
Латофат НАЗИРӢ –
номзади илмҳои педагогӣ,
устоди ДМТ
Маълум аст, ки таълими бомақсад ва фаъолияти амалӣ аз омилҳои пешбарандаи инкишофи шахс буда, рушди бемайлон ва солимии шахс аз он вобастагӣ дорад. Олимону муҳаққиқон роҳҳои босамари баланд бардоштани нақши инкишофдиҳандаи шахсро мавриди омӯзишу таҳлил қарор додаанд. Аммо то ҳол дар байни олимону муҳаққиқон оид ба ин масъала фикри ягона вуҷуд надорад.
Алҳол дар хусуси нақши инкишофдиҳандаи таълим фарзияҳои гуногун вуҷуд доранд. Бояд қайд кард, ки дар адабиёти илмӣ роҷеъ ба проблемаи мазкур олимон Л.В. Занков ва Д.Б. Элконин чунин мешуморанд, ки дониш ҳанӯз инкишофи хонандаро таъмин намекунад. Зарур аст, ки барои самаранокии инкишоф мазмуни маълумот тағйир дода шавад. В.В. Давидов иловатан зикр менамояд, ки барои ба даст овардани мақсади инкишофи таълим супоришҳои махсусе таҳия кардан лозим аст, ки барои самаранокии инкишофи ақлии хонандагон мусоидат намояд. Муҳаққиқон ва олимони соҳаи педагогика Е.Н. Кабанова-Меллер, Н.А. Мечинская, З.И. Калмикова, В.И.Зикова, А.М. Орлова ва дигарон ба он ақидаанд, ки барои ташаккули хонандагон мазмуни маълумот мукаммал ва ба ҳар хонанда дар доираи талабот, шавқу ҳавас ва қобилияташ вазифа дода шавад. Инге Унт чунин мешуморад, ки инкишоф асоси пешрафти хонандаро ташкил медиҳад, ки он аз имконияту шароитҳо бармеояд. Ҳамин тавр, дар қатори татбиқи методу усулҳои дидактикии таълим, моҳияти равонии раванди маърифатии хонандагоне, ки дараҷаи гуногуни инкишофи фикрӣ доранд, ташкилу таъсиси тафриқаи онҳо дар раванди таълим муҳим аст. Таълими тафриқа дар Аврупои Ғарбӣ ва Америка солҳои 20-уми асри ХХ пайдо шуда, тадриҷан дар низоми маориф татбиқ карда мешуд. Таъсири таълими тафриқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ, то солҳои 30 зиёд буд. То ин солҳо як гурӯҳ педагогҳо ва роҳбарони маорифи халқ моҳияти таълими тафриқаро баррасӣ намуда, дар боби татбиқи амалии он андешаҳо баён кардаанд. А.В. Луначарский “Принсипҳои асосии мактаби ягонаи меҳнатӣ”-ро омода карда, менависад: “Мактаби ягона чӣ маъно дорад?” Ин чунин маъно дорад, ки ҳама бачаҳо ба ин ё он типи мактаб дохил шуда, зина ба зина пеш мераванд ва то зинаи охирин қадам мегузоранд.” Барои он ки минбаъд таълим дар мактаб якрангу яктипа нашавад, Луначарский фикрашро эзоҳ медиҳад: «Бинобар он, аз синну соли муайян, аз 14-солагӣ иҷозат дода мешавад, ки дар мактаб шохаҳо ё гурӯҳ ё зергурӯҳҳо ташкил гарданд ва таълими фанҳои алоҳида дар ин зергурӯҳҳо бо рангу бӯи тоза идома ёбанд.»
