Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Хабарҳо
  • МАРОСИМИ БА ИМЗО РАСОНИДАНИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА БУНЁДИ УСТОХОНАИ БА НОМИ ЛУ БАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  • Хабарҳо

МАРОСИМИ БА ИМЗО РАСОНИДАНИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА БУНЁДИ УСТОХОНАИ БА НОМИ ЛУ БАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Admin 05.01.2022 Диданд: 283 нафар

Санаи 04 январи соли 2022 маросими ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба бунёди устохонаи ба номи Лу Бан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид.

Дар маросим ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, котиби кумитаи ҳизбии Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин Ли Ҷинбин, директори генералӣ ва муовини директори генералии  Trans-Tajik Gas Pipeline ltd. Лю Тао ва Тан Ҷин, раиси фахрӣ ва котиби генералии Федератсияи хитоиҳои бурунмарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хан Дунҷӣ ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар баромад намуда, доир ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Си Ҷинпин бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти босамар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби эъмори муштараки “Як камарбанд — як роҳ”, пурзӯр гардидани иқтидори тарафайн дар самти амалӣ намудани лоиҳаҳои байналмилалӣ ва татбиқи онҳо, инчунин тақвият додани ҳамкориҳо суханронӣ карда, иброз намуданд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба тақвият ёфтани муносибатҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии Халқии Чин аҳамият махсус зоҳир менамояд.

«Итминон дорам, ки «Устохонаи ба номи Лу Бан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштаи сифати таълим ва ба бозори меҳнат рақобатпазир намудани хатмкунандагон — муҳандисони оянда саҳми арзанда мегузорад ва ба яке аз устохонаҳои намунавӣ дар Осиёи миёна мегардад» изҳор дошт ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат.

Сипас, котиби кумитаи ҳизбии Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин Ли Ҷинбин баромад намуда, зикр карданд, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ва тадбирҳои созандаи Роҳбарияти Олии ҳарду кишвар лозим аст иқтидори ҷонибҳо барои ба сатҳи комилан нав баровардани ҳамкориҳо пурра истифода шавад.

«Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Ҷумҳурии Халқии Чин эътироф шудааст ва дар Тоҷикистон донишгоҳи пешқадами политехникӣ мебошад…мо бо донишгоҳ дар самтҳои гуногун фаъолият хоҳем кард», қайд карданд котиби кумитаи ҳизбӣ Ли Ҷинбин.

Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки Устохонаи ба номи Лу Бан, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои факултети сохтмон ва меъморӣ бунёд мегардад, аввалин чунин устохонаҳо мебошад, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Чин дар миқёси Осиёи Марказӣ бунёд карда мешавад. Айни ҳол, корҳои банақшагирӣ ва муайян намудани ҷой, масоҳат ва баҳодиҳии шароити зарурӣ ба анҷом расонида шудааст.

Continue Reading

Previous: Cеминари омӯзишӣ
Next: Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022

Related Stories

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

09.05.2022 Диданд: 167 нафар
ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • Хабарҳо

ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ

13.04.2022 Диданд: 485 нафар
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022
  • Хабарҳо

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022

05.02.2022 Диданд: 1 323 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (8)
  • Илмӣ (10)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (10)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (7)
  • Таҳлилӣ (45)
  • Таълимӣ-методӣ (35)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика