
Таърих он вақт омӯзанда ва сабақ шуда метавонад, ки
аз гузашта ибрат гирифта тавонем, хатоҳои худро ислоҳ намоем ва дар фикри оянда бошем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Таърих, саргузашти гузаштагон ва ойинаи сарнавишти ояндагон аст. Таърих барои хирадмандон дарси ҳикмат ва мояи ибрат буда, инсони ҳушманд аз омӯзиши ин фан сабақҳои омӯзандаи зиёде барои зиндагии хеш мегирад. Инҷониб солҳост ба омӯзиши фанни таърих сари кор дорам. Гаҳе ёру ошно аз ман мепурсанд, ки таърих барои чӣ лозим аст ва аз омӯзиши он чӣ суде метавон бардошт? Таърих илм аст ё не? Барои посух додан ба ин гуна пурсишҳо ба мутолиаи баъзе аз китобҳо рӯ овардам, то битавонам ба мафҳуми таърих посухи дурусте пайдо намоям. Нахустин китобе, ки ба даст оварда будам, бо номи «Мафҳуми умумии таърих», муаллифаш Робин Ҷорҷ Коллингвуд, устоди донишгоҳи Оксфорди Англия (1889-1943), олими файласуф таърихшиносу ҷомеашинос аст. Пас аз мутолиаи ин китоб то андозае ба пурсишҳо посух пайдо намудам. Инчунин, китобҳои баъзе аз таърихнигорони асри миёнаи Шарқро низ мутолиа намудам. Гузаштагони мо ва дигар миллатҳо таърифи таърихро ҳар гуна шарҳ додаанд. Баъзе бар он боваранд, ки «таърих маҷмӯи ҳодисаҳое аст, ки аз оғози фаъолияти иҷтимоии инсон дар зиндагии вай рӯй додааст, аммо бархеи дигарон бар онанд, ки таърих чун ойинаест, ки гузаштаро дар баробари чашмони насли баъдӣ намоён мекунад.» Коллингвуд дар китобаш «Мафҳуми умумии таърих» ба баррасии мафҳуми нави таърих аз давраи Ҳеродот то ба имрӯз пардохтааст. Ба ақидаи ин донишманд, таърих бояд дарбаргирандаи чунин шартҳо бошад: 1. Илм ба посухгӯии пурсишҳо; 2. Марбут ба рафтори одамӣ дар гузашта; 3. Пайгиришуда аз тариқи тафсири далелҳо; 4. Худшиносии инсон. Коллингвуд нахустин таърихнигори англис аст, ки бовар дошт таърих тавассути Ҳеродоти юнонӣ асос гузошта шудааст. Ӯ мегӯяд: «Кори муаррихони юнонии асри 5-уми пеш аз милод, хусусан, Ҳеродот моро ба дунёи нав мебарад, юнониён ба равшанӣ ва огоҳии комил исбот кардаанд, ки таърих илм аст». Таърихро Ҳеродот “падари таърих” муфид арзёбӣ кардааст ва тавсифи феълу рафтори одамонро мақсадаш донистааст. Ӯ гӯшзад мекунад, ки ояндагон феълу рафтори гузаштагонашонро фаромӯш насозанд ва низ хотиррасон кардааст, ки дарёфтаҳои пажӯҳиши таърихӣ бояд бар асноду далелҳо устувор бошанд. Ҳамчунин, Коллингвуд дар китоби хеш кӯшидааст моҳияти таърихро таҳлил намуда, дар зимн чунин пурсишҳоро мавриди баҳс қарор диҳад: Таърих чист? Таърих дар бораи чист? Чӣ гуна ба пеш меравад ва барои чист? Ва дар ин маврид мегӯяд:“Инҳо пурсишҳое мебошанд, ки то ҳудуде шахсони гуногун ба тариқи гуногун ба онҳо посух додаанд, вале бо вуҷуди ихтилофҳои дар миён буда, байни посухҳо тавофуқи бисёр вуҷуд дорад ва доманаи ин мувофиқат бештар мешавад”. Дар ин ҷо мо талош хоҳем дошт, то ба пурсишҳои чаҳоргонаи дар боло ёд гардида посухҳои дуруст пайдо кунем. Таърифи таърих: Мебояд гуфт ҳар таърихдоне огоҳ аст, ки таърих навъи таҳқиқ ва ё пажӯҳиш аст. Ин ки чӣ гуна пажӯҳиш аст, мо ҳоло ҳадафманд нестем сари ин мавзӯъ баҳсу андешаронӣ кунем. Нукта ин аст, ки таърихшиносӣ бидуни шакку тардид илм дониста шудааст, зеро чун ҳар илми дигар ба дарёфти масъалаҳои норавшани гузаштаҳои ҳазорсола, сарнавишти одамон, давлатҳо, ҷомеаҳо ва монанди инҳо вобастагӣ дорад. Илм ин нест, ки он чиро аз пеш медонем, ҷамъоварӣ карда, онҳоро ба воситаи ин ё он тарҳ ба тартиб дароварем, балки илм ба он маънист, ки дар пайи