
Ташкили дарс бо мақсади рушди тарбияи меҳнатии хонандагон, дар ниҳоди онҳо бедор кардани эҳсоси худшиносӣ, ҳунаромӯзӣ ва сайқали зебоипарастӣ дар зеҳни хонандагон аз ҳар омӯзгор кордониву малакаи баланди касбиро металабад. Зуҳуроти ин маънӣ дар дарсҳои меҳнат, тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ омӯзгорро ҳарчӣ зудтар ба ҳадафҳои интихобшуда наздик мегардонад. Умедворем, навиштаи мо, ки дар асоси омӯзиши адабиёти иловагӣ ва суҳбат бо баъзе коршиносон таҳия гаштааст, ёрирасони омӯзгорон мегардад. Дарси мазкур доир ба таърихи ташаккул ва пайдоиши либосҳои миллӣ, бахусус, атлас ва адрас манзури шумо.
Мақсад: 1) Маълумот додан аз таърихи пайдоиш ва ташаккули либосҳои миллӣ, атлас ва адрас; 2. Ташаккул додани нутқи шифоҳӣ ва фикрронии хонандагон; 3. Дар хонандагон бедор намудани завқи пӯшидани либосҳои миллӣ, тарғиби худшиносӣ ва худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба тарзи либоспӯшии миллӣ.
Лавозимот: тахтаи синф, расмҳо, китоби либосҳои миллӣ.
Оғози дарс: Пазироӣ бо хонандагон.
Пурсиши вазифаи хонагӣ:
– Артиши миллӣ кай таъсис ёфтааст?
– Он чанд давраро аз сар гузаронидааст?
– Давраҳоро муайян кунед.
– Имсол чандсолагии Артиши миллиро ҷашн гирифтем ва то ин замон ба чӣ дастовардҳо ноил гаштем?
Баёни мавзӯи нав: Аз таърихи ташаккул ва пайдоиши либосҳои миллӣ. Атлас ва адрас.
Масъалагузорӣ (Саволи умумӣ): – Хонандагони азиз, дар зери вожаи “Либоси миллӣ” шумо чиро мефаҳмед? (Хонандагон фикру ақидаҳояшонро баён менамоянд ва омӯзгор онҳоро ба тахтаи синф менависад).
Омӯзгор: – Либос ва либоспӯшӣ ҷузъи фарҳанги ҳар як миллат буда, шаҳрвандон онро бо мақсади ҳифзу ҳимояи бадан аз таъсири манфии муҳити атроф, инчунин ба хотири зебоипарастӣ ва муаррифии намуди зоҳирии хеш ба бар мекунанд. Либос таассуроту ҷаҳонбинии одамонро низ муайян намуда, мақому манзалати иҷтимоии онҳоро равшан мегардонад. Дар баробари ин, либос як рукни фарҳанги миллӣ буда, дар он афкори рангини мардум ифода меёбад. Ҳар як нақшу нигори он мазмуни миллӣ дошта, дар он орзую омол ва пиндорҳои одамон ифода мегарданд. Канӣ, кӣ оид ба либосҳои миллӣ сухан мегӯяд?
Шукрона: – Либоси миллӣ рамзи фарҳанги миллати тоҷик аст. Бонувон онро бо ифтихори баланд ба бар кунанд. Либос вобаста ба фаслҳои сол ва табиату иқлим дӯхта шуда, ба навъҳои зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ гурӯҳбандӣ мешаванд. Инчунин, онро аз лиҳози ҷинсият ва синну сол ба либосҳои кӯдакона, бачагона, мардона, занона, духтарона ҷудо мекунанд. Либосҳо, инчунин, расмӣ, ҷашнӣ (идона), фароғатӣ, истироҳатӣ, соҳавӣ (униформа), театрӣ, ҳаррӯза, хонагӣ, истеҳсолӣ, мавсимӣ ва маросимӣ мешаванд. Либосҳо мувофиқи диди миллӣ дӯзонида шуда, дар онҳо арзишҳои миллӣ ба инобат гирифта мешаванд. Тарзи либоспӯшӣ ҷузъи фарҳанги халқ ба ҳисоб рафта, риояи он барои ҳифзу ҳимояи анъанаҳои миллӣ, муаррифии шоистаи халқ ва ба сифати кишвари воҳиду ягона ташаккул ёфтани мамлакат мусоидат менамояд.