Бори аввал, соли 1989 дар Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон лабораторияи алоҳидаи таълими тафриқа ташкил шуд. Мақсади ташкили лаборатория асоснок кардани таълими тафриқа ва аз нигоҳи илмӣ — назарӣ омӯхтани моҳияти он дар низоми таҳсилоти умумӣ буд. Академики тоҷик, шодравон Убайд Зубайдов яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмию пажуҳишии худро ба таҳқиқи масоили муносибати тафриқавӣ дар таълим бахшида, тӯли солҳои зиёд дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан, дар таълими фанҳои химия ва биология татбиқи ин муносибатро омӯхта, як қатор дастурҳои таълимию методӣ, адабиёти таълимӣ ва асарҳои зиёди илмӣ таълиф намуда, дар тайёр намудани кадрҳои педагогии баландихтисос саҳми арзанда гузоштааст. Масъалаи таҳқиқи таълими тафриқа ва татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар маркази диққати корҳои тадқиқотии Убайд Зубайдов қарор дошт. Назару андеша ва пажуҳиши масъалаи мазкур дар рисолаи “Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият” ва “Тафриқа — неруи пешбари таълим”-и ӯ инъикос ёфтааст. Олим дар рисолаҳои худ аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи муносибати тафриқа дар таълим ва роҳу воситаҳои имконпазири татбиқи он дар шароити муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон назари андеша намудааст. Таълими тафриқа барои интихоби касб ва тарбияи мутахассисони варзида шароити зеҳнӣ ва инкишоф муҳайё месозад. Китоби «Таълими тафриқа ва мактаби муосир» аз 7 боб иборат буда, дар боби якуми он «Инкишофи ақидаи таълими тафриқа дар дидактикаи муосир» проблемаи таълими тафриқа боз ҳам аниқтар омӯхта шуда, аз диди илмӣ баён карда шудааст. Боби дуюм, ки «Раванди таълими тафриқа дар мазмуни таҳсилот» унвон шудааст, ҳалли масъалаи муҳим ва асосии таълимро дар замони муосир фаро гирифтааст. Дар бобҳои 3, 4, 5, 6 ва 7, ки ба масъалаҳои ташкили таълими тафриқа ва дурнамои он дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, таҷриба ва истифодаи таълими тафриқа дар низоми маорифи ҷаҳонро фаро гирифта, ба таври саҳеҳу фаҳмо ба хонанда маълумот пешкаш гардидааст. Қайд мегардад, ки тадқиқотҳои сершумори проблемаҳои таълими тафриқа аз он шаҳодат медиҳанд, ки моҳияти таълими тафриқа бо робитаи мутақобилаи принсипҳои дидактикӣ муҳим ва зарур мебошад. Таҳлили тадқиқоти сершумори проблемаҳои таълими тафриқа нишон медиҳад, ки моҳияти таълими тафриқа ба робитаи мутақобилаи принсипҳои дидактикӣ (мувофиқати табиӣ, умумият, мақсадноқӣ) ва тафриқа (таъмини зинаҳои таълим, самаранокии ҳамоҳангсозии раванди таълим ва инкишофи шахс) вобаста мебошад. Ҳамзамон, аз таҳлилҳо бармеояд, ки татбиқи муносибати тафриқавӣ дар таълим ташхис (мониторинг)-и доимии инкишофи хонанда, таҳлили мазмун ва шаклҳои ташкилии коркарди нақшаҳои таълим, барномаю китобҳои дарсии гуногундараҷа (алтернативӣ)-ро тақозо менамояд. Дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ намудани ҷанбаҳои муҳим ва мухталифи муносибати тафриқавӣ дар таълим як қатор душвориҳои айниву зеҳнӣ ҷой доранд, ки муҳимтаринашон инҳоянд: коркард нашудани асосҳои назарии муайян ва интихоби мазмуни таълими тафриқа, ки Стандарти давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд; ташкили нокифояи технологияи ташкили байнигурӯҳии фаъолияти таълими хонандагон дар дарс ва берун аз он; набудани мониторинг ва менторинги доимии таъмини омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо барномаи таълими тафриқа кор мекунанд; таваҷҷуҳи нокифоя дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси касбӣ ҷиҳати ҳалли проблемаҳои тафриқаи таълим; дар сатҳи зарурӣ омода накардани омӯзгорон дар курсҳои баландбардории малакаи касбӣ ва хонандагону волидайни онҳо ҷиҳати гузариш ба муносибати тафриқавӣ дар таълим.
Дар шароити имрӯзаи раванди таълим, ки техника ва технологияи муосир ба таври васеъ истифода мешавад, хонандагон низ фаъолияти омӯзгоронеро мепазиранд, ки аз усули шавқовари дарс, муносибати воқеӣ, табодули афкор ва мунозираю мубоҳисаҳо истифода менамоянд. Яъне, барои ба камол расондани насли нави озодфикру худогоҳ ва хештаншиносу донишманд усулҳои муосир ва самарабахши таълимро истифода бурдан зарур аст. Муносибати тафриқавӣ дар таълим барои рушди озод, солим ва ҳаматарафаи насли нави созандаю эҷодкор мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, корбурди шаклҳои мухталифи муносибати тафриқавӣ дар таълим барои хонандагон муҳим буда, аз омӯзгорон тақозо мешавад, ки бо истифода аз шаклҳои нави методологӣ, дидактикӣ ва методии таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот корҳои амалиро ба роҳ монанд. Натиҷаи тадқиқоту омӯзиш ва пажуҳишҳои муҳим дар кишвар буд, ки имрӯз нақшаҳои таълими муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (дар зинаи сеюми таҳсилот, яъне дар синфҳои 10-11, ки тибқи тафриқа таҳия шуданд) натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.