Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Хабарҳо
  • ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН — 2019” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
  • Хабарҳо

ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН — 2019” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Admin 24.08.2020 Диданд: 547 нафар

10-уми январи соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон — 2019” ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳакамон озмунро натиҷагирӣ намуда, ғолибони даври ниҳоиро эълон намуданд.

Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Нурматова Розия – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом, Қудратова Марҳабо – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии № 72-и шаҳри Душанбе ва Атомамадова Ангома-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ бо гирифтани 207 хол ғолиб омада, Тағоева Ойтилло – мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Бохтар 190 хол, Сатторова Шабнам–мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ноҳияи Шаҳринав 185,5 холро соҳиб шуданд.

Зимни ҷамъбаст зикр гардид, ки дар таърихи баргузории озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон” бори аввал намоянда аз марказҳои инкишофи кӯдак ширкат намуданд.

Иштирокдорон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоиза, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорнома, роҳхат барои осоишгоҳ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 8-уми январ оғоз гардида, давоми ду рӯз иштирокчиён тибқи шартҳои муайяншудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро санҷиданд.

Continue Reading

Next: ПАЖӮҲИШИ ТОЗАЕ ДАР ПАҲНОИ МАОРИФ

Related Stories

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

09.05.2022 Диданд: 167 нафар
ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • Хабарҳо

ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ

13.04.2022 Диданд: 485 нафар
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022
  • Хабарҳо

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022

05.02.2022 Диданд: 1 323 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (8)
  • Илмӣ (10)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (10)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (7)
  • Таҳлилӣ (45)
  • Таълимӣ-методӣ (35)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика