Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Хабарҳо
  • ИСТИҚЛОЛИЯТ – ФАЙЗБАХШИ СОҲАИ МАОРИФ
  • Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ФАЙЗБАХШИ СОҲАИ МАОРИФ

Admin 07.09.2021 Диданд: 519 нафар

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд!

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дастовезҳои муносиб ҷашн мегиранд. Дарвоқеъ, Истиқлол барои ҳар яки мо неъмати бебаҳост ва он ифодагари озодӣ, худшиносӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатист. Боиси ифтихор аст, ки мардуми сарбаланду шарафманди мо 30 сол муқаддам бо орзую ормони ҳазорсолаи гузаштагони хеш бо номи Истиқлол дар кишвари азизамон – Тоҷикистон соҳиб гардид.  Зери роҳбариву роҳнамоии хирадмандонаи меъмори Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба як сарзамини озоду ором, пешрафту мутамаддин табдил ёфт. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии осоиштаву озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Ифтихорманд аз он ҳастем, ки тавассути сиёсати оқилона ва пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд омад, ки барои рушди муназзам ва устувори кишвари азизамон заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар ҳамин замина истеҳсолот рушд ёфт ва иқтисодиёти мамлакат пеш рафт. 

Дар ин раванд, бешубҳа, дар сиёсати давлатӣ дар мадди аввал ва самти арзишманду афзалиятнок гузоштани соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифатию фарҳангӣ дошта, баҳри инкишофу рушди ҷомеа таҳаввулоти ҷиддиеро ба вуқӯъ пайваст. Ба тадриҷ мақом ва мартабаи низоми муосири маориф ҳамчун меъёри асосии пешрафту дигаргунсозии ҷомеа ва рушди мамлакат афзуда, омили муҳими пешрафти иқтидори иқтисодиёт ва амнияти миллӣ мегардад ва ҷиҳати густариши таҳсилоти босифат, ҳамгироии низоми ягонаи таҳсилот, таъмини эҳтиёҷоти ҷомеа ва шахсият баҳри дарёфти донишу ҳунар мусоидат менамояд. Вобаста ба ҳамин ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мегардад ва ислоҳоти низоми таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот раванди тозаву пурсамар мегирад. 

Бо файзу баракати Истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм давра ба давра ба дастоварҳои калон ноил гашт. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ таълиф ва пешниҳод карда шуд, ки муҳтавои онҳо ба замони муосир мувофиқанд. Таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот, низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагону донишҷӯён, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабию марказҳои дарёфти рушди истеъдодҳо, инноватсионию технологӣ, илмӣ, озмоишҳгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба шакли нави идоракунӣ, таҳким бахшидани низоми такмили ихтисос ва хадамоти методӣ, вусъати ҳаракати олимпӣ таҳаввулоти ҷиддиро дар сатҳу сифати таҳсилот ва низоми маориф ба вуҷуд овард. Дар натиҷа дар робита ба ин ширкати хонандагони тоҷик дар озмунҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол афзуд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва ислоҳоти соҳаи маориф бағайр аз маблағҳои буҷетӣ маблағҳои грантӣ ва инвеститсиониро сафарбар намуд, ки барои ҳалли як қатор мушкилоти соҳа дар мамлакат ёрии амалӣ расонид. Умуман, дар давоми 30 соли Истиқлолият дар кишвари мо ҳар сол зиёда аз садҳо муассисаҳои зиёди таълимӣ бунёд ва аз нав сохта мешаванд, ки ин ҳама аз самара ва файзи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Боиси фараҳмандист, ки имсол низ дар ифтитоҳи аксари муассисаҳои нави таълимии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ташриф оварда, бо суханрониву андешаҳои пурмуҳтаво аз нақши мактабу омӯзгор, таҳсилу аз бар кардани илму дониш шуълаи меҳру муҳаббатро дар замири хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва падару модарон боз ҳам фурӯзон мегардонанд. Сарвари давлат ҳамасола дар Рӯзи дониш – 1 сентябр чун анъана бо доираи васеи хонандагону омӯзгорон Дарси сулҳро оғоз карда, ба онҳо барои фаъолияти минбаъдаашон маслиҳатҳои муфиду судманд иброз медоранд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат моро водор менамояд, ки оид ба таъмини сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва озмоишию лабараторӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти кишвар ва арзишҳои волои миллӣ, инчунин, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ ва эҳёи андешаи бунёдии миллӣ, иштироки фаъоли қишрҳои гуногуни ҷомеа дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноии китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат», амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва иҷрои босифати стратегия, нақшаву консепсия ва барномаҳои давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар ин сурат мо метавонем барои боз ҳам таҳким ёфтани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми шоиста гузорем.

Истиқлол ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯст, бахусус, кормандони соҳаи маориф ва илм, хонандагону донишҷӯён ва наврасону ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, ин сарвату неъмати бебаҳо барои ҳар яки мо азизу муқаддас буда, онро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиром намоем. Бигзор, Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон то абад пойдору устувор бимонад ва бо шарофати он халқи тоҷик дар арсаи таърих ҳамеша ҷойгоҳи сазовору пурифтихор дошта бошад.

Дар ин фурсати муносиб тамоми ҳамватанон, устодону омӯзгорон, шогирдону донишҷӯён, падару модарони азизро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик намуда, ба онҳо дар таҳсилу кор пирӯзиву пешравиҳоро таманно дорам. 

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,
Зиҳӣ бахту зиҳӣ иқболи тоҷик!  

Continue Reading

Previous: CУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ГИМНАЗИЯИ №4 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР РӮЗИ ДОНИШ
Next: ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Related Stories

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

09.05.2022 Диданд: 210 нафар
ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • Хабарҳо

ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ

13.04.2022 Диданд: 535 нафар
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022
  • Хабарҳо

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022

05.02.2022 Диданд: 1,749 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (9)
  • Илмӣ (11)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (11)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (9)
  • Таҳлилӣ (53)
  • Таълимӣ-методӣ (37)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика