҳо дароз мекард ва онҳо гӯё ганҷи бебаҳоеро баногоҳ дарёфта бошанд, табақҳо дар даст рӯйи замини пурхок нишаста, ҳадаҳаву осемасар ба хӯрдани ош шуруъ мекарданд. Шуруъ кардан ба хӯрдан ҳамон буду холӣ шуданаи табақҳо ҳамон. Писарак ноҷунбону ҳайрону даҳонво ба ин манзара менигарист ва шабеҳи он ки пойҳояшро мехкӯб карда бошанд, аз ҷояш намеҷунбид. Ва аммо бачаҳои дигар, ҳамсинону аз ӯ бузургтарҳо пойида-пойида дубора табақҳо дар даст ба дег наздик мешуданд ва аз ошпаз ош мехостанд. Писарак аз ин ҳол хиҷолатзада, ҳис кард, ки оби шарм бар рӯяш давид, нафсаш коҳида, саъй кард аз анбуҳи одамон худро қафо бигирад.
— Э Сипеҳр, ҳамин хел изо кашида меистӣ?- гуфтани рафиқаш, ки аз ибтидои маърака ӯро ҳамроҳӣ мекард, ба худ овард писаракро.-Ма, табақа гиру пештар рав, ошпаза гӯй, ки ош нахӯрдаам, ош бидеҳ. Вай мардаки нағз, отата мешиносад, — роҳ нишон дод рафиқаш ва табақро иҷборан рӯйи дасташ гузошт:
— Рав, рав, набошад, мондагӣ оша раисо ба хонаҳошон мекашонанду ту ду даст болои сар мемонӣ. Охир, баъди тӯйи Муҳаммадамон боз Худо медонад, кай рӯйи оши серира мебинем.
Писарак аз суханони рафиқаш рӯҳ гирифтаю ҷасорат пайдо карда, табақ дар даст нарму оҳиста сӯйи дегҳои ош гом ниҳод. Деҳдор ҳанӯз садои ғулгуламонандаш дар фазо печида, арбадаю ғавғо бардошта, «лаънатиҳои худозада, дуборию себорӣ ош хӯрда истодаед, дафъ шавед аз пеши дег»-гӯён бачаҳоро бо химчаи тут мезаду пеш мекард. Тавре ба назар мерасид, ки ӯро бо ҳамин ҳайати босалобату бадвоҳимааш танҳо ба хотири чанд тан бача раиси деҳ таъйин карда бошанд. Писарак банди ҳазор хаёл, ҳамчунон шармгинона табақро ба ошпаз дароз кард:
— Амак, дар ҳамин табақ ба ман ош диҳед.
— Ту ҳолӣ ош нахӯрдаӣ?-миёнашро рост кардаю арақи пешонияшро бо дастмоле пок карда пурсид ошпаз. Вай хастаю лакот менамуд.
— Не, амак, — ҷавоб дод писарак. — Ман нав табақи холӣ ёфта…
— Рӯят сиёҳ, бачаи маълим, бо ҳамин дурӯғат.
Ин овоз монои ханҷари тез пардаи хаёлоти писаракро дарида гузашт, дар хонаи гӯшаш чу тири заҳргин даромад. Писарак дар ҷояш такон хӯрда, гоҳ ба ошпаз менигаристу гоҳе ба деҳдор. Деҳдор, оҳанги ғазабаш паст нагардида буд, ки ба писарак наздик шуда:
— Чанд бор шуд, ки табақата оварда ош мебарӣ?-гӯён хам шуда, бо чашмони нигоҳаш пур аз нафрат ба ӯ нигарист.
— Росташа гӯ, набошад…
— Ман ош нахӯрдаам, — нигоҳашро гурезонд писарак.
— Рӯт сиёҳ, на фақат дубору себор ош хӯрдӣ, балки ба хонаатон ҳам бурдӣ. Ё не?!
— Ба Худо ош нахӯрдаам.
— Ба хонаатон ҳам набурдаӣ?
— Не, набурдаам.
— Ту мисли отаи «қаҳрамонат» якраву гарданшахӣ. Рӯят сиёҳ.
— Рости гап, ман бори аввал бачаи маълима мебинам, ки барои ош омадааст, — фаҳмонд ошпаз. — Ош хӯрдагию бурдагиҳо бачаҳои дигар буданд.
Писарак аз шарму хиҷолат, чеҳрааш арғувонӣ гардида, азм кард, ки ин дафъа қатъӣ аз байни издиҳом баромада, рост ба хонаашон меравад. Вай аз ҳамааш дилгир шудааст. Аз тӯй баромада меравад, ҷонаш халос. Эҳ, агар ҳоло падарашу амакҳояш ин ҷо мебуданд….
Баногоҳ деҳдор бо дасти вазнинаш аз банди дасти писарак доштаву онро анбӯрвор фишурда, ба саҳни ҳавлӣ кашолакунон баровард.
Деҳдор дасти рости писаракро боло бардошта, ба одамон, ки кунун фориғ аз хӯрдани кабобу ош, нуқлу наво ва меваҳои шодоб аз ҳар хусус суҳбат карда, фароғат доштанд, нигариста хитоб кард:
-Эй мардуми деҳаи Сарчашма, мана, ман ба шумо мегӯям, ки ҳамин бача, писари муаллими Фарҳод айбу шарма надониста, намедонам бори чандум аст, ки меояду дар табақ ош гирифта мехӯраду боз дар назди дег пайдо мешавад. Ана, бинен, дастҳояш равғанин. Э садқаи одам шаве, бетарбия!
Ҳама ба писарак ва дасти болои ӯ, ки деҳдор ҳеҷ онро раҳо намекард, менигаристанд, бефарқ буд нигоҳашон.
Аммо писарак ранг бохтаю аъзои баданаш ба ларза даромада, сарашро саҳл боло карда;
— Дурӯғ, ман ош нахӯрдаам, -гуфт шармида.
— Худо занад, ки ош нахӯрдаам. Ба Қуръон қасам мехӯрам, ки ош нахӯрдаам.
Вай мехост баландтару баландтар фарёд кашад, дод занад, ҳақиқати ҳолро ба гӯши мардум расонад, вале…
— Бачаҳотона тарбия кунед, қавми Сарчашма, — ба суханони писарак эътино накарда, ба носеҳӣ даромад деҳдор ва афзуд:
— Шароит вазнин гуфта, ҳамин хел баднафсию лӯсакӣ мекунанд? Айб аст, айб. Боз писари маълим. Замин кафад, ки дарояд ҳамин хел бача.
Вай аз чӣ бошад, ҳеҷ дасти рости писаракро раҳо кардан намехост. Ниҳоят, писарак аз шиддати ғазаб, ки бар шарму хиҷолаташ тасаллут ёфта буд, якбора дасташро аз дасти деҳдор кашида, филфавр аз назди ӯ дур шуда, зуд-зуд қадам зада, ба сӯйи чорроҳа раҳсипор гардид. Эҳсоси занандае думболагираш шуда буд, ки гӯё ки ҳама аз пас ӯро наззора карда, байни худ рафтори ношоистаашро муҳокима мекунанд, ҷонашро ба лаб оварда, ҳар чӣ тезтар гом мебардошт, то ки ин манзараву нигоҳи масхараомезонаи одамонро вопас набинаду насӯзад. Вай қадам мезаду қадам мезад ва рухдоди ба сараш омадаро дар оинаи тасаввур зинда кардаи мехост. Чаро ин тавр ҳама чаппаю роста шуд? Айб, айб! Хунаш ба ҷӯш омада, фавҷи ғаму андуҳ қаламрави дилашро фаро гирифт ва аз алам, аз оҷизию нотавонӣ дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
Мегирист вай, дард мекашид, ки тамоми орзуҳояш бар боди фано рафта. Гуруснагиро аслан фаромӯш карда буд. Дилаш беҳузур шуда, даҳонаш об мекушод. Чаро ин тавр шуд? Чаро? Эҳ, агар падару амакаш дар ин ҷо ҳозир мебуданд, намегузоштанд, ки деҳдор ӯро таҳқир кунаду сарафканда. Очаи зорашро нишон медоданд! Вале онҳо дури дуранд, дар он канори дунёянд. Вай бошад, дар ин канори дунёи касифу палишту сардмеҳр қарор дорад. Бо панҷаҳояш ашки бари рӯяшро поккунон писарак меандешид:
Ба хона расида, ба модараш чӣ ҷавоб медиҳад?
Шодӣ РАҶАБЗОД –
адиб