Гулнисо: – Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, тамаддуни пурғановати онҳо дар забону адабиёт, фолклор, ҷашну маросимҳо, суруду мусиқӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, фарҳанги ғайримоддӣ ва ҳатто тарзи пӯшидани сару либос таҷассум ёфтааст. Махсусан, либосҳои тоҷикон дорои ифодаи анъанаҳои миллианд. Дар интихоби рангу матоъ, нақшу нигор, тарзи дӯхт ва пӯшидани либосҳо ҳар як минтақаи кишвар санъати баланди либосдӯзӣ ва фарҳанги либоспӯшие дорад, ки ифодагари умеду орзу ва андешаи хоси ҳамон маҳал маҳсуб меёбад.
Омӯзгор: – Шумо дуруст қайд кардед, аз ҷумлаи либосҳои миллии мо, ки ба феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шудаанд, атлас, адрас ва чакан мебошанд. Марҳамат, кӣ дар бораи ин либосҳо шарҳ медиҳад?
Шаҳноз: – Усули бофтани адрас дар ҳама ҷо як хел буда, аз ҷиҳати ранг ва нақшу нигор тафовут дорад. Чунончи: адраси бунафш, зангор, пудсафед, хумӣ, шона, мурғобӣ, барги карам, пудавлон ва ғайра. Ороиши адрас дар дастгоҳҳои махсус сурат мегирад, ки ин амали гулпартоиро абрбандӣ меноманд. Атласбофӣ низ мисли адрасбофӣ навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки ба он бештар занон машғул мебошанд. Атласбофӣ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихи тӯлонӣ дошта, барои пешрафти абрешимбофӣ мусоидат кардааст. Атлас матои абрешимӣ ва нимабрешимӣ аст. Абрешимиашро асосан барои либоси занона, нимабрешимиашро барои абраи кӯрпаю кӯрпача ва ғайра ба кор мебаранд. Атлас матои рангаю сернақшу нигорест, ки аз рӯзи пайдоиш то имрӯз сифат ва мавқеи хоси худро гум накарда, дар байни газворҳои дигари бофандагӣ “шоҳи матоъҳо” ба ҳисоб меравад. Офаридан ва танзими нақшу нигори атласу адрас заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Матои атласро дар дастгоҳҳои чорпопӯшалӣ (4– педалӣ) ва ҳаштпопӯшалӣ (8–педалӣ) мебофанд. Ҳоло дар корхонаҳои абрешимбофии шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 30 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои “Баҳори Тоҷикистон”, “Ҷавонӣ”, “Туҳфа”, ”Тӯёна”, ”Муҳаббат”, ”Дилором”, ”Тирукамон”, ”Хосиятхон” ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрӯю шуҳрати зиёд пайдо кардааст. Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳимми эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастаниӣ дорад. Дар саросари кишвар атлас ва адрас имрӯзҳо аз матоъҳои серхарид маҳсуб мешаванд.
Омӯзгор: – Барои чӣ хонатлас мегӯянд? Шояд ин ривояте дошта бошад? Пайдоиши ин номро кӣ медонад?
Малика: – Бале, ривоят карданд, ки яке аз хонҳои Марғелон, ки пирамард буд, қарор дод, бори панҷум хонадор шавад. Хон ин дафъа духтари бофандаи камбағалеро интихоб намуд. Падари духтар аз ин ноумед шуда, ба зери пои хони пир афтод, то он ки ӯ аз ин қарораш даст кашад. Хон дар ҷавоб шарт гузошт, ки ба он шарте аз духтари ӯ даст мекашад, ки пагоҳ ягон чизе оварад, ки ӯро мафтун кунад, то ин ки духтари ӯро фаромӯш кунад. Падари бечора дар назди ҷӯй нишаста намедонист, ки чӣ кор кунад ва нохост дар даруни ҷӯйе, ки равон буд инъикоси абрҳоро баъд аз боридани борон мебинад, ки дар он ҳафт ранги тирукамон буд. О Худои ман! Ташаккур барои фикри нав гуфта ба хонааш давида мераваду зуд аз пайи кор мешавад. Пагоҳирӯзӣ ӯ як матои ғайриодие бофт, ки дар он ҳамаи рангҳои дар осмон дидааш бо тирукамон таҷассум ёфта буд. Вақте ки ба хон ин матоъро пешкаш кард, хон ҳангоми дидани зебоии он дар тааҷҷуб мешавад ва аз бофанда мепурсад: ”Ту инро чӣ хел бофтӣ? Дар ҷавоб ӯ мегӯяд: Ман ранги баргҳои сабзеро, ки онро борон шустааст, гирифтам, ба он ранги баргҳои лола, ранги ғуруби офтоб, ранги осмони шаб дурахши офтоб дар оби тез ҷоришавандаи ҷӯйбор, ҷилои чашмони духтари азизамро гирифта, ҳамаи онро якҷоя кардам ва дар натиҷа чунин матоъ ҳосил шуд. Ин матои ғайриодиро хон хонатлас номид ва духтари бофандаро ба писараш ба занӣ дод. Хонатлас аз 50% абрешим ва 50% пахта иборат аст.
Достон: – Атлас як навъи матои абрешимӣ мебошад, ки ин матоъро аз давраи хеле қадим тоҷикони мо ба бар мекарданд. Ин матоъ тоҷикӣ буда, то ҳол дар тани духтари тоҷик бо тахти шинам дӯхта мешавад. Маҳсулоти атласро солҳои аввали баромаданашон, ранги онро аз давлати Ҳиндустон мегирифтанд, ки ин ранг намерафт. Ҳоло бошад, ҳамаи маҳсулотро аз давлати худамон Тоҷикистон истифода мебарем. Дар Тоҷикистони мо бошад, ҳоло якчанд намуди атлас истеҳсол карда мешавад, аз қабили атлас, адрас, заратлас, хонатлас ва ғайра. Новобаста аз ин ки қарни 19 давраи мушкилии санҷиш барои абрешимбофӣ буд, абрешим дар низоми фарҳанги маънавии мардуми тоҷик яке аз рамзҳои фарҳанг ба ҳисоб рафта, меъёри зебоиписандии муайяншуда ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаи охири қарни 20 дар атласбофӣ намудҳои “Пирӯзӣ”, “Ҳамроҳ”, “Кайҳон”, “Кремл”, “Олимпиада”, “Чашма”, “Ҷашнӣ”, “50^сол”, “Шодиёна”, “Гули баҳор”, “Ҷонона”, “Одамӣ”, “Мурғобӣ”, “Лола”, “Гули намошом”, “Гули шоҳмот” ва ғайра ба миён омадаанд.
Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд “Иди атлас” ва озмуни “Атласи тоҷик” баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешавад.