пайдо кардани асрори нуҳуфта талош кунем ва он асрорро кашф ва пеши рӯи дигарон гузорем. Фарқи як илм аз илми дигар дар намоён сохтани кашфиёти он аст. Пас таърих чиро кашф мекунад? Таърих амалҳои инсонҳоро, ки дар гузашта анҷом додаанд, ҷустуҷӯ ва пайдо мекунад. Таркиби «Сайри таърихӣ» чиро дар назар дорад? Таърих аз роҳи шарҳу тафсири аснод (навиштаҳои боварибахш) сурат мегирад. Аснод ҷамъи далелу рақамҳо буда, таърихшинос бо дастёбӣ ба ҳуҷҷатҳои мавриди ҷустуҷӯи хеш, ба воситаи андешарониҳои таҳлилию мантиқӣ, ҳамчунон, бо муқоисаи далелҳо дар бораи ин ё он мавзӯи таърихӣ ба натиҷагириҳои мантиқӣ мерасад ва дар зимн ба мақсади назди худ гузошта комёб мегардад. Таркиби «Сайри таърихӣ» маҷозӣ буда, сухангӯ бо коргирӣ аз ин таркиб гӯё шунавандаро ба сайри гузаштаҳои дури таърихӣ мебарад. Таърих барои чист? Коллингвуд зикр мекунад, ки пайдо кардани посух ба ин пурсиш дархӯри душвориҳое мебошад. Ҷавоби он таърихнигор чунин аст, ки таърих барои худшиносии инсон зарурат дорад, то як инсон худро бишносад; бидонад, ки ӯ аз куҷо омадааст, пешинаи таърихии ӯ чӣ гуна аст ва куҷо равон аст? Дар ин ҷо шинохтани хештан танҳо ба маънои шинохтани рафторҳои шахсӣ ва амалҳое, ки ӯро аз дигар афрод фарқ мекунад нест, балки моҳияти ӯ дар мақоми инсон будан аст. Худшиносӣ ба ин маънист, ки нахуст бояд донист: инсон будан, яъне чӣ? Дуюм, бояд дарк кард, ки набудани инсони дигаре чун шумо, дархӯри чӣ маънист? Пас арзиши таърих он аст, ки моро меомӯзад, инсонҳо чӣ кардаанд, то шоистаи номи инсон бошанд. Таърихнигори асри 15 Мирхонди Балхӣ дар китоби худ «Равзат-ус-сафо» дар бораи фоидаи илми таърих суханронӣ карда, онро ба даҳ қисм фасл кардааст. Ва дар яке аз фаслҳо чунин овардааст: «Таърих ба ҳамаи хубиҳо ва ҷозибаҳояш илме аст сода ва осон ва таҳсили он ба заҳмати фаровон ниёз надорад. Бинои он бар ҳофиза аст ва агар касе ба мутолиаи ахбори гузаштагон машғул шавад, зудтар ба мақсуд ноил мешавад». Таърихнигори дигари асри миёна Ҳофиз Наҷмиддин Умар ибни Фаҳд чунин гуфтааст: «Таърих илми хеле муҳим ва зарурӣ аст, зеро фоидаи фанни таърих он аст, ки барои донистани гузашта бар равиши дуруст роҳнамоӣ мекунад». Инчунин, агар мо бо осори гузаштагони хеш назар афканем, дархоҳем ёфт, ки гузаштагони мо аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва бисёре аз дигарон таърихро хеле хуб медонистанд ва дар асрҳои миёна дар тамоми мадрасаҳо, ки дар он вақт ҳам нақши мактабро мебозиданд ва ҳам донишгоҳро ба омӯзиши ин фан диққати махсус медоданд. Аҳамият додан ба ин илм буд, ки як қатор муаррихони асрҳои миёна, ба монанди Абубакри Наршахӣ, Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Абусаид Маҳмуди Гардезӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва чанде дигарон аз худ барои мо ва ояндагонамон осори таърихии пурарзишеро боқӣ гузоштаанд. Нигоштаҳои он бузургон аст, ки бо мутолиаи онҳо аз рӯзгори гузаштагонамон ибрат гирифта, барои сохтани ояндаи худ камар бастаем. Чуноне файласуфи бузурги Чин Конфутсий гуфтааст: “Миллате, ки гузаштаи худро намедонад, ояндаашро сохта наметавонад”. Ба як сухан, таърих илмест, ки дар сурати дуруст омӯхтану омӯзондани он метавон рӯҳияи ватандӯстии мардумро баланд бардошта, онҳоро барои садоқат ва ҳифзу ободии Ватани азизамон, татбиқ намудани ормонҳои миллатсозии Пешвои муаззами миллат раҳнамун сохт.
Ҷамшед ОДИНАЕВ – омӯзгори мактаби Президентӣ
барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара