Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Хабарҳо
  • Cеминари омӯзишӣ
  • Хабарҳо

Cеминари омӯзишӣ

Admin 22.11.2021 Диданд: 763 нафар

18 ноябри соли 2021 дар толори Маркази таълимии инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва кормандони Вазорат, ҳайати лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар семинари омӯзишӣ оид таҳияи дархостҳо барои таҷҳизоти таълимӣ ҷиҳати беҳтар намудани муҳити таълим баргузор гардид.

Семинари мазкур бо мақсади дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар омода намудани дархостҳо барои ба даст овардани таҷҳизоти иттилоотию коммункатсионӣ ва лабораторӣ ҷиҳати беҳтар намудани муҳити таълим ва сифати таҳсилоти олӣ гузаронида шуд. Дар семинар бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои раванди татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, натиҷаҳои ба дастовардашуда, беҳтар намудани фазо ва сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути муҷҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо ва лабораторияҳо бо технологияи муосир ва  инноватсионӣ изҳори назар намуданд. Инчунин, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” Саидзода Халимҷон оид ба иштирок маъсулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳқиқот вобаста ба пайгирии хатмкунандагони ба шуғл сухаронӣ намуда, тавсияҳо пешниҳод намуд.

Дар семинар масъалаҳо оид ба амалисозии зерқисмати 1.3. “Беҳтар намудани шароити таълим дар МТОК”, ҳадафҳо ва раванди татбиқи зерқисмат, тартиби таҳия ва пешниҳоди дархостҳо аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин арзёбии дархостҳо барои таҷҳизоти лабораторӣ ва технологияҳои иттилоот Исмоилов И.Ш. ҳамоҳангсози барномаҳои грантӣ баромад карда, ба саволҳои иштирокчиёни семинар посух доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, даври амалисозии фаъолияти нав ҷиҳати дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ касбӣ бо таҷҳизотҳои лабораторӣ ва технологияҳои иттилоотӣ оғоз гардид. Тибқи он муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои дарёфт намудани таҷҳизоти таълимӣ то 20 декабри соли 2021 бояд дархостҳои худро ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ вобаста ба талаботи воқеъӣ ва мувофиқат ба барномаҳои таълимии насли нав ба озмун пешниҳод намоянд.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

 

Tags: семинар

Continue Reading

Previous: ИШТИРОК ДАР ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР “НАВРӮЗГОҲ” – И ПОЙТАХТ
Next: МАРОСИМИ БА ИМЗО РАСОНИДАНИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА БУНЁДИ УСТОХОНАИ БА НОМИ ЛУ БАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Related Stories

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

09.05.2022 Диданд: 210 нафар
ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ
  • Мақолаҳо
  • Оммавӣ
  • Хабарҳо

ВАЗОРАТ ВА НАЗОРАТ: БУРДУ БОХТ ТӮЛИ СЕ МОҲ

13.04.2022 Диданд: 535 нафар
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022
  • Хабарҳо

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022

05.02.2022 Диданд: 1,749 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (9)
  • Илмӣ (11)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (11)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (9)
  • Таҳлилӣ (53)
  • Таълимӣ-методӣ (37)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика