Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 26 декабри соли 2019 ироа гардид, дар баробари масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш диққати аввалиндараҷа дода шуд.
Нақши калидӣ доштани соҳаҳои илму маориф дар таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки аз Паём низ бармеояд, бори дигар собит месозад, ки ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва дуруст ба роҳ мондани барномаҳои таълимӣ дар тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланд ва соҳибихтисос равона шудааст. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт дар муассисаҳои таълимӣ танҳо омӯзгорони баландихтисос метавонанд, ки кадрҳои замонавиро тарбия намуда, ҷаҳонбинии ҷавононро ташаккул диҳанд ва онҳоро бо арзишҳои умумибашарӣ ошно намоянд. Чунин ҷавонон барои дарк кардани моҳияти демократия, самаранок истифода бурдани шаклу воситаҳои мухталифи идеявӣ ва сиёсӣ, баровардани хулосаҳои амиқи судбахш аз вазъияти баамаломада, иштироки фаъолона дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа, омӯхтани технологияи замонавӣ дар асри инқилоби илмӣ-техникӣ омода мешаванд. Бинобар ин, Пешвои миллат ба масъулини таълиму тарбияи ҷавонон супориш доданд, ки ба наврасону ҷавонон барои аз худ кардани донишҳои замонавӣ, мутолиа намудани асарҳои бадеию илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо ва хусусан, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Вобаста ба ин солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд, ки ин барои ояндаи ҷомеаи мо нақши муҳим хоҳад дошт. Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар муассисаву идораҳои марбут ба таълиму тарбия вазифадор карда шуданд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала ба Ҳуқумат пешниҳод намоянд, ки ин иқдоми Пешвои миллат барои комёб гаштан ба натиҷаҳои судманд дар саводнок намудани насли наврас ва ҷавонон, дар амал татбиқ намудани яке аз самтҳои муҳимми сиёсати кунунии давлат, яъне тарбияи ҷавонони ватанпарвар, содиқу бофарҳанг, бонангу номус, дорои андешаҳои миллию ҷаҳонбинии васеъ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, омӯзгорон, устодони муассисаҳои таълимӣ мебояд ба тарз ё усули таълими замонавӣ такя карда, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои муътамад маҳорату малакаи хешро баланд бардоранд.
Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои назариявӣ усули таълим ҳамчун илм таърихи беш аз дусадсола доштааст. Вале то ба имрӯз доир ба мундариҷа ва вазифаҳои он дар байни донишмандон ва алоқамандон баҳсҳои доманадор идома доранд. Баъзе омӯзгорон бар он ақидаанд, ки таълими фанҳо, хусусан, фанни адабиёт, ба маҳорати шахсӣ, яъне ба маҳорати омӯзгор вобаста аст. Аз ин нигоҳ муваффақияти таълими фан аз рӯйи қобилияти фардии омӯзгор муайян карда шуда, ба донистани усули таълим ҳеҷ гуна иртибот надорад. Гӯё барои омӯзгор дониши комил доштан ва муҳаббат ба фанни худ басанда аст ва истеъдоди омӯзгорӣ ва таҷрибаи амалӣ танҳо сифати олии таълимро таъмин карда, бо мурури замон ба вуҷуд меояд. Чунин ақидаро набояд пазироӣ кард, зеро ягон касб, аз ҷумла, касби омӯзгорӣ наметавонад танҳо ба маҳорат такя карда, рушду такмил ёбад. Бояд ёдовар шуд, ки усул ба дидактика (пандомӯзӣ) алоқаи наздик дошта, назарияи умумӣ ва принсипҳои умумии таълимро мукаммал мекунад. Ҳамчунин, усули таълими адабиёт ба адабиётшиносӣ – воситаи таълим, назария ва таърихи адабиёт иртиботи қавӣ дорад. Ин алоқамандӣ ҳангоми муайян кардани мақсад, мавзӯъ, сохтори дарси адабиёт дида мешавад. Усули таълим бо эстетика низ алоқаманд аст, аз ин лиҳоз дар раванди омӯзиши адабиёт ба масъалаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, таърихӣ ва забоншиносӣ низ бояд дахл карда шавад.
Одатан дар дарсҳои муассисаҳои таълимӣ ду-се нафар фаъолони синф мавзӯъро аз худ карда, ба дарс омода мешаванд. Пас, омӯзгор барои пурра омӯхта шудани мавзӯъҳо ва дар хотир мустаҳкам нигоҳ доштани он чӣ кор ва амалеро анҷом дода метавонад? Дуруст аст, ки пурсиш ва ё суолу ҷавоб яке аз қисматҳои мустаҳкамкунии дарс мебошад. Вале имрӯз якрангии пурсиши вазифаи хонагӣ, ҷавоби якчанд нафар хонанда барои амиқ ва ҳаматарафа аз худ кардани мавзӯъҳои барномаи таълимӣ ва дар хотир устувор кардани он наметавонад ҷавобгӯи талаботи замон бошад. Барои хонандаи имрӯз дар омӯзиши маводи дарсӣ ба вуҷуд овардан ва ташаккул додани шавқу завқ ва салиқаи хонандагон бо хониши иловагии адабиёт бояд усулҳои махсус истифода шаванд ва вобаста ба ин масъала нақшаҳое тартиб дода шаванд, ки масъулияти хонандаро ба миён оварда тавонанд. Имрӯз, ки таваҷҷуҳи ҷавонон бештар ба интернет чун воситаи аввалин ахборот, ки на ҳама вақт воқеиву дуруст аст, банд мебошад, барои омӯзгор дар таълим мушкилот эҷод мекунад. Роҳҳои ҳалли ин ҳолатро низ бояд пайгирӣ ва ҳал кард, агарчи шабакаи интернет паҳлуҳои мусбат ҳам дорад, самаранок ва мувофиқи мақсад истифода кардани маълумотҳои он яке аз вазифаҳои дигари муҳим ба шумор меравад. Дар тарбияи ҷавонон вазифа ва саҳми оила, падару модар басо бузург аст, зеро волидайн бояд аз хурдӣ фарзандони худро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба давлату миллати худ, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар пойдорӣ ва устувории дастовардҳои истиқлолият, донистани ҳуқуқи худ ва ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, дарк кардани моҳият ва андешаҳои миллӣ тарбият намоянд.
Илова бар ин, дар суханронии Пешвои миллат баробари ба омӯзиши забони ноб ва шоиронаи тоҷикӣ ба забонҳои хориҷӣ – русиву англисӣ низ диққати аввалиндараҷа дода шуд: «Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаҳои ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем». Аз ин ҷиҳат ҳар як фард масъул аст, ки забони хешро бо омӯзиши китобҳои зиёд такмил дода, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул гардад. Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро мебояд барои сухандону суханвар шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои дуруст андешанд. Оид ба муҳимтарин рукни ҳастии миллат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2001-ум ишора карда, чунин гуфта буданд: «Аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии ҳар халқ забони ӯ мебошад. Забони тоҷикӣ дар иҳотаи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст» (Фарҳанг — ҳастии миллат аст, с.4).
Забони тоҷикӣ дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ чандин қарнро бо тамоми бурду бохташ аз сар гузаронида, то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Ин мероси гаронбаҳо, ки «рукни ҳастии миллат мебошад», танҳо бо шарофати фарзандони барӯманди халқи тоҷик то замони мо устувору пойдор мондааст. Аз ҷумла, донишманди маъруф, академик М. Шакурӣ барои амалӣ намудани барномаи забон дар пешрафти фарҳанг, хусусан дар муассисаҳои таълимӣ андешаи худро чунин баён намудааст: «Ба гумони камина, барномаи забон бояд бахши асосии барномаи ислоҳи мактаб, ислоҳи таҳсилоти миёнаву олӣ бошад. Дар навбати худ дарунмояи ислоҳи мактаб ва таъсиси мактаби миллиро бояд инсонгароии омӯзишу парвариш ташкил бидиҳад. Инсонгароӣ дар кӯдакистон ва мактаби ибтидоӣ ба ҳамбастагии саводу маънавият асос меёбад» (Истиқлолияти сиёсӣ ва истиқлоли фарҳангӣ, с.18). Барои баланд бардоштани саводнокӣ, ба андешаи ин донишманд бештар ба матни классикӣ такя кардан зарур аст, «сухани волои классикӣ» дар саводомӯзӣ мавқеи асосӣ дорад.
Дар бораи бузургии адабиёт ва халқи мо донишманди олмонӣ Гегел бо самимияти хос чунин изҳори назар кардааст: «Форсҳо – тоҷикҳо нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи форсҳо – тоҷикон оғоз меёбад. Дар байни ин халқ аврупоӣ худро бегона намепиндорад. Дар байни ин мардум садҳо бузургоне ҳастанд, ки агар дастам мерасид, пайкараи онҳоро аз тилло месохтам ва худ остонбӯси дари онҳо мешудам, зеро агар адабиёти Шарқ намебуд, Аврупо ва Ғарб дар ҳолати сукут буд. Макони тоҷикон дар Суғду Бохтар, Хоразм ва миёни ду дарё – Ҷайҳуну Сайҳун (Сиру Ому) аст. Баромади халқҳои мутамаддини Аврупои муосир аз ин диёри тоҷикон аст» («Ганҷи забон», №5-6 (25-26), С.12). Дар робита ба ин гуфтаҳои Гегел ҳисси миллӣ ва ифтихори баланди тоҷик будан дар замири ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеаи мо бояд ҷӯш занад ва дар роҳи баландтар бардоштану нигоҳ доштани нуфузу манзалати маърифату фарҳанги хеш саҳми босазо ва арзандаро гузошта тавонад.
Дар соли сипаригашта барои ҷалб ва ҳавасмандии доираи васеи аҳли ҷомеа ба омӯзишу мутолиаи бештар, хусусан наврасону ҷавонон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид, ки ҳамасола ба роҳ мондани ин иқдомро Пешвои миллат дар Паём таъкид карда, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳо ба муассисаҳои таълимро барои муайян кардани самтҳои мувофиқи синнусолӣ, касбию тахассусӣ вазифадор намуданд. Ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил додани китобхонаҳо дар Паёми навбатӣ рисолати пурифтихори онҳоро дар роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифат ва маданияти аҳли ҷомеа, андӯхтани донишу такмил додани он аз нав барқарор месозад. Дар баробари ин агар нақди адабӣ ба чопи китобҳо, масъулини рӯзномаҳои даврӣ, маҷаллаҳои ба нашр расида ба сифат ва ба талабот ҷавобгӯ будани маводи пешниҳодшуда, хусусан ба нашри насру шеърҳо диққати аввалиндараҷа медоданд, мувофиқи мақсад мегардид, зеро имрӯз сифати миқдори китобҳои нашршуда, маводи ба чоп расонида ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ нестанд. Имрӯз миқдор бар сифат ғолиб аст ва замоне расидааст, ки ҷиҳати китобҳои бадеӣ Иттифоқи нависандагон ва китобҳои дарсӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсолоти Тоҷикистон нақди адабӣ ва назоратро пурзӯр гардонанд. Он вақт нусхаи китобҳое, ки дар 5 соли охир аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм ва Вазорати фарҳанг ба нашр расонида шудаанд, аз анборҳо ба гардиш медаромаданд. Барои ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмию адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ин иқдомест, ки мардуми тоҷик имрӯз дар ҷаҳон «ҳамчун миллати соҳибмаърифату соҳибфарҳанг ва тамаддунсоз» шинохта шавад, зеро осори фикрию адабӣ ва ахлоқии бузургони мо дар тамаддуни башарӣ аз бузургтарину пурмазмунтарин осор буда, қарнҳо қимати худро гум накардааст ва миллати мо бояд ин фарҳанги бойи худро ҳифз намуда, барои боз ҳам ғанӣ гардонидани он саъю талош намояд.
Дар маҷмӯъ, Паёми навбатии Пешвои миллат ҳидоятномаи фаъолият барои соли 2020 ва солҳои минбаъда буда, иҷрои дастуру супоришҳои дар он ироашуда ба пешрафти мамлакат ва илму фарҳанги он мусоидат хоҳад кард.
Хуршеда ҲОШИМОВА – муовини директори
Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