Аҳлиддин: – Атлас, ки матои тор, пудаш зичи соф абрешимӣ ва нимабрешимӣ буд, дар тарзи зиндагӣ ва маданияти тоҷикон ба тарзи васеъ истифода мешуд. Аз ҷумла, он барои дӯхти сару либос, пойафзол тайёр намудани попушӣ шоҳкурсӣ ва нишастгоҳҳои табақаҳои ашрофон ҷома ва пероҳани занону мардон сарф мегардид. Инчунин, атласи нимабрешимин барои абраи кӯрпаю кӯрпачаҳо ба кор мерафт. Атласи олисифат ва хушрангро “хонатлас” меномиданд ва он дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии атлас “Шоҳсабз”, “Барги карам” ва “Атласи сиёҳ” ном дошт. Ду намуди атласи анъанавиро дар дастгоҳҳои бофандагии дастии дорои чор попӯшал (чор педал) ва ҳашт попӯшал (ҳашт педал) истеҳсол менамуданд. Хулоса, тоҷикон дар мақоми милати саноати шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳмӣ босазо гузоштанд. Аз ҷумла, халқи тоҷик кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимин, минҷумла атласи оламшумул ҳамчун яке аз рукнҳои арзиши бебаҳои миллӣ дар ҷаридаи олам шуҳрат ёфтаанд.
Амина: – Иқтибосҳо аз ашъори бузургон бори дигар аз мероси миллии халқи тоҷик будани атласи хушнақшунигор пайғом медиҳад.
Дар саҳифаҳои фарҳангҳои “Онандроҷ”, “Ғиёс–ул–луғот”, “Низом” навиштаҳои Клавиҳо сафири Шоҳи Испания ба дарбори Темур (асри 15) сайёҳ Филлип Ефремов (асри 19) ва дигар соҳибқаламони Европа ва Россия маълумот дар бораи атласи тоҷикӣ сабт шудааст. Ба назари донишманди Этимологияи забони русӣ Макс Фасмер калимаи “Атлас” ба маънои матои абрешимини ҳамвор, суфта, тахт ва силиқ дар феҳрасти амволи подшоҳ Борис Годунов ҳанӯз соли 15–89 қайд шудааст. Калимаи атлас дар забонҳои лаҳистонӣ, олмонӣ дар шакли “Аllаз” қайд шуда, аз истилоҳи арабии “атлас” ибтидо ёфтааст.
Омӯзгор: – Ташаккур, барои маълумоти муфассал! Акнун мехоҳам фаҳмам, ки оё дар ашъори шоирону нависандагони давру замон атласу адрас дарҷ гардидааст?
(Қироати шеърҳо)
Омӯзгор: – Хеле хуб, ман фаҳмидам, ки оид ба либосҳои миллӣ бисёр маълумот ҷамъ кардаед ва хеле хуб низ муаррифӣ кардед, вале як чиз ҷамъияти имрӯзаро ба ташвиш овардааст, ки ин ҳам бошад, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, яъне тарғиб ва ташвиқи либоспӯшии бегона аз тарафи ҷавонон. Кӣ дар ин бора фикру ақидаашро баён мекунад?
Ҳасан: – Ба назари ман, духтарони атласпӯши тоҷик ба мисли гулҳои баҳорӣ тару тоза менамоянд. Дар рангҳои атлас бошад, тинҷӣ ва осудагӣ инъикос мегардад. Мо, тоҷикон, мардуми бодавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, гузаштагони тавоно, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба ояндагон супорем. Ҷавонон бояд ин мероси ниёгонро қадр кунанд ва онро дар дунё дар байни дигар халқу миллатҳо муаррифӣ кунанд.
Омӯзгор: – Ташаккур, бачаҳо! Мебинам, ки шумо хеле кӯшиш карда маводҳо оид ба дарси имрӯза ҷамъоварӣ кардед. Мавзӯи дарси ояндаамон бошад, “Модари меҳрубони ман” мебошад. Табиист ки ҳар яки шумо модаронатонро дӯст медоред ва кӯшиш мекунед, ки бо тайёрии пухта ба дарс биёед. (Дар охир суруди Сироҷиддин Фозилов “Эй дилбари нозанини қадрас” садо медиҳад.)
Розия МУРОДОВА –
муовини директор оид ба тарбияи
мактаби №3, ноҳияи Варзоб