Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Хабарҳо
  • Дилафрӯз Каримова ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид
  • Хабарҳо

Дилафрӯз Каримова ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид

Admin 24.08.2020 Диданд: 494 нафар

18-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» доир гардид, ки дар он Л.Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, З.Нозакова-муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, Қ.Муҳиддинзода-сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, иштирокчиёни озмун, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Озмун рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи шартҳои муайянгардидаи Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» се рӯз идома ёфт, ки дар он панҷ нафар ғолиби даври вилоятию минтақавӣ ва шаҳрӣ-Мамадназарбеков Ризоалӣ–омӯзгори фанни физикаи мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон, Турсунзода Некрӯз–омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб, Каримова Дилафрӯз-омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд, Раҳимов Саидкарим-омӯзгори фанни таърихи мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе ва Соҳибова Ҳабиба-омӯзгори фанни ҳуқуқи литсей ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат иштирок намуда, донишу маҳорат, малака ва истеъдоди худро санҷиданд.

Тибқи баҳогузории аъзои ҳакамон Мамадназарбеков Ризоалӣ–омӯзгори фанни физикаи мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон соҳиби 177 хол, Турсунзода Некрӯз–омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб ва Раҳимов Саидкарим-омӯзгори фанни таърихи мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе соҳиби 193 хол, Соҳибова Ҳабиба-омӯзгори фанни ҳуқуқи литсей ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат соҳиби 204 хол гардида, Каримова Дилафрӯз-омӯзгори фанни забони англисии литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.

Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуд.

 

Continue Reading

Previous: ПАЖӮҲИШИ ТОЗАЕ ДАР ПАҲНОИ МАОРИФ
Next: АЗМИ ҚАВӢ ДАР ҲИФЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Related Stories

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

09.05.2022 Диданд: 167 нафар
ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • Хабарҳо

ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ

13.04.2022 Диданд: 485 нафар
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022
  • Хабарҳо

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022

05.02.2022 Диданд: 1 323 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (8)
  • Илмӣ (10)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (10)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (7)
  • Таҳлилӣ (45)
  • Таълимӣ-методӣ (35)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика