Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
Имрӯз, соати 14.00 дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷозаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии СССР, поягузори адабиёти навини тоҷик барои кӯдакон, нависанда, драматург, муҳаррир Мирсаид Миршакар базми шеъру ғазал доир мегардад. Дар он роҳбарияти ИНТ, шоирону нависандагон, пайвандон ва мухлисони ашъори ин шоири ширинкалом ширкат мекунанд.
«Соли 1950 барои достонҳои “Қишлоқи тиллоӣ” ва “Панҷи ноором” устод Миршакар сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид. Хидматҳои ӯ бо ордену медалҳои давлатӣ ва унвонҳои зиёди дигар қадрдонӣ шудаанд»,-навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар ёдномаи хеш.
«МАРО БЕ ВАТАН ЗИНДАГОНӢ МАБОД!»
Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором
Мезанад доду мезанад фарёд,
Меравад худсарона, лекин ром
Ҳеҷ касро намешавад, ҳайҳот…
Ин мисраъҳои нахустин аз достони “Панҷи нором”-и устод Мирсаид Миршакарро метавон чун мифтоҳе барои кушодани дарвозаҳои табъи муаллифи он ва ворид шудан ба олами рангини шеъраш истифода бурд. Зеро дар ин чаҳор мисраъ тамоми шигифтиҳои зиндагӣ ва эҷодиёти устод Миршакар таҷассуми бадеӣ ёфтаанд. Шахсияти устод Миршакар чун инсон ва чун шоир дар ҳамин изтироби шабонарӯзии рӯди ноороми Панҷ, дар ҳамин маҷрои бебозгашти он, дар ҳамин рӯде, ки бо худ паёмҳое аз шукуфоиҳову шодобиҳо мебарад ва ин рӯд боз рӯдест, ки замонаи пуризтироб ва ҷаҳони пуртакопӯеро ифода мекунад, тасвири шоирона ёфтаанд.
Устод Мирсаид Миршакар воқеан шабеҳи рӯди ноороми Панҷ аз сарчашмаҳои зулоли маънавии кӯҳистони Бадахшон, ки аз зерсангҳои қавиву подори ҷавонмардӣ ва суннату ойинҳои халқи хирадпешаву ҳунарманд сарчашма гирифтааст, ҳама умр дар водии сухан ва доманакӯҳҳои азими эҷодиёти бузургони ин сарзамин ҷорӣ буд ва бо худ аз зулоливу накҳати табиати кӯҳистон паём бурда, дар ин ҷода як умр фидокорона умр ба сар бурдааст.
Шахсияти устод Миршакар, симои зоҳириву маънавии ӯ ҳамеша ба ҳамдигар тавъаму ба назар намоёну дурахшон будааст, зеро садоқати инсониву шаҳрвандӣ, мубориз ва фидокор будан, заҳматпарастӣ, хоксориву фурӯтаниву хайрхоҳӣ, некбинӣ ва бовару эътимод ба худ, покиву ростии худ ва ба қомати баланду шахсияти сарфарози ӯ ҷилои бештаре бахшидаанд.
Устод Миршакар бо ин бузургии қаду баст диле дошт тифлона зулол ва ҳаёте ба сар бурд ҷавонмардонаву ҳалол.
Метавон аз ҷанбаҳои зиёди зиндагиву фаъолияти эҷодии устод Мирсаид Миршакар сухан кард. Устод Миршакар ҳамчун инсон ва шахсияти маъруфи замон заҳматкашу фидокори Ватан аст, ки дар бунёди Тоҷикистони навин на танҳо бо эҷодиёт, шеъру сухан, балки ҳатто ҷисман бо кашонидани кӯпҳои пахтаву қаторҳои тахта дар тахтапушт дар он солҳои барқарорсозии хоҷагии халқи мамлакат ҷоннисоронаву ватандӯстона зиндагӣ ба сар бурдааст.
Аммо устод Миршакарро халқи мо бештар ҳамчун шоир мешиносад, ки саҳми бузурге дар бунёди назми навини замони навин гузоштааст.
Имрӯз агар саволе ба миён гузошта шавад, ки кадом шеъри кадом шоири муосири тоҷик бештар аз бар гаштаву бештар аз ашъори дигарон вирди забон шудааст, гумон дорам, ҳама бо як забон хоҳанд гуфт, ки ин шеър “Ман калон мешавам”-и устод Мирсаид Миршакар аст. Шеъри кӯчаки бачагонае, ки чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст. Шеъре самимона содаву фаҳмо, шеъре дар баробари як қасам дар пешорӯи худ ва Ватан. Кист, ки ин шеърро аз ёд накардааст, кист, ки бо ҳамин армон назистааст? Аз онҳое, ки дар мактабҳои мо хондаанд, оё касе ҳаст, ки гӯяд ман ин шеърро аз ёд намедонам? Гумон мекунам, ки чунин одам вуҷуд надорад. Ва ин армони “ман калон мешавам, қаҳрамон мешавам” ҳамеша моро ба зиндагии фаъол ҳидоят намудааст. Яъне, ки устод Миршакар бо ин як пораи шеъри кӯчак тавонистааст рӯҳи бузурге ба чандин насли як миллат бубахшад.
Шеърҳои дигари кӯдаконаи Миршакар низ ҳамеша вирди забон будаанду фарзандони моро дар беҳтарин рӯҳияи инсониву ватандӯстӣ тарбият намудаанд, аз зумраи:
Гул кун ба бахти мо, Ватан,
Мисли гулистону чаман…
Ё шеъри машҳури “Рост мегӯям”:
Гумон набаред, ки ман хурдастам,
Ана мебинед, ҷорӯб дар дастам.
Бо ин ҷорӯбам хона мерӯбам…
Дегу табақро худам мешӯям…
Чӣ қадар одобу ғайрат бахшидааст ин шеър дар тӯли солҳо ба кӯдакони тоҷик. Ва банда ин ҳарфҳоро аз таҷрибаи рӯзгори худ, ки он замон дар кӯдакӣ ин шеърҳоро аз бар карда будаму ҳанӯз муътақиди онҳо ҳастам, ҳарф мезанам.
Нақши бузурги устод Миhсаид Миршакар дар бунёди шеъри бачагонаи мо бебаҳс аст. Албатта, нахустин шеърҳои зебои кӯдаконаи моро устодон Садриддин Айниву Лоҳутӣ, Пайрав Салаймониву Абдусалом Деҳотӣ… сурудаанд, аммо устод Миршакар воқеан бунёдгузори шеъри бачагонаи ҳирфаии мо дар оғози замони шӯравӣ буд. Маҳсули ҷустуҷӯ ва эҷодкориҳои ӯ буд, ки мо имрӯз дар бораи адабиёти бачагонаи тоҷик ҳамчун адабиёти мустақил метавонем ҳарф занем. Миршакар тавонист як зумра адибони номвари адабиёти бачагонаи моро перомуни фаъолияти худ дар муҳите созгор ҷамъ оварад ва дар тарбияташон саҳм гузорад. Абдумалик Баҳорӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Наримон Бақозода ва бисёри дигар аз он зумраанд.
Дар мавриди шеъри бачагонаи устод Миршакар пажӯҳишҳои зиёде ба анҷом расидаанд, аз ин рӯ бо иктифо аз гуфтаҳои боло, мехоҳем каме аз шеърҳои барои калонсолон навиштаи устод Миршакар ва вобаста ба ин аз шахсияти инсониву эҷодияшон суҳбат кунем.
Баъзе абёти ашъори устод Миршакар кайҳост, ки ба қатори зарбулмасалу ҳикматҳои халқӣ дохил гардиданд. Аз ҷумла:
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд
Ва ин байтро метавон чун сарлавҳа бар сақфи андеша ва армонҳои инсонии устод Мирсаид Миршакар гузошт.
Биёед, ба ашъори устод Миршакар аз назари андешамандӣ ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ, ки хоси шахсияти муаллифашон низ будаанд, наздик шавем. Аз ҷумлаи чунин хислатҳои наҷиб таслимнопазирӣ, қаноатманд набудан аз худ, ҳамеша дар такопӯву ҷустҷӯ будан аст. Дар мисоли зер, ки то ҷойе таҷассуми шахсияти инсонии устод Миршакар аст, ҳамчунин ҳунари истифодаи моҳирона аз мақолу зарбулмасал дурахшон падидор аст:
Сабрро гӯянд нахли борвар,
Мева орад хуштар аз себу анор,
Рост аст! Аммо дили пурҷӯшро
Нест ҳаргиз фурсати сабру қарор.
Ҳамеша дар ҷустуҷӯи наву тоза ва кашшофи роҳи нав будан яке аз он маромҳоест, ки пайваста дар ашъори устод Миршакар падид омадаву талқин шудааст:
Ҳарчи дар меҳнат муяссар шуд, хуш аст,
Лек он тайкарда роҳи зиндагист.
Бо раҳи тайкарда гаштан дар сафар
Кошифу навҷӯйро шармандагист.
Ин ҷаҳони пирро кардан ҷавон
Зиндагиву зиндагиву зиндагист.
Дар ашъори Мирсаид Миршакар, дар мароми зиндагии ӯ рӯҳияи озодӣ ва озодипарастӣ ҳамеша ҷавлон мезанад. Аз ҷумла ҳар чизе, ки озодиро аз байн мебарад, аз ҷумла ҳирсу тамаъ ва нафси бад маҳкум карда мешавад ва ин ҳама ашъор бо оҳанги ҳикматомез ва панду насиҳат баён меёбанд. Чунончи:
Ба дом афтода мурғе пар заду гуфт:
Чаро нолам зи дасти дому сайёд?
Зи дасти нафси бад бигрист бояд,
Ки дод озодиямро сахт барбод.
Бояд гуфт, ки ин қитъа дар радифи беҳатарин пандномаҳои бузургони гузаштаи мо гуфта шудааст.
Дар ашъори устод Миршакар ҳамчунин оҳангҳои садоқат ба замон ва Ватан, сарфарозӣ аз умри басарбурда, ифтихор аз заҳмати ҳалолу шоиста пайваста садо медиҳанд ва, бидуни шубҳа, шоир ва инсоне, чун Миршакар, ки бо чунин маром зистааст, ҳуқуқ ба гуфтани ин суханҳоро бештар дошт:
Ман пушаймон наям, ки бахшидам
Ба ту, эй кишварам ҷавонии хеш,
Талх бишмор, агарчи ширинанд
Суханони рақиби бадандеш.
Талху ширин буд замони ман,
Лек мағруру сарбаланд будам,
Будам омодаи набарду кор,
Кор кардам, даме наосудам.
Тай нашуд барабас ҷавонӣ, лек
Зиндагӣ бе хатову саҳве нест,
Ин масал аз қадим машҳур аст,
“Дар рухи офтоб ҳам доғест”.
Ва мебинем, ки чун ҳамеша шоир дар мисраъи охир бо истифодаи ҳикмати халқ сухани худро ҳусни тоза мебахшад.
Шоир ва инсоне, ки ҳамеша бо рӯҳияи баланд зиндагӣ ва кор кардаасту фаъол будааст, табиист, ки ҳамин сифатҳои мардонаву ҷоннисоронаву ватандӯстона зистанро дар ашъораш тарғиб мекунад:
Даъвати зиндагӣ ба ҳар яки мост,
Ки шабу рӯз кор бояд кард,
Бар зимистони сарду барфолуд
Ҳамлае чун баҳор бояд кард.
Асри нав чун ба салтанат шинад,
Мурғ ҳам мекунад иваз пару бол.
Дар либоси наве ҳамебояд
Асри навро гирифт истиқбол.
Дар мисоли овардашуда ба ҷуз он рӯҳияи баланди ҷавонмардонае, ки гуфтем, ҳунари пӯшонидани пероҳани бадеӣ ба сухан дар шеъри устод Миршакар мушоҳида мешавад, дар мисоли” чун баҳор ҳамла овардан ба зимистони сарду барфолуд” ва “пару бол иваз кардани мурғ”-у “либоси нав пӯшонидани асри нав”.
Як хусусияти дигари шеъри Миршакар иродати қавӣ, эътимод ва бовар доштан ба худ дурахшон ба назар мерасад:
Аз каси дигар машав уммедвор,
Ҳарчи хоҳӣ бо ду дасти худ ситон,
Зиндатар кун зиндагии хешро,
Ҳамчу Рустам банд маҳкамтар миён.
Табиист, ки чунин ашъор дар тарбияи иродатмандӣ ва эътимоду бовар ба худ саҳми бориз хоҳад гузошт.
