Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Хабарҳо
  • ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР “НАВРӮЗГОҲ” — И ПОЙТАХТ
  • Хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР “НАВРӮЗГОҲ” — И ПОЙТАХТ

Admin 09.09.2021 Диданд: 376 нафар

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки сокинони шаҳри Душанбе ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд.

Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбон, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард.

Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сокинони пойтахт ва кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон — сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сабақи муҳимтарини солҳои вазнини ҳаёти халқамон исбот намуд, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.

Бинобар ин шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки сарҷамъу муттаҳид бошанд, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаро ҳифз намоянд, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашанд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шаҳрвандони мамлакатро ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ таҳният гуфта, барояшон саодати зиндагиро орзу намуданд.

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмӯҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон идома ёфт.

Continue Reading

Previous: СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НАВРӮЗГОҲИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Next: Cеминари омӯзишӣ

Related Stories

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

09.05.2022 Диданд: 167 нафар
ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • Хабарҳо

ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ

13.04.2022 Диданд: 485 нафар
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022
  • Хабарҳо

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022

05.02.2022 Диданд: 1 323 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (8)
  • Илмӣ (10)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (10)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (7)
  • Таҳлилӣ (45)
  • Таълимӣ-методӣ (35)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика