Саъдулло НОСИРОВ –
номзади илми педагогика, дотсенти Донишгоҳи
давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Чунонки маълум аст, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими як қатор фанҳо аз синфи поёнӣ то синфҳои болоӣ давом мекунад. Аз ҷумла, фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ ва синтези донишҳои таърихӣ, алоқаи географияи табиӣ ва иқтисодӣ пайдарпай дар тӯли таҳсил дар мактаб омӯхта мешаванд, ки идомабахш ва пурракунандаи донишҳои якдигаранд. Аҳамияти татбиқи амалии ҳамгироӣ (интегратсия)-и донишҳо дар риояи принсипҳои дидактикии таълим инъикос меёбад. Ҷараёни беист ва муттасили иттилоот, суръати баланди инкишофи илму техника омӯзгоронро водор месозад, ки мазмуни таълимро бо роҳи бартарафнамоии айнан такрори мавод ва барқарорнамоии алоқаҳои аниқ ва мантиқии дохилӣ ва байнифаннӣ такмил диҳанд. Ҳамгироӣ воситаи рафъи мондашавии хонандагон буда, дар як вақт барои ҷамъбаст, мустаҳкам ва мураттабсозии донишҳо ва инкишофи донишҳои зеҳнӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни барқарорнамоии интегратсияи донишҳо дар хонандагон донишҳо аз рӯйи фанҳои алоҳида ба низом медароянд, ҷамъбаст ва мустаҳкам мегарданд ва дар ин баробар, системаи мукаммали донишҳои зеҳнӣ ташаккул меёбад, ки барои асоси ҷаҳонбинии илмии фалсафӣ, ахлоқию маънавӣ, эстетикӣ ва билохира, рушди ҳамаҷонибаи шахсият хидмат менамояд. Ба андешаи олими маъруф Ф. Шарифзода, «Алоқаи байнифаннӣ дар раванди таълим дар фанҳои гуногуни таълимӣ ба такроршавӣ имкон намедиҳад, омӯзиши маводҳоро бе сарфнамоии вақти иловагӣ таъмин менамояд, мутобиқати системавии мутақобиларо амалӣ месозад, хонандагонро барои истифоданамоии донишҳо дар ҳаёти рӯзмарра мутобиқ менамояд. Алоқаҳои байнифаннӣ раванди таълимро дар маҷмуъ такмил медиҳад». Мутаассифона, аксар вақт омӯзгорон ҳамаи имкон ва донишҳои ҷамъиятшиносиро барои бартараф намудани ин камбудиҳо, алалхусус, ҳангоми нишон додани инкишофёбӣ дар фанҳое, ки аз фанҳои алоҳидаи таълимӣ ҷудо карда шудаанд, истифода намебаранд. Барои муайян кардани донишҳои хонандагон дар бораи инкишофи ҷомеаи инсонӣ ба онҳо бояд саволҳои меҳварӣ пешниҳод карда шавад. Умуман, донишҳоро ҳамгиро намудан дар маводи таълимии фанҳои таърих ва география, таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёт басо зарур ва ба манфиати кор аст. Ташаккули донишҳои зеҳнӣ, маҳорат, малака ва ҷамъбаст ва мураттабсозии онҳоро дар доираи як фанни таълимӣ ва бо қувваи як омӯзгор наметавон иҷро кард. Барои чунин донишҳоро ба даст овардан якҷоя бо қувваи омӯзгорони як қатор фанҳо, аз ҷумла, фанҳои ҷамъиятӣ (забону адабиёти тоҷик, таърих, география, ҳуқуқ ва ғайра) омодагии ҷиддӣ зарур аст. Дарсҳои ҷамъбастиро метавон ё дар шакли семинар ё конференсияи махсуси байнифаннӣ ва ё дар машғулиятҳои факултативӣ ташкил кард. Таҷрибаи пешқадами омӯзгорон нишон медиҳад, ки чунин машғулиятҳо шавқу ҳавас, фаъолияти баланд ва мустақилияти хонандагонро таҳрик мебахшанд. Маҳорат дар ҳамаи дарсҳо ташаккул меёбад ва зимни омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, дар ҷое, ки асосноккунии назариявии зарурати чунин муносибат ба ҳодисаҳои олами иҳотакардашуда дода шудааст, мустаҳкам мегардад.
Яке аз вазифаҳои муҳимми хонандагон низ ҳамин аст, ки як қатор маҳоратҳо, минҷумла, маҳорати донистани сабабу хусусиятҳои ҳодисаҳои табиат ё рӯйдоду воқеаҳои ҷамъиятӣ ва воқеъбинона ба онҳо таҳлилу баҳо додан, ҳамчунин, дарки мазмуни қонунҳои омӯхташавандаро ҳосил намуда, донишу назари ҷаҳонбинии илмии худро ташаккул диҳанд. Қобили қайд аст, ки ба ташаккули донишҳои зеҳнӣ, маҳорат ва малакаҳои хонандагон ҳамгироии донишҳо бештар мусоиду созгор аст, ки он аз татбиқи ҳамгироии фанҳои ба ҳам наздик маншаъ мегирад. Масалан, барои фаҳмидани мафҳумҳои асосӣ, қоидаҳо, ғояҳо, қонунҳо ва қонуниятҳои илмӣ алоқамандии фанҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи донишҳои якдигар дар назария ва амалияи таълим, дар ҳаёти иҷтимоии ҳаррӯзаи шахс ва ҳаёти ҷамъиятӣ ёрӣ дода, нақши ба эътиқод табдил ёфтани донишҳоро боз ҳам устувортар мегардонад. Дар иртибот ба ин, ҳанӯз дар оғози соли таҳсил омӯзгор бояд муайян кунад, ки чӣ гуна интегратсия ва ҳамчунин, кадом тарзу методҳои фаъолияти мустақилонаи зеҳнии хонандагон дар омӯзиши фанни таълимии мазкур аҳамияти аввалдараҷа дорад. Фаразан, барои омӯзиши географияи иқтисодии муосир алоқаи ду фан ва аз ин ҳам зиёд беҳтарин роҳу усулест, ки омӯзгор бо маҳорати баланд аз он истифода мебарад. Хусусиятҳои инкишофи хоҷагӣ ва афзоиши аҳолӣ танҳо аз рӯйи натиҷаи барӯйхатгирии аҳолии мамлакат муайян карда шавад ҳам, бидуни робита бо фанни таърих ва истифодаи донишҳои таърихӣ шарҳу эзоҳи пурраи он имконнопазир аст. Яъне, донишҳои фанни таърих ба донишҳои географияи иқтисодӣ зам шуда, барои пурра кардани ҳамдигар ва ташакули донишҳо хидмат мекунанд. Вобаста ба ин, ду тарзи бештар маъмули фаъолсозии фаъолияти зеҳнӣ: усули барқарорнамоии алоқаҳои сабабу натиҷаҳои таърихӣ ва аналогияҳои таърихӣ ҷудо карда мешавад. Бо ёрии тарзи якум дар хотири хонандагон доираи васеи донишҳо аз таърихи мамлакати омӯхташуда ё ноҳия мустаҳкам мегардад: миёни онҳо он донишҳои таърихие, ки барои омӯзиши минбаъдаи таърих заруранд, ҷудо карда мешавад; ҳамгироии алоқаҳои сабабӣ байни хусусиятҳои таърихии инкишофи мамлакат ё ноҳия ва географияи муосир, аҳолӣ ва хоҷагии он барқарор мегардад. Тарзи дуюм ёрӣ медиҳад, ки равандҳои таърихӣ, ҳодисаҳо ё воқеаҳо, ки ба андозаи маълум шабеҳи равандҳои муосиранд, ҷудо карда шаванд; дар хотири хонандагон аломатҳои муҳимтарин, хусусиятҳо ва интегратсияи мавҷуда мустаҳкам гарданд; пайдошавии аломатҳои мувофиқ, алоқаҳо ва равандҳоро дар географияи иқтисодии муосир ба осонӣ ёфтаю фаҳмонида шаванд. Ин тарз, масалан, ҳангоми иҷрои чунин супориш: «Фаҳмонед, ки натиҷаҳои иқтисодиёти даврони Шуравӣ ва таъсири манфии он ба рушди хоҷагии кишвари мо чигунаанд?» донишҳои аз фанни таърих гирифта истифода бурда мешаванд.
Нигоҳдории боқимондаҳои феодалӣ ва дигар боқимондаҳои токапиталистӣ нишонаи хислатноки иқтисодиёти мамлакатҳои тараққикарда ва яке аз монеаҳои асосӣ барои болоравии хоҷагии онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҳангоми омӯзиши географияи иқтисодии мамлакатҳои тараққикарда бояд чӣ тавр мамлакатҳои пешрафта (ИМА, Россия) ба инкишофи хоҷагии онҳо таъсир мерасонанд, ошкор карда шавад. Хонандагон бояд ба хулосае оянд, ки барҳам додани ақибмонии гузашта яке аз проблемаҳои асосӣ дар роҳи прогресси иқтисодии мамлакатҳои тараққикарда мебошад. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин афзалиятҳои роҳи ғайрикапиталистӣ аз он иборат аст, ки он ба собитқадамона решакан кардани ин муносибатҳо мебарад. Супоришро иҷро намуда, хонандагон бояд, аввалан, мамлакат ва давраҳои аз таърих омӯхташударо, ки таъсири мамлакатҳои иқтисодӣ ба инкишофи хоҷагӣ бештар аён аст, интихоб кунанд; дуюм, алоқаҳои сабабу натиҷаҳои байни тарафҳои гуногунро дар инкишофи иқтисодиёти мамлакатҳои тараққикарда, аз ҷумла, дар иқтисодиёти кишвари мо ба хотир оранд. Ҳамгироии донишҳои география бо таърих боз як вазифаи дигарро низ иҷро мекунад. Робитаи фанҳои мазкур ба ташаккули мафҳумҳои умумии иқтисодӣ мусоидат намуда, васеъ гардонидани доираи ҷаҳонбинии илмии хонандагонро таъмин месозад. Бояд гуфт, ки асоси бисёр мафҳумҳои иқтисодиро, ки зимни омӯзиши географияи иқтисодии кишвари мо баррасӣ мешаванд, донишҳои фанни таърих ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, дар раванди тадриси географияи иқтисодӣ дар хонандагон чунин тарзҳои фаъолияти мустақилонаи зеҳнӣ, ба монанди маҳорати барқарорнамоии алоқаҳои сабабу натиҷаҳои таърихӣ дар асоси донишҳо аз таърих, гузаронидани аналогияи таърихӣ, аз нав ба хотир овардани мафҳумҳои умумӣ ва онҳоро ба системаи нави донишҳо ворид намудан ташаккул меёбанд. Ташаккули маҳорати фаъолияти мустақилонаи зеҳнӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва пешравиҳои назарраси таълим дар инкишофи зеҳнии хонандагон дурусттар арзёбӣ карда шавад. Аз ин ҷо бармеояд, ки яке аз талаботи зарурии корҳои мустақилонаи хонандагон системаи онҳо мебошад, ки бояд ба тарзҳои махсуси фаъолияти зеҳнӣ зимни татбиқи интегратсияи донишҳо мувофиқат намояд. Яъне, супоришҳоеро бояд интихоб кард, ки барои ошкорнамоии интегратсияи сабабу натиҷаҳои таърихӣ, барои гузаронидани аналогияи таърихӣ, барои аз нав ҳосил намудани мафҳумҳои умумии барвақт азхудшуда ва ворид сохтани онҳо ба системаи нави донишҳо мусоидат намояд. Бояд таъкид кард, ки хонандагон набояд дар доираи мутолиаи китоби дарсӣ маҳдуд монанд, зеро замоне фаро расидааст, ки барои гирифтани иттилоот, маълумот ва азхудкунии донишҳо имкониятҳо васеъ ва зиёданд. Донистани ин мавзуи муҳим ва глобалӣ истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет, телефони мобилӣ ва дигар манбаъҳои иттилоотиро тақозо менамояд. Интегратсияи донишҳои фанҳоро тарзе ташкил бояд кард, ки самаранокии он дар ҷараёни таълим ошкор гардад. Мақсади он соҳаҳои донишро муттаҳид намудан, ба як шакл даровардани онҳо ва иттилоотро пурратар кардан мебошад. Таҳқиқоти мо ва таҷрибаи омӯзгорон нишон медиҳанд, ки интегратсияи донишҳо ба хонандагон дар асоси интегратсияи хусусии дохили фан ёрӣ медиҳад ва баъдан, дар асоси ин интегратсия интегратсияи байнифаннии донишҳо ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми барқарорнамоии интегратсияи дохилифаннии донишҳои дохили як мавзуъ, боб ё пурра ҳамаи фан иҷрои ду вазифа зарур аст: якум – аломатҳои асосиро ҷудо намудан, дуюм, мазмуни асосӣ ва мафҳумҳои ҷудокардашударо муттаҳид ва муносибати мантиқии байни онҳоро муайян намудан, вобастагии сабабу натиҷаи ин донишҳо, таносуби кулл ва ҷузъ, умумӣ ва алоҳида ва ғайраро нишон додан. Интегратсияи байнифаннӣ, ки донишҳои зеҳнии хонандагонро аз ду ва ё якчанд фанни таълимӣ инкишоф медиҳад, ба ташаккули системаи ақидаҳои илмӣ мусоидат менамояд. Ин шарт мегузорад, ки системанокӣ ва пайдарпайӣ дар таълим роҳандозӣ шавад. Системанокӣ ва пайдарпайии таълим на танҳо сохти илмӣ-мантиқии ин ё он фанни таълимӣ, масалан, фанҳои гуманитарӣ – таърих, география, забон, адабиёт, ҳуқуқ ва дар маҷмуъ, ҳамаи фанҳо мебошад. Ин интегратсия ба роҳ мондани чунин раванди таълимро, ки дар хонандагон ташаккули дарки манзараи умумии илмии оламро таъмин месозад, пешбинӣ менамояд. Татбиқи ин ҷанбаҳо ба андозаи кам иҷро намудани се шартро ба назари эътибор мегирад: якум, омӯзиши як фанни таълимӣ хонандагонро барои азхудкунии фанни таълимии дигар тайёр менамояд; дуюм, ҳар як фанни таълимӣ мувофиқи методҳои худаш хосиятҳои объект ва қонунҳои табиат ва ҷамъиятро ошкор менамояд; сеюм, ҳар як фанни таълимӣ дар интегратсия бо дигар фанҳо дар хонандагон маҳорат ва малакаҳои мустақилона ба даст овардани донишҳо ё худомӯзиро ташаккул медиҳад.
Дарвоқеъ, интегратсияи донишҳо дар ташаккули донишҳои зеҳнӣ нақши барҷаста дорад, ки инро таҷрибаи омӯзгорони пешқадам ва натиҷаҳои таҳқиқоти мо собит месозанд. Чунончи, ҳамгироии донишҳо барои дар таълим барои ошкор сохтани пешакии донишҳои назариявӣ ва амалии мавзуи меомухтагӣ, барои фаҳмидани мавзуъҳо ва бобҳои ояндаи фанҳои ба ҳам наздик хидмат менамояд; шиносоии воқеиро бо барномаҳои ояндаи фанҳои ба ҳам наздик таъмин намуда, дар таҳқиқ ва додани баҳои пешакӣ ёрӣ мерасонад; пайдо кардани маълумоти зиёд ба хонандагон имконият медиҳад, ки роҳҳо ва доираи амали ояндаи фанҳои тадрисиро ошкор созанд; ба омӯзгор дар ҷолибтар гардонидани маводи таълимӣ, муносибати хуби хонандагон ба омӯзиши фан, афзудани майлу рағбат ба он ва ниҳоят, дар истифодаи воситаҳои аёние, ки фарогирандаи донишҳои ҳамгироанд, кумак мекунад.
Ҳамин тариқ, дарки возеҳу амиқи мақсад ва вазифаҳои асосии интегратсияи донишҳо аз фанҳои гуногуни таълимӣ, мунтазам ошкор намудани мазмуни асосӣ ва мафҳумҳои илмӣ, истифодаи васеи онҳо, муносибати эҷодӣ, мувофиқати кори байни омӯзгорон ва аз ҷиҳати методӣ иҷрои дурусти онҳо ба ташаккули донишҳои зеҳнӣ, маҳорату малакаҳо, қобилиятҳои эҷодӣ ва муносибати босалоҳият дар таълими хонандагон мусоидат менамояд.