Устод Миршакар шояд аз камтарин шоирони куҳансоли мо буд, ки тағйироти бунёдӣ дар ҷомеа ва даврони бозсозиро тавонист бо дили гарм истиқбол кунад ва ин худ гувоҳи ҳамеша дар сари кору ҷустуҷӯву пешравӣ будани шоир аст:
Хушам аз рӯзгори бозсозӣ,
Туӣ дар рӯзгорам мурғи тӯфон,
Дамомодам аз сари кӯҳи зафарҳо
Занӣ фарёд ҳамчун барқи рахшон.
Ҳамин рӯҳияи ҳамеша дар саф будан, ҳамеша пешгом будан, ки дар сиришти шоир ҳанӯз аз ҷавонӣ падид омадаву ӯро ҳамеша ҳамқадами вақту замон нигоҳ доштаву дар бузургтарин бунёдгузориҳои ватанаш шарики фаъол гардонидааст, то охири умр бо шоири сарбаланд будааст.
Ба ростӣ, ба чунин зиндагии фаъолу дурахшон ва садоқатмандонаи шоир метавон некбинона ҳасад бурд. Зеро ин зиндагӣ намои шоистагиву садоқат ба ғояҳои баланд аст:
На сафедию не сиёҳии мӯй
Шоҳиди пирию ҷавониянд.
Ҳар яке бар рухи ҷавону пир
Нақши наққоши зиндагониянд.
Зиндагиям ба дасти пирӣ нест.
Ҳамқадам бо ҷавонии даҳр аст.
Гоҳ кайҳоннаварди бебоке,
Гаҳ савори талотуми баҳр аст.
Хандаовар, ки номаи пирӣ
Синну солам ба дасти ман додаст.
Бехабар з-он, ки тойири дили ман
Қафасашро шикаста, озод аст.
Бале, чунин рӯҳияи баланди ҷавонӣ дар синну соли пирӣ хонандаро дилгарм ба рӯзгор намуда, ба зиндагии шоиста раҳнамоӣ мекунад.
Аммо иштибоҳи бузурге мебуд, агар мо шоирро фақат сарояндаи пирӯзиҳои замони наву вассофи даврон дарёбем. Дар шеърҳои Миршакар паҳлуҳои дигари зиндагӣ низ тасвири мондагор доранд. Аз ҷумла шоир гоҳе беистиҳола ва ошкоро аз камбудиҳои замонаву рӯзгор сухан мекунад:
Бале, шодему фирӯзем, лекин
Гунаҳ мебуд, агар гӯям, ки ғам нест.
Чаро пинҳон кунам? Дар арсаи кор
Муборизҳои беандеша кам нест.
Аммо шоир падидаҳои номатлуби зиндагиро маҳкум намуда, айби падидоии онҳоро на ба дӯши дигарон меафканад, балки маҳсули фаъолияти худи одам меҳисобад:
Бар айби мо агар бар доми ғафлат
Бияфтад ногаҳон шаҳболи иқбол.
Зи дасти хештан бояд бинолид,
На аз дасти қазову гардиши сол.
Ба д-ин тариқ шоир ҳатто ба камбудиву нуқсонҳо ва зуҳуроти номатлуби замон бо як назари хоси шоирона менигарад.
Лек ҳайҳот, ҳар гаҳе нигарам
Чор атрофро ба чашми хирад,
Хорро дар либоси гул дида,
Қалби ман беқарор мегардад.
Баҳри парвози савлаташ бархе
Зарраро офтоб мехонад,
Кохи уммедро намуда хароб,
Айб дар инқилоб мемонад…
Агар савол гузорем, ки асос ва бунёди шеъри устод Миршакар чист, ба андешаи ман он аввалан муҳаббат ба Ватан, ба Тоҷикистон ва сипас бовар ба инсон аст. Ин муҳаббат, ин нигоҳи ошиқонаву пур аз меҳр вомедорад, ки шоир ҳамеша ватани худро чун гулистони шукуфон дарёбад:
Тоҷикистони ман гулистонест,
Ки ба васфаш тарона мехонам.
Ҳамчу сарбози ҷонфидо шабу рӯз
Ҳар гулашро ба ҷон нигаҳбонам.
Зиннату зеби ӯст ҳар гули ӯ,
Ҳар яке рангу бӯи худ дорад.
Дили дилдорро ба ҷӯшу хурӯш
Гули якрангу бӯ намеорад.
Ман нахоҳам, ки боғу гулзораш.
Сайргоҳе шавад ба боғу заған.
Хоҳиши қалби ман, ки ҳар гули он
Шавқ бахшад ба булбулони Ватан.
Ва чунон ки мебинед, ин муҳаббат тиҳӣ аз андешаву ормонҳо нест. Шоир дар баробари васфи Ватан вазифаи фарзандии худро чун “сарбози ҷонфидо” аз нигаҳбонии “ҳар гулаш”, ки албатта. маънои рамзӣ дорад ва роҳ надодан ба “зоғу заған” бар он бо таъкиди “якрангу бӯ” набудани гулҳои Ватану шоистаи “балбулони Ватан” будани он таъкид мекунад.
Устод Миршакар дар муборизаи байни кӯҳнаву нав ҳамеша ҷонибдори нав буд. Ӯ агарчи солаш рафтаву ҷавон набуд, дилаш дар радифи дили ҷавонон ҷӯш мезад. Ва ин сифати инсонии худро дар шеъри “Нишаста бар сари санге уқобе” хеле шоиронаву рамзӣ баён намудааст. Ва ин шеър гувоҳи рӯҳияи баланди инсонии Миршакар ҳатто дар замони пиронсолист.
Ба ростӣ, таслимнопазирии устод Миршакар дар пеши синну сол ва пирӣ намунаи ибрат буда, хонандаро бе тафриқа намегузорад.
Устод Миршакар на танҳо бо пирӣ, балки бо ҳарчи гуноҳ асту нуқсону камбудист, таслимнопазир буда, айбу гуноҳро на аз тақдир, балки аз фаъолияти худи инсон меҷӯяд:
Ба айби мо агар бар доми ғафлат
Биафтад ногаҳон шаҳбози иқбол,
Зи дасти хештан бояд бинолид,
На аз дасти қазову гардиши сол.
Устод Миршакар аз камбудиҳои замона бебокона сухан меронад. Дар он замоне, ки ситоишҳои сохта ва пуртамаллуқ ба ҷойе расида буданд, ки мегуфтанд “кампири советӣ ожанг надорад”, ӯ ба рисолати шоирии худ содиқ мондаву чунин ҳақиқатбаёниҳо ҳам дошт:
Баҳри парвози савлаташ бархе
Зарраро офтоб мехонад.
Кохи уммедро намуда хароб
Айб бар инқилоб мемонад.
Ва аз ин тасвиру андешарониҳо ба хилофи муттаассибон хулосаҳои солими андешамандона мебаровард:
Дину ойину мазҳаби бисёр
Бари як нахли боғи зиндагиянд,
Масҷиду каъбаву калисо низ
Равшан аз як чароғи зиндагиянд.
Шахсияти дурахшони Мирсаид Миршакар ҳамчун инсони соҳибмаърифати замони худ, муборизи роҳи сулҳу дӯстӣ ва ғояҳои баланди инсонӣ, шахсияти некбину хайрхоҳ дар шеъраш хеле таҷассуми дурахшон дорад:
Ман на онам, ки баҳри шуҳрати хеш
Машъали дӯстро кунам хомӯш,
Дӯстиро ниҳода зери по,
Бикушоям ба душманӣ оғӯш.
Кӯшиши ман, ки дар ҷаҳони бузург,
Ҳамчу як донапоши дилогоҳ,
Тухми некӣ ба дасти худ пошам,
Занам оташ ба хирмани бадхоҳ.
Гар наояд зи дасти ман ин кор,
Зистан дар ҷаҳон надорад суд.
Ман наметарсам аз хатову саҳв,
Шӯълавар нест оташе бе дуд…
Мавзӯи Ватан, парастиши Ватан яке аз мавзӯъҳои асосии ашъори Миршакар будааст. Ва ин муҳаббату садоқат, дилкашолӣ ба ватанро ӯ дар чаҳор мисраъ бо тасвири зебои шоирона хеле барҷаста ба қалам додааст:
Бо сӯзу сафои тоза сӯи Мағриб
Ҳар субҳидаме, ки мешитобад Хуршед.
Роҳи назараш ба ҷониби Машриқ аст,
Аз хонаи худ рӯй натобад Хуршед.
Яке аз хуҷастагӣ ва вежагиҳои табъу завқи устод Миршакар дар назари нек доштан ба оянда, ба парастиши оянда ба ҷустуҷӯи наву навӣ равона кардани неруи худу дигарҳо падид омадааст. Фалсафаи ӯ ин аст, ки инсон бояд барои оянда зиндагӣ кунад. Рӯ овардан ба он чи гузашт, рӯ овардан ба кӯҳнагӣ мароми ӯ нест:
… Шояд он чи маро, ки дар пеш аст,
Ногувортар асту вазнинтар,
Ҳар чи бошад бароям оянда,
Аз гузашта азизу ширинтар.
Дили ман розгоҳи деринам
Мезанад бо навои оянда,
Гуфтаму боз мекунам такрор:
Зиндаам ман барои оянда!
Аммо боз ҳам бояд гуфт, ки ҷавҳари эҷодиёти Миршакарро садоқату муҳаббати Ватан ва парастиши он ташкил додааст:
Ватанро аз он мешуморам азиз,
Ки бе вай надорем як рӯзи шод,
Барои Ватан зиндаам! Дӯстон!
Маро бе Ватан зиндагонӣ мабод!
Ӯ бо муҳаббати хоси шоирона ашъори ба Ватан бахшидаашро шабеҳ ба боди сабо дода, чунин ба тасвир овардааст:
Гаҳ ғазал, гаҳ шеър, гаҳ байту суруд,
Гоҳ-гоҳе менависам достон,
Чун сабо хоҳам, ки васфи халқи худ
Паҳн созам дар фазои бекарон.
Дар ҷойи дигар муҳаббати Ватан дар шеъри ӯ чун қасам садо медиҳад:
Барои ватан додаам ҷону тан,
Ватан аз ман асту манам аз Ватан.
Набояд аз ёд бурд, ки Мирсаид Миршакар яке аз шоирони достонсарои адабиёти навини мост. Ва мавзӯи достонҳои Миршакар мавзӯи пажӯҳиши алоҳида бояд бошад. Зеро ҳар достони Миршакар — “Ливои зафар”, “Панҷи нором”, “Дашти лаванд”, “Авроқи муҳаббат” “Ишқи духтари кӯҳсор”, достони фалсафии “Исёни хирад”, достони бачагонаи “Мо аз Помир омадем”, “Қишлоқи тиллоӣ” ва ғайраҳо ҳар кадоме бори арзишманди маънавӣ бар дӯш доранд ва саҳми бузурге дар рушди достонсароии адабиёти навини мо гузоштаанд. Аммо достоне, ки ба шоир шуҳрати умумииттифоқӣ оварда, ба ҳама забонҳои халқҳои шӯравӣ тарҷума шуда, ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ ворид гардидааст, достони “Қишлоқи тиллоӣ” мебошад. Соли 1950 устод Миршакар барои достонҳои “Қишлоқи тиллоӣ ва “Панҷи ноором” сазовори мукофоти далатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) гардидааст.
Дар анҷоми ин гузориши кӯтоҳ аз шеъри устод Мирсаид Миршакар чун рамзе, ки метавонад ба он ҷамъбасти маънавӣ бидиҳад, қитъаеро бо номи “Ашкҳои сангбаста” мехоҳам биёварам. Шоир тавонистааст дар тасвири лаъли Бадахшон ба таври рамзӣ тақдиру толеи рӯзгори сангини халқи худро шоирона ҷилое маънавӣ бидиҳад:
Ҳеҷ медонӣ, ту эй Помири ман,
Ай фурӯғи чашми ман, тақдири ман,
Лаъли кӯҳи ту, ки аз наздику дур
Чун ситора медурахшад дар назар,
Лаъл набвад, набвад оташпорае
Шӯълавар дар синаи кӯҳу камар,
Сангбаста дар давоми асрҳо
Қатраҳои ашки хунини ту аст.
Зинати имрӯзи ту, фардои ту,
Шоҳиди дирӯзи сангини ту аст.
Бидуни шубҳа, метавон гуфт, дар қатори лаълу лаълпораҳо, тиллову нуқраву садҳо анвои сангҳои қиматбаҳо ва ганҷҳои нодир кӯҳистони баланди Бадахшон ба мо ин дурри бебаҳо ва лаъли нодир, шоири дурахшонтабъу назарбаланд, инсони садоқатманду иродатманди Ватан- устод Мирсаид Миршакарро додааст, ки бо дурахши табъу истеъдоду шахсияти нотакрори худ ифтихори мо ва ифтихори миллати мост.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқиии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»