Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Хабарҳо
  • СУХАНРОНӢ ДАР ОҒОЗИ РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ СОКИНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  • Хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР ОҒОЗИ РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ СОКИНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Admin 09.09.2021 Диданд: 412 нафар

Муҳтарам сокинони шарафманди пойтахт!
Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният мегӯям.

Сӣ сол муқаддам мардуми мо ба дастоварди бузургтарини таърихи навини худ – истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд.

Ҳарчанд ки сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Яъне истиқлол дар сарнавишти мардуми мо тағйиру таҳаввули куллӣ ва дигаргунии бунёдӣ ба вуҷуд овард.

Аз ин рӯ, ин сисола бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад.

Зеро ҳар соли истиқлоли давлатии мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки таҷлили санаи ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии одии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз сарнавишт ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза бо дирӯз ва тарҳрезӣ намудани дурнамо барои фардои халқи азизамон мебошад.

Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем.

Бинобар ин, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз кунем.

Ба шарофати сулҳу суботи сартосарӣ дар тамоми қаламрави кишвар раванди ободониву бунёдкорӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, танҳо дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 25 ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шуд, ки дар онҳо садҳо ҳазор ҳамватанони мо соҳиби ҷойи кор шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин раванди созандагӣ саҳми сокинони пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Дар баробари ин, як нуктаи муҳимро хотиррасон менамоям, ки мо ҳанӯз дар оғози давраи ватансозиву давлатсозӣ қарор дорем ва барои бартараф намудани мушкилоти дар зиндагии халқамон ҷойдошта бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, Ватани маҳбубамонро обод ва давлати соҳибихтиёрамонро нерӯманду пешрафта гардонем.

Болоравии ҳувият, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандории мардум, алалхусус, наврасону ҷавонони мо дигар дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Мо бояд ин дастовардро минбаъд низ таҳкиму тавсеа бахшем ва наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, ифтихори миллӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ тарбия намоем.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз, ки сокинони ватандӯсту ободгари шаҳри Душанбе ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳпаймоии идона баромадаанд, мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои оммавӣ маҳз аз баракати сулҳу суботи комил дар саросари кишвар ва ваҳдати миллӣ буда, ин иқдом, бешубҳа, боиси шодиву нишоти хурду бузург, омили муассири болоравии ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллиамон мегардад.

Бо таҷлили бошукӯҳи 30 – солагии истиқлоли давлатӣ Тоҷикистони маҳбуби мо бо барномаи мукаммали бунёди ҷомеаи навин ба сӯйи дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорад.

Бовар дорам, ки даҳсолаҳои ояндаи асри 21-ум барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли он даврони дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмиву фарҳангӣ хоҳанд шуд.

Мо минбаъд низ Ватани маҳбуби худро бо ифтихори баланди ватандорӣ ва бо заҳмати содиқонаи мардуми шарифу сарбаландамон ободу пешрафта гардонида, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ аз имрӯза дида баланд мебардорем.

Бори дигар тамоми ҳамватанони азиз ва ҳамаи шумо – иштироккунандагони роҳпаймоии имрӯзаро ба ифтихори  30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвари соҳибихтиёрамон, аз ҷумла ба сокинони шарафманди пойтахт хушбахтиву саодати ҳамешагӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлоламон умри ҷовидона  орзу менамоям.

Бигзор, истиқлолу озодӣ асрҳои аср машъали роҳи халқи озодихоҳу озодидӯсти тоҷик бошад!

Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон ҷовидонӣ бошад!

Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол!

Ҷашни истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Continue Reading

Previous: ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ СОЛГАРДИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Next: СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НАВРӮЗГОҲИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Related Stories

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

09.05.2022 Диданд: 167 нафар
ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • Хабарҳо

ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ

13.04.2022 Диданд: 485 нафар
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022
  • Хабарҳо

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022

05.02.2022 Диданд: 1 323 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (8)
  • Илмӣ (10)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (10)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (7)
  • Таҳлилӣ (45)
  • Таълимӣ-методӣ (35)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика