Skip to content
Маорифи Тоҷикистон

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Primary Menu
  • Асосӣ
  • МУҚАДДАСОТ
  • Дар бораи мо
    • Таърихи маҷалла
    • Ҳайати мушовара
    • Ҳайати таҳририя
  • САНАДУ МЕЪЁРҲО
    • Қонунҳо
    • Қарору фармонҳо
    • Фармоишҳо
    • Консепсияҳо
    • Барномаҳо
    • Дастурҳо
    • Низомномаҳо
    • Конвенсияҳо
    • Роҳнамои омӯзгор
  • МАҚОЛАҲО
    • Сиёсӣ
    • Илмӣ
    • Таълимӣ-методӣ
    • Таҳлилӣ
    • Оммавӣ
    • Минбари баҳс
    • Мусоҳиба
    • Чеҳра
  • Шумораҳои маҷалла
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2021
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2020
    • Шумораҳои маҷалла дар PDF -2019
  • КИТОБХОНА
  • ТАЛАБОТ
  • ТАМОС
  • Home
  • Президент
  • Мулоқот бо Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загер
  • Президент

Мулоқот бо Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загер

Admin 06.09.2019 Диданд: 337 нафар

6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария, ки тавассути фаъолияти самарабахши Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, амалӣ мегардад, изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини об ва беҳдошт, тағйирёбии иқлим, маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ, волоияти қонун, инчунин рушди бахшҳои воқеии иқтисод ва хусусиро муҳокима намуданд.

Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб оид ба густариши робитаҳо дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ, тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ, такмили низоми бонкии кишвар, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи саноат, таъкид гардид.

Аз ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, изҳори қаноатмандӣ гардида, ҷоннок намудани фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо ҳамкории зичу пурсамари ҳукуматҳоро оид ба муборизаи муштарак бар зидди падидаҳои харобиовари терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳокима карданд.

Continue Reading

Previous: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Next: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲИДОЯТНОМАИ ФАЪОЛИЯТ

Related Stories

ПЕШВОИ АСР
  • Президент

ПЕШВОИ АСР

16.11.2022 Диданд: 118 нафар
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ ПЕШВОЁНИ ЭЪТИЛОФИ ОБУ ИҚЛИМ
  • Президент

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НИШАСТИ СЕЮМИ ПЕШВОЁНИ ЭЪТИЛОФИ ОБУ ИҚЛИМ

08.06.2022 Диданд: 276 нафар
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
  • Президент

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

03.02.2021 Диданд: 518 нафар

Бахшҳо

  • 30-солагии маҷалла (1)
  • Адабӣ (11)
  • Дигар (8)
  • Илмӣ (10)
  • Мақолаҳо (58)
  • Матбуот (1)
  • Минбари баҳс (3)
  • Мусоҳиба (10)
  • Оммавӣ (17)
  • Президент (8)
  • Сиёсӣ (7)
  • Таҳлилӣ (45)
  • Таълимӣ-методӣ (35)
  • Хабарҳо (16)
  • Чеҳра (7)

Маорифи Тоҷикистон

Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
© Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" | Таҳияи сомона: iTojik    Яндекс.Метрика