
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли равон ба синни 70-солагӣ расиданд. Нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, таъмини амният ва сулҳу ваҳдати миллӣ хеле бузург буда, хизматҳои шоиставу мондагори Сарвари давлат ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми арзанда дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дохилидавлатӣ Президенти мамлакат аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақаӣ, ташкилотҳои мухталифи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва кишварҳои алоҳида пайваста эътироф гардида, сазовори мукофоту ҷоизаҳои олӣ гардидаанд. Бахшида ба ин муносибати фархунда номгӯйи 70 адад медалу орден, мукофоту унвонҳои фахрии Пешвои миллатро таҳия намудем.
- Қаҳрамони Тоҷикистон: Унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 декабри соли 1999.
- Ордени «Достиқ» дараҷаи аввал: Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 октябри соли 2002.
- Мукофоти байналмилалии Пётри Кабир: Мукофоти байналмилалии Созмони ғайридавлатии «Иттиҳоди менеҷерҳои даврони нав» (Россия), соли 2002.
- Медали тиллоии ҷашнӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино: Мукофоти ҷашнии 5-уми ноябри соли 2002.
- Медали тиллои Федератсияи байналмилалии Сулҳ ва ризоият: Мукофоти олии Федератсияи байналмилалии «Сулҳ ва Ризоият» (Қирғизистон), 4 августи соли 2004.
- Ордени нахустини алмосдори «Ситораи сарпараст»: Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср», 29 марти соли 2005.
- Ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳ Масъуд»: Мукофоти олии давлатии Афғонистон, 28 апрели соли 2005.
- Нишони рамзии Дани 5-уми камарбанди сиёҳи Карате-до: Мукофоти олии федератсияи Карате-до, 24 сентябри соли 2005
- Мукофоти сулҳи СММ: Мукофоти олии СММ» дар соҳаи таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва сулҳи байналмилалӣ, соли 2007.
- Нишони фахрии ИДМ: Мукофоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, соли 2007.
- Ситораи ёқути «Миротворец» (Сулҳовар): Мукофоти олии Иттиҳоди байналмилалии хайриявии «Миротворец», 25 июни соли 2007.
- Медали тиллоии Парлумони Ҷумҳурии Мисри Араб: Мукофоти олии парлумони ҶМА, 16-уми июли соли 2007.
- Ордени «Княз Ярослав Мудрый», дараҷаи аввал: Мукофоти олии давлатии Украина, 3 декабри соли 2008.
- Ордени Шӯрои Олимпии Осиё: Мукофоти олии Шӯрои олимпии Осиё, 8 апрели соли 2009.
- Медали тилло барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ): Медали тиллои ЮНЕСКО, 5 майи соли 2009
- Ордени «Се ситора»: Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Латвия, 9 июли соли 2009.
- «Нишони Покистон»: Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон, 8 марти соли 2011.
- Ордени «Ҳилол ва Ситора»: Мукофоти Кумитаи Байналмилалии мубориза бо терроризм, маводи мухаддир ва ҷиноятҳои экологӣ «INTERSAFETY», 19 майи соли 2011.
- «Пешвои асри ХХI»: Мукофоти созмони ҷамъиятии Шурои Аврупоӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, озодии матбуот, 18 августи соли 2011.
- Ордени «Барои Хизматҳо» дараҷаи аввал: Мукофоти давлатии Украина, 15 декабри соли 2011.
- Камарбанди сиёҳи таэквондо: 17 июли соли 2012.
- Медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин: Мукофоти Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Мардумии Чин, 6 июни соли 2012.
- Ордени «Ҳайдар Алиев»: Мукофоти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон, 12 июли соли 2012.
- Ордени Президенти Туркманистон «Битараплык» (Бетарафӣ): Мукофоти олии давлатии Туркманистон, 23 августи соли 2012.
- Ордени «Муборак Ал-кабир»: Олитарин мукофоти давлати Давлати Кувайт, 23 июни соли 2013.
- Медали «60-солагии ЮНЕСКО»: Мукофоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг, 20 августи соли 2013.
- Ордени «Ал-Қилод ал-Халифӣ» (ордени Подшоҳӣ): Волотарин мукофоти давлатии Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн, 28 майи соли 2014.
- Камарбанди сиёҳи 9-ум дании таэквондо бо сертификати он ва кемано: Мукофоти олии Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF), 6 августи соли 2014.
- Нишони ифтихории тиллоии «Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба»: Мукофоти Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, 27 июн соли 2017.
- Ордени «Александр Невский»: Мукофоти давлатии Федератсияи Россия, 26 феврали соли 2017.
- Ордени давлатии «Парасат» (Фаросат): Муофоти давлатии Ҷумҳури Қазоқистон, 14 марти соли 2018.
- Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ»: Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон, 17 августи соли 2018.
- Ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III: Мукофоти давлатии Федератсияи Россия, 4 октябри соли 2022.
- Медали тиллои ба номи Николай Блохин: Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Россия.
- Ситораи тилои Алберт Швейсер.
- Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо».
- Медали тиллои академик Терпигорев.
- Медали тиллои давлати Миср.
- Мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия-Медали тилло.
- Ордени «3 Ситора — дараҷаи 1» бо занҷираи заррини Латвия.
- Ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора».
- Ордени ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ.
- Ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим.
- Ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия.
- Доктори ифтихории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қунияи Туркия.
- Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон, 12 ноябри соли 2015.
- Доктори фахрии Академияи дипломатии Озарбойҷон, 11 августи соли 2018.
- Доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия.
- Доктори фахрии Донишгоҳи Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср, 10 марти соли 2022.
- Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко, 11 декабри соли 2008.
- Доктори фахрии Донишгоҳи Тсукубаи Япония, 5 октябри соли 2018.
- Профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиб.
- Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Беларус, 24 майи соли 2014.
- Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Москва, соли 2009.
- Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остонаи Қазоқистон ба номи Лев Николаевич Гумилев.
- Профессори фахрии Донишгоҳи Куҳии Урал, соли 2009.
- Профессори фахрии Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина.
- Профессори фахрии Донишгоҳи нафту техникаи Уфа.
- Профессори фахрии Донишгоҳи Синсзияни Ҷумҳурии Мардуми Чин, 19 июни соли 2010.
- Профессори фахрии соҳаи иқтисоди Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин , 1 сентябри соли 2017.
- Профессори фахрии Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг шаҳри Сайберҷаяи Малайзия, 24 июни соли 2014.
- Профессори фахрии Донишкадаи Давлатии Иқтисод ва идораи Туркманистон, 23 августи соли 2012.
- Профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин, 2 июни соли 2012.
- Профессори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, соли 2009.
- Профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS), 2 июли соли 2015.
- Шаҳрванди ифтихории пойтахти Қирғизистон.
- Шаҳрванди фахрии шаҳри Уммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун: 9 декабри соли 2017.
- Дорандаи Калиди рамзии тиллоии шаҳри Уммон, 9 декабри соли 2017.
- Шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхайи музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Таҳияи
Санҷар АМРИЕВ –
магистиранти соли аввали
